Имрӯз, 14-уми апрел  дар толори хурди Маҷмааи «Шарқи Озод» , воқеъ дар  шаҳри Душанбе  маҳфили ёдбуд бахшида ба 70 солагии Муродуллоҳ Шерализода, аввалин сармуҳаррири рӯзномаи  “Садои мардум”, вакили Шӯрои олии Тоҷикистон оғоз  гардид.

Чорабинӣ бо ибтикори  рӯзномаҳои «Тоҷикистон», «Садои мардум»  Шӯрои ВАО, Иттифоқи журналистон, НАНСМИТ баргузор  шуда истодааст. Дар маҳфил чеҳраҳои шинохта, аз қабили Қаҳхор Маҳкамов, аввалин Президенти Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагон, Шамсиддин Орумбекзода, Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Маҳмадшариф Бобошода, ёрдамчии Президенти кишвар   наздикону пайвандон, ҳамқаламон ва дигарон иштирок доранд.

Маҳфилро Шариф Ҳамдамур, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон», ҳамкор ва яке аз дӯстони Муродуллоҳ Шерализода оғоз бахшида, иштирокчиёнро хайрамақдам гуфт.

Зимни суханронӣ Шариф Ҳамдампур аз гуфтаҳои  Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон иқтибос овард:

“Дар он рӯзҳои беҳокимиятӣ аз ҷониби хоинони миллати тоҷик депутати мардумӣ, сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум», инсони поктиннат Муродуллоҳ Шерализода ба қатл расонда шуд. Ӯ марде буд, ки тамоми ҳаёти худро барои муттаҳидию якпорчагии ҷумњурӣ, баҳри пешрафти Тоҷикистони азизамон сарф мекард. Суханони пурмаънию ҷозибадори ӯ дар сессияҳои Шӯрои Олӣ ҳоло ҳам дар гўшам садо медиҳанд. Хеле хуб аст, ки меҳнаткашони Панҷакент ин марди шарифро бо эҳтироми зиёд пос медоранд. Рӯзи ёдбуди Муродуллоҳ шаҳодат медиҳанд, ки кори ҳақ, мубориза бар зиди зулму истибдод ҳама вақт аз ҷониби халқ дастгирӣ меёбанд ва номи муборизон ҳамеша дар дилу дидаи мардум зиндаю ҷовид хоҳад монд. Мо ҳам имрўз мазори ин марди шарифро зиёрат карда, ба хешу табор ва наздикони Муродуллоҳ ҳамдардии хешро изҳор намудем.  Рӯҳаш шоду мазораш пурнур бод. ” (Аз суханронии Эмомалӣ Раҳмон,  соли 1993)

Каҳхор Маҳкамов аз  рӯзҳои даҳшатабори  ҷанги  шаҳрвандӣ ёдовар шуда, марги Муродуллоҳ  Шерализодаро фоҷиа ва  талафоте барои миллати тоҷик номид. Ӯ аз ҷумла,  гуфт: «Вақте ба гӯшам  расид, ки Муродуллоҳро дар рӯйи ҳавлии парлумон ба қатл расониданд, чӣ гуфтану чӣ карданро намедонистам. Ин рӯзи севуми қатли ӯ буд. То он вақт хабар надоштам. Рафта ба модараш таъзия баён кардам. Лекин чанд рӯз ба ин саволҳо ҷавоб намеёфтам, ки барои чӣ ӯро ба қатл  расониданд? Чӣ гуноҳ дошт, ӯ?

Маҳкамов ҳамчунин зикр кард, ки  давраи кор  забони тоҷикиро аз Муродуллоҳ омӯхтаааст. "Ӯ донишманд ва тарҷумони варзида буд…»-гуфт номбурда.

Сипас, Хайринисо Юсуфӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагон суханронӣ кард. Ӯ паёми  Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагонро барои иштирокдорон қироат карда, зикр  кард:

«...Хизматҳои Муродуллоҳ Шерализода дар назди халқи тоҷик калон мебошад. Ёди ӯ дар дилу дидаи мо боқист».

Шамсиддин Орумбекзода, Вазири фарҳанги Тоҷикистон:

«Муроддуллоҳ Шерализода инсони фарҳангӣ, донишманд буд. Он рӯзҳои ҷанги шаҳрвандиро мо бояд фаромӯш накунем. Шахсиятҳои шинохта қурбони ин ҷанги шаҳрвандӣ шуданд. Саҳми Муродуллоҳ дар таъсиси рӯзномаи «Садои мардум»  ва рушди журналистикаи тоҷик назаррас мебошад… ».

Маҳмадшариф Бобошозода, ёвари Президенти Тоҷикистон :

« Муродуллох пеш аз он ки ба инсон муроҷиат мекарданд, ибораи «эҳтиромона хоҳиш мекунам»-ро истифода мебурданд.  Шодравон миёни мардум соҳибэҳтиром буданд.  Мо аз Муродуллоҳ одобу ахлоқ, инсонгариро омӯхтем…»

Акбаралӣ Саттор, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон:

«Қаблан ба Шарифи Ҳамдапур, ки ташаббускори ин чорабинии имруза  мебошад, сипос мегӯям. Солҳои кор карданам бо Муродуллоҳ хотираҳои зиёд дорам. Аввалан, либоспӯшӣ ва баъдан роҳбариро  аз он кас омӯхтаам...»

Абдурашид Қаҳҳоров, аз пайвандони Муродуллоҳ:

«Муродуллоҳ шахси ҳақиқатхоҳу дӯстпрвар буд. То рӯзи маргашон, яъне 5 майи соли 1992  дӯстии мо идома дошт. Дар вазифаҳои пурмасъулият кори худро сарбаландона иҷро кард. Чандин сол ба ҳайси тарҷумон дар Афғонистон кор мекард...Падарам муддате ба Афғонистон сафар доштанд. Меҳмони хонаи Муродуллоҳ шудаанд.  Баъди бозгашт ба мо нақл карданд, ки чунин шахсияти бофарҳангу меҳмондӯст, ба мисли Муродуллоҳро кам дидам…Барои насли имрӯзаи Тоҷикистон, махсусан ҷавонон бояд  хислатҳои наҷиби инсонию ватандӯстии ин гуна абармардон омӯзанда бошад…»

Абдумаҷид Муродов, котиби масъули рӯзномаи «Садои мардум»:

«Ман бо Муродуллоҳ Шерализода солҳои зиёд кор кардаам.Ҳар ҷавоне, ки нав ба кор меомад, кӯмаки худро барояш дареғ намедошт. Муддате, ки дар Афғонистон ба ҳайси тарҷумон фаъолият доштам, ҳис кардам, нисбати устод Шерализода тамоми мардум эҳтироми хос доранд. Дар минбарҳои баланд суханронӣ карда, диққати ҳамаро бо нутқи буррои хеш ҷалб мекард.

Лаҳзаеро мехоҳам, ки ин ҷо зикр намоям. Вақте ки рӯзи гусели Муродуллоҳ  аз Афғонистон ба Ватан сурат мегирифт, дар толоре ҳама ҷамъ омаданд. Толор пур аз одам буд, қисми зиёди мардум дар берун монданд. Ҳатто, барои суханрониҳо вақт камӣ мекард… Ин шаҳодати он аст, ки Муродуллоҳ миёни мардуми афғон ва собиқ иттиҳоди шӯравӣ маҳбубияти хос дошт. Баъди 7 соли бозгашт аз Афғонистон, хабаре дарёфтам, ки рӯзномаи «Садои мардум» таъсис меёбад. Сармуҳаррири он  Шерализода таъин шудааст.  Омадам,  маро ба ҳайси мусаҳҳеҳ қабул карданд. Пайваста зикр мекарданд, ки кӯшиш кунед, ин ҷо Шумо муваққатӣ ҳастед… Кӯшиш кунед, ки ба ҳайати эҷоди пайвандед… Ҳаминтавр ҳам шуд».

Дар охири маҳфил бо ибтикори рӯзномаҳои   «Тоҷикистон»  ва Садои мардум» тасмим гирифта шуд,  ки бахшида ба 70 солагии Муродуллоҳ  Шерализода барои беҳтарин       асари журналистӣ  мукофот-Нишони сари синагӣ таъсис дода шавад. Дар назар аст, ки маблағи он ҳудуди 5 ҳазор сомониро ташкил хоҳад дод.

Ҷумъахон Наботов, сармуҳаррири рӯзномаи «Садом мардум»  дар мавриди таъсиси ин ҷоиза зикр кард, ки маводҳое пешниҳод мешаванд, ки хусусияти  парламентаризмро доро бошанд. Ин ҷоиза соле  як маротиба бахшида ба рӯзи мавлуди  Муродуллоҳ Шерализода  супорида мешавад.

http://pressa.tj/

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер