Дуня Мятович, масъули Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо бо пахши як иттилоия аз мақомоти тоҷик хостааст, сайтбандиро хотима дода, дастрасии озоди мардумро ба шабакаҳои интернетӣ таъмин намоянд.

Ба гуфтаи Мятович масдудсозии рӯзафзуни торнамоҳо дар Тоҷикистон мояи нигаронӣ ва ташвиш мебошад, чун мухолифи ҳуқуқҳои оддии инсон барои дарёфту интиқоли иттилоот ва озодии матбуот мебошад.

Гарчанде мақомоти тоҷик иддао доранд, ки ба сайтбандиҳо дахл надоранд, Мятович мегӯяд, онҳо масъули таъмини дастрасии озоди мардум ба иттилооту интернетанд ва бояд ба ин масъала расидагӣ кунанд. Ин масъули САҲА таъкид намудааст, ки ҳар гуна монеаэҷодкунӣ бояд аз тариқи қонун ва бар асоси тасмими додгоҳ роҳандозӣ шавад.

Ахиран дар Тоҷикистон ҳудуди 300 сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ дастнорас шуданд, ки ба гуфтаи коршиносон барои ҷилавгирӣ аз гирдиҳамоии эҳтимолӣ дар Душанбе равона шудааст. Қаблан Умаралӣ Қувватов, роҳбари созмони мухолифи “Гуруҳи 24” бо пахши як навор дар интернет аз баргузории гирдиҳамоии эътирозӣ дар рӯзи 10-уми октябр хабар дод. Додситонии кулли Тоҷикистон бо пешниҳоди аризаи даъвогӣ алайҳи “Гуруҳи 24” аз Суди Олии кишвар хост, онро экстремистӣ эълон намояду фаъолияташро манъ кунад. Қонеъ кардани ин даъво метавонад, заминаи ҳуқуқӣ барои ба ҷазои ҷиноятӣ кашидани эътирозгарони эҳтимолиро фароҳам орад.

http://www.ozodagon.com

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер