9 апрел дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон китоби “Амнияти рақамӣ” рӯнамоӣ шуд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) дар расми муаррифии ин китоб амнияти рақамиро яке аз масоили доғи рӯз унвон карда: “Китоби “Амнияти рақамӣ” имконият медиҳад, журналистон ва дигар шахсиятҳо бо ҳолатҳои шикастани почтаҳои электронӣ, шунуди телефонҳо ва осебпазир будани анномайзерҳо ва серверҳо шинос шаванд”.

Акбари Саттор, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҳам гуфт, имрӯз шикастани почтаҳои электронӣ ва рамзҳои афрод дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба як кори осон ва маъмул табдил шудааст: “Ҳатто боре почтаи электронии худи маро ҳам шикастанд”.

Нуриддин Қаршибоев афзуд, айни ҳол шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба як макони беобрӯ кардани шахсиятҳо табдил шудааст ва аз он шахсиятҳои солим берун карда шуда, афроди ифротӣ ҷои онҳоро гирифтаанд. Ба гуфтаи раиси НАНСМИТ, барои пешгирии ин ҳолатҳо журналистон ва шахсиятҳо бояд ба мақомот барои шиносоии ин афрод муроҷиат кунанд: “Агар мақомот ҳангоми муроҷиати афрод нисбат ба шиносоии шиканандагони почтаҳои электронии афрод ва беобрӯ кардани онҳо аз ҷониби шахсони номаълум бетафовутӣ нишон доданд, пас маълум мешавад, худи мақомот дар ин кор даст доранд”.

Дар нишаст инчунин гуфта шуд, дар қонунгузории Тоҷикистон қонуни махсусе барои амнияти рақамӣ вуҷуд надошта, танҳо моддаҳои алоҳида мавҷуд аст, ки китоби тозанашр метавонад заминаро барои пайдоиши чунин қонун фароҳам биёварад.

Ozodagon

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер