aawww.ozodi.tj “Озодӣ” :

Сомонаи мазкур дар давоми ҳафта 90 мавод интишор намудааст. Маводҳо ҳам аз хабар ҳам аз мақолаҳо иборатанд.

Шумораи умумии аксҳо 73. Дар аксҳо дар 43 маврид мардон, дар 24 маврид занон, дар 6 акс якҷоя тасвир шудаанд.

Арзёбӣ: Ҳам мардон ва ҳам занон мусбат в муодил тасвир шудаанд.

Сарлавҳаҳо: Дар 29 сарлавҳа номи мард ва дар 4 сарлавҳа номи зан, дар 2 сарлавҳа ишора ба ҷинс омадааст.

Арзёбӣ дар мавриди истифодаи номи мардон дар ҳамаи ҳолатҳо (ба истиснои 1 мавод аз ахбори ҷиноӣ), мусбат ва муодил аст. Номи зан дар ҳар 4 ҳолат мусбат ва муодил аст: “Рӯзҳои сахти президенти "холаи Валя", ”Парчами Тоҷикистонро дар Инчон Мавзуна мебардорад”, “Пиа Аренкилде-Ҳансен: Расонаҳо гуфтаҳои Путинро таҳриф кардаанд”, ”Аксҳои нави Шабнам дар Фейсбук: бо руймол ва бе ҳиҷоб”. Дар мавриди ишора ба ҷинс дар ҳар 2 ҳолат ишора ба зан аст ва дар ҳар ду ҳолат (“8 сотих барои паноҳгоҳи занони ҷабрдида дар "Дӯстии халқҳо", "Занҳои эронӣ набояд пешхизмат шаванд") тобиши манфӣ дорад.

Муҳтавои маводҳо: Дар 59 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 4 мавод аз фаъолияти занон меравад. Дар 9 мавод фаъолияти якҷояи мардону занон омада аст.

Аз маводе ки фаъолияти мардонро инъикос менамояд, дар 6 маврид сухан аз қонуншиканӣ меравад. Дар маводи дигар мардон дар арсаи фаъолияти ҷамъиятиву сиёсӣ, варзиш инъикос ёфтаанд. Аз маводи хосса ба занон бахшида шуда 3 мавод (“8 сотих барои паноҳгоҳи занони ҷабрдида дар "Дӯстии халқҳо", "Занҳои эронӣ набояд пешхизмат шаванд", “ВИДЕО ва 8 АКС: Танӯрхона - ба ҷои синфи компютерӣ?”), ба мушкилоти занон дар ҷомеа дахл мекунанд. Аз ин силсила “Занҳои эронӣ набояд пешхизмат шаванд” маводи ҷолиб аст. Дар он даъвои мардонаро дар мавриди ғамхорӣ нисбат ба зан бе назардошти манфиат аз дидгоҳи занон зери суол бурда шудааст. Иқтибос: «Занҳо дар Эрон боз аз як шуғли дигар маҳрум шуданд ва акнун ҳақ надоранд, дар қаҳвахона, кафешоп ва тарабхонаҳо кор кунанд. Ҳатто занҳое, ки бизнеси қаҳвахонаро пеш мебаранд, наметавонанд ба танҳоӣ муҷавизи кор бигиранд ва бояд ҳатман як мард дар паҳлӯи онҳо бошад... Муртазо Тилоӣ, узви маҷлиси шаҳри Теҳрон ба унвони яке аз ҷонибдорони ин тарҳ ба Шабакаи дуюми телевизиони Эрон гуфт, ки ин иқдом ба хотири арҷ гузоштан ба шаъну эътибори бонувон пиёда шудааст... Бар пояи гузоришҳои давлатӣ бекории занон дар Эрон ду баробар бештар аз мардон аст. Соли гузашта Маркази омори Эрон дарсади бекории мардони Эронро дар ҳудуди 9 ва сатҳи бекории занонро ҳудуди 19 дар сад эълон кард”.

Ду маводи дигар (“Парчами Тоҷикистонро дар Инчон Мавзуна мебардорад”, “Аксҳои нави Шабнам дар Фейсбук: бо руймол ва бе ҳиҷоб”), комилан мусбатанд, хосса маводи аввал аз диди гендерӣ хеле арзишманд аст, зеро духтарак ҳам дар касби ғайризанона, ҳам қаҳрамон ва ҳам иззатманду эътирофшуда аст. Ин гуна маводҳо дар шикастани қолабҳои гендерӣ хеле такони хуб медиҳанд. 2 маводи муассири дигар дар ин маврид мақолаҳои “Ҳодисаи Пағмон ҷомеаи афғонро такон дод” ва “ВИДЕО: Ба асабам нарас!” мебошад. Маводи аввал аз рузгори кишвари ҳамсоя Афғонистон аст ва аз зуроварӣ нисбати занону мардон нақл мекунад. Сарфи назар аз тобиши манфии матлаб, арзиши он дар он аст, ки сухан аз зуроварии мардон ҳамзамон, ҳам нисбати мардон ва ҳам нисбати занон меравад ва ҳарду намуди зуроварӣ ҳам хусусияти гендерӣ доранд. Зеро занон мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор гирифта бошанд, мардон дар ҳолати маҳрумият аз имкони иҷрои рисолати маънавӣ ва равонии мардонаи худ - ҳимояи ҳамсар, хоҳар, модари худ қарор гирифтаанд. Ин гуна мавод дар ҳолати таҳлили дурусти равонӣ метавонад ақлҳоро такон бидиҳад ва назарашон ба зуроварии гендерӣ тағйир бихурад.

Маводи дигар ҳам ҳар ду ҷинсро дар назар мегирад ва муаллиф вазъи тасвиршударо таҳлил ҳам кардааст. Дар он роҳҳои аз ҳолати асабоният берун рафтани намояндагони ҷинсҳои гуногун матраҳ шудааст ва хулоса ҳам муҳим аст: Иқтибос: “Аз онҳое, ки зӯргӯиро роҳи "ҳалл"-и хашму асабонияти худ мешуморанд, 81 дарсадро ҷавонмардон ва 19 дарсадро духтарон ташкил медиҳанд”.

Арзёбӣ: Ҳарчанд аз нигоҳи шумора ҳамоно нобаробарии гендерӣ боқӣ мемонад, вале аз мавқеи муҳтаво дар муносибати муаллифон ба мавзуъҳои тозагии муфид ба назар мерасад. Маводҳои ин шумора, ки ба занон дахл доранд, аз нигоҳи ҳирфавияти гендерӣ нисбат ба ҳафтаҳои пеш муккаммалтару мувозинтаранд.

Тавсия:

• Дар матолиб ва аксҳо кўшиш карда шавад, ки шумораи чеҳраҳои мусбати занон ва хосса занони фаъоли ҷомеаи тоҷик, бештар бошанд;

• Оид ба масоили мушкилоти занон маводи таҳлилӣ бештар нашр карда шавад.

• Зери як сарлавҳа “Занҳои эронӣ набояд пешхизмат шаванд”, ду маводи монанд интишор шудааст, танҳо андак тафовут доранд. Як сарлавҳа бо нохунак, дигаре бе нохунак омадааст. Барои ба иштибоҳ наовардани хонанда беҳтар мешуд тобишҳои ин мавзуъ дар як мавод гирд меомад.

• Маводи “ВИДЕО: Ба асабам нарас!” бо вуҷуди дорои мувозинати гендерӣ буданаш, имкони боз ҳам муассиртар шудан дорад. Агар ба он андешаи равоншиноси гендерӣ барои муайян кардани сабаби тарзи гуногуни ифодаи хашму ғазаб аз ҷониби занону мардон илова мегардид, мавод боз ҳам аз ин нигоҳ арзиши бештаре касб мекард.

Дар матолиб вайрон шудани меъёрҳои одоби рӯзноманигорӣ мушоҳида нагардид.

www.ozodagon.com “Озодагон”:

Сомонаи мазкур дар давоми ҳафта 91 мавод интишор намудааст.

Шумораи умумии аксҳо: 177. Дар аксҳо дар 74 маврид мардон, дар 12 маврид занон, дар 26 ҳолат якҷоя тасвир шудаанд.

Арзёбӣ: Дар ҳамаи ҳолатҳо ҳам мардон ва ҳам занон мусбат тасвир шудаанд.

Сарлавҳаҳо: Дар 34 сарлавҳа номи мард, дар 5 сарлавҳа номи зан, дар 1 сарлавҳа номҳо якҷоя омадаанд. Ишора ба ҷинс нест.

Арзёбии номҳо дар сарлавҳаҳо оид ба мардон комилан (ба истиснои 3 мавод аз ахбори ҷиноӣ), мусбат аст, аз 4 сарлавҳа (“Мақомот: Сурайё Қосимоваро наздиконаш ғорат кардаанд”, ”Се клипи пеш аз “ҳоҷибибӣ” шудани Фарзонаи Хуршед ба бозор мебарояд”, “Мавзуна Чориева: Барои муштзанӣ дар Корея омодагии ҷиддӣ гирифтаам”, “Бобоназарова: Дар мавриди иштирок дар интихобот ҳанӯз тасмим нагирифтаам”), дар яке аз мавзуи ҷиноят сухан меравад. Се маводи дигар дар бораи чеҳраҳои шинохтаи кишвар аз соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа иттилоъ медиҳанд. Дар ду маводи охир номбар шуда номи занон дар пайвастагӣ бо соҳаҳои “мардона” (муштзанӣ ва сиёсат) омадаанд ва ин сабаб аз нигоҳи гендерӣ хеле муҳим мебошанд.

Муҳтавои маводҳо: Дар 63 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 8 мавод аз фаъолияти занон меравад. Дар 10 мавод мардону занон якҷоя омадаанд. Дар 3 мавод ишора ба ҷинс омадааст.

Аз маводҳое муҳтавояш фаъолияти занонанд, 2 тоаш (“Мақомот: Сурайё Қосимоваро наздиконаш ғорат кардаанд”, ”Оғози тафтиши “порагирӣ”-и ноиби директор: Дар конверт пул не, сурат буд! (ВИДЕО)», ба ҷиноят вобаста аст. 1 тояш (“Се клипи пеш аз “ҳоҷибибӣ” шудани Фарзонаи Хуршед ба бозор мебарояд”), оид ба факти ҳангомаангези рўзгори ситораи саҳна ва 2 маводи дигар (“Мавзуна Чориева: Барои муштзанӣ дар Корея омодагии ҷиддӣ гирифтаам”, ”Бобоназарова: Дар мавриди иштирок дар интихобот ҳанӯз тасмим нагирифтаам”), аз фаъолияти заноне иттилоъ медиҳад, ки дар соҳаи мушкилтарини ҷомеа муваффақ шудаанд. Аз ин нигоҳ, ин маводҳо арзиши зиёд доранд.

Дар 3 маводе, ки занону мардон якҷоя амал мекунанд, дутояш (“Маҳкумияти тоҷири маъруфи чинӣ барои таҷовузи кӯдаки тоҷик”, ”Нафақахӯри 78-сола дар дастдарозӣ ба ноболиғ муттаҳам мешавад”), ба ҷиноят марбут буда, дар ҳар ду ҳолат кўдакони ҷинси зан мавриди ҷиноят қарор гирифтаанд. Дар маводи аввал модари кўдак шарики ҷиноят аст ва тобиши манфии мавод аз ин бештар мегардад.

Арзёбӣ: Мардон (ба истиснои ахбори ҷиноӣ 6 мавод аз 57), мусбат инъикос шудаанд. Дар матолиб оид ба занон таносуби маводҳои тобиши манфӣ ва мусбат дошта то андозае ба эътидол наздик аст, вале дар ҳар сурат, мувозинати гендерӣ ҳануз риоя нашудааст.

Хулоса: мувозинати гендерӣ аз нигоҳи миқдор ва муҳтаво комилан риоя нашудааст.

Дар маводи “Ҳалокати сарояндаи маъруфи тоҷик дар Сочӣ”, банди 2-и “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (“Сареҳияти ахбор”): “Сарлавҳа ва акс бояд маънои гузоришро ифода кунанд”, риоя нашудааст. Зеро бино бар муҳтавои мавод, сарояндаи тоҷик аз сабаби беморӣ даргузаштааст. Калимаи “ҳалокат” хоси ҳолатҳои фоҷеа, фалокат, куштор мебошад ва дар ҳолати боло бемаврид аст.

Дар матолиби дигар меъёрҳои одоби рӯзноманигорӣ риоя шудаанд.

Тавсия:

• Оид ба масоили гендерӣ, поймол шудани ҳуқуқи занон бояд мунтазам мавод интишор гардад;

• Дар матолиб бояд фаъолияти занон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа бештар инъикос ёбад;

• Маводҳое, ки дар бораи занони пешқадам ва муваффақ нақл мекунанд, бояд мунтазам нашр гарданд.

www.ruzgor.tj :

Сомонаи мазкур дар давоми ҳафта 32 мавод интишор намудааст. Дар баробари маводҳои худї, њамчунин ахбор аз сомонаи «Озодӣ» бознашр шудаанд.

Шумораи умумии аксҳо 32. Дар аксҳо дар 17 маврид мардон тасвир шудаанд. Занон: 0, якҷоя: 1.

Арзёбӣ: Ҳамаи аксҳо мусбат ва муодиланд.

Сарлавҳаҳо: Дар 9 сарлавҳа номи мард омада аст. Номи занон, якҷоя ва ишора ба ҷинс ҷой надорад.

Арзёбии номи мардон куллан мусбат ва муодил аст.

Муҳтавои маводҳо: Дар 20 мавод сухан аз фаъолияти мардон меравад. Дар бораи фаъолияти занон ягон мавод нашр нашудааст, дар 1 мавод фаъолияти мардону занон якҷоя инъикос гардидааст.

Аз маводе, ки фаъолияти мардонро дар бар мегирад, 5 тоаш, ки аз ахбори ҷиноӣ мебошад, оҳанги манфӣ дорад. Ягона маводе, кки фаъолияти ҳам мард ва ҳам занро инъикос намудааст, “Истирдоди Низомхон Ҷӯраев аз Русия ғайриқонунӣ будааст”, мебошад. Дар он сухан аз фаъолияти Анна Ставитская ном ҳуқуқшиноси рус меравад.

Арзёбӣ: муҳтавои маводҳо ҳам дар бораи мардон мусбат, дар бораи занон муодил аст.

Хулоса: дар ин ҳафта ин сомона сирф ба сомонаи мардона табдил ёфтааст. Агар аз даричаи дастандаркорони он ҷомеаи тоҷикро шинохтан хоҳем, он маҳфили пушидаи мардонаро мемонад.

Эрод: Ҳарчанд сомона рубрикаи хосса дар мавриди занон дорад, вале тайи ду ҳафтаи охир чизе он ҷо интишор нагардидааст.

Тавсия:

• Рубрикаи “Зан ва ҷомеа” ҳарчанд иқдоми хуб аст, вале худи ном тобиши онро медиҳад, ки зан бахши таркибии ҷомеа нест. Пайдо кардани номи тоза ин ҷо мувофиқи мақсад аст.

• Хуб мешуд, агар дар ин рубрика маводҳо мунтазам нашр мегардиданд.

• Ба бештар дар мавзуи занони фаъол нашр кардани мавод диққат дода шавад.

• Оид ба рузгори занон, мушкилот ва масоили рузмарраи онон нашри матолиби таҳлилӣ мувофиқи матлаб аст.

Дар матолиб меъёрҳои одоби рӯзноманигорӣ риоя шудаанд.

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер