Шӯрои ВАО-и ҶТ дар доираи  Лоиҳаи “Мониторинги инъикоси масъалаҳои гендерӣ дар ВАО”, ки бо ҳамдастии Созмони байналмилалии International Media Support (IMS) роҳандозӣ намудааст, “Мизи мудаввар” баргузор менамояд.

Ёдрас мешавем, ки дар давоми ду моҳ ҳафтаномаҳои “Нигоҳ”, “Тоҷикистон”, “Фараж”, “Чархи гардун”, “Азия-плюс”, “Пайк”, “Минбари халқ”, “Наҷот”, сомонаҳои интернетии www.Ozodagon.com www.Ruzgor.tj www.Avesta.tj www.Khovar.tj www.Ozodi.org www.Pressa.tj мавриди пайгирӣ (мониторинг)  қарор гирифтанд ва гузоришҳои он дар сомонаи Шӯрои ВАО www.Odob.tj интишор гардиданд.

Ҳадафи пайгирӣ аз муайян намудани вазъи умумӣ ва вижагиҳои инъикоси масъалаҳои гендерӣ дар ВАО-и муосири Тоҷикистон дар мисоли нашрия ва сомонаҳои мазкур иборат буд. Табиист, ки меъёри аслии пайгирӣ ҳамоно риояи “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” ҳисобида мешуд.

Дар “Мизи мудаввар” натиҷаҳои ин пайгирии анҷомёфта аз дидгоҳи дар  матолиб инъикос ёфтани масоили гендерӣ ироа мегардад ва оид ба вазъи воқеии инъикоси қолабҳои гендерӣ дар ВАО-и муосир мубодилаи афкор сурат мегирад.

Умедвор ҳастем, ки тавсияву пешниҳодҳои дар “Мизи мудаввар” таҳияшаванда барои беҳтар намудани вазъи инъикоси масоили гендерӣ дар ВАО мусоидат намояд.

Ба “Мизи мудаввар” беш аз 30 нафар роҳбарону намояндагони идораҳои ВАО, мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, мутахассисону коршиносони соҳа даъват шудаанд.

“Мизи мудаввар” соати 10.00, рӯзи панҷшанбе, 16 октябри соли 2014, дар Толори хурди Маҷмаи табъу нашри “Шарқи озод” (ш.Душанбе, х. Саъдии Шерозӣ, 16) оғоз меёбад.

Odob.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер