logoҲамкасбони гиромӣ, табрику таҳният ва орзуҳои неки моро ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии журналистон бипазиред.

Хотиррасон намуданием, ки санаи мазкур, бо қарори Конгресси 4 –уми Созмони байналмилалии журналистон аз 8 сентябри соли 1958, мабнӣ ба гиромидошти хотираи публитсисти зиддифашисти чех Юлиус Фучик таҷлил мегардад ва бо тасмими СММ аз охири асри гузашта Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии журналистон унвон гирифтааст.

 

Бо пиндори муассисони ин сана, рӯзноманигорони тамоми кишварҳои ҷаҳон дар маҳфилу нишастҳои ихтисосии Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии журналистон бояд дар амри дифоъ аз ҳуқуқҳои касбӣ табодули афкор намоянд, сабақу таҷоруби ҳосилшударо дар роҳи талошу пайкор баҳри таъсиргузорӣ ба равандҳои рушди босубот, озодию ободии ҷомеа ба ҳам бубинанд, дар нисбати устувор гардонидани нақш ва мавқеи журналистикаи хушсифат ҳамраъйии хешро изҳор доранд.

Дар шароити кунунии ҷаҳонигароӣ, дар пасманзари таҳдидҳои зуҳуроту падидаҳои номатлуб ба ҷомеаҳои осебпазир, дар шароите, ки фазои иттилоотӣ торафт садднописанд шудан дорад, иҷрои вазифаҳои мусоидат ба суботи ҷомеа, ба рушду такомули давлатдорӣ ва пойдории фарҳангу арзишҳои миллӣ, ҳамзамон бо дифоъ ва истифода аз ҳуқуқи озодии баён ва матбуот, аз ҷомеаи журналистӣ ҳамраъйии бештари касбӣ тақозо менамояд.

Мусаллам аст, ки ҳамраъйии воқеии касбӣ ба заминаи муҳимтарини он - пайравӣ аз усулҳои бунёдии журналистика, ба мисли ҳақиқатнигорӣ, воқеъбинӣ, адолатпешагӣ, таҳаммулпазирӣ, бояд асос ёбад. Ба ин маънӣ, падидаҳои ҳамраъйии журналистони тоҷик дар инъикосу баррасии бештари масоили доғи ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ боиси сутуданист.

Вале ҳамзамон зуҳуроти номатлуберо ҳам ба мисли чашмпӯшӣ аз воқеияти рӯз, ситоиши ноҷо, паст задани шаъну эътибори инсон, риоя накардани принсипи «эҳтимоли бегуноҳӣ», дар матолиби матбуоти даврӣ, барномаҳои радиову телевизион ва сомонаҳои интернетӣ, набояд нодида гирифт, ки журналистон ва кормандони ВАО бархилофи принсипҳои касбӣ, ба хотири манфиатҳои маҳдуди идоравию ҳизбӣ, гурӯҳиву хусусӣ роҳ медиҳанд.

Дар пайи шодбоши  Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии журналистон, ҳамкасбони гиромиро даъват менамоем, ки дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ баҳри расидан ба ҳадафу вазифаҳои касбӣ ормону хостаҳои ин санаи муборакро пайгир бошанд.

Қироншоҳ Шарифзода,

раиси Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

6 сентябри с.2014,

шаҳри Душанбе.

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер