«Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» 30-юми октябри соли 2009 қабул гардидааст. Имрӯз дар Тоҷикистон аксарияти журналистон аз он огоҳ ҳастанд, вале дар баробари ин, баъзе мавридҳо  ҳангоми иҷрои рисолати журналистӣ бархе меъёрҳои ахлоқиро нақз  мекунанд. Мо тасмим гирифтем, ки назари чанд нафар журналистони ҷавонро ба риояи меъёрхои ахлоқи журналистӣ бипурсем.

Аъзам Аҳруллоев, хабарнигори «Азия-Плюс» мегӯяд, ки меъёрҳои ахлоқии журналистиро хуб медонад ва риоя ҳам мекунад: «Риояи ахлоқ на танҳо барои журналистика, балки дар ҳама соҳаҳо ва ҳаёти худ низ лозим аст. Барои ҳамин ҳам, фикр мекунам, ки меъёрҳо лозим ва муҳим ҳастанд».

 

Сареҳияти ахбор

ВАО ва журналист бояд назару андешаҳои гуногунро беғаразона ва бидуни таҳриф ба нашр расонанд. Дар матолиб бояд тавозуни назарҳо риоя гарданд. Сарлавҳа ва акс бояд маънои матн ва гузоришро ифода кунанд. Моддаи 2, Меъёрхои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»

Аммо Ганҷина Ганҷова, хабарнигори «Радиои Озодӣ» мегӯяд, ки аз «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ» огоҳ аст, вале баъзан онро вайрон мекунад, зеро дар баъзе мавридҳо ҳамсӯҳбатон, бахусус нафароне, ки дар мақомоти давлатӣ кор мекунанд, иҷозати сабтро намедиҳанд ва маҷбур мешавад этикаи касбиро вайрон карда, пинҳонӣ сабт намояд.

- Риояи меъёрҳои ахлоқӣ барои журналист хеле  муҳим аст,- афзуд Ганҷина.  - Гоҳо мо бо далели муҳимияти иттилоъ барои ҷомеа, меъёрҳои ахлоқиро хеле дағалона низ вайрон мекунем.

Шеваи ҷамъ овардани мавод

Барои ба даст овардани ахбор, тасвир, садо ва дигар  маълумот  дар бораи ҳаёти шахсӣ набояд  аз роҳҳои ғайриқонунӣ ва ноҷоиз истифода шавад. Моддаи 11, Меъёрхои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»

Баъзе аз журналистон бар он назаранд, ки раванди омӯзиши «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷиқистон» беҳбудӣ мехоҳад. Журналист Фарзон Машарипов мегӯяд, ки то андозае аз дарсҳои этикаву ахлоқ дар донишгоҳ ва семинару тренингҳо дар ин мавзуъ аз меъёрҳои ахлоқии журналистӣ огаҳӣ дорад, вале дар Тоҷикистон ин раванди таълиму тадрис дар ин самт ба ҳадди зарурӣ нест.

- Риояи меъёрҳои ахлоқӣ, арҷгузорӣ ба шахсияти мусоҳиб, арҷгузорӣ ба принсипҳои байналмилалӣ дар ин раванд аз нуктаҳои асосии ин мавзуъ аст,- афзуд ӯ. - Азбаски рӯзноманигорон аз камбуди маблағи маошашон дар тамоми расонаҳои ВАО азият мекашанд, дар баъзе маврид пеш аз бо нафарае сӯҳбат кардан аввал ишорае ба тамаъҷӯӣ мекунанд, ҳеҷ набошад, мехоҳанд аз як деҳқон 10 кило себ ва ё картошка гиранд. Ин ҳеҷ ҷойи пӯшида надорад ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи рузноманигорон ба вуқӯъ мепайвандад Аслан, чунин амал тамаъҷӯӣ аз шахси мусоҳиб ва ё ташкилоту идора ва хилофи одоби рӯхноманигорӣ буда, то кадом дараҷа  соҳибахлоқу соҳибэҳтиром будани журналистро нишон дар соҳаи худаш нишон медиҳад.

Ҷудо будани эҷодиёт аз тиҷорату реклама

Рисолати касбиро қурбони аҳдофи тиҷорат набояд кард. Дар ВАО фаъолияти эҷодӣ аз фаъолияти тиҷоратӣ ва реклама ҷудо буда, матолиб набояд таҳти таъсири шахси сеюм ё манфиати журналист қарор гирад.

Маводе, ки ба хотири тиҷорату реклама ва тарғиби манфиати гурӯҳе ё шахсе ба нашр мерасад, бояд мушаххас бошад ва аз маводи дигар ҷудо ҷой дода шавад, то хусусияти тарғиботии он аён гардад.

Моддаи 12, Меъёрхои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»

Ба қавли ҳамсӯҳбати мо, мутаассифона, кор то ҷое расидааст, ки бисёре аз ташкилоту муассисаҳо пеш аз журналистонро ба ягон ҳамоишашон даъват кардан мегӯянд: "Хӯроки нисфирӯзӣ дорад». Барои шахсони соҳибдарк худи ҳамин нукта кифоя аст. Яъне, шарти аввали риояи ахлоқи журналистии мо бояд дар ин самт арзёбӣ гардад ва камбудӣ пешгирӣ шавад.

Подош ва имтиёз

Ҳар гуна имтиёз ва подош, ки озодии тасмими ВАО ва журналистро маҳдуд месозад, хилофи эътибор ва обрӯи ВАО ва журналист аст.

Моддаи 13, Меъёрхои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»

Муҳаммад Тилавзода, хабарнигори хабаргузории «Озодагон» мегӯяд, ки аз «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» огоҳ аст ва ҳамеша кӯшиш мекунад, ки ҳангоми адои рисолати касбӣ дар доираи он фаъолият намояд.

- Ба фикри ман, муйянкунандаи арзиш ва шахсияти ҳар инсон дар баробари дигар унсурҳо пеш аз ҳама ахлоқ аст. Мо ки бо ҷомеа сарукор мегирем, бояд ҳамеша риояи меъёрҳои ахлоқиро дар мадди аввал қарор бидиҳем. Зеро риоя накардани ахлоқ  латма ба арзишҳои ахлоқии ҳар шахс мешавад. Инчунин, мо дар ҷомеае зиндагӣ мекунем, ки 99 фисадаш мусалмон аст ва риояи ахлоқ зимни сухан гуфтан аз нигоҳи шаръӣ низ ҳатмист,- меафзояд ӯ.

Таҳлилгарон бар он назаранд, ки дар аксар мавридҳо нашрияҳои саргармкунанда меъёрҳои ахлоқиро нақз мекунанд ва боиси норозигии ҳамсӯҳбаташон мегарданд. Дар ҳамин ҳол, Шаҳло Садриддинова, сармуҳаррири нашрияи «Ману ту» мегӯяд, ки аз «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ» огоҳ асту ҳангоми навиштан, таҳия таҳлил ва чопи матолиб меъёрҳоро ҳамеша мадди назар дорад.Журналистон сарфи назар аз намуд ва хусусияти ВАО бояд дар доираи ахлоқ фаъолияташонро пеш баранд.

Рисолати ВАО ва журналист

Ҳақиқатнигорӣ, воқеиятнигорӣ, адолат, гуногунандешӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон  – усули (принсипи) фаъолияти ВАО ва журналистон дар Тоҷикистон мебошанд.

ВАО ва журналистон бо ин усул обрӯ ва эътибори матбуотро ҳифз мекунанд.

Моддаи 1, Меъёрхои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»

- Аз «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ» огоҳ ҳастам. Он аз 17 банд иборат буда, дар он меъёрҳое зикр шудаанд, ки бояд журналистон риоя намоянд,-афуд Ш.Садриддинова. - Агар аз рӯи ин меъёрҳо журналистон вазифаи хешро ба анҷом расонанд, шояд даъвоҳои судӣ миёни онҳо ва даъвогарон камтар шавад.

Таҳияи Рухшона Ҳакимова

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер