Раиси Шӯрои ВАО-и ҶТ хостори мушаххас гардидани ҳолати (статуси) журналист дар раванди мурофиаҳои ошкорои судӣ шуд.

Раиси Шӯрои ВАО-и ҶТ Қироншоҳи Шарифзода дар зимни саволу ҷавоб ва суханронӣ дар ҷаласаи Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 29 сентябри соли ҷорӣ масъалаҳои «Оид ба татбиқи меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми амалӣ намудани адолати судӣ» ва «Дар бораи ошкоро будани муҳокимаи судӣ ва ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо»-ро баррасӣ мекард, бо ёдоварӣ аз ихтилофоти муқаррароти қонунҳои ҷорӣ, пешниҳод намуд, ки то муҷиби  тағйиру иловаҳо гардидани қонунҳои мурофиавӣ, ақаллан дар Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати журналист дар рафти муҳокимаи ошкорои судӣ мушаххас гардад.

 

Ба ақидаи Раиси Шӯрои ВАО-и ҶТ, меъёрҳои Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (М.11, қ.3), Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (М.173, қ.5), Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон (М.153, қ.3), «ба дигар шахсони иштирокчии мурофиа ва шаҳрвандони дар маҷлиси кушодаи судӣ ҳузурдошта», «шахсони иштирокчии маҷлиси ошкорои суд», «шахсони дар толори суд ҳузурдошта», ҳақ медиҳанд дар шакли хаттӣ ҷараёни муҳокимаи судиро сабт кунанд, вале барои истифодаи  воситаҳои аксбардорӣ, сабти аудио, видео, пахши ҷараёни маҷлиси судӣ тариқи радио ва телевизионро танҳо бо иҷозати суд метавонанд амалӣ намоянд. Чунин муқаррарот албатта, барои дастрасии мустақими шаҳрвандон ба иттилоот аз мақомоти судӣ, амри муҳим ва меъёрҳои рӯхияи демократӣ доштаи қонунҳои мурофиавӣ ҳастанд.

Вале дар ҳоле ки санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, Конститутсияи ҶТ, ба ҳар кас озодии баён, аз ҷумла ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахборро кафолат додаанд ва дар ин замина  Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» барои намояндагони ВАО ҳуқуқи бештари дастрасӣ ба иттилоотро фароҳам овардааст, дар рафти ошкоро будани муҳокимаи судӣ ҳолати журналист ба тафовут аз «шахсони дар толори суд ҳузурдошта», бояд мушаххас бошад. Зеро журналист дар толори мурофиаи судӣ на ба ҳайси алоқаманди ягон ҷониби қазия, на ҳамчун тамошогари саҳнаи моҷаро, балки чун шахси иҷрокунандаи вазифаи касбӣ ҳузур дошта метавонад ва дар шароити чандрасонаӣ будани ВАО, ӯ вазифадор аст ба хотири расонидани иттилои фаврӣ, дақиқу саҳеҳ, дар баробари қаламу блокнот, аз воситаҳои гуногуни техникии  сабти аудиовизуалӣ истифода барад.

Қироншоҳи Шарифзода мегӯяд, бо вуҷуди баъзе нофаҳмиҳо ва андешаҳои муқобилони ин гуна пешниҳод, меъёри тавсиявии Пленуми Суди Олии ҶТ «таҳти мафҳуми ошкоро будани муҳокимаи судӣ ин имконияти ба толори маҷлиси судӣ ворид шудани шахсоне, ки иштирокчии парванда намебошанд, аз ҷумла намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дар маҷлиси ошкорои судӣ ҳузур доштани онҳо, таъмини ҳуқуқи онҳо ҷиҳати дар шакли хаттӣ сабт кардани ҷараёни мурофиаҳои судӣ, инчунин ба навори магнитофон сабт кардани мурофиаи ҷиноятӣ ва истифодаи воситаҳои аудиоӣ дар мурофиаҳои маъмурӣ, танҳо бо иҷозати раисикунанда ва розигии тарафҳо истифодаи воситаҳои аксбардорӣ, сабти аудио, видео, пахши ҷараёни маҷлиси судӣ тариқи радио ва телевизион дар мурофиаҳои гражданӣ (оилавӣ) ва маъмурӣ, суратгирӣ ва сабти видео дар мурофиаи ҷиноятӣ фаҳмида мешавад», қобили қабул дониста шуд.

Раиси Шӯрои ВАО-и ҶТ аз рафти ҷаласаи Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон изҳор дошт, ки ба чунин ҷаласаҳои вобаста ба татбиқи қонунҳои соҳа ихтисосёфтаи мақомоти судӣ даъват намудани намояндагони нашрияҳои мустақил низ, ба самаранокии кори журналистон ва дар маҷмӯъ, ба манфиати ҷомеа мебуд.

Шӯрои ВАО-и ҶТ

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер