Муҳайё Нозимова, гардонандаи конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи мушкилоти ҳимояи ҳуқуқии ВАО ва таъқиби беасоси судӣ дар анҷоми конфронс гуфт, ки пешниҳод мешавад, то ҳамкасбон ба оилаи Маҳмадюсуф Исмоилов, рӯзноманигори маҳкумшуда дар Суғд кӯмак намоянд.

Бо андешаи рӯзноманигорон, оилаи Маҳмадюсуф Исмоилов, рӯзноманигори зиндонӣ дар Суғд ба кӯмак ниёз дорад, зеро ӯ дар хонадонаш ягона нафар буд, ки оилаашро таъмин мекард ва инчунин фарзандони ноболиғ дорад. Иштирокчиёни конфронс ба хулосае омаданд, ки агар нафароне ба оилаи ҳамкасбашон кӯмак кардан хоҳанд, метавонанд Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон дар тамос шаванд. Ҳоло аввалин шуда, Илҳоми Ҷамолиён – муовини раиси Иттифоқи журналистон дар Суғд ва Сӯҳроб Пулотов - ҳуқуқшиноси АМВАОМТ ба хазинаи МТЖТ чун кӯмак ба рӯзноманигор маблағашонро гузарониданд.

Бояд гуфт, ки Маҳмадюсуф Исмоилов 24-уми июни соли 2013 аз ҷониби ШВКД-и ноҳияи Ашт бо иттиҳоми "тамаъҷӯӣ” боздошт шуд. Тафтишот он замон гуфта буд, ки журналист ба як зан таҳдид кардааст, ки агар ҳаққи хомӯшии ӯро напардозад, гӯё кадом маълумоти маҳрамонаеро дар борааш ифшо мекунад. Мақомоти тафтишотӣ гуфтанд, ки Маҳмадюсуф Исмоилов ҳангоми гирифтани 400 сомонӣ ба даст афтодааст. Додгоҳи сайёри ноҳияи Мастчоҳ Исмоиловро ба 11 соли зиндон маҳкум кард, ки созмонҳои ҳомии озодии матбуот як ҳукми беҳад сангин барои «тамаъҷӯӣ» ба маблағи ҳамагӣ 400 сомонӣ унвонаш карданд.

Вале ӯ маротибаи дуввум буд, ки ба зиндон меафтид. Соли 2011 ӯро барои нашри мақолаи танқидии "Ашт валангор мегардад" дар ҳаққи мақомоти маҳалии ноҳияи Ашт бо парвандаи "тӯҳмат, таҳқир, тамаъҷӯӣ ва маҳалгароӣ» боздошт карда, муддати 11 моҳ дар маҳбаси муваққатӣ нигоҳ доштанд. Ин қазия ҳамла ба озодии баён унвон шуд ва бо талоши созмонҳои журналистӣ ва ҷомеаи байналмилалӣ журналист озод шуд. Вале баъди ҳамагӣ ду сол Муҳаммадюсуф Исмоилов дубора ба чанги мақомот афтод ва ин бор бо иттиҳоми «тамаъҷӯӣ».

Хабарнигорони тоҷик мегӯнд, ки баъзе аз мансабдоронро бо 100 ҳазор доллар дастгир мекунанд, вале ҳоло дар озодианд ва чаро хабарнигори тоҷик бо 400 сомонӣ, ки он ҳам на пора, балки тӯҳфа ҳисоб мехӯрад, дар кунҷи зиндон нишастааст?

Ба қавли хабарнигор, ӯро танҳо барои интиқод аз ноҳияи Ашт ба кунҷи зиндон бурдаанд. Аз ҳамин лиҳоз, пас аз зиндонӣ шудани ӯ дигар касе дар бораи камбудиҳои ноҳияи Ашт дар расонаҳо мақолаи интиқодие намебинад.

Ҷамила Мирбозхонова, faraj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер