Бег Сабурӣ, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, мегӯяд, ки рӯзҳои наздик дастрас шудани шабакаи иҷтимоии Facebook дар ҳудуди кишвар дар назар нест.

Бег Сабурӣ дар сӯҳбат бо Faraj.tj афзуд, ӯ ҳамчун сардори ниҳоди танзимкунанда системаи алоқаи кишварро контрол мекунад ва ҳангоми назорати ин система дидааст, ки баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳангоми сӯҳбату гузоштани видео меъёрҳои ахлоқро зери по мекунанд.

Ба иддаои раиси хадамот, баъзе аз корбарони Facebook ба дараҷае сиёсатзада шудаанд, ки фақат камбудиҳоро танқид мекунанду аз пешрафтҳо сухане намегӯянд.

- Мо давлати соҳибистиқлол дорем, шукрона, ки кордзаниву тирпаронӣ нест. Давлат соат ба соат, рӯз ба рӯз пештафт мекунад, аммо баъзеҳо, ки нону намаки ин миллатро хӯрдаанд, дар намакдон туф мекунанд. Мардуми курд давлат надорад, вале бубинед, чӣ гуна аз худ ҳимоят мекунанд. Тамоми талоши ин миллати бузург барои ба даст овардани истиклолият ва соҳиби давлат шудан саркӯб мешавад ва имрӯз ин миллат дар саросари ҷаҳон парешон аст. Вале ҳар куҷое ҳастанд, аз курд будани худ ифтихор мекунанд, барои ҳимояи таъриху фарҳангашон ҷон мекананд. Мо чӣ? Ҳамин ки касе сармояаш кам шуд, дуздиаш фош шуд, ба сари миллаташ санг мезанад, миллаташро дашном медиҳад. Ё барои қабули як корафтода вақт кифоят накунаду қабул накунӣ, зуд мераваду ба тамоми дунё тавассути Фейсбуку Одноклассникӣ дар ҳақиқат овозаҳо паҳн мекунад, сурататро мемонаду таънаву дашномро сар мекунад. Ин магар аз рӯи этика аст? Дигар масхарабозон боз ба навиштани зермант шурӯъ мекунанд. Ҳар як шаҳрванди кишвар ҳуқуқи истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ дорад, вале бубинед, мо салиқа надорем. Мо ҳама хуб медонем, ки кӣ чӣ менависад ва барои чӣ. Ҳоло баъдтар ба шумо тамоми далелҳоро дар ин маврид пешниҳод мекунам, - арзи дил кард Бег Сабурӣ.

Зимнан, мушкили вуруд ба Facebook, ки аз бегоҳи рӯзи шанбеи 4 октябр мушоҳида мешуд, нимаи дуюми рӯзи якшанбеи 5 октябр бо баста шудани ин шабака аз ҷониби ҳамаи ҳашт интернет-провайдери Тоҷикистон анҷом ёфт. Ҳамакнун корбарон танҳо тавассути анонимайзер ё проксӣ-серверҳо метавонанд ба Facebook ворид шаванд.

Дар ҳамин ҳол, як намояндаи ширкати интернетрасони кишвар, ба шарти ошкор нашудани номаш, ба РИА Новостӣ гуфтааст, ки барои маҳдуд кардани дастрасӣ ба Facebook аз ҷониби Хадамоти алоқаи Тоҷикистон тариқи телефон дастур гирифтаанд.

Дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии Facebook қаблан низ чанд маротиба бо дастури Хадамоти алоқа дар қаламрави Тоҷикистон маҳдуд шуда буд.

http://faraj.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер