Як созмони аврупоии ҳуқуқи башар пешбинӣ кардааст, ки дар остонаи интихоботи парламентӣ дар Тоҷикистон фишор ба матбуот ва даъвоҳои судӣ алайҳри рӯзноманигорон бештар мегардад.

Созмони белжии «Мушорикати байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи башар» бо нашри як ҳисобот вазъи озодии баёнро ба баррасӣ гирифтааст.

Ин созмон дар ҳисоботаш аз баҳси додгоҳии зиёиён бо сардабири «Азия-плюс» ёд кардааст, ки дар ниҳояти кор додгоҳ ба фоидаи даъвогарон ҳукм содир кардааст.

Ва ҳамзамон аз тозатарин рӯйдод, ки ба хабарнигори  ожонсии TojNews ва ҳафтаномаи «Нигоҳ» дар Хуҷанд Қамари Аҳрор рух додааст, низ сухан меравад. Муаллифони ҳисобот мегӯянд додгоҳи шаҳрӣ аризаи милитсияро дар мавриди журналист рад кард, вале моҳи сентябр алайҳи ӯ парванда аз сар гирифта шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки вакили мудофиаи журналист мегӯяд азсаргирии парванда ҳилофи қонун буд.

Ҳамзамон бо ин, аз даъвати Назири Нусрат, сардабири рӯзномаи  «ИмрузNews» ба прокуратура, боздошти олими ҷавон Александр Содиқов ба ҷурми ҷосусӣ низ ёд шудааст.

Дар идомаи матлаб муаллифони ҳисобот аз сайтбандон дар Тоҷикистон ҳарф зада, гуфтаанд, ки дар ин давра дар Тоҷикистон пойгоҳҳои интернетии «Озодӣ», «Фергана.ру», «Сентразия.ру» ва шабакаҳои иҷтимоии «Одноклассники» ва Youtube низ масдуд шуда буданд.

Ва дар идома оид ба сайтбандиҳо дар аввали моҳи октябр сухан меравад ва гуфта мешавад, ки хадамоти алоқаи кишвар ҳатто масъулияти масдудсозии сайтҳоро ба гардан нагирифт.

Ҳисобот дар асоси мониторинге тартиб дода шудааст, ки бахши тоҷикистонии хазинаи «Нота Бене» бо пуштибонии Иттиҳодияи Аврупо гузаронидааст.

http://www.tojnews.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер