Наздики 300 сокини шаҳри Душанбе бо имзои як муроҷиатнома дар фейсбук аз Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси пойтахт дархост кардаанд, ки ба қазияи ба додгоҳ кашидани рӯзноманигор Ҷамила Ҳусейнова бетараф набошад.

Муроҷиаткунандагон даъвои додгоҳии Ҷумъахон Давлатов, муовини феълии раиси корхонаи “Душанбенақлиётхадамотрасон”-ро алайҳи Ҷамила Ҳусейнова беадолатӣ хондаанд, чун ба гуфтаи онҳо рӯзноманигор рисолати худро иҷро карда, фаъолияти Давлатовро дар замони раиси корхонаи “Автобус-1” буданаш, интиқод намудааст. Ин гуруҳи сокинони Душанбе мегӯянд, воқеан мушкилот дар умури нақлиёти пойтахт хеле зиёданд ва масъулин ба ҷои ислоҳ аз болои онҳое, ки ин камбудиҳоро ошкор мегӯянд, ба додгоҳҳо шикоят мекунанд: “Мо аз шумо, Маҳмадсаид Убайдуллоев, ҳамчун раиси Маҷлиси Миллӣ ва раиси Душанбе хоҳиш дорем, ки нисбати қазия бетараф набошед, зеро Ҳусейнова вазифаашро иҷро карда, бемасъулиятии Давлатовро оммавӣ кардааст”. 

Ин муроҷиатнома дар ҳолест, ки ахиран Ҷумахон Давлатов, муовини раиси “Душанбенақлиётхадамотрасон”, алайҳи нашрияи "Вечерний Душанбе"-и Акбари Саттор ва рӯзноманигор Ҷамила Ҳусейнова ба Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шикоят бурда, 101,5 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари моддию маънавӣ талаб кардааст.

Давлатов даъво дорад, ки дар матлаби хабарнигор Ҷамила Ҳусейнова, ки таҳти унвони “Почему автобазы превращаются в «кладбища» автобусов?” дар нашрияи “Вечерний Душанбе” чоп шудааст, ӯ мавриди таҳқир қарор гирифтааст. Ӯ изҳор доштааст, ки баъди хондани ин матлаб вазъи саломатияш бад гардида, касалии қандаш авҷ гирифтааст.

Акбари Саттор, муассиси “Вечерний Душанбе” бо таъйиди ин хабар ба “Озодагон” гуфт, Давлатов аз нашрия 100 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ ва аз хабарнигор Ҷамила Ҳусейнова 1,5 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари моддӣ талаб кардааст: “Ман ба додгоҳ рафта, таъкид доштам, ки дар қазия ба ҳайси ҷавобгар иштирок хоҳам кард. Мо матлабамонро бо далел чоп кардаем. Боқӣ додгоҳ қарор хоҳад кард, ки дар қазия кӣ ҳақу кӣ ноҳақ мебошад“.

Дар матлаби баҳсбарангез аз зиёд шудани автобусу тролейбусҳои корношоям дар автобазаҳо интиқод шудааст, ки баъзан ба бемасъулиятии роҳбарон марбут аст. Ҳусейнова дар матлабаш Ҷумахон Давлатов, собиқ роҳбари корхонаи “Автобус-1”-и Душанберо зикр карда, афзудааст, ки ӯ тайи як соли роҳбарияш хешовандонашро дар хобгоҳи корхона ҷой карда, фикре накард, ки он моли шахсии ӯ набуда, моликияти давлат аст: “Баъди роҳбарии Давлатов мушкилот дар корхонаи “Автобус-1” афзоиш ёфтанд, аммо ӯро ба ҷои он, ки ба ҷавобгарӣ кашанд, баръакс вазифаи баландтар дода, муовини раиси “Душанбенақлиётхадамотрасон” таъин карданд”.

Ozodagon

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер