Чанд расонаи хабарӣ аз масдуд шудани торнамои худ дар қаламрави Тоҷикистон хабар додаанд.

Хабаргузории “Тоҷнюз” (Tojnews.org) ва Хадамоти хабарии Осиёи марказӣ - CA-News (www.ca-news.org) мегӯянд, дастрасӣ ба сомонаҳояшон аз рӯзи панҷшанбеи 8 октябр тавассути бархе провайдерҳо дастнорас шудааст. 

“Тоҷнюз” бо такя ба як масъули Хадамоти алоқа гуфтааст, ин ниҳод ба ширкатҳои интернетрасон дастур додааст, муваққатан дастрасӣ ба сомонаҳои хабариро масдуд гардонад. “Ин тасмимро Хадамот имрӯз ба ширкатҳои фароҳамсози интернет ва ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон расондааст”,-менависад манбаъ.  Хабари масдуд шудани сомонаҳои хабарӣ дар ҳолест, ки қаблан аз дастнорас шудани наздик ба 300 торнамо, бо шумули Фейсбук, Википедиа, торнамоҳои хабарии Русия ва “сайтшиканҳо” иттилоъ дода буданд. “Азия Плюс” аз нақли бархе намояндаҳои ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет гуфт, амри бастани сайтҳоро бо як занги телефонӣ аз Хадамоти алоқа гирифтаанд. Аммо Бег Сабурӣ, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ба ИТАР-ТАСС изҳор дошта, ки дар мавриди бастани шабакаҳои иҷтитмоӣ ва торнамоҳои дигар дастуре надодааст.

Бархе соҳибназарон масдуд намудани торнамоҳоро ба сару садоҳо дар мавриди гирдиҳамоии эътирозӣ дар шаҳри Душанбе марбут медонанд. Дар мавриди ин гирдиҳамоӣ, “Гуруҳи 24”-и марбут ба соҳибкори фирорӣ Умаралӣ Қувватов, ки имрӯз, 9 октябр Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияташро дар қаламрави кишвар манъ кард, хабар дод. Ба иттилои ин гуруҳ гирдиҳамоии эътирозӣ 10 октябр баргузор хоҳад шуд.

Озодагон

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер