Гулчеҳра Холматова, вакили дифоъи рӯзномаи «Имрӯз-News» дар як конфрос, ки ба мавзӯи мушкилоти ВАО ва ҳимояи ҳуқуқи рӯзноманигорон дар Тоҷикистон бахшида шуда буд, аз тасмими наве хабар дод.

Ӯ дар шарҳи қазияи Рустам Ҳукумов талаб кардани 50 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ аз рӯзномаи «Имрӯз- News»-ро ноодилона номид ва гуфт, ки ба наздикӣ аз болои ин қазия мактуби шикоятӣ ба Созмони Милали Муттаҳид меравад.

Ба гуфаи Холматова, рӯзномаи ягонаи Тоҷикистон ин маблағро ба даъвогар пардохт кардааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки гӯё падари Рустам Ҳукумов, яъне Амонуллои Ҳукуматулло - собиқ сардори Роҳи оҳани Тоҷикистон бо мақомоти судӣ наздикӣ доштааст.

Холматова дар сӯҳбат ба Faraj.tj гуфт, ки ҳоло мактубро омода карда истодааст ва ҷавоби он метавонад пас аз се сол ба Тоҷикистон биёяд. Ба қавли ӯ, дар чунин шакл шикоят кардан ба СММ аз ҷониби Тоҷикистон маротибаи аввал аст.

Қобил ба зикр аст, ки Назири Нусрат - сармуҳарири рӯзномаи «Имрӯз-News » мақолае бо номи «Боқиев ва Ҳукумов: Писароне, ки «дарди сар»-и падар шуданд» аз 16-уми октябри соли 2012 дар рӯзномаи «Имрӯз Нюс» чоп намуд. Дар он зимни боздошти Максим Боқиев, писари Қурмонбек Боқиев, раисҷумҳури собиқи Қирғизистон дар Бритониё, ки ба қавли рӯзноманигор, ҳамчун як фишори сиёсӣ алайҳи Бишкек истифода шудааст, гуфта мешавад, ки қазияи Рустам Ҳукумов, писари Амонулло Ҳукумов, сарвари Роҳи оҳани Тоҷикистон ва аз афроди соҳибнуфузи ин кишвар низ чун фишори сиёсӣ алайҳи Душанбе истифода шуда буд.

Рустам Ҳукумов соли 2010 бо ҳукми додгоҳе дар Русия барои даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир ба нӯҳ соли зиндон маҳкум шуда буд. Ин иттилоъ дастраси расонаҳо набуд ва бино ба матлаби «Имрӯз News», ҳамчун «қартае» дар дасти Маскав пинҳон меистод. Аммо пас аз як сол дар пайи қазияи халабонҳои рус, ба навиштаи рӯзнома, Маскав ин «қарта»-ро боз кард. «Ба бозӣ даровардани ин қарта қазияи халабонҳоро ба манфиати Маскав ҳал кард»,- навишта буд рӯзнома.

Халабонҳои рус моҳи декабри соли 2012 озод шуданд, аммо номи Рустам Ҳукумов пас аз як моҳ - январи соли 2012 дар сархатти расонаҳои Русия қарор гирифт, ки гуфта мешуд, бо қарори додгоҳ озод шудааст.

Қазияи додгоҳии «Имрӯз-News» ва Рустам Ҳукумов пушти дарҳои баста баргузор шуда буд ва ахиран рӯзнома ба онҳо 50 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ пардохт намуд, ки онро як зарбаи сахти иқтисодӣ ба фаъолияти эҷодии худ унвон карданд.

Ҷамила Мирбозхонова, faraj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер