tojНатиҷаи як пурсиш дар сомонаи TojNews маълум кард, ки беш аз 85%-и корбарони сомона мухолифи намоиши наворҳои фаҳши "муллоҳо" тариқи телевизионҳои давлатӣ мебошанд.

Ин назарпурсӣ зери унвони"Муносибати шумо ба намоиши фаҳши"муллоҳо" тариқи телевизиони Тоҷикистон чӣ гуна аст?" маълум кард, ки 36 дар сади иштирокчиён ба гузина(вариант)и "Қабул надорам, зеро тарғибгари фаҳш-порно мебошад", раъй додаанд.

26% -и дигар ҳам ба гузинаи" Бад, ин нақзи қонунҳои амалкунанда ва ҷиноят мебошад"  овоз дода, 23 дар сади пурсидашудагон гуфтаанд, ки"Хеле бад, андози моро ба фаҳш сарф накунед", ки дар умум муносибати манфӣ буда, 85 % -ро ташкил додааст.
Инчунин,  6 (шаш) дар сад гуфтаанд, "Олӣ, аз таҷрибаи бад, бояд ибрат бигирем". 4% ба варианти"Хеле хуб, мақомот кори худашонро ба хубӣ анҷом медиҳанд" овоз дода, ҳамагӣ 1  фоиз (7 нафар) гуфтаанд, ин"Хуб, хабари муқаррарӣ аст".

Дар ҳамин ҳол, 1 (як) дар сад, иқрор шудаанд, ки дар ин бора фикр накардаанд ва 2%-и пурсидашудагон гуфтаанд, ки "барояшон фарқ надорад".

Маврид ба зикр аст, ки насарсанҷии мазкур бо фармоиши нашрияи "Нигоҳ" баргузор гашта, он дар гӯшаи "Садои мардум" ба нашр мерасад.

tojnews.org

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер