(16 октябри с.2014)

Оид ба мавзуи занон, масоили гендерӣ ва сиёсати Ҳукумати кишвар дар васоити ахбори оммаи мустақил  матолиб бештар интишор гардад;

Барои дарёфти маводи мусбат оид ба фаъолияти занон, ҳамкориҳои дуҷонибаро бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, созмонҳои ҷамъиятии бо масоили занон фаъолиятдошта барқарор намудан ба манфиати кор аст;

  • Аз ҷониби Шӯрои ВАО-и ҶТ ва дигар созмонҳои журналистӣ барои роҳбарон ва рӯзноманигорони ҷавони ҳамаи расонаҳо муттасил машғулиятҳо оид ба мавзуъҳои гуногуни  гендер гузаронида шаванд;
  • Озмунҳои якҷояи Шӯрои ВАО-и ҶТ ва дигар ташкилотҳои журналистии ватанию созмонҳои байналмилалӣ ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи ВАО ба масоили гендерӣ роҳандозӣ шавад;
  • Дар ВАО ойид ба фаъолияти занону мардон ва оилаҳои муваффақ хабару мақола ва гузоришу очеркҳои ибратомӯз бештар чоп карда шаванд. Ин иқдом ба татбиқи сиёсати гендерӣ мусоидат карда, барои занони дар пайроҳаи зиндагӣ дармонда як навъ роҳнамо хоҳад шуд;
  • Дар назарпурсиҳои ВАО вобаста ба мавзӯъҳои мухталиф, ба риояи ширкати баробари респондентҳо аз ҷумлаи мардону занон таваҷҷуҳ зоҳир гардад,  зеро аз нуқтаи назари равоншиносии гендерӣ байни андешаронии мард ва зан  тафовут вуҷуд дорад. Дар матолиб бояд тавозуни назарҳо риоя гардад. Сарлавҳа ва акс бояд маънои матн ва гузоришро ифода кунанд;
  • Маводи интишоршавандаи ВАО ойид ба масоили гендерӣ, ҳолатҳои поймол шудани ҳуқуқи занону мардон ва оқибатҳои нохуш ё ҷазо гирифтани гунаҳгорон бояд хусусияти таҳлилӣ дошта бошанд;
  • Дар ВАО ойид ба фаъолияти занони ҳунарманд, боистеъдод, навовар ва эҷодкор дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, матолиби бештар ба табъ расад;
  • Мактубҳои хонандагон оид ба масоили гендерӣ дар ВАО бояд аз ҷониби идора ва ё коршиносони соҳавӣ хулоса карда шаванд, то нигоштаи муаллиф (он) чун ҳукм боқӣ намонад;
  • Дар нашрияҳои чопӣ ва электронӣ таъсис додани рубрикаҳои хоссаи доимӣ ойид ба мавзуъҳои гендерӣ мувофиқи мақсад дониста шавад;
  • Шӯрои ВАО-и ҶТ силсилаи мониторинги нашрияҳои оммавӣ (хонаводагӣ)-ро дар мавзӯъҳои инъикоси масоили баробарҳуқуқии марду зан;  ҳуқуқи кудакону ноболиғон роҳандозӣ намояд;
  • Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои возеҳтар инъикос намудани масолили гендерӣ бояд ВАО-и мустақилро аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ намояд ва ё барои татбиқи сиёсати гендериаш дастгирии молии лоиҳаҳои иҷтимоиро роҳандозӣ намояд.
  • Ба хотири мусоидат ба ташаккули журналистикаи касбӣ, гузаронидани мониторингҳои ВАО-и чопӣ ва электронӣ дар масъалаи риояи “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” аз ҷониби Шӯрои ВАО-и ҶТ шакли муттасилро бигирад.

 

Odob.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер