Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон Хайрулло Мадисоев, рӯзноманигори идораи барномаҳои сиёсии Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистонро ба иттиҳоми фасодкорӣ боздошт намудааст. 

Манбаи “Озодагон” дар Шабакаи аввал гуфт, боздошт дар идораи телевизион рӯзи 9-уми апрел сурат гирифтааст: “Феълан ҷузъиёти фасодкорӣ маълум нест, аммо гуфта мешавад, ки он ба фаъолияти журналистияш рабт надошта, ба даст доштанаш дар харидуфурӯши замин марбут аст”.

Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон низ ин хабарро тасдиқ кард, аммо аз ифшои ҷузъиёти он ба далели мактуби Додситонии кулли кишвар худдорӣ намуд.

Ozodagon

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер