Сомонаи интернетии Шӯрои васоити ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дубора фаъол шуд.

Ин сомона бо нишонии www.odob.tj дар шабакаи интернет дастрас буда, дар он оид ба фаъолияти Шӯро, ахбори вобаста ба вазъи озодии ВАО дар Тоҷикистон ва мавзӯъҳои риояи Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ пахш хоҳад шуд.

Шӯрои ВАО-и ҶТ тасмим гирифтааст, сомонаро таҷдид кунад ва барои журналистон имконияти хуби дастрас намудани маводи омӯзишии касбиро фароҳам оварда, ба таҳкими меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистон дар Тоҷикистон, мусоидат намояд.

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер