Натиҷаи як пурсиш маълум кард, ки ҳудуди 84%-и раъйдиҳандагон бар ин назаранд, ки даромади асосии раисони шаҳру ноҳия аз роҳҳои ғайриқонунӣ ба даст меояд.

Дар ин назарпурсӣ, ки зери унвони "Дар тасаввури шумо даромади раиси ноҳия, ё шаҳратон асосан аз кадом ҳисоб аст?" маълум кард, ки 58 дарсади иштирокчиён ба варианти "Аз фурӯши замину чарогоҳҳо ва амволи давлатӣ" раъй доданд. Инчунин 26 %-и дигари респондентон ҳам ба гузинаи "Аз фурӯши мансабу тендерҳо" овоз додаанд.

Аз байни иштирокчиёни ин назарпурсӣ 4 дарсадашон бар ин боваранд, ки даромади асосии раисони шаҳру ноҳияашон аз ҳисоби "маош" асту 2%-и дигар ҳам гуфтаанд, ки даромади асосии онҳо "Аз маош ва қитъаи замини наздиҳавлигӣ" мебошанд.

Чаҳор дарсади иштирокчиёни ин назарсанҷӣ ҳам гуфтаанд, ки даромади раисон "Аз ҳисоби фарзандони муҳоҷир" аст ва ҳамагӣ як дарсади ширкаткунандагон муътақиданд, ки даромади асосии раисон "Аз ҳисоби хешовандони сарватманд" мебошад. Ду дарсади дигар ҳам гуфтаанд, ки"намедонам" ва ду дарсади охир низ таъкид доштаанд, ки "Дар ин бора фикр накардаам".

Ин назарпурсӣ аз 24-ум то 30-юми сентябри соли 2014 бо супориши нашрияи "Нигоҳ" дар сомонаи Оҷонсии иттилоотии Тоҷнюс гузаронида шуда, дар он 1135 нафар иштирок кардааст.

http://www.tojnews.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер