logo

Хамкасбони гиромӣ! Шӯрои ВАО -и Тоҷикистон Шумо, кормандони радиои "Азия - плюс" -ро ба муносибати таҷлили 12 -умин зодрӯзи таъсисёбии радио табрик менамояд. Мо дар хотир дорем, ки "Азия плюс" ба сифати аввалин радиои алтернативӣ пайдо шуд ва барои ифтитоҳи он раҳбарони ширкат чӣ мушкилотеро паси сар карданд. Мо бовар дорем, ки ин ҳама ба фаъолияти масъулиятноки Шумо мусоидат мекунад. Аз ҷумла барои риояи бандҳои Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон мувофиқат хоҳад кард. Мо бовар дорем, ки «Азия-плюс» ба сифати як радиои пурмасъулият дар назди шунавандагонаш боқӣ хоҳад монд. Бори дигар идатон муборак!

 

Ҳамчунин имрӯз ҳамкасбони мо Абдуқаюми Қаюмзод - журналисти шинохта ва Сироҷиддин Иззатуллоев - сармуҳаррири рӯзномаи "Народная газета"  зодрӯз доранд. Шӯрои ВАО - и Тоҷикистон онҳоро ба муносибати зодрӯзашон муборакбод намуда, барояшон муваффақиятҳои бештарро таманно дорад. Бовар дорем, ки ҳар кадоми Шумо амиқан дарк мекунед, ки журналистикаро ба ҳукумативу ғайриҳукуматӣ ҷудо намудан ихтилофангезисту бас. Балки рисолати ҳар журналист дар риояи касбияти ӯст. Бовар дорем ин рисолат, ки дар бандҳои Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон омадаанд, аз ҷониби ҳар кадоми Шумо мисли ҳамеша риоя хоҳанд шуд. Зодрӯз муборак!

 

 

 

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер