Мақсади пайгирии мазкур аз гузаронидани мониторинги як қатор нашрия ва сомонаҳо аз дидгоҳи дар  матолиб инъикос ёфтани қолабҳои шахшудаи гендерӣ, ки барои рушди занон монеа эҷод менамоянд, ҳамчунон пешниҳоди натиҷаҳои он дар “Мизи мудаввар”  барои бедор намудани ҳассосияти гендерии масъулон ва кормандони нашрия ва сомонаҳои тадқиқшуда иборат аст.

Дар назар дошта шуда буд, ки натиҷаи мониторинг вазъи воқеии инъикоси қолабҳои гендериро равшан менамояд, интишори он дар сомонаи Шурои ВАО, Фейсбук  ва мизи мудаввар боиси мубодилаи афкор  мешавад ва таваҷҷуҳи масъулон ва кормандони нашрияҳои мазкур ва дигар намояндагони ВАО ба ин масъалаҳо меафзояд.

Нашрия ва сомонаҳо аз диди вижагиҳои худ интихоб шудаанд.  Мониторинг ҳафтаномаҳо ва сомонаҳои фарҳангиву сиёсиеро, ки шумораи бештари хонанда доранд, ҳам ҳизбӣ (“Минбари халқ”, “Наҷот”), ҳам расмии давлатӣ (“Ховар”)  ва ҳам хусусӣ (“Тоҷикистон”, “Чархи гардун”, “Рӯзгор”) инчунин ба созмонҳои ҷамъиятӣ тааллуқ доранд (“Фараж”), дар бар гирифт.

Барои гузаронидани мониторинг меъёрҳои (критерияҳои) мазкур  муайян ва интихоб гардиданд.

  1. Аксҳо;
  2. Сарлавҳаҳо;
  3. Муҳтавои матолиб.

Муқаррар шуда буд, ки дар ин се  бахш ҳузури занону мардон, масоили дахлдори  рӯзгори онон ҳам аз нигоҳи шумора, ҳам аз нигоҳи муҳтаво мавриди тадқиқ қарор мегиранд ва контент таҳлил гузаронида мешавад. Ҳамаи самтҳои маҳакҳои тадқиқотро ҳамзамон аз дидгоҳи ҳирфавияти матолиб ба риштаи тадқиқ кашидан низ ба назар гирифта шуда буд.

Дар раванди кор ягон монеа пеш наомад. Танҳо ҳафтаи охир сомонаи “Пресса тҷ” бо сабаби дар коркард будани сомона боз нагардид ва имкони таҳлили он муяссар нашуд.

Тибқи нақшаи пешакӣ дар давоми 10 ҳафта, 8 нашрия (ҳафтанома) -“Нигоҳ”, “Тоҷикистон”, “Фараж”, “Чархи гардун”, “Азия-плюс”, “Пайк”, “Минбари халқ” ва “Наҷот”   ва 4 сомонаи электронӣ сомонаҳои “Озодагон”, “Рӯзгор”, “Авесто”, “Ховар” мавриди пайгирӣӣ (мониторинг)  қарор гирифт.

Ҳафтаномаҳои интихобшуда то охир пайгирӣ шуданд. Вале сомонаҳои дар ибтидо интихобшуда тайи 6 ҳафтаи аввал пайгирӣ шуданд. 4 ҳафтаи баъдӣ ду сомона “Авесто”ва “Ховар” бо сомонаҳои “Озодӣ” ва “Пресса.тҷ” иваз гардиданд.

Санҷиши 6 ҳафтаи аввал нишон  дод, ки сомонаҳои “Авеста”  ва “Ховар”, ки комилан иттилоотӣ ҳастанд, чун ҳамаи сомонаҳои дигар аз мувозинати гендерӣ ориянд. Дар ҷаласаи кормандони лоиҳа қарор карда шуд, ки сомонаҳои дигар “Озодӣ” ва “Пресса.тҷ” ба ивази ин ду сомона ба доираи сомонаҳои мониторингшаванда ворид карда шаванд ва тайи  4 ҳафтаи охир таркиби сомонаҳо дигар шуд. Ба ин тариқ, дар давоми 10 ҳафта 6 сомона мавриди омузиш қарор гирифт. Тайи ин муддат 3106 маводи сомонаӣ ва 2642 мавод аз нашрияҳои чопӣ  аз назар гузаронида шуд.

Ҳафтаномаҳо:

Ҳафтаномаҳои интихобшуда асосан хусусияти сиёсиву фарҳангӣ доранд. Аз ин  дидгоҳ эҳтимол кардан мумкин аст,  ки хонандагони онҳо қишри ақлонӣ ва зиёии ҷомеа мебошанд.

Мониторинги ҳафтаномаҳо низ дар мавриди инъикоси мавзуъҳо аз дидгоҳи гендерӣ номувозинатии рушану  бебаҳси гендериро намоиш дод. Дар  баъзе аз шумораҳои  бархе ҳафтаномаҳо ба монанди “Нигоҳ”, “Наҷот”, “Фараж”, “Пайк” қариб  ягон мавод, ягон акс ягон номи занона ба чашм намехурад. Агар ягон мавод ҳам  нашр шавад, он метавонад аз рузгори ягон ситораи саҳна (бештар аз ҷавонон) бошад, вале он ҳам ягон ҳодисаи ангуштшуморанд. Ва ҳангоми назарсанҷиҳо ҳам мувозинати гендерӣ вуҷуд надорад, яъне чанд нафар мард ва  танҳо як нафар зан пурсида мешавад. Тайи ин муддат ин О. Бобоназарова ва Ф. Воҳидова буданд. Иқтибос аз мониторинги “Ҳафтаномаи “Наҷот” (№ 27 (797) 03.07.2014):

“Шумораи умумии аксҳо:29. Дар 23 акс мардон тасвир шудаанд, занон дар ягон ҷой тасвир нашудаанд.

Арзёбӣ:Дар ҳамаи аксҳо ҳолатҳо мусбат ва нейтрал аст.

Сарлавҳаҳо: Шумораи умумӣ - 28. Дар 7 сарлавҳа номи мард омадааст, номи зан дар ягон сарлавҳа нест.

Муҳтаво:Дар 20 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 1 мавод аз фаъолияти якҷояи занону мардон меравад”. Ҳарчанд мисол аз як ҳафтанома аст, вале метавон айнан ҳамин ҳолат ва ё ба он монандро дар чанд ҳафтаномаи дар боло номбаршудаи дигар низ мушоҳида намуд.

Аз мутолиаи ин ҳафтаномаҳо хулоса кардан мумкин аст, ки дар Ҷумҳуии Тоҷикистон занон аслан зиндагӣ надоранд ва агар бошанд ҳам дар кадом як қишри ниҳоние ҳастанд, ки шунидани садояшон мамнуъ ё имконннопазир аст.

Маводҳои ду  нашрияи дигар “Чархи гардун” ва “Тоҷикистон”, ки зотан оҳанги дигар доранд, аз маводҳои ахбори ҷиноятӣ бештар истифода менамоянд ва дар аз ин қисми бештараш ё комилан  аз зиндагии занонанд.

Барои мисол  ҳафтаномаи “Тоҷикистон”  (№31 (1073),  31.07. 2014)  дар се мавод фаъолияти занон омадааст ва дутои он («Шавҳар ҳамсарашро 7 корд зад»,  «Модаркуш»), зани қурбонии ҷиноят ва марди қотилро инъикос менамоянд.Дар шумораи дигар (№33 (1075), 14.08. 2014).Иқтибос аз мониторинг “Маводҳое, ки дар хусуси фаъолияти мардонанд, тобиши мусбат, манфӣ ва муодил доранд. Масалан, дар маводҳои  «Раис картошкачинӣ рафт», «Интихоби Туркия», «Раҷаб Тайиб Эрдуғон», «А.Сино: Аз пурхӯрӣ чизи бадтаре нест» мардон  неруманд, кордон, олим, сарвар, яъне мусбат, дар маводҳое чун «Муҳандис – заминсоз ҳам пора гирифт», «Раҳимови «говҷигар», «Боздошти ронандаи фирорӣ» мардон порахӯр, фиребгар, ҷинояткор, яъне  манфӣ, арзёбӣ шудаанд. Дар 2 маводи дигар, ки метавонем «фаъолияти якҷоя» номем, қиссаи хушунати оилавӣ дар шакли хеле нафратангез тасвир шудааст. Ин қиссаҳои «Телефон сари занро бемӯй кард», ва «Ҳуҷум ба муфаттиш сабаби озодшавии зани фиребхӯрда шуд» мебошанд.  Дар қиссаи аввалӣ шавҳар аз бадгумонӣ нисбати занаш, баъди латукӯби шадид ва таҳдиди куштан дасту пойи ӯро баста, бо кордча сарашро метарошад, ки ин намуди ҷазо то имрӯз қариб, ки дида нашуда буд.  Дар қиссаи дигар, Анорой  ном зан фирефтаи хушзабонии Исматов Юсуф, ки чор маротиба барои ҷиноятҳои вазнин содир карданаш суд шуда, ҷинояткори хавфнок ҳисобида мешуд, гашта, нафаҳмидаю насанҷида ҳамсари ӯ мешавад. Анорой аз ин мард ҷабру ситами зиёд мебинад ва бо мадади муфаттиш аз ин золим раҳо меёбад. Дар ин қиссаҳо ҳам нақши зан ва ҳам нақши мард тобиши манфӣ доранд. Мардон хушунатгар, золим, рашкин, бетаҳаммул, занон бошанд, зудбовар, фиребхӯрда ва аз рӯйи гуфти шавҳар, беҷогард («Телефон сари занро бемӯй кард»)  тасвир шудаанд. Аҷибаш дар он аст, ки дар саҳифаи 8 зери рубрикаи «Ҳуқуқ» 5 мавод ҷой дода шудааст,   дар 4- тои  он  нақши зан манфист, яъне зан далла ( «Фоҳишахонаи Попова дар Турсунзода»), зудбовар, гӯлу гаранг, беҷогард, фиребхӯрда нишон дода шудааст. Аз ин шумора метавон хулоса кард, ки дар Тоҷикистон ягон зани фаъолияти мусбату ибратбахшдошта нест. Мардон новобаста ба он ки манфӣ ё мусбат тасвир шуданашон, тимсоли қудрат ва занон тимсоли нотавонӣ инъикос ёфтаанд.

Ҳафтаномаи “Чархи гардун” ба мавзуи муносибатҳои иҷтимоӣ ва оилавӣ бештар таваҷҷуҳ дорад аз ин дидгоҳ доираи хонандагонаш низ фарқ мекунад. Вале ин ҳафтанома низ дар мавриди инъикоси ҷинсҳо аз мувозинат дур аст. Барои мисол:“Чархи гардун” (№31 (934), 30.07. 2014):“Муҳтаво: Дар 10 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 3 мавод дар бораи занон ва дар 4 мавод дар бораи ҳар ду ҷинс  меравад.

Арзёбӣ: Дар 3 ҳолат дар маводҳо дар бораи мардон арзёбӣ (ахбори ҷиноӣ) манфист, дар 7 ҳолати дигар фаъолияти мардон мусбат ва муодил аст.   Дар мақолаи «Ман фарзанди худамро куштам…»  сухан  дар бораи духтари хурдсолашро куштани  модар меравад. Нақши зан- модар манфист. Дар мақолаи «Исрофкорӣ то ба кай?» сухан аз исрофи беҳуда ва намоишкории занон ҳангоми  оростани дастархони идона меравад ва андаке тобиши манфӣ дорад.  Дар ин мавод айни замон масъалагузорӣ яктарафа буда, нақши мардон дар мавриди гузаронидани чунин маъракаҳо норавшан аст. Дар маводи якҷоя ҳам  мардон ва ҳам занон, муодил инъикос ёфтаанд.

Ду ҳафтаномаи дигар “Минбари халқ” ва “Азия плюс”низ ҳарчанд аз мувозинати гендерӣ аз нигоҳи шумора ҳамчунон ориянд, вале  матолиб дар онҳо бештар оҳанги муодил дорад.

Ҳарчанд тайи ду моҳи мониторинг қариб дар ҳамаи расонаҳои санҷидашуда маводҳое дар бораи варзишгарони тоҷик нашр мешуд, вале он ҷо ҳам номи занон хеле кам истифода шудааст. Ҳатто дар мақолаи калоне аз фаъолияти дастаи таеквандочиёни тоҷик, ки дар байнашон қаҳрамонони Аврупо ва ҷаҳон аз ҳисоби духтарон кам нестанд(“Азия плюс” аз 21.08.2014) акси духтарон омадааст, вале дар бораашон иттилоот ҷой надорад.

Маводҳои дар бораи мушкилоти занон, масоили гендерӣ, раванди иҷрои санадҳои қонунгузории байналмиллалӣ ва миллӣ кам андар кам ба чашм мерасанд. Тайи давраи мониторинг чанд хабари кутоҳ  аз нишасти матбуотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҲҶТ, баромади Президент дар мавриди кори мақомоти судӣ ба чашм расиду халос.

Дар ин ҳафтаномаҳо баъзан ҳангоми назарпурсиҳо занон ба назар мерасанд, вале дар ин маврид ҳам аз нигоҳи шумора онҳо бо мардон баробар нестанд, баъдан маъмулан як, ду чеҳра ва номест, ки ҳамеша истифода мешавад. Мутахссисони дигари соҳаҳои пурсидашаванда аз шумори занон сарфи назар мешаванд. Дар натиҷа арзёбии масъалаҳо яктарафа, дар доираи назари чанд нафар одами алоҳида пешниҳод мегардад. Дар бораи чеҳраҳои намоён аз ҳисоби занон агар мавод интишор шавад ҳам,аз воқеаҳои ҳангомавии зиндагист (масалан туйи арусии Нигора Холова),  на мавод аз эҷодиёт, ки занро ҳамчун мутахассис, дар соҳаи ҳирфавӣ ва мақому мавқеи ӯро  дар ҷомеа муаррифӣ намоянд.

Дар маводҳои ҳамаи ҳафтаномаҳо гоҳ саросарӣ, гоҳ ҷо ҷо риоя нашудани банди 2 Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти  журналистӣ  дар Тоҷикистон (“Сареҳияти ахбор.ВАО ва журналист бояд назару андешаҳои гуногунро беғаразона ва бидуни таҳриф ба нашр расонанд. Дар матолиб бояд тавозуни назарҳо риоя гарданд.”) ба назар мерасад. Иқтибос аз мониторинг:  “Аз ҷумла дар мақолаи “Соҳибкорони пойлуч...” сухан аз фаъолияти занони палосшуй, ки айни замон муҳитро ифлос мекунанд, дар мақолаи “Худо рузаатонро қабул кунад, Раис” арзи зани иҷоранишине, ки бо зориву тавалло ба Раис муроҷиат кардааст, омадааст. Мардон дар маводҳои манфӣ ҳам тимсоли қудратанд: таҷовузкор, қотил, фиребгар.” (“Тоҷикистон” (№28 (1070) 10.07.2014) Дар маводҳо чи дар сарлавҳа чи дар муҳтаво нуқтаи назар ва баҳои муаллифон (“Модари ҷоҳил дастгир шуд”, “Фоҳишагӣ хатар ба солимии ҷомеа”, “Кӣ аз занаш наметарсад?”)  ба хонанда таҳмил мегардад ва нишондиҳандаи костагии ҳирфавият рӯзноманорон мебошад. (."Чархи гардун” (№28 (931), 09.07.2014).

Сомонаҳо:

Сомонаҳои “Авеста”, “Ховар” ва “Пресса тҷ”  сирф хабарӣ мебошанд. Ҳарчанд аз нигоҳи шумора онҳо аз ҳама ғанитаранд (ҳафтае ҳар яке аз ин сомонаҳо такрибан  100 – 160 хабар интишор мешавад), дар масъалаи риояи меъёрҳои ахлоқии журналистон ба ин сомонаҳо эрод аслан нест. Вале таносуби мавод дар бораи занону мардон тақрибан як бар даҳ мебошад. Масалан, дар ҳафтаи дувуми мониторинг  дар сомонаи “Авеста” 115 хабар интишор гардидааст. Ин расона аксҳоро кам истифода мекунад, аз 10 акс 4 тои он акси мардонанд, 11 сарлавҳа дар таркиби худ номи мардро дорад. Ягон акси зан ва ягон номи зан дар сарлавҳа  ҷой надорад. Дар 74 мавод фаъолияти мардон акс ёфтааст, дар 6 мавод фаъолияти занон. Аз  маводи ба мардон бахшида танҳо 2 мавод аз ахбори ҷиноист ва табиист, ки оҳанги манфӣ дорад. Аз маводи ба занон бахшида танҳо 1 мавод оҳанги муодил дорад, дигар ҳама аз ахбори ҷиноӣ буда занон ҳамчун ҷинояткор ё қурбонии  ҷиноят  инъикос ёфтаанд. Таносуб 74 бар 2, 6 бар 5.

Дар ҳамин давра сомонаи “Ховар”   107  хабар ба табъ расонидааст, ки дар онҳо 42 сурат истифода гардидааст. Дар 27 аксмардон, дар 1 аксзанон, дар 11 аксзанонумардон якҷоятасвиршудаанд.

Дар 19 сарлавҳа номи мардон, дар 1 сарлавҳа номи зану мард якҷоя ва 2 сарлавҳа ишора ба ҷинс омадааст. Дар ягон сарлавҳа номи зан наомадааст. Муҳтавои хабарҳо:

Дар 66 хабар фаъолияти мардон ва дар 4 хабар фаъолияти занон инъикос ёфтааст. Дар 5 хабар фаъолияти занону мардон якҷоя инъикос шудааст.

Аз хабарҳо оид ба фаъолияти мардон аз  2 –тоаш манфӣ арзёбӣ мешаванд (бо ҷиноят ва фалокатҳо марбутанд), аз хабарҳо оид ба фаъолияти занон ҳама оҳанги мусбат доранд. Сомонаи мазкур мақоми расмӣ дорад аз ин ру бештар чорабиниҳои расмӣ дар он инъикос меёбанду маводи ҷиноӣ он хеле кам аст.Аз ин ру дар сомона нобаробарӣ асосан дар мавриди муҳтаво ба назар мерасад ва таносуб тақрибан чун дигар сомонаҳои хабарӣ мебошад.

Pressa.tj: Ҳафтаи охири август. 113  мавод интишор шудааст. Ҳар мавод як акс дорад. Акси мардон 49, акси занон 2.  Дар 18 сарлавҳа номи мардон омадааст, номи зан дар ягон сарлавҳа нест.  80 мавод аз фаъолияти мардон иттилоъ медиҳанд,  2 мавод аз фаъолияти занон.

Тамоми давраи мониторингӣ дар ин сомонаҳо, ҳатто дар расонаи ҳукуматии Ховар ягон мавод аз раванди иҷрои сиёсати гендерии ҲҶТ наомадааст.

Хулоса: таносуби миқдорӣ дар сомонаҳои хабарӣ аз дидгоҳи гендерӣ 100/8 ро ташкил менамояд. Ғайр аз сомонаи расмӣ 80, 90 фоизи ин  рақами ночизро ахбори ҷиноӣ ташкил медиҳанд.

Сомонаҳои дигар дар баробари ахбори кутоҳ мақолаҳои калонҳаҷм ҳам интишор менамоянд. Аз сомонаҳои таҳлилшуда “Озодагон” ва “Озодӣ” хеле пурмаҳсул фаъолият доранд ва тайи ҳар ҳафта то 100 мавод нашр менамоянд. Таносуби маводҳо аз нигоҳи гендерӣ дар шумора тақрибан чун сомонаҳои хабарнигорист.

Барои мисол сомонаи “Озодагон” дар давоми ҳафта (21 июл-26 июл) 131 мавод интишор намудааст. Таносуби гендерӣ дар мавриди аксҳо (95/24)  беҳтар аст, вале дар мавриди сарлавҳа (52/3), муҳтаво (90/8) хеле номавзун  аст. Аз нигоҳи муҳтаво сомонаи “Озодагон” хеле сермаҳсул аст. Айни замон халалдор шудани меъёрҳои ахлоқи рӯзноманигорӣ ҳам дар он бештар ба назар мерасад. Барои мисол танҳо ҳафтаи 11-16 август ин гуна меъёршиканиҳо дар се мавод ба назар мерасанд: “Дар се мавод яке танҳо дар сарлавҳа «Қатъи пахши ҳадисҳои паёмбар дар “Имрӯз” ва истеъфои Орзу Исоев», дигаре “Хоҳиши Тӯраҷонзодаҳо аз бонувоне, ки сатр мепӯшанд”, дар муҳтаво ва саввумӣ  “Пешниҳоди таъсиси “Маркази шаҳватсанҷӣ” барои муллоҳои Далер ШАРИФОВ” ҳам дар сарлавҳа, ҳам дар муҳтаво меъёрҳои одоби  журналистӣ вайрон шудаанд. Маводи аввал банди 2 “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” (“Сареҳияти ахбор”)- ро халалдор мекунад, ки он ҷо чунин омадааст: “ВАО ва журналист бояд назару андешаҳои гуногунро бояд беғаразона, бидуни таҳриф ба нашр расонанд.”  Ҳарчанд дар  мавод иттилооте дар бораи бо паҳн кардани ҳадисҳои паёмбар робита доштани истеъфои Орзу Исоев ҷой надорад, вале дар сарлавҳа ин маънӣ таҳрифкорона ба шурангезона истифода шудааст. Дар маводи дувумӣ низ  риоя нашудани талаби ҳамин банд (“Дар матолиб бояд тавозуни назарҳо риоя гарданд”) ба чашм мерасад, зеро  дар масъалаи баҳсбарангези либоспушии занон танҳо назари як тараф оварда шудааст ва он бештар хусусияти таҳмилӣ дорад.

Ва  ниҳоят, маводи  “Пешниҳоди таъсиси “Маркази шаҳватсанҷӣ” барои “муллоҳо Далер ШАРИФОВ””ба пахши наворҳои фаҳшо аз фаъолияти муллоҳо бахшида шудааст, жанр ба фелетон, нақиза монанд аст, вале сабки муаллиф сар то по аз ифодаву ибораҳо ноҷо ва берун аз меъёри одоби миллӣ ва рӯзноманигорӣ иборат буда, хилофи банди 5- и “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” (“Иффати миллӣ ва эҳтироми фарҳанги ғайр”) мебошад: “ВАО ва журналист бояд иффат ва фарҳанги миллиро ҳангоми инъикоси ҳама гуна матолиб пос доранд. Аз тарғиби фисқу фуҷур, ки боиси косташавии иффати миллӣ мегардад худдорӣ намоянд”). Иқтибос аз мақолаи мазкур:  “Аммо аз тариқи пахши “секси муллоҳо” онҳо ҳадди ақал хобухезро ёд мегиранд ва онҳое, ки пиру нотавон ё касалии руҳӣ шудаанд ва ё фаромӯшхотир, баъд аз ин наворҳо дигар чигуна бо ҳамсарҳояшон хоб рафтанро ба ёд меоранд. Шояд баъзеҳо дар замони Шӯравӣ бо иҷозаи Маскав ё фармони партия бо занҳояшон кам хоб рафтаанд, акнун бо тамошои навори маҳрамони муллоҳо хумор мешикананд”. Қобили таъкид аст, ду маводи баъдӣ, яке мустақиман, дигаре зимнан, ба масоили занон дахл мекунад ва ҳарду ҳам тобиши манфӣ доранд.”

Тайи як ҳафтаи интихобӣ сомонаи “Озодӣ”    92 мавод интишор намудааст. Шумораи умумии аксҳо 88.  Таносуби аксҳо (47/8), сарлавҳаҳо (15/3), муҳтаво (58/3) мебошанд.

Сомонаи “Рӯзгор”  маводи камтар интишор менамояд, вале асосан аз мақолаҳои калонҳаҷм иборанд ва асосан аз сомонаҳои дигар бознашр мешаванд. Миқдори маводи ин сомона аз 9 то 26 ро ташкил намудааст. Вале таносуб аз ин бурд накардааст. Дар ҳафтаи интихобӣ таносуб мавод аз диди  гендерӣ чунин буд:  аксҳо 8\3, сарлавҳаҳо 6\1, муҳтаво 11/1.   Дар 4 мавод фаъолияти мардону занон якҷоя омадаанд.

Муҳтавои маводҳо оид ба занон ва мардон низ нишондиҳандаи номувозинатии гендерист.

Мардон чи дар акс, чи дар сарлавҳа ва чи дар мундариҷа тимсоли қудрат, ҳукмронӣ ва занон  қурбонӣ, муҳтоҷ, нотавон ё  берун аз доираи ахлоқи пазируфтаи ҷомеа тасвир мешаванд. Ҳатто ҳангоме  ки сухан аз занони эҷодкор меравад, лаҳзаҳои баҳсбарангез ё фоҷеавии зиндагии онон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. (Сафари Шабнам Сурайё ва Фарзонаи Хуршед ба ҳаҷ, фавти Симини Беҳбаҳонӣ ва монанди ин). Тайи давраи мониторинг якчанд ҳодисае, ки мавриди таваҷҷуҳи тамоми нашрияҳо гардид аз рузгори занон: худкушии Шаҳло, вафоти шоира Симин, интиқоли ҷасади Почомуллоева, гум шудани Осия ва ҳаҷ кардани Шабнаму Фарзона.

Ҳамаи ин андешаеро тавлид менамояд, ки барои мавриди таваҷҷуҳи ВАО Тоҷикистон шудан занон ҳатто маъруфтаринашон бояд ҳатман ё бимиранд, ё ба фалокати чашмношуниде дучор бигарданд, ё ягон амали аз доираи қолабҳои маъмулӣ берунро ба сомон бидиҳанд. Ин тарзи муносибат зимнан хилофи банди 9 “МЕЪЁРҲОИ АХЛОҚИИ ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӢ  ДАР ТОҶИКИСТОН” “Роҳ надодан ба табъиз (дискриминатсия). Поймол намудани ҳуқуқи шахс вобаста ба мансубияти нажодӣ, миллӣ,  мазҳабӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҷинсӣ дар ВАО раво нест. ВАО ва журналист аз айбҷӯии ҷисмонии шахс худдорӣ мекунанд.” мебошад.

Чанд вижагие, ки ин сомонаҳо дар мавриди инъикоси аз диди гендерӣ доранд: “Озодагон” ҳангоми мусоҳиба бо амалдорон ҷанбаи рузгори аз оила ва фарзандонро равшан мекарданд. Ҳарчанд мурод аз он муайян кардани дороии мансабдорон буд, вале он зимнан ба масъалаи равшан кардани муносибати мардон ва оила таъсир дошт.

“Рузгор” ягона сомонаест, ки рубрикаи “Зан ва ҷомеа” дорад ва дар он гоҳ гоҳ мавод нашр менамояд.

“Озодӣ” дар давраи мониторинг маводҳое, ки мушкилоти занону мардонро дар пайвастагӣ инъикос намудаанд, нисбат ба пештара бамаротиб зиёдтар интишор намуд. Ҳарчанд ҳануз то мувозинат дур аст, вале худи кушиши масъулони сомона дар ин масъала назаррас аст.

Дар  маводҳои мавриди тадқиқ дар сомонаҳо низ бештар риоя нашудани банди 2 Меъёрҳо (“Сареҳияти ахбор.ВАО ва журналист бояд назару андешаҳои гуногунро беғаразона ва бидуни таҳриф ба нашр расонанд. Дар матолиб бояд тавозуни назарҳо риоя гарданд.”) ба назар мерасад. Аз ҷумла дар интишори фатвоҳои руҳониён оиди ҳуқуқу уҳдадориҳои занону мардон (“Озодагон”)  одатан  нуқтаи назари як нафар бе таҳлил ва бе овардани мавқеи тарафи дигар интишор шудааст. Мисол:“Эшони Нуриддинҷон: "Бародар метавонад,ҳамсари бародари мурдаашро... бигирад" сухан аз фатвои “руҳонии саршиноси тоҷик” оид ба раво будани никоҳи бародар бо зани бародари мурда меравад, вале аз иродаи он зан сухан намеравад.  (Иқтибос аз мониторинг.  “Озодагон” 01- 06. 07.)

Айнан ҳамин тарзи муносибати яктарафа дар мавриди инъикоси ҳодисаи худкушии Шаҳло, ки тамоми ВАО дар бораи он мавод интишор намуданд, низ ба назар мерасад. Дар ягон мавод андешаи шавҳар ва хешовандонаш оварда нашудааст.

Интизорӣ мерафт, ки раванди санҷиш ва ҳар ҳафта дар сомонаи Шурои ВАО ва дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” ҷо шудани он, то андозае таваҷҷуҳи масъулон ва кормандони онро ҷалб намуда ба бедор шудани ҳассосии гендериашон мусоидат хоҳад кард. Вале чунин натиҷа ба назар нарасид. Аз  чанд шарҳе, ки дар Фейсбук омадааст, танҳо яке ба сармуҳаррири яке аз нашрияҳо тааллуқ дорад (“Ухумммм Ухуммм боз феминизм....)”) ва нишондиҳандаи эътироф нашудани муҳим будани мавзуъ ва масоили гендерист.

Таъкид: ягона расонае, ки дар давоми мониторинг барои беҳтар инъикос кардани ин масоил дар он пешравӣ ба назар расид сомонаи “Озодӣ” мебошад. Дар муқоиса бо ҳафтаи аввал дар он матолибе, ки занону мардонро баробар мавриди тадқиқу таваҷҷуҳ қарор доданд, масоили  гендериро ба назар мегирифтанд, бештар шуданд. Ғайр аз ин ин сомона бахши алоҳидае барои ҷавонон дорад. Ҳарчанд аз нигоҳи шумора он ҷо низ вазъ аз баробарӣ хеле дур аст.

Ба ҷойи хулоса:

  • Масъалаҳои гендерӣ (поймолшавии ҳуқуқи занон, аз таҳсил дур мондани онҳо, серзанагӣ, хушунати хонаводагӣ, пош хурдани оилаҳо ва оқибатҳои он, афзоиши таваллуди кудакони маъюб, оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, вазъи занон дар бозори меҳнат, дастрасии занон ба замин, мушкилоти ҷавонон ва амсоли ин) дар матбуот қариб, ки инъикос нашудаанд.
  • Санадҳои меъёриву ҳуқуқие, Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардааст ва сиёсати гендерии кишвар тибқи он роҳандозӣ мешавад, ҳамчунон дар расонаҳо, ҳатто дар расонаҳои расмӣ номбар ҳам намешаванд.
  • Фаъолияти ташкилотҳое, ки бо ин масоил машғуланд (Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи парламентӣ оид ба ҳамин масоил, созмонҳои байналхалқӣ ва ҷамъиятии милливу маҳаллӣ ва ғайра) низ аз мадди назари расонаҳо дур мондааст.
  • Мавқеъ ва мақоми иҷтимоиву сиёсии имрӯзаи занон аз ҷониби ин расонаҳо нодида гирифта шудаанд. Маъмулан танҳо занони саҳна баъзан мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтаанд ва он ҳам таъкид ба ҳаёти шахсии онҳо равона шудааст ва ойид ба ҷанбаи ҳирфавии фаъолияти онҳо қариб ки ягон мавод ба назар нарасид.
  • Фаъолияти мардон низ яктарафа инъикос меёбад, вале дар шакли баръакс: онҳо танҳо дар раванди фаъолияти меҳнативу касбӣ (хоҳ мусбат ва хоҳ манфӣ) инъикос ёфтаанд ва тарафи дигари рузгори онҳо ҳамчун инсон, узви оила ва ғайра аз доираи таваҷҷуҳи рузномагирон дур мондааст.
  • Мардон дар раванди фаъолияти сиёсиву ҷамъиятӣ занон дар доира оила пешниҳод гардидаанд, онҳо аз як тараф нишондиҳандаи  қолабҳои куҳнашудаи гендерии муаллифон буда  аз тарафи дигар онҳоро бештар устувор менамоянд. Якчанд маводе, ки дар онҳо кушиши таҳлили вазъи занон ба назар расид, низ аз ҳамин сабаб муваффақ нестанд, зеро нарасидани донишҳои гендерӣ боиси яктарафа ва ноқис пешниҳод шудани масоил гардидааст.
  • Рӯзноманигорон ва сардабирони расонаҳои мазкур аз диди гендерӣ ҳассос нестанд, аҳамияти масъаларо дарк накардаанд. Репликаи сардабири яке аз нашрияҳо “(“Ухумммм Ухуммм боз феминизм....))))”) нишондиҳандаи он аст, ки шояд аксари масъулон ва аҳли қалами нашрияҳо байни феминизми радикалӣ (ифротӣ) ва назарияву мавқеи гендерӣ тафовутро намебинанд ва ба омузишҳо дар ин маврид ниёз доранд.
  • Мониторинг дар айни замон костагии дараҷаи  ҳирфавияти рӯзноманигоронро нишон дод, ки дар риоя нашудани бандҳои алоҳидаи “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” ба назар мерасад.
  • Мониторинг вазъи мавҷудаи нашрияҳоро равшан кард ва барои тавсеаи “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” ва рушди журналистикаи хушсифат  бахшу вазифаҳои тозаро рушан намуд. Яке аз рисолатҳои журналистика мусоидат ба риояи ҳуқуқи инсон, сарфи назар аз ҷинс, синну сол ва дигар тафовутҳо иҷтимоиву нажодист, ки дар  Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон”  банди 1 инъикос ёфтааст. Мониторинг доир ба дараҷаи риояи ин банд иттилои мушаххас ба даст овард ва дар ҳолати қабули пешниҳодҳо барои тавсеаи иҷрои онҳо мусоидат хоҳад кард.

Марям Давлатова,

коршиноси масоили гендерӣ

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер