Холаҳмад Маҷидов, узви кумитаи Ҷоизаи давлатии ҶТ ба номи Рӯдакӣ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, сархормейстери Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ суҳбати Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдиро дар «Нигоҳ»-ро «дурӯғи нобахшиданӣ» хондааст.

Посухи ӯ ба мусоҳиба дар ин шумораи «Нигоҳ» чоп шудааст. Вай менависад: «Шунидани сухани дур аз ҳақиқат ва ноҷо барои ман ва ҳар кас осон буду бахшиданӣ. Вале ин бор сухан аз забони Гулназар, муаллифи матни Суруди миллии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, муовини Раиси Кумитаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон садо дод, ки боиси таассуф аст».

Ин чӣ дурӯғест, ки Холаҳмад Маҷидов мехоҳад фош кунад? Ба ин суол шумо баъди мутолиаи посухи муаллиф дар саҳифаи 5-и «Нигоҳ»-и ин ҳафта ҷавоб хоҳед ёфт. Ва муаллиф иддао дорад, ки Гулназар Келдӣ дирижёрро аз хормейстер фарқ намекунад.

Дар «Нигоҳ» ин ҳафта се матлаби ҷолиб ба истиқболи Рӯзи забони давлатӣ чоп шудааст. Аввалӣ «Аз арш ба фарш» ном дорад, ки муаллифи он менависад: «Ҳукумати 22-солаи Эмоалӣ Раҳмон  забони тоҷикиро аз арш ба фарш фаровард ва дигарбора аз фарш ба арш бардошт. Ончунон бардошт, ки боз ба фарш зад».

Матлаби дуюм гузориши бидуни матн аст, ки мақому манзалат, дақиқтараш хори яке аз рукнҳои асосии миллӣ  ва бепарвоии масъулину ҷомеаи шаҳрвандии кишварро бо аксҳо нишон медиҳад. Яъне, худ бубинеду қазоват кунед.

Ва матлаби сеюм «Хат ғалат, маънӣ ғалат, имло ғалат, иншо ғалат…» ном дошта, андешаҳои пажуҳишгари тоҷик Қиёмиддин Сатториро дар бораи «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ" ё ба қавле Китоби № 1-и миллатро дар бар гирифтааст.

Ин китоб соли гузашта дар нашриёти «Шарқи озод», аз фонди захиравии Президенти Тоҷикистон чоп шудааст. Аммо муаллифи мақола мегӯяд китоб бо садҳо иштибоҳ чоп шудааст, ки дар нашри оянда ҳатман бояд ба инобат гирифта шавад.

Дар ин шумораи «Нигоҳ» мақолоти дигари хондание низ чоп шудаанд. Аз ҷумла намунаҳо аз ашъори Қаҳҳори Осӣ, шоири маъруфи Афғонистон, ки 29-уми сентябри соли равон аз шаҳодаташ 20 соли пур шудааст, руҷуъ ба рӯйдодҳои ахири Ховари Миёна, ки ДИИШ бо созмон додани гуруҳе бо номи «Хуросон» водии Фарғонаро ба нишон гирифтааст, қиссаи як муаллими чинӣ, ки имрӯз ба шарофати заковату кордониаш миллиардери ин кишвар аст, мақола аз иҷро нашудани дастуру супоришҳои Президент дар ноҳияи Ғанчӣ, «Нигоҳи мардумӣ» шӯхиҳои Мирзодиккак ва Ғалтакро метавон мутолиа кард.

«Нигоҳ»-ро метавонед аз паҳнкунандагони рӯзномаву маҷаллаҳо пурсон шавед.

http://www.tojnews.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер