Камии теъдоди нашр, дер ба чоп расидан, дастмузди ночиз (аз 250 то 450 сомонӣ), норасоии дастгоҳҳои замонавӣ, дурии роҳ то чопхонаи Қӯрғонтеппа ё Душанбе, кор накардани бештари чопхонаҳои ноҳиявӣ, воҳидҳои кории кам ва худдории мутахассисони ҷавон аз фаъолият дар редаксияҳо, садамавию таъмирталаб будани бинои баъзе идораҳои ВАО ва нарасидани ҳуҷраҳои корӣ, маблағгузории нокофии рӯзномаи музофотӣ, пардохт нашудани ҳаққи қалам, пешбурди кор бо усули куҳнашудаи идорӣ дар расонаҳо, роҳандозӣ нашудани менеҷменти дуруст, дер дастрас шудани рӯзнома ба хонанда... Ин ҳама аз мушкилоти аслии нашрияҳои музофотӣ дар вилояти Хатлонанд, ки роҳи ҳалли зудрас мехоҳанд.

Бо таваҷҷуҳ ба дурнамои рушди расонаҳои хабарӣ дар вилояти Хатлон, пешбинии таҳдидҳои иттилоотӣ ва тамоюлҳои мусбату манфие, ки дар ин арса ба мушоҳида мерасад, ояндаи расонаҳои минтақавӣ асоси чандоне барои хушбинӣ намедиҳад.

Тибқи иттилои расмӣ, ҳоло дар қаламрави вилояти Хатлон ҳамагӣ 4 нашрияи вилоятӣ, аз ҷумла, «Хатлон» (ба забони тоҷикӣ ҳафтае як маротиба бо тиражи 10,5 ҳазор нусха чоп мешавад), «Новый Хатлон» (ба забони русӣ, моҳе ду маротиба, 4,6 ҳазор нусха), «Дӯстлик» (ба забони ӯзбекӣ, моҳе ду маротиба, 3,6 ҳазор нусха) ва маҷаллаи «Сафо» (моҳнома бо теъдоди нашри 1,5 ҳазор нусха) фаъолият доранд, ки муассиси онҳо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аст. Ҳамчунин Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон низ нашрияе бо номи «Ҳамрози халқ» дорад, ки моҳе ду маротиба бо теъдоди беш аз 11 ҳазор нусха чоп мешавад.

Ба ҷуз ин, 25 шаҳру ноҳияи вилоят низ дорои рӯзномаҳои маҳаллии худ мебошанд, ки он ҳам мансуб ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, моҳе аз як то чаҳор маротиба ба табъ мерасанд. Дар маҷмӯъ, ҳудуди 40 расонаи хабарии маҳаллӣ, танҳо як нашрияи хусусӣ («Пайк» - сардабири он Аҳмади Иброҳим, дафтари кориаш дар шаҳри Кӯлоб) ва ду шабакаи телевизионии хусусӣ (ТВ «Қӯрғонтеппа» ва ТВ «Мавҷи озод»-и ноҳияи Восеъ) сари кор ҳастанд. Яъне манобеи ахбори алтернативӣ ангуштшумор ва камтаъсир буда, дастрасӣ ба онҳо ба таври бояду шояд таъмин нест. Набуди дастрасӣ ба манобеи алтернативии ахбор дар шаҳру навоҳии водии Вахш дар миёни аҳолӣ ниёзмандии иттилоотиро ба бор овардааст.

Чаро рӯзномаҳо ҳафтаномаю моҳнома шуданд?

Аз шумораи умумии расонаҳои чопӣ дар қаламрави вилояти Хатлон танҳо 8-10 нашрия ба таври мунтазам ва он ҳам ҳафтае як дафъа рӯйи чоп меоянд. Сарфи назар аз ин ки феълан дар қаламрави вилоят даҳҳо нашрия ва шабакаҳои телевизиониву радиоӣ фаъолият доранд, ҳамоно дастрасии аҳолӣ ба иттилоот маҳдуд ба назар мерасад.

Аксари нашрияҳои маҳаллӣ имрӯзҳо ба моҳномаю гоҳнома табдил ёфта, дар баъзе шаҳру ноҳияҳо солона ҳамагӣ 12-20 шумора ба табъ мерасанду халос. Ба мавзӯъ ва муҳтавои матолиби ин нашрияҳо ҳам баҳои мусбат додан мушкил аст. Ҳарчанд нашрияҳое ҳастанд, ки ҳайати эҷодиашон аз 6-10 нафар иборат аст, вале матолиби муаллифию ба қавле дастнохӯрда (эксклюзив) тақрибан ба нашр намерасанд, таҳлили амиқ, пажуҳиш, таҳқиқоти иҷтимоӣ, гузоришҳои тасвирӣ ва амсоли ин анҷом дода намешавад.

Тибқи арзёбиҳо, аксари кулли нашрияҳои маҳаллӣ танҳо ба дасти обуначиён мерасанд, ки ғолибан, ҳама кормандони муассисаҳои давлатӣ мебошанд. Яъне шаҳрвандони қаторӣ амалан ба нашрияҳои маҳаллӣ дастрасӣ надоранд. Теъдоди нашри қариб ҳамаи нашрияҳои маҳаллӣ дар соли 2013 на беш аз ҳазор нусхаро ташкил дод, ки дар муқоиса бо аҳолии наздики се миллион нафараи вилоят ночиз менамояд.

Ҳанӯз дар авоили соли 2012 зимни баррасии вазъи матбуоти даврии вилояти Хатлон дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи вилоят ба раисони шаҳру навоҳӣ дастур дода шуд, ки ба масъалаи таъмини амнияти иттилоотии вилоят таваҷҷуҳи хос зоҳир карда, барои чопи ҳарҳафтаина ва босифати нашрияҳои маҳаллӣ мусоидат кунанд. Вале мутаассифона, ин дастури Маҷлиси вакилони халқи вилоят на дар ҳама шаҳру навоҳӣ иҷро мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки нашрияҳои маҳаллӣ аз ҳудуди шаҳру ноҳияҳо берун намераванд ва ягона манбаи аслӣ ва маъмулии иттилоъ барои сокинони маҳаллӣ боқӣ мондаанд.

Нашрияҳои музофотӣ сарчашмаи даромад доранд?

Рӯзномаҳои музофотӣ ниёзи худро асосан аз се манбаъ - маблағи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, пули обуна ва воридоти эълону реклама метавонанд бароварда созанд. Алъон дар ҳудуди вилоят ҷаридаи расмии шаҳриву ноҳиявие вуҷуд надорад, ки дар ҷалби маблағҳои ҳар се манбаъ баробар комёб бошад. Аз ин лиҳоз, ҳамагӣ асоси молиявии бисёр заиф доранд ва ин омил ба мазмуну мундариҷаи нашрияҳо низ таъсир мерасонд.

Ҳамин тавр, тибқи таҳқиқе, ки анҷом додем, маблағгузории рӯзномаҳо аз тарафи муассисон хеле кам буда, барои ҳеҷ кадоми онҳо, чуноне қонунан ҳақ доранд, ҷалби мутахассис ба кулли 12 воҳиди кории мавҷуд имконпазир нест. Имсол аз буҷети маҳаллӣ ба ҳисоби камтарин дар навоҳии Шаҳритус - 29 ҳазор, Панҷу Хуросон - 35-ҳазорӣ, Темурмалик - 36 ҳазор, Восеъ - 37 ҳазор ва Абдурраҳмони Ҷомӣ - 38 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шудааст. Алалхусус, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак чандин сол боз ба идораи рӯзнома иҷозаи кушодани суратҳисоби ҷудо аз мақомотро надода, имсол ба ин идора 20 ҳазор сомонӣ ва соли гузашта ҳамагӣ 15 ҳазор сомонӣ ихтисос додаанд, ки ин танҳо барои пардохти дастмузди сардабир ва як корманди дигар мерасаду бас. Дар шаш ноҳияи мазкур ва шаҳру навоҳии Сарбанд, Бохтар, Данғара, Фархор, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва Ёвон низ маҳз ба далели нарасидани маблағ дар расонаҳо аз 4 то 8 нафар кор мекунад, ки ин ба фаъолияти идории онҳо латма мезанад.

Боиси нигаронист, ки дар бештари маворид идораҳои молияи шаҳру навоҳӣ танҳо аз рӯйи як банди харҷномаи солона, яъне маош ба рӯзномаҳо маблағ ҷудо мекунанд. Ва ин аз иддаои масъулини ниҳоди мазкур будааст, ки нашрияҳо бояд дигар ниёзҳои иқтисодияшонро аз ҳисоби эълону реклама ва маблағи обуна бароварда созанд. Баҳсбарангез намебуд, агар аз ин ҳисоб алоқадри талаботи идора пул ҷамъ мешуд. Аммо чуноне сардабирон зимни суҳбати телефонӣ изҳор доштанд, дар ҳоле ки эълону реклама ба ҷуз аз шаҳрҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа бо ҷамъ шудани ҳамагӣ 2-3 ҳазор сомонӣ дар дигар ҷойҳо қариб вуҷуд надорад ва обуна ҳам, ба ғайр аз навоҳии Қубодиён (5000 нусха), Фархор (2600 нусха) ва Ёвон (2100 нусха), дар дигар ноҳияҳо дар як ҳоли табоҳ қарор дорад, инҳоро манбаи иловагии даромад хондан дуруст нест. Обуна агар дар 18 ноҳияи боқимонда базӯр аз 800 то 1800 адад иҷро шуда бошад, дар шаҳру навоҳии Сарбанд - 220, Бохтар - 350 (он ҳам аз ҳисоби намозгузорони масоҷид),Темурмалик - 600, «Кулябская Правда»-и шаҳри Кӯлоб - беш аз 600, Данғара - 650 ва Ҷиликӯл 700 нусхаро дар бар мегирад. Вале шояд ин нишондиҳандаҳои паст ҳам дар пеши обунаи соли гузаштаи ноҳияи Шаҳритус, ба қавли мардум, ба назар «ҷонон» намояд. Зеро соли гузашта ба рӯзномаи «Субҳи Шаҳритус» як нусха ҳам обуна сурат нагирифта буд. Дар ноҳияҳое, ки ҷамъияташон аз 30 то 200 ҳазор нафар аст, талабгор ба рӯзномаи маҳаллӣ наход ин қадар кам бошад. Ин дар ҳолест, ки ду даҳсола қабл пасттарин теъдоди рӯзномаҳои музофотӣ 7 ҳазор ва дар шаҳру ноҳияҳое ба монанди Қӯрғонтеппа, Бохтар ва Вахш, бо вуҷуди шумораи андаки сокинон, фаротар аз марзи 11 ҳазор буд.

Зикри чанд масъалае, ки созандаи мушкилоти дигар аст…

Мушкили дигаре, ки зимни баррасии вазъи расонаҳои хабарӣ ба мушоҳида расид, нокофӣ будани захираҳои кадрӣ ва зарурат ба такмили ихтисоси ҳайатҳои эҷодӣ мебошад. Аксари муҳаррирони нашрияҳои шаҳрию ноҳиявӣ кадрҳои бозмонда аз замони Шӯравӣ буда, то ҳанӯз дар кори худ усулу тарзи коргузорӣ ва ҳатто сабки эҷоди журналистикаи солҳои 70-80-уми асри гузаштаро истифода карда, дар бораи стандартҳо (меъёрҳо)-и байнулмилалии журналистика, имконоти нави техникӣ, дизайни муосири саҳифаҳои нашрия маълумоти кофӣ надоранд. Мудирияти хуб дар редаксияҳо роҳандозӣ нашуда, муҳаррирон ҳамоно дастнигари мақомоти маҳаллӣ боқӣ мондаанд ва дар пешбурди сиёсати редаксионӣ ба мушкилоти фаровон дучор мешаванд.

Мутаассифона, мушкилоти дар таҳти каммаблағӣ баёнкардаамон намунаҳои ниҳоӣ набуда, маҳз ба ҳамин далел ходимони рӯзномаҳои шаҳру навоҳии Хуросон, Бохтар ва Шаҳритус чандин сол боз аз гирифтани рухсатии меҳнатии бомузд маҳруманд. Ин хилофи моддаи 5-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад, ки ба корманд соле як бор пардохти на кам аз музди миёнаи меҳнатро кафолат медиҳад. Нашрияҳои навоҳии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Сарбанд, Қубодиён ва Носири Хусрав ҳам, ба гуфтаи сармуҳарриронашон, то ҳамин сол гирифтори костии фавқуззикр буданд, ки акнун гӯиё роҳҳалаш пайдо шудааст. Ҳаққуззаҳмати муаллифӣ низ дар 17 рӯзномаи шаҳриву ноҳиявӣ(ҳамагӣ 26-тоянд) камобеш 10 сол инҷониб ба ҳеҷ кас дода нашуда, дар 6 редаксия ба кормандон на дар рӯзи иди матбуот ва на дар дигар ҷашнҳо мукофотпулӣ ироа намешудааст.

Дарвоқеъ, ҳар сухане, ки ин ҷо гуфта шуд, инъикоси ба рағми моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», ки дастгирии давлатии воситаҳои ахбори оммаро «ба таври маблағгузории мақсаднок, кӯмаки молиявӣ ва дигар намудҳо» замонат медиҳад, амал кардани муассисон буд. Вале баҳри комилан зоҳир кардани фориғболии онҳо аз зикри якчанд бесомонии дигари дар назари аввал сабук низ истиҳола намеварзем.

Баҳри осон кардани кори журналистон фақат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии навоҳии Шӯрообод ва Қубодиёнро ғайраташон басанда будааст, то барои редаксияҳои худ нақлиёти хидматӣ муҳайё созанд. Масъулини ноҳияи Панҷ як қисмати идораи рӯзномаро ба савдо зада, биноҳои нашрияҳои Қӯрғонтеппа, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ - садамавӣ, аз Сарбанд, Бохтар, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Қумсангир, Ховалинг - таъмирталаб ва дар Фархору Данғара миқдори кошонаҳо барои кор кам будааст.

Ин иллатҳо дар навбати худ зояндаи ду мушкили дигаре шудаанд, ки кори яксолаи редаксияро метавонанд ба хоки сияҳ яксон созанд. Нахуст, ба ҷойи лоақал ҳар ҳафта ба табъ расидан, соли 2013 ба мисли моҳномаву гоҳнома 12-13 шумора интишор шудани 10 рӯзнома ва дувум, бо камии эҷодкорони ҳақиқӣ ба шиносномаи рӯзнома, сарлавҳаҳо, матлабҳо ва ҳатто номҳои раисони ноҳияҳо роҳ ёфтани хатоҳои имлоӣ, маъноӣ ва ғоявӣ дар аксари кулли нашрияҳо. Мусаллам аст, ки тавъамии ин ҳама омилҳо агар мудовим бошад, метавонад хатари қобили мулоҳизаеро ба бор орад. Рӯй гардонидани доираи бе ин ҳам танги дӯстдорони рӯзномахонӣ аз газетаҳои маҳаллӣ ва дар пайи ин, истиқбол аз сериёлҳои туркиву ӯзбекӣ ва русӣ, ки аксаран аз ҷанбаҳои нафсониву зӯргӯйиву бузургманишӣ об хӯрдаву баҳри густариш пӯёи майдони холианд, «мағзҳоро шуста», метавонад ҷавҳари миллии онеро, ки соҳиби ақидаи мустақил нест, коста созад.

Оё нашрияҳои Хатлон ҷавобгӯйи хостаҳои хонандаанд?

Мушкили дигар дар соҳаи матбуоти вилояти Хатлон бархӯрди баъзе амалдорон ба матолиби таҳлилию интиқодӣ мебошад. Чанде аз расонаҳои марказӣ, ки дар вилоят намояндагони худро доранд, андак-андак, ба таври номукаммал, ҳафтае як маротиба мавзӯеро аз дигаргуниҳои водии Вахш пешкаши хонандагон месозанд. Аммо ҳамоно баъзе аз масъулини ҳукуматҳои маҳаллӣ матлабҳои интиқодиро, ё матолиберо, ки таҳлилӣ ҳастанд ва танҳо бозгӯйи воқеиятанд, чандон хуш қабул намекунанд. Мутаассифона, имрӯз баъзе мансабдороне ҳастанд, ки таҳаммули шунидани ҳақиқатро надоранд ва бархӯрдҳои начандон дипломативу демократӣ ба навиштаҳои матбуоту кори хабарнигорон доранд. Танқид аз мақомот ё амалдорони алоҳида бо дард қабул мешавад.

Ба гуфтаи сардабирони нашрияҳо, агар давлатмардони шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияи Восеъ солҳои ахир дар пайи мақолаҳои танқидиву таҳлилӣ хеле кам вокуниш нишон дода бошанд, мансабдорони шаҳру навоҳии Сарбанд, Бохтар, Хуросон, Ҷалолиддини Румӣ, Қумсангир ва Балҷувон ба ин гуна матолиб умуман аксуламал зоҳир накардаанд, ки ин мӯҷиби нигаронӣ аст. Мақсади журналист аз интиқоди як нафар ё як муассиса ислоҳи вазъ аст. Агар ба мақолаи вай вокуниш шавад ва ӯ онро ба хонандааш пешниҳод кунад, агар мавзӯи матраҳкардааш аз ҷониби раиси ноҳия дар ягон ҷаласа мавриди муҳокимаву файсала қарор бигирад ва «раҳмат»-аш бигӯянд, ӯ руҳу илҳоми тоза гирифта, матлабҳои самимиви созандаи дигареро ҳам рӯйи коғаз мекорад. Дар акси ҳол, журналист дилозурда шуда, минбаъд дар интихоби мавзӯъ бо дасту дили сард амал хоҳад кард, ки ин, пеш аз ҳама, ба манфиати муассис нест. Охир муроди муассис аз таъсиси нашрия қабл аз ҳама доштани минбари таблиғотӣ баҳри худ ва чароғи маърифат барои аҳли ҷамоатчигии ноҳия аст.

Вале пажуҳишҳо гувоҳи онанд, ки нашрияҳои маҳаллӣ дар бароварда сохтани интизороти доираи васеи хонандагони худ кӯтаҳӣ нишон медиҳанд. Азбаски муассиси аксари кулли нашрияҳо ҳукуматҳо ё маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ мебошанд, ҳайати эҷодии онҳо таҳаввулоти минтақа ё ноҳияро аксар вақт ба он сурат инъикос мекунанд, ки муассисонашон мехоҳанд. Тамоюли дигаре ба назар мерасад, ки бисёре аз нашрияҳо асосан вазифаи сухангӯ ё таблиғгари фаъолияти ҳукуматҳои маҳаллиро иҷро мекунанд, яъне бештар ин рӯзномаҳо он чизеро ба нашр мерасонанд, ки ҳукумат мехоҳад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ин рӯзномаҳо тариқи обуна интишор мешаванд, яъне хонандаҳояшон бо пули худ онро харидорӣ мекунанд ва табиист, рӯзномаҳо бояд ба хостаҳо ва интизороти онҳо ҷавобгӯ буда, аз дардҳои аудиторияи худ суҳбат кунанд. Вале мебинем, ки саҳифаҳои аввалу дуюму савум (гоҳо мешавад, ки тамоми рӯзнома) бо матолиби расмӣ ё ҳисоботи қолабӣ пур мешавад. Ҳамоно саҳифаҳои аввал дар аксар нашрияҳои вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявии Хатлон дар қолаби муайяне тарроҳӣ шуда, аксҳои саҳифаи аввал низ бетағйир боқӣ мемонанд, яъне тақрибан дар ҳар шумора аксҳои шахси аввали мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ дар он якранг нашр мешаванд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қисмате аз нашрияҳо рисолати аслии худ - инъикоси объективонаи ҳодисаю рӯйдодҳо, риояи тавозун, саҳеҳият, воқеънигорӣ, ҳуқуқи шаҳрвандон барои қабули ахбор, озодона иброз доштани фикру ақида, эҳтироми меъёрҳои умумибашарии ахлоқ, риояи одоби касбиро пурра иҷро карда наметавонанд ва вобастаи муассиси худ боқӣ мемонанд. Табиист, ки хонандаи имрӯза бозавқ ин рӯзномаҳоро хонда наметавонад, ё намехоҳад ва манбаъҳои алтернативии иттилоотро ҷӯё мешавад. Дар ин маврид бояд дар назар дошт, ки таъмин набудани аҳолӣ бо ахбори кофӣ ва сареҳу муътамад ба истилоҳ «гуруснагии иттилоотӣ»-ро ба вуҷуд оварда, дар маҷмӯъ амнияти иттилоотиро халалдор хоҳад кард.

Чаро расонаҳои хусусӣ дар Хатлон камшуморанд?

Соли 2013 дар шаҳри Кӯлоб нашрияе бо номи «Пайк» ба майдони матбуоти вилоят ворид шуд, ки муассис ва муҳаррири он жуналист Аҳмади Иброҳим мебошад. Дар айни ҳол ин ягона нашрияи хусусӣ дар вилоят аст, ки хонандаи худро бо ахбори алтернативӣ оид ба дигаргуниҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон таъмин мекунад. Мутаассифона, дар вилояти Хатлон соле пеш нашрияи ғайриҳукуматии «Пажвок», ки он ҳам аз сӯйи журналистони Кӯлоб таҳия мешуд, бо сабабҳои молиявӣ аз чоп бозмонд.

Дар маркази вилоят - шаҳри Қӯрғонтеппа чанд сол пеш ягона ҳафтаномаи ҷамъиятӣ бо номи «Бомдод» аз фаъолият бозмонд ва муассисонаш дар шарҳи қазия гуфтанд, ки бо сабаби мушкили молӣ наметавонанд рӯзномаро ба нашр расонанд. Воқеан, лоиҳаи «Бомдод» аз ҷониби Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) маблағгузорӣ шуда, баъдан бинобар пайдо шудани нобоварӣ ва андешаю иддаоҳои мухталиф миёни масъулини САҲА ва муассисони ҳафтаномаи «Бомдод», таъмини молии нашрия қатъ гардид.

Бо ин ҳама, дар таъсис ва рушди матбуоти мустақил вобастаи бурсдиҳандаҳо шудан салоҳи кор нест. Расонаҳои мустақил бояд талаботи хонанда ва тамошобини худро омӯзанд ва муайян кунанд, ки аз кадом роҳ метавон ба дили хонанда роҳ ёфт, то хонандаи имрӯз ду сомонии худро барои харидани рӯзномааш дареғ надорад. Мутаассифона, расонаҳои маҳаллии имрӯз амалкунанда таҳқиқоти иҷтимоӣ анҷом дода наметавонанд , то назари хонандаи худро омӯзанд. Ин яке аз нуктаҳои дигари заъфи масъулини расонаҳо дар минтақа мебошад.

Шикоятҳо аз сифати кори матбааҳои Хатлон

Сифати кори матбааҳои вилоят низ, ки миқдорашон камобеш панҷтост, чандон табъи дил нест. Дар онҳо дастгоҳи шустани пластинаҳои полиграфӣ мавҷуд набуда, дар натиҷаи поккории дастӣ ба рӯяшон нури офтоб расида, моддаҳои кимиёӣ зиёд ё кам истифода шуда, боиси тираранг ё сияҳфом шудани газета мешавад.

Баъдан, дастгоҳҳои чопии онҳо фарсудаву мероси айёми Шӯравиянд, ё аз «дасти дувум» харидорӣ шуда, резинаи чархаашон кайҳо интизори иваз кардан аст. Аз ранг ва коғази аълосифат ҳам бо баҳонаи гаронии арзиш ва набудани муштарии серпул анқариб истифода намекунанд. Ниҳоят, мутахассисони варзидае надоранд , ки аз уҳдаи идораи таҷҳизоти муосири чопӣ бароянд ва бар замми ин, веросторони ангуштшуморашон ё навшогирду беҳунаранд ё камҳавсала. Биноан, бо вуҷуди дурии роҳ, аз 26 рӯзномаи музофотӣ алъон 10-тояш дар шаҳри Душанбе ба табъ мерасад.

Афроди огоҳ бар ин назаранд, ки барои танзим карда тавонистани нашри хушсифати рӯзнома дар дастгоҳи тезкору муосири чопӣ, теъдоди он бояд на кам аз 3 ҳазор бошад. Аммо бо харобии муҳтаво ва ороиши дилгиркунанда афзудани шумори муштариёни ихтиёрӣ имкон надорад.

Чӣ бояд кард?

Солҳост, ки баҳсҳо дар атрофи боқӣ мондану намондани рӯзномаҳои музофотӣ идома доранд. Онҳое, ки зидди рӯйи кор будани нашрияҳои маҳаллӣ ҳастанд, изҳор медоранд, ки рӯзнома барои ноҳияҳо зарур нест ва он маблағе, ки барои онҳо масраф мешавад, беҳтар аст ба ҷаридаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ равона карда шавад. Аммо онҳо шояд фаромӯш кардаанд, ки идораи рӯзномаҳои маҳаллӣ боргоҳи тарбияи рӯзноманигорону адибону аккосон маҳсуб ёфта, беҳтарин журналистон аз ин расонаҳо ба рӯзномаҳои марказӣ ҷаҳида тавонистаанду бисёр шоиру нависандагонро маҳз онҳо ба адабиёт тақдим кардаанд. Ин идораҳо алҳол низ дар минтақаҳои дурдаст барои қаламкашон ягона даргоҳи умед мебошанд. Дигар паҳлӯи масъала ин аст, ки газетаи музофотӣ низ ҷаззобияти худро дорад. Рӯзномаи вилоятиву ҷумҳуриявӣ наметавонад дар ҳар як шаҳру ноҳия кӯча ба кӯча гашта, дар хусуси корнамоиҳои ашхоси арзанда матлаби дилҷӯ таҳия созад. Аммо нашрияи маҳаллӣ аз уҳдаи ин кор мебарояд. Ҳамзамон рӯзномаҳои музофотӣ сиёсати давлатро метавонанд дар маҳалҳо роҳандозӣ кунанд. Мавҷудияти онҳо ба фоидаи ҷомеа мебошад.

Бо назардошти он, ки дарки роҳҳалли ноҷӯриҳои мазкур чандон душвор нест, баҳри беҳбуди кори рӯзномаҳо якчанд пешниҳоди тозаи худро ба маҳзари масъулини Ҳукумати ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо манзур месозем.

Маблағгузории ҳукуматҳои маҳаллӣ ба нашрияҳо, албатта, таъсири мақомоти давлатиро ба сиёсати редаксионӣ меафзояд. Ҳайати эҷодиро мебояд, роҳҳои алтернативии боло бурдани теъдоди нашрро ҷустуҷӯ карда, дар суратҳисоби махсус (спецсчет) маблағи на кам аз ҳаҷми маблағи аз буҷаи маҳаллӣ ҷудошударо ҷамъ орад. Дар ҷалби рекламадиҳандаҳо низ бояд фаъолтар буд, зеро набудани таҷрибаи менеҷменти ВАО дар музофот мушоҳида мешавад.

Ҳамчунин таъсиси сомонаи интернетӣ низ имкон ва шароити бештару беҳтареро барои муаррифии нашрия дар музофоту берун аз ҳудуди ноҳия фароҳам оварда, заминае барои ҷалби сармоя ва манбаъҳои алтернативии маблағгузорӣ муҳайё мекунад.

Аз ҷониби дигар, дар аксари шаҳру навоҳии вилоят танҳо як нашрия фаъолият мекунад ва набудани рақобати эҷодӣ, нарасидани журналистони ҳирфаӣ, ноогоҳӣ аз усулҳои муосиру муассири пешниҳоди матолиб ва истифода накардани унсурҳои ҷолибсозии маводи журналистӣ боиси пешрафт надоштани рӯзномаҳо шудааст. Маоши каму нокофии журналистон, ҳатто муҳаррирони нашрияҳои шаҳрию ноҳиявӣ дар вилояти Хатлон, ки ҳудудан аз 300 то 550 сомониро ташкил медиҳад, низ аз сабабҳои бемайлии мутахассисони касбӣ барои кор дар ин муассисаҳо мебошад.

Барои ислоҳи ин вазъ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии вилоятро мебояд дар сиёсати худ нисбат ба кори нашрияҳо таҷдиди назар карда, озодии бештари амали ҳайатҳои эҷодиро таъмин кунанд. Дар ин росто, таҷрибаи навоҳии Фархору Қубодиёни вилояти Хатлон қобили таъкид аст, ки ба рӯзномаи «Гулистон»-и Фархор дар соли 2013 ҳудуди 4 ҳазор нафар ва ба «Тахти Қубод» дар соли 2014 зиёда аз 5 ҳазор нафар обуна шудаанд. Ҳамчунин ҳукуматҳои маҳаллӣ идораи ин ду нашрияро бо фанноварии муосир ва мошини хизматӣ таъмин карда, рӯзноманигоронро ба ифшои камбудиҳои ҷомеаву кори мақомоти давлатӣ ва ба ин васила, мусоидат ба ҳалли мушкилоти мавҷуда ташвиқ мекунанд.

Пешниҳоди дигар ин аст, ки дар назди Ҳукумат барои матбуоти даврӣ ҳам кумитаи вижа таъсис ёбад. Агар баҳри вусъати кори ҷаридаҳои шаҳриву ноҳиявӣ барномаи давлатие рӯйи кор меомад, агар сармуҳаррирон дорои мақоми хизматчии давлатӣ мешуданд, агар дар яке аз донишгоҳҳои кишвар факултаи полиграфия ва дизайн боз карда мешуд, агар ҳар як нашрияи музофотӣ соҳиби сомонаи расмии худ мегардид, агар дар назди редаксияҳо маҳфилҳои рӯзноманигорони ҷавон созмон меёфт, агар соле як бор миёни рӯзномаҳои музофотӣ озмун эълон мешуд, агар маъракаи обуна ба рӯзномаҳои музофотӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори вилоят наззора мегардид, агар ба ҳар як рӯзнома имкони иқтисодӣ даст медод, то баҳри ҷалби муштариёни нав аз сари ҳар як шумора 100-200 нусхаро туҳфа кунад, агар ходимони эҷодии ғайри ихтисос ба бозомӯзии касбӣ фаро гирифта мешуданд, нуран ало нур мегашт ва матбуоти даврии музофотӣ низ то як андоза дар ҷараёни рушду камоли соҳавӣ қарор мегирифт.

Носирҷон Маъмурзода ва Муродиён Зокири Ҳасан, махсус барои «Азия-Плюс»

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер