Санаи 25-уми апрел дар Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон Конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Мушкилоти ҳимояи ҳуқуқии ВАО, таъқиботи беасоси судӣ ва маблағҳои ҳангуфти қазияҳои зидди ВАО» аз тарафи МТЖТ бо дастгирии сафорати Амрико дар Тоҷикистон баргузор гардид. Дар конфронс зиёда аз 50 нафар хабарнигор иштирок намуданд.

Барандаи чорабинӣ Муҳайё Нозимова конфронсро оғоз намуда, сухани ифтитоҳиро ба раиси МТЖТ Хуршеди Атовулло дод. Ба қавли Х. Атовулло, «мақсади баргузории ин конфронс дар он аст, ки вақтҳои охир журналистон бисёр ба суд кашида мешаванд. Барои фаҳмидани асли қазия мо имрӯз мизи гирд ташкил кардем, то аз забони худи журналистон фаҳмем, ки сабаби зиёд ба суд кашидани онҳо дар чист? Оё айб дар худи онҳо аст ва ё айби мақомот? Агар солҳои пеш дар як сол як ё ду журналист ба суд кашида мешуд, ҳоло судбозии рӯзнома ва журналистон анъана шудааст».

Баъдан, Сӯҳроб Пӯлотов, ҳуқуқшиноси АМВАОМТ дар мавзӯи «Баҳсҳои судӣ: Омилҳои таҳриккунанда ва мушкили ҳимояи ҳуқуқӣ» маърӯза кард. Ӯ дар маърӯзааш қайд намуд, ки журналистон низ дар аксар мавридҳо калимаю ҷумлабозии беҳуда мекунанд, ки боиси ба суд додани онҳо мешавад. Аммо сардабири рӯзномаи «Имрӯз-News» Назири Нусрат ба ин гуфтаҳо зид баромада, қайд кард, ки дар мақолаҳояш калимаҳои «ҷинояткори ашадӣ», «бузакбозӣ» ва «мурдафурӯшӣ»-ро истифода кардааст, ки дар ин калимаҳо паст задани шаъну шарафи ягон кас дида намешавад.

Қамари Аҳрор - рӯзноманигори мустақил аз вилояти Суғд дар мавзӯи «Қазияи бокс» баромад карда, фишорҳоеро, ки мақомот болои ӯ овардаанд, қисса намуд.

- Ман дар мусобиқаи бокс дар шаҳри Хуҷанд наворбардорӣ мекардам. Сардори раёсат як кормандашро ба назди ман равон карда гуфт, ки сабт накунам. Ман фаҳмонидам, ки журналист ҳастам ва рисолати касбиамро адо мекунам, аммо ӯ дағалона маро «дафъ шав» гуфт. Ман пофишорӣ кардам ва онҳо маро ба ШКД бурданду баёнот гирифтанд, ки гӯё ба рафти мусобиқа халал расонида, тартиботи ҷамъиятиро вайрон карда бошам. Дар натиҷа маро 120 сомонӣ ҷарима карданд,- афзуд ӯ.

Қазияҳои судии «Имрӯз-News», ки вақтҳои охир пурсарусадо шуда, ҷомеаи журналистиро ба ташвиш овардааст, яке аз мавзӯҳои баҳси конфронс буд. Сардабири ин нашрия Назири Нусрат мегӯяд, ки пурсарусадотарин қазия - ин қазияи Рустам Ҳукумов буд. Ӯ гуфт, ки дар панҷ соли фаъолияти ин рӯзнома 9 қазияи судӣ доштаанд.

Маҳмудҷон Раҳматзода, хабарнигори «Радиои Озодӣ» дар бораи «Таҳдид чун омили фишори равонӣ дар минтақаи Кӯлоб» баромад карда, гуфт, ки баъди навиштани мақолааш бо номи «Хатнаи ҷавонон дар Кӯлоб» фишорҳо болои ӯ оғоз шудаанд. Ӯ аз ҷумла гуфт: «Дар он мақолае, ки ман навиштам ва таҳқиқ кардам, фақат номи Ғайбулло Афзалов буд, ки бояд 600 нафар ҷавонро хатна ва 13 нафари дигарро оиладор мекарданд. Аммо дар он ҷо ҷавононе низ буданд, ки 5-6 моҳ пеш хонадор шуда буданд. Хуллас, фишорҳо болои ман зиёд буданд».

Ӯ дар бораи таҳдидҳои мақомот барои дигар мақолаҳояш низ изҳори назар кард. Ҳатто дар бораи ҳолатҳое низ, ки кормандони мақомот ба даҳонаш «скоч» часпонидаанд.

Дар ҳамин ҳол, Илҳоми Ҷамолиён, муоваини раиси ИЖТ дар вилояти Суғд гуфт, ки таҳдид ба журналистон дар минтақаи Суғд куллан дигар хел сурат мегирад. Ӯ афзуд: «Дар минтақаи Суғд асосан тариқи телефон таҳдид мекунанд, ки шахсияташон маълум нест ва намедонӣ кӣ ба ту таҳдид карда истодааст».

Инчунин, дар конфронс Абдуазим Абдуваҳҳоб дар мавзӯи «Қазияҳои судии «Нигоҳ»-у «Тоҷнюс»», Гулчеҳра Холматова - «Журналистон ва Кюнет», Раҷаби Мирзо - «Нақши Шӯрои ВАО дар ҳалли мусолиҳатомези қазияҳои ҷанҷолӣ», Иноятулло Иноятов - «Дастовард ва камбудиҳои қонуни нави матбуот ва дигар навъи ВАО», Ҷасур Абдуллоев - «Аскар Ҳаким алайҳи Самак», Ҷамила Ҳусейнова дар мавзӯи «Баҳси нақлиётии Вечерный Душанбе» баромад карданд ва ҳамагон асли воқеаро аз забони худи онҳо шуниданд.

Баъди маърӯзаҳо аз тарафи иштирокчиёни конфронс тавсияву пешниҳодот сурат гирифт. Рӯзноманигор Фахриддини Холбек пешниҳод кард, ки чун суд нисбати журналист Маҳмадюсуф Исмолив ноодилона ҳукм баровардааст, ҷомеаи журналистон бояд ба ҳимояи ӯ бархезанд. Инчунин, бо пешниҳоди журналистон хазинаи хайриявӣ барои оилаи ин журналист ташкил шуд, ки аллакай 2 нафар иштирокчиёни ин маҳфил - Илҳоми Ҷамолиён ва Сӯҳроб Пӯлотов дар ҳаҷми 100 сомонӣ маблағ пешниҳод карданд.

Рухшона Ҳакимова, faraj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер