Дирӯз дар ошёнаи 3-юми бинои нашриёти «Шарқи Озод» ҳафтаномаи «Тоҷикистон» бахшида ба 70-умин солгарди аввалин журналисти шаҳиди тоҷик, собиқ сармуҳарири «Садои мардум» Муродуллоҳ Шерализода конфронс баргузор намуд.

Маҳфилро Шарифи Ҳамдампур, муассиси ҳафтаномаи «Тоҷикистон» оғоз кард. Дар маҳфил дӯстону пайвандон ва аҳли қалам ширкат карда, аз кору фаъолият ва зиндагии марҳум Муродуллоҳ Шерализода сӯҳбат карданд.

Дар идомаи ин маҳфил Қаҳҳор Маҳкамов, собиқ президенти Тоҷикистон, вакили парлумон Хайринисо Юсуфӣ, инчунин якчанд кормандони ҳукумат иштирок доштанд. Хайринисо Юсуфӣ табрикоти раиси Маҷлиси намояндагони маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуровро қироат кард, ки дар он гуфта мешуд: «Мурордуллоҳи Шерализода бо донишу ғайрат ва самимияту хоксориаш дар дилу дидаи ҳамагон ҷой гирифтааст. Дар якуним соли фаъолити Муродуллоҳ Шерализода «Садои Мардум» ба рӯзномаи дӯстдоштатарин мубаддал гашта буд».

Дар рафти маҳфил Акбари Саттор, раиси ИЖТ аз марҳум ёдовар шуда гуфт, ки роҳбариро ӯ маҳз аз Муродуллоҳ Шерализода омӯхтааст.

Ёдовар мешавем, ки Муродуллоҳ Шерализода аввалин сармуҳаррири «Садои мардум» буд. Ӯ моҳи майи соли 1992 кушта шуд.

faraj.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер