Ширкати телевизион ва радиошунавонии “Ватан” мегӯяд ояндаи наздик пахши барномаҳояш дар Хоруғ, маркази вилояти Куҳистони Бадахшонро оғоз хоҳад кард.

Субҳон Ҷалилов, директори барномаҳои “Ватан” ба “Озодагон гуфт, имрӯз, 1 октябр ба насби “антена” ва дастгоҳи мавҷпахшкунанда дар Хоруғ шурӯъ кардаанд: “Радиои “Ватан” дар шаҳри Хоруғ рӯйи мавҷи 105 ФМ пахш мешавад”.

“Ватан” яке аз радиоҳои сершунаванда дар шаҳри Душанбе буда, чанд сол қабл пахши барномаҳояш дар Қӯрғонтеппа ва атрофи онро рӯйи мавҷи 102.4 ФМ роҳандозӣ кард. Дар Душанбе ва атрофи он дар мавҷи 106 ФМ қобили шунидан аст. Субҳон Ҷалилов мегӯяд, ба наздикӣ дар вилояти Суғд ҳам фаъол хоҳанд шуд: “Алакай корҳои вобаста ба ҳуҷҷатгузорӣ анҷом ёфтанд, таҷҳизоти пахш ҳам харидорӣ шудааст”.

Радиои “Ватан” фаъолияти худро 7 майи соли 2003 оғоз кардааст. Барномаҳои ин радио дар чанд озмун ғолиб дониста шуда, созмони “Зеркало” дар пайи як назарпурсӣ миёни шунавандаҳо онро “Махбубтарин радио” эълон кард. “Ситораҳои асри нав” ва “ТОП 50” аз лоиҳаҳои бузурги он маҳсуб мешаванд. “ТОП 50” ҳамасола баргузор шуда, ҳадафаш муаррифии афроди хушсалиқаи Душанбе аст. Директори барномаҳои “Ватан” мегӯяд, даври интихобии “ТОП-50” барои соли равон аз ҳамин рӯз оғоз шудааст.

http://www.ozodagon.com

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер