Дар маҷмааи нашриёти «Шарқи озод» дар шаҳри Душанбе рўзи 14 апрел маросими ёдбуди нахустин сармуҳаррири рўзномаи парлумонии Тоҷикистон «Садои мардум» Муродулло Шерализода баргузор мешавад.

Журналист ва арбоби давлатӣ, вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нахустин сармуҳаррири рўзномаи «Садои мардум» шодравон Муродулло Шерализода рўзи 5 майи соли 1992 ҳадафи тири душманони миллати тоҷик қарор гирифт. Хоинони миллат ҳарчанд ўро ҷисман аз байни мо рабуданд, вале андешаҳо, амалҳо ва ёди ў дар қалби мо боқӣ монд.

Ба хотири гиромидошти солгарди Муродалӣ Шерализода як зумра созмонҳои рўзноманигорони Тоҷикистон ва идораҳои воситаҳои ахбори омма аз қабили Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Шўрои ВАО Тоҷикистон, Анҷумани миллии ВАО мустақили Тоҷикистон, идораи рўзномаҳои «Садои мардум» ва «Тоҷикистон» тасмим гирифтанд, ки рўзи 14 апрел дар толори маҷмааи давлатии табъу нашри «Шарқи озод» дар шаҳри Душанбе ҳамоиши журналистон ва дўстони шодравонро ташкил кунанд.

Созмондиҳандагон ҳамаи журналистоне, ки Муродулло Шерализодаро мешинохтанд, инчунин дўстону ҳамкорони собиқи шодравонро барои ширкат дар ҳамоиши мазкур даъват менамоянд.

Ҳамоиш рўзи 14 апрел, соати 10.00 дар толори хурди маҷлисҳои маҷмааи «Шарқи озод» барпо мегардад.

Хабарнигори АМВАОМТ

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер