Ширкати “Умед-88” аз хабарнигори нашрияи “Пайк” 10 ҳазор сомонӣ ва аз нашрия 50 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ талаб кардааст.

Аҳмади Иброҳим, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Пайк” ба TojNews гуфт, ки барои талаби ҷуброн ширкати мазкур алайҳи нашрия ва журналист Шарифхони Тағоймурод ба Суди иқтисодии минтақаи Кӯлоб шикоят бурдааст.

Нашри мақолаи “Бозор ё “Умедчик-88” хатар эҷод мекунад?” (“Пайк” №90 8-уми апрели 2015) боис ба норизоятии ширкати “Умед 88” шудааст.  Ба гуфтаи Аҳмади Иброҳим масъулини ширкат гуфтаанд, ки гӯё бо чунин сарлавҳа онҳоро таҳқир карда бошем.

Муаллифи матлаб Шарифхони Тағоймурод  як нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Умед-88” дар назди бозори марказии шаҳри Кӯлобро мавриди интиқод қарор дода навиштааст, ки  ин нуқта мушкилоти зиёдеро барои мардум эҷод кардааст.

Дар мақолаи  “Бозор ё «Умедчик-88» хатар эҷод мекунад?”, Шарифхони Тағоймурод навиштааст, “Мушкилоте ки «Мӯъминободитарин кӯлобӣ» ҳам изҳори нигаронӣ мекунад, ин надоштани як таваққуфгоҳи замонавӣ ва ё ҳадди ақал як гирдгардиши мошинҳо (круговое движение) дар маркази Кӯлоб аст. Вале шаҳрдори Кӯлоб (собиқ шаҳрдор) ва лоиҳасозони Кӯлоб бехабар аз ин ҳама ба оҳистагӣ дар ҷои охирин таваққуфгоҳ-стоянка, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ-заправка сохтанд: Умед-88!”

Ҳафтаномаи “Пайк” Нашрияи “Пайк” наздики як сол мешавад, дар фазои иттилоотии Тоҷикистон фаъолият дошта, нахустин шумораи он моҳи июли соли гузашта дастраси хонандагонаш гардид.

TojNews

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер