gazet “Нигоҳ”, (№24 406), 3.09. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 33. Мардон -18, занон- 6, якҷоя - 4.

Арзёбии аксҳои мардон мусбат ва муодил аст, ба истиснои 2 расм, ки яке карикатурист ва дигаре мардони яроќдори ниќобпўш. Аксҳои занон мусбат аст.

Сарлавҳаҳо: шумораи умумӣ: 24. Бо номи мардон -2, бо номи занон -2, ишора ба ҷинс – 1.

Арзёбӣ: Ҳамаи сарлавҳаҳо тобиши мусбат ва муодил доранд.

Муҳтаво: Дар 19 мавод дар бораи фаъолияти мардон, дар 3 мавод фаъолияти занон, дар 2 мавод фаъолияти якxояи ҳарду ҷинс сухан меравад.

Арзёбӣ: Дар ҳамаи маводҳо мардон мусбат ва тимсоли қудрат тасвир шудаанд. Аз се мавод дар бораи занон , 2 –тоаш – “Хатои сиёсӣ» ва «Боздошти дуздони хонаи Сурайё», тобиши манфӣ дорад. Дар маводи аввалӣ сухан аз дар «Рўзи Дониш» ба синфхона роҳ надодани хонандаи синфи 8-и Мактаб-гимназияи рақами 4-и шаҳри Хуҷанд Абдураҳмон Тоҳирзода меравад. Як сабаби ба мактаб роҳ надодани ў ҳангоми ба намози ҷумъа рафтанаш ва дастгир шуданаш аз тарафи мақомот мебошад. Ташаббускорони ин амали нописандида роҳбари синф Ҳабиба Каримова ва директори мактаб Зулфия Ашўрова мебошанд. Дар саҳифаи 4-и ҳафтанома мусоҳиба бо Ҳуринисо Ализода – муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон дарҷ гардидааст, ки ҷанбаи гендерӣ дошта, шаҳодати баланд шудани мақоми зан дар ҷомеа аст ва мусбат арзёбӣ мешавад. Маводи Муҳибуллоҳ Қурбон «Чор зан мехоҳед? Марҳамат, ба Малайзия», тобиши равшани хилофи гендерӣ дорад.

Хулоса: Мувозинати гендерӣ на аз нигоҳи шумора (18 акси мард ва 6 акси зан) ва на аз нигоҳи муҳтаво (19 мавод дар бораи мардон ва 3 мавод дар бораи занон), дар ҳафтанома вуҷуд надорад.

Дар матолиби шумора Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ  дар Тоҷикистон риоя шудаанд.

“Тоҷикистон”, (№36 (1078), 4.09. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 46. Мардон- 25, занон- 13, якҷоя -1.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон мусбат ва муодил (нейтрал) аст. Танҳо як акси карикатурӣ  дар рубрикаи «Як латифа бо ду забон» ҷой дода шудааст.

Сарлавҳаҳо: шумораи умумӣ: 52. Бо номи мардон - 6, бо номи занон -4. Ишора ба ҷинс -4.

Арзёбӣ: сарлавҳаҳо дорои тобишҳои гуногунанд: манфӣ, муодил ва мусбат. Масалан, сарлавҳаи «Ҳадиса: Дар Иттифоқ Рўдакиро мефурўшанд», «Тарозукаши беинсоф», «Дуздони худӣ дар хонаи Сурайё Қосимова» – манфӣ, «Раиси ҳамакора» мусбат аст.

Муҳтавои маводҳо:

Дар 17 мавод фаъолияти мардон, дар 12 мавод фаъолияти занон ва дар 2 ҳолат якҷоя инъикос ёфтааст.

Арзёбӣ: Маводҳо оид ба фаъолияти мардон тобишҳои мусбат, манфӣ ва муодил доранд. Дар онҳо мардон қудратманд (“Раиси ҳамакора, ҳама кораш бакора”, «Xеймс Аликс Мишел кист?», «Марги ногузир»), инчунин хоин, ватанфурўш («Тарс ҳам падидаи хуб аст"), порагир («Дўсти духтари президент гум шуд», «Майёри милиса ҷиноятро пинҳон мекард?»), хушунатгар («Худкушии Шаҳло») тасвир шудаанд.

Дар мақолаи “Раиси ҳамакора, ҳама кораш бакора” дар хусуси фаъолияти пурсамари олими шинохтаи соҳаи кишоварзӣ Сайфиддин Садриддинов сухан меравад ва тобиши мусбат дорад. Аммо дар маводи навиштаи Нурулло Ҳасанов «Тарс ҳам падидаи хуб аст", оҳанги гуфтор сахт манфист ва хусусияти маҳкумкунӣ дорад. Дар ин мавод Додоҷони Атовулло ҳамчун душмани миллат ва хоини Ватан тасвир шудааст. Дар маводҳое, ки фаъолияти занон мавриди баррасӣ гаштааст, низ тобиши маъно гуногун – манфӣ, мусбат ва муодил мебошад. Масалан, дар маводи омода намудаи Мастура Ашўрова бо номи «100 зани машҳур ва пажуҳиши нав дар ин ҷода», дар хусуси занони номдори ҷумҳурӣ, ки замоне ба ҷомеа хизмат кардаанд, маълумот дода шудааст. Дар ин мавод симои занон мусбат ифода ёфтааст. Дар хабарҳои «Дуздони худӣ дар хонаи Сурайёи Қосим», «Гўшвори тиллоро аз гўш ҳам медузданд», симои зан манфӣ ифода шудааст.

Хулоса: Ҳарчанд дар ин шумора нисбати шумораҳои гузашта ба мавзўи зан зиёдтар таваҷҷуҳ кардаанд, аммо мувозинати гендерӣ аз нигоҳи шумора – 25 акси мард ва 13 акси зан ва аз нигоҳи муҳтаво –17 мавод дар бораи мардон ва 12 мавод дар хусуси занон, риоя нашудааст. Инчунин дар баъзе маводҳо («Тарс ҳам падидаи хуб аст", «Ҳадиса: Дар Иттифоќ Рўдакиро мефурўшанд»), хусусияти маҳкумкунӣ дида мешавад.

Дар маводи «Тарс ҳам падидаи хуб аст", банди 7-уми «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» – «Паст задани шаъну шараф ва эътибори шахс бо алфози қабеҳ, калимаю ибораҳои таҳқиромез…» халалдор гаштааст.

“Фараж”, (№ 36 (405), 3.09. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 34. Мардон – 18, занон – 2, якҷоя – 3.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон мусбат ва нейтрал аст, ба ғайр аз 2 акси карикатурӣ ва расм дар маводи «Сари буридаи таксисти тоҷик: гумонбарон сарбозони дивизияи 201».

Сарлавҳаҳо: Шумораи умумӣ: 35. Бо номи мардон – 4, бо номи занон – 2, ишора ба ҷинс – 0.

Арзёбии ҳам мардону ҳам занон мусбат ва муодил аст.

Муҳтаво: Дар 15 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 4 ҳолат дар бораи зан меравад.

Арзёбӣ: Маводҳо дар бораи фаъолияти мардон ҳама тобиши мусбат доранд, ба ҷуз маводи ««Сари буридаи таксисти тоҷик: гумонбарон сарбозони дивизияи 201». Дар маводҳое, ки ба занон робита доранд, чун ”Норинисо хор шудааст”, “Моҷарои ҳамсоя», «Масъул огоҳонида шуд» ва «Ғоратгарони хонаи Сурайё Қосимова дастгир шуданд», ифодаи маъно мусбат, манфӣ ва муодил аст. Масалан, ”Норинисо хор шудааст”  номаи набераи шоира ба Президенти кишвар аст, ки дар он хизматҳои Норинисо мусбат арзёбӣ шудаанд. Дар хабарҳои “Моҷарои ҳамсоя» ва «Ғоратгарони хонаи Сурайё Қосимова дастгир шуданд», симои зан манфӣ ифода ёфтааст. Дар хабари «Масъул огоҳонида шуд» бошад, муодил аст. Дар 2 маводи дигар («Мукофоти Раҳмон ба шоистагон», «Нигаронии эшони Маҳмудҷон» ва «ММТ: шикоят меафзояд», дар қатори мардон занон низ андешаҳояшонро иброз намудаанд.

Хулоса: Мувозинати гендерӣ аз нигоҳи шумора (18 акси мард ва 2 акси зан) ва муҳтаво (15 мавод дар бораи мардон ва дар 4 ҳолат дар бораи занон), риоя нашудааст. Ягон маводи ҷиддие, ки ба мавзўи зан махсус бахшида шуда бошад, мавҷуд нест.

Дар матолиби шумора Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон риоя шудаанд.

Тавсия: Хуб мешуд, дар қатори мавзўҳои таҳлилии зиёде, ки ҳафтанома пешниҳоди хонанда менамояд, масоили доғи рўзгори занон низ мавриди баррасӣ қарор мегирифт. Симои зан на чун танфурўшу дузд, балки чун соҳибмаърифату соҳибмаълумот, соҳибтадбиру муқтадир, навовару ихтироъкор таҷассум меёфт, ин иқдом омили пешрафт дар татбиқи сиёсати гендерӣ дар кишвар мегашт.

“Чархи гардун”, (№36 (940), 3.09. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 57. Мардон – 23, занон – 10, якҷоя – 5.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон, мусбат ва муодил аст.

Сарлавҳаҳо: шумораи умумӣ: 39. Бо номи мардон – 9, бо номи занон – 7, ишора ба ҷинс – 1.

Арзёбии мардон дар мавриди истифодаи ном ва ишора ба ҷинс мусбат ва муодил аст, ба истиснои як хабар: «Абу холиди Кўлобӣ: 699 тоҷик дар Сурия меҷанганд». Арзёбии занон низ дар истифодаи ном мусбат ва муодил аст ба ҷуз як мавод: «Дуздони хонаи Сурайё Қосимова дастгир шудаанд».

Муҳтаво: Дар 16 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 8 ҳолат дар бораи зан ва дар 1 мавод дар бораи ҳар ду ҷинс меравад.

Арзёбӣ: Дар 6 ҳолат дар маводҳо дар бораи мардон арзёбӣ (ахбори ҷиноӣ) манфист, аз 8 мавод дар бораи занон 5 ҳолаташ манфист. Дар маводҳои дигар ҳам симои зан ва ҳам симои мард мусбат ва муодил ифода ёфтааст. «Гумонбарии чор афсари пойгоҳи 201 дар қатли таксист», «Абу холиди Кўлобӣ: 699 тоҷик дар Сурия меҷанганд», «Рафаэлро боздоштанд, вале… фирор кард», «Маъракаи риштарошӣ дар Панҷакент", «Ҷанг дар Сурия, парванда дар Кўлоб» аз ҷумлаи маводҳоеанд, ки дар онҳо мардон чун қотил, дузд, ватанфурўш тасвир шудаанд, яъне симои мардон тобиши манфӣ дорад. Дар маводҳои дигар мардон неруманд, накукор, тавоно буда, тобиши маъно мусбат аст. Маводҳое, ки симои зан мусбат аст, «Гулрухсор: Фарзона «модар» - и шеъри форсу тоҷик аст», «Ба қадри муаллимаамон расидем» ва Аниса Собирӣ: «Гуноҳам ин буд, ки тоҷикиро хуб намедонистам…» буда, дар он зан чун навовар, муқтадир соҳибмаълумоту соҳибистеъдод тасвир шудааст. Дар матлаби Гулҷаҳон Қодирова «Нарху навоҳои осмонӣ» сухан аз мушкилоте, ки имсол ҳангоми харидани сарулибоси мактабӣ ба сари волидон, хоса модарон, омад, меравад. Муаллиф бо чанд зан ҳангоми харидани сарулибоси мактаби вохўрда, ҳамсуҳбат шудааст. Идигул ном зан, ки модари танҳост, аз ҷумла мегўяд: – «… нархи сару либос хеле гарон шудааст, масалан, барои омода кардани духтарам ба мактаб, ман аз 800 сомонӣ зиёд сарф кардам, вале ҳоло чизҳои зиёдеаш боқӣ мондаанд…». Дар ин мавод нақши зан тобиши муодил дорад. Дар маводи якҷоя – «Анҷелина Ҷолӣ бо Брэд Питт хонадор шуд», ҳам мард ва ҳам зан, муодил инъикос ёфтаанд.

Хулоса: Мувозинати гендерӣ аз диди шумора (16 мавод дар бораи мардон ва 8 мавод дар мавзeи занон) риоя нашудааст, аммо дар маводҳое, ки симои занон тобиши мусбат дорад, мусоидат ба пешрафти сиёсати гендерӣ дида мешавад, яъне аз диди муҳтаво то дараҷае муозинат риоя шудааст.

Дар матолиби шумора Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон халалдор нашудаанд.

“Азия – плюс”, (№ 67 (950),04.09.2014):

Общее количество фотографий: 76. Мужчины: 30, женщины: 28, вместе: 3.

Все фотографии оцениваются положительно и нейтрально. Впервые количество фотографий в гендерном плане почти в равном количестве. По содержанию 12 фото из конкурса красоты, 4 в контексте рекламы, 3 больные, нуждающиеся в помощи (Зайнаб и Ошурмо). Все фотографии мужчин отражают силу и власть.

Заголовки: общее количество: 62. С мужскими именами: 8, с женскими именами: 2, ссылка на пол: 1, вместе: 0.

Все заголовки оценены, как положительные и нейтральные. Заголовки с мужскими именами кроме 1 (криминальная хроника), относятся к миру политики, спорта. Заголовки с женскими именами: 2 (“Флаг понесет Мавзуна Чориева”, “Арестована поджигательница дома Сурайё Косимовой”). Ссылка на пол касается женщине из криминальной хроники.

Содержание: В 30 материалах отражается деятельность мужчин, в 6 совместно. Ссылки на  пол не имеются. В 4 материалах фигурируют женщины. Из них два с  негативным оттенком: один из криминальной хроники (“Арестована поджигательница дома Сурайё Косимовой”), другой призыв о помощи больной девочке («Подарите шанс жить»). Нет ни одного материала о проблемах женщин.

Оценка: Все материалы о деятельности мужчин  несут положительный оттенок.  Из общего количества 2 материала связаны с криминальной хроникой. Материалы, где фигурируют женщины, два позитивные и нейтральные, в двух женщина преступница и тяжело больная. Сообщение “Флаг понесет Мавзуна Чориева” очень положительная, в ней образ девушки, которая разрушает  гендерные стереотипы и достигла больших высот в “неженском” виде спорта.

Материалы,  где мужчины и женщины отражаются  вместе, нейтральны.

Заключение: Нарушение гендерного баланса наблюдается в количественном представлении материалов. В отдельных статьях это не наблюдается. В содержании фотографий так же явно отражаются гендерные стереотипы: она символизирует красоту и  слабость.

В других материалах нормы этики журналистики не нарушены.

Рекомендации:

•             Больше опубликовать материалы о деятельности передовых женщин;

•             Сотрудничать с Комитетом по делам женщин и семьи и НПО, которые занимаются гендерными проблемами, женскими журналами для получения информации по данным вопросам.

  • В материалах  необходимо отражать гендерный аспект.
  • При отражении проблемных аспектах гендерных вопросов, желательно дать наиболее полный анализ тематики с привлечением специалистов.

“Пайк”, (№35 (60), 3.09. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 43. Мардон- 24, занон- 1, якҷоя – 4.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон мусбат ва нейтрал аст, ба истиснои як акси карикатурӣ.

Сарлавҳаҳо: шумораи умумӣ: 30. Бо номи мардон – 1, бо номи занон -0, якҷоя – 0. Ишора ба ҷинс – 3.

Арзёбӣ: Дар ҳамаи сарлавҳаҳо мардон мусбат арзёбӣ шудаанд.

Муҳтаво: Дар 10 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 4 ҳолат дар бораи занон меравад.

Арзёбӣ: Маводҳо дар бораи фаъолияти мардон тобиши гуногун доранд. Масалан, дар маводҳои «Эмомалӣ Раҳмон: «ҷараёнҳои тундрав наврасони ноогоҳро ба доми худ мекашанд», «Генерал», мардон соҳибқудрат,ботадбир,неруманд,масъулиятшинос тасвир шудаанд ва оҳанги гуфтор тобиши мусбат дорад. «8, 5 соли зиндон бо ҷурми маводи мухаддир», «Қаллоб ҷазои муносиб гирифт», «Муовини президенти Эрон ба ҳабс маҳкум шудааст», аз ҷумлаи маводҳоеанд, ки симои мардон манфӣ ифода шудааст. Дар мақолаи Аҳмади Иброҳим «Вазирони тоҷик маданияти истироҳатро намедонанд?», симои мардон – вазирон муодил аст. Аз 4 ҳолате, ки сухан аз занон меравад, яке («Пирўзии зани ҳинду бар бабр»), симои зан мусбат аст, дар маводҳои дигар («Даллаҳо боздошт шуданд», «Духтарон аз Малайзия ба Сурия барои «ҷиҳоди шаҳвонӣ» мераванд» ва «Зан милисаро газиду худ мурд»), симои зан манфуру манфӣ ифода ёфтааст.

Хулоса: Мувозинати гендерӣ на аз ҷиҳати шумора ( 24 акси мард ва 1акси зан) ва на аз ҷиҳати муҳтаво ( 10 мавод дар бораи мардон ва 4 мавод дар бораи занон), риоя нашудааст.

Дар матолиб Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон риоя шудаанд.

“Минбари халқ”, (№36 (963), 4.09. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 33. Мардон -5, занон- 1, якҷоя – 11.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон мусбат ва нейтрал аст.

Сарлавҳаҳо: шумораи умумӣ: 37. Бо номи мардон -0, бо номи занон -0. Ишора ба ҷинс – 1.

Муҳтаво: Дар 8 мавод фаъолияти мардон, дар 1 ҳолат фаъолияти занон, дар 1 ҳолат якҷоя инъикос ёфтааст.

Арзёбӣ: Дар ҳамаи маводҳо арзёбии фаъолияти мардону занон мусбат аст. Дар ҳамаи маводҳое, ки ба фаъолияти мардон бахшида шудаанд, мардон муваффақ, қудратманд тасвир шудаанд. Ягона маводе, ки зери унвони «Турсунзода: Бонувон дар сафи пешанд» дарҷ гардида, ба фаъолияти занон бахшида шудааст, мусоҳибаи Т. Халилов бо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода Матлуба Бобоева мебошад. Дар ин мусоҳиба сухан дар хусуси ҳамоиши бонувон бо номи «Маърифату озодагии зан арзандатарин неъмати ўст» меравад, ки дар он занони муваффақ иштирок намудаанд. Ин мавод оҳанги мусбат дорад.

Хулоса: Аз нигоҳи шумора (5 акси мард, 1 акси зан) ва муҳтаво (8 мавод дар бораи мардон, 1 мавод оид ба фаъолияти занон), мувозинати гендерӣ вуҷуд надорад.

Дар матолиби шумора Меъёрҳои одоби журналистӣ дар ҳамаи ҳолатҳо риоя шудаанд.

“Наҷот”, (№36 (806), 4.09. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 18. Мардон – 11, занон – 0, якҷоя – 4.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон, мусбат ва муодил аст.

Сарлавҳаҳо: Шумораи умумӣ: 21. Бо номи мардон – 4, бо номи занон – 0, якҷоя – 0, ишора ба ҷинс – 0.

Арзёбии мардон дар мавриди истифодаи ном мусбат ва муодил аст.

Муҳтаво: Дар 10 мавод сухан аз фаъолияти мардон меравад. Ягон маводе, ки дар он махсус аз фаъолияти занон сухан равад, мавҷуд нест. Арзёбӣ: Дар ҳамаи маводҳо дар бораи мардон арзёбӣ мусбат ва муодил аст. Танҳо дар 2-тоаш («Аввалин оташзании бинои ҳукумат», «Туҳмату ифротҳои навбатӣ алайҳи ҲНИТ»), симои мардон манфӣ ифода шудааст.

Хулоса: Мувозинати гендерӣ чи аз диди шумора ва чи аз диди муҳтаво, риоя нашудааст.

Дар матолиби шумора Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон халалдор нашудаанд.

 

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер