aawww.ozodi.tj  “Озодӣ”:

Сомонаи мазкур дар давоми ҳафта  100 мавод интишор намудааст. Маводҳо ҳам аз хабар ҳам аз мақолаҳо иборатанд.

Шумораи умумии аксҳо 130.  Дар аксҳо дар 69 маврид мардон, дар 16 маврид занон, дар 15 акс якҷоя  тасвир  шудаанд.

Арзёбӣ: Ҳам мардон ва ҳам занон мусбат в муодил тасвир шудаанд.

Сарлавҳаҳо: Дар 16 сарлавҳа номи мард ва дар 2 сарлавҳа номи зан, дар 4 сарлавҳа ишора ба ҷинс омадааст.

Арзёбӣ дар мавриди истифодаи номи мардон дар ҳамаи ҳолатҳо мусбат ва муодил аст. Номи зан аз ду ҳолат яке ба ҷиноят (“ВИДЕО: Лӯхтакҳои Осия то ҳол чашм ба роҳи ӯянд”), дигаре ба фаъолияти боэътибори касбӣ (“Аниса Собирӣ: "Русӣ менависам, аммо дили тоҷикӣ дорам"), дахл дорад. Дар мавриди ишора ба ҷинс дар як маврид ҳам ба занон ва ҳам ба мардон  дахл дорад, дар се ҳолати дигар ишора ба зан аст. Ишора ба зан ба истиснои як маврид     (“Гиромидошти "Бонуи ғазал"-и Эрон дар Душанбе“), дар мавридҳои дигар  тобиши манфӣ  доранд: “Зане 150 000 доллари тоҷирони «Корвон»-ро рабудааст”, ”Посухи бародар ба духтаре, ки мехоҳад, худкушӣ кунад”, ”Танфурӯшҳои "ботаҷриба" духтарони ҷавонро аз Қубодиён ба Дубай мебурданд”, “Посухи бародар ба духтаре, ки мехоҳад, худкушӣ кунад”, “ВИДЕО: Лӯхтакҳои Осия то ҳол чашм ба роҳи ӯянд”.

Муҳтавои маводҳо: Дар 78 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 8 мавод аз фаъолияти занон  меравад. Дар 18 мавод фаъолияти якҷояи мардону занон  омада аст.

Аз маводе ки ба фаъолияти мардонро инъикос менамояд, дар 7 маврид сухан аз  қонуншиканӣ меравад. Дар маводи дигар мардон дар арсаи фаъолияти ҷамъиятиву сиёсӣ, варзиш  инъикос ёфтаанд. Аз маводи хосса ба занон бахшида шуда  ду мавод (“Гиромидошти "Бонуи ғазал"-и Эрон дар Душанбе”, “Аниса Собирӣ: "Русӣ менависам, аммо дили тоҷикӣ дорам"),  ба занони эҷодкор, яки дигар (“Дар ҷанги Украина 2600 тан кушта шудаанд”), ба ахбори ҷаҳон марбут аст. Се маводи дигар (“Меҳнати сангин дар пахтазор барои ғӯзапоя”, ”Танфурӯшҳои "ботаҷриба" духтарони ҷавонро аз Қубодиён ба Дубай мебурданд”, ”Посухи бародар ба духтаре, ки мехоҳад, худкушӣ кунад”, ”Санҷиши издивоҷи 5 сол пеши писари Зайд Саидов аз сӯи Оҷонсӣ”), ба мушкилоти занон дар ҷомеа дахл мекунанд.   Се маводи аввал мустақиман ба мушкилоти  занон бахшида шудаанд, дар маводи саввум зимни баррасии қазияи Зайд Саидов  никоҳи духтари ноболиғ низ ҳамчун қонуншиканӣ инъикос шудааст.  Як хабар (“ВИДЕО: Лӯхтакҳои Осия то ҳол чашм ба роҳи ӯянд”), аз ахбори ҷиноӣ буда, пайгирӣ аз ҳодисаи гум шудани духтарчаи панҷсола аст.  Аз ин қатор танҳо як мавод (“Меҳнати сангин дар пахтазор барои ғӯзапоя”), хусусияти таҳлилӣ дошта, мушкилоти риоя нагардидани ҳуқуқҳҳои иҷтимоиву иқтисодии занони деҳотро баррасӣ менамояд.

Арзёбӣ: Ҳам аз нигоҳи шумора ва ҳам аз  диди муҳтаво, ҳамоно нобаробарӣ боқӣ мемонад. Занон боз ҳам бештар бо тобишҳои манфӣ: қурбонии ҷиноятҳои вазнин ба монанди одамрабоӣ, одамфурушӣ, осебпазир (мойил ба худкушӣ), надоштани имкон аз ҳуқуқҳои иҷтимоиву иқтисодӣ инъикос ёфтаанд.

Дар  се  сарлавҳаи  ҳамсон “5 паҳлавони тоҷик дар қаҳрамонии дзюдои ҷаҳон бе медал монд”,”4 паҳлавони тоҷик дар қаҳрамонии дзюдои ҷаҳон бе медал монд”, “7 паҳлавони тоҷик дар қаҳрамонии дзюдои ҷаҳон бе медал монд” ғалати грамматикӣ ҷой дорад. Ин ҷо мубтадо мазмунан ҷамъ аст, вале хабар танҳо омадааст.

Дар матолиб  вайрон шудани меъёрҳои одоби рӯзноманигорӣ мушоҳида нагардид.

Тавсия:

•          Дар матолиб ва аксҳо кўшиш карда шавад, ки шумораи чеҳраҳои мусбати занон ва хосса занони фаъоли ҷомеаи тоҷик, бештар бошанд;

•          Оид ба масоили мушкилоти занон маводи таҳлилӣ бештар нашр карда шавад.

www.ozodagon.com “Озодагон”:

Сомонаи мазкур дар давоми ҳафта  95 мавод интишор намудааст.

Шумораи умумии аксҳо:  143.  Дар аксҳо дар 71 маврид мардон, дар 10 маврид занон, дар 34 ҳолат якҷоя тасвир  шудаанд.

Арзёбӣ: Дар ҳамаи ҳолатҳо ҳам мардон ва ҳам занон  мусбат тасвир шудаанд.

Сарлавҳаҳо: Дар 35 сарлавҳа номи мард, дар 4  сарлавҳа номи зан,  дар 3 сарлавҳа якҷоя ва 7 ҳолат ишора ба ҷинс омадаст.

Арзёбии номҳо   дар сарлавҳаҳо  оид ба мардон комилан (ба истиснои 6 мавод аз ахбори ҷиноӣ) мусбат  аст,  аз 4 сарлавҳа бо номи занон сетояш (“Ситора дида фуру баст...”. “Ёдбуди Симини Беҳбаҳонӣ дар Душанбе”, “ВИДЕО: Волидони Шаҳло тақозо доранд, домодашон муҷозот шавад”, ”Духтари Почомуллоева: “Онҳое, ки шиносу пул надоранд, чӣ кор мекунанд?”), ба марги занон вобаста аст,  дар яке ситораҳои саҳна мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтаанд, (“Манижаи Давлат дар Каъба чӣ имзо карда буд? Шабнам чӣ?”). Иттилое, ки он ҷо номи занонаву мардона якҷоя омадааст (“Боздошти Алина, хоҳари Ҷавҳар Тсарнаев дар Амрико”, ”Дидори Аслов бо Моширӣ ва баҳси ҳадафҳои Хазинаи кӯдакони СММ”, “АКС: “Devanagrad”-и Аниса ва шарҳи навиштаҳои ӯ аз нигоҳи Мӯъмин Қаноат”), ба фаъолияти якҷояи ҷинсҳо марбут мебошад ва аз ин силсила низ яке ба олами ҷиноят дахл дорад.  Сарлавҳаҳое, ки ба ҷинс  ишора доранд, дутоаш оид ба занон якеаш муштарак мебошад. Сарлавҳаҳо бо ишора ба ҷинс (“Пиразани 60-сола иддао дорад, президент қолинчаи ӯро ба Бан Ки Мун додааст”, ”Шарҳи сардори пулис ва назари занон ба маъракаи риштарошӣ дар Панҷакент”, ”Ҳукми издивоҷ бо духтароне, ки дар интернет "хиёнат" мекунанд”), ҳама ба ҳолатҳои  манфӣ ва баҳсбарангез марбутанд.

Муҳтавои маводҳо: Дар 57 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 5 мавод аз фаъолияти занон  меравад. Дар 9 мавод мардону занон якҷоя омадаанд. Дар 2 мавод ишора ба ҷинс омадааст.

Аз маводҳое муҳтавояш фаъолияти занонанд, 4 тоаш (”Ҷасаде, ки “Тоҷик Эйр” нагирифт, тариқи Маскав ба Душанбе расид”, “Духтари Почомуллоева: “Онҳое, ки шиносу пул надоранд, чӣ кор мекунанд?”, “Ситора дида фуру баст...”, “Ёдбуди Симини Беҳбаҳонӣ дар Душанбе”, “ВИДЕО: Волидони Шаҳло тақозо доранд, домодашон муҷозот шавад”), вобаста ба марги занон ва 1 то (“Филме дар бораи оилаи муҳоҷирон соҳиби ҷоиза шуд”), зимнан аз масоили муҳоҷирати занон дахл мекунад. Иқтибос: “Нигора, пас аз он ки дигар умеде аз шавҳараш намемонад, бар хилофи он ки зан аст, ба таъмири чархҳои мошин шурӯъ мекунад ва фарзандонашро бо ин роҳ мехӯронаду мепӯшонад”. Ин мисол воқеан қолабшиканона буда, барои таҷдиди назари ҷомеа дар мавриди касбҳои занонаву мардона  мусоидат менамояд.

Маводи “Пиразани 60-сола иддао дорад, президент қолинчаи ӯро ба Бан Ки Мун додааст”, низ аз нигоҳи сарлавҳа ва ҳам аз муҳтаво ҷолиб аст ва ин ду ҷониби дар назар нобаробар: пиразани 60 сола ва президенти кишварро то андозае дар мувозинат нишон медиҳад, ҳарчанд пиразан ҳамчун шахси ҳуқуқаш поймолшуда зуҳур мекунад, вале амалаш (даъво ба президент), ўро тимсоли ҳақталошӣ ва ҷасорат мегардонад ва аз диди қонун дар як радиф қарор медиҳад.

Маводи ”Ҳукми издивоҷ бо духтароне, ки дар интернет "хиёнат" мекунанд”, якҷониба ва дар доираи қолабҳои гендерӣ таҳия шудааст. Дар мавод дар бораи робитаи интернетии занон сухан меравад ва дар он ҳуқми қотеи маҳкумкунанда аз ҷониби мард – аз номи дин нисбати занон омадааст. Иқтибос: “Яке аз хонандагони ин торнамо савол додааст, арӯсшавандаи ӯ ҳангоми набуданаш дар Ватан тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо бачаҳои бегона шинос шуда, ҳатто аксҳои худро низ ба онҳо фиристодаву бо телефон суҳбат кардааст ва аз ин рӯ мехоҳад, ҳукми издивоҷ карданаш бо ин духтарро аз нигоҳи Ислом бифаҳмад. Ин торнамои исломии кишвар дар посух навиштааст, “издивоҷ кардан бо чунин духтарон ҷоиз нест.” Вале муаллиф саволи “агар мардон чунин рафтор намоянд, онҳо бояд чӣ гуна қазоват шаванд?” - ро ба миён напартофтааст, то дидгоҳи хонанда таконе бихурад.

Арзёбӣ:  Мардон (ба истиснои ахбори ҷиноӣ 6 мавод аз 57 ), мусбат инъикос шудаанд. Дар матолиб оид ба занон аз 5 мавод дар 4 ҳолат  оҳанги манфӣ  дорад. Мардон чун сиёсатмадор, роҳбар, ҳуқуқшинос, қаҳрамонони варзиш, пешниҳол шудаанд, занонро танҳо марг, ашон боиси таваҷҷуҳ гардидааст.

Аз ин маводҳо хулоса кардан мумкин аст, ки дар Тоҷикистон занон дар ҷомеа танҳо  дар ҳолати сар задани ҳангомае (ҳаҷҷи ситораи санъат, худкушӣ, вафот) метавонанд мавриди таваҷҷуҳ бошанд.

Хулоса: мувозинати гендерӣ аз нигоҳи миқдор ва муҳтаво комилан риоя нашудааст.

Дар  маводи “Мастер Исмайл дар бораи гадоӣ, бенамозӣ ва номардиҳо”  банди 2 “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Сареҳияти ахбор”, ки дар он чунин омадааст: “Сарлавҳа ва акс бояд маънои гузоришро   ифода кунанд”, риоя нашудааст.  Ҳарчанд дар сарлавҳа калимаҳои               ”гадоӣ, бенамозӣ ва номардиҳо” омадааст, муҳтаво дар ин мавзуъҳо боре надорад.

Дар матолиби дигар меъёрҳои одоби рӯзноманигорӣ риоя шудаанд.

Тавсия:

  • Оид ба масоили гендерӣ, поймол шудани ҳуқуқи занон бояд мунтазам мавод интишор гардад;
  • Дар матолиб бояд фаъолияти занон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа бештар инъикос ёбад;
  • Маводҳое, ки дар бораи занони пешқадам ва муваффақ нақл мекунанд, бояд  мунтазам нашр гарданд.

www.ruzgor.tj :

Сомонаи мазкур дар давоми ҳафта  33 мавод интишор намудааст. Маводҳо њамчунин аз сомонаи «Озодӣ», “Би-би-си”, http://tajik.irib.ir/ http://president.tj бознашр шудаанд.

Шумораи умумии аксҳо 33.  Дар аксҳо дар 11 маврид мардон, дар 6 маврид занон, дар 4 акс якҷоя  тасвир  шудаанд.

Арзёбӣ: Ҳам мардон ва ҳам занон мусбат тасвир шудаанд.

Сарлавҳаҳо: Дар 12 сарлавҳа номи мард ва дар 2 сарлавҳа номи зан омада аст. Дар 2 сарлавҳа ишора ба ҷинс (зан ) омадааст.

Арзёбии ҷинсҳо дар мавриди ном куллан мусбат ва муодил аст. Вале аз аз ду сарлавҳа яке (“Парвандаи ҷиноӣ алайҳи шавҳари Шаҳлои ҷавонмарг”), оид ба худкушии зан аст. Сарлавҳаи дуюм бо номи зан (“Муҳаббати Юсуф: Наср осори ҳаёт аст”), ба фаъолияти эҷодии нависанда марбут мебошад. Дар мавриди ишора ба ҷинс низ оҳанг муодил аст, вале аз ин ду мавод (“Ҷаласаҳои сайёри Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ оғоз гардиданд”, ”Танфурӯшҳои "ботаҷриба" духтарони ҷавонро аз Қубодиён ба Дубай мебурданд”), боз ҳам яке оид ба ҷиноят аст ва дар ин маврид ҳам ҷинояткор ва ҳам қурбонӣ занон ҳастанд.

Муҳтавои маводҳо: Дар 14 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 2 мавод аз фаъолияти занон  меравад. Дар 6 мавод мардону занон якҷоя омадаанд.

Аз маводе, ки фаъолияти мардонро дар бар мегирад, 6 -тоаш, ки  аз ахбори ҷиноӣ мебошад,  оҳанги манфӣ дорад.

Аз 5 маводе занон  маркази таваҷҷуҳ қарор гирифтаанд, (“Муҳаббати Юсуф: Наср осори ҳаёт аст”, ”Ҷаласаҳои сайёри Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ оғоз гардиданд”, ”Танфурӯшҳои "ботаҷриба" духтарони ҷавонро аз Қубодиён ба Дубай мебурданд”, “Парвандаи ҷиноӣ алайҳи шавҳари Шаҳлои ҷавонмарг”, “Гиромидошти "Бонуи ғазал"-и Эрон дар Душанбе”), 2 -тоаш дар мавзуи хушунат ва ҷиноят нисбати занон иншо шудаанд. Як хабари хурд (“Ҷаласаҳои сайёри Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ оғоз гардиданд”), оҳанги муодил дорад ва аз фаъолияти  Кумитаи кор бо занон дарак медиҳад. 2 маводи муфассал аз рузгори занони эҷодкор ёдбуди Симини Беҳбаҳонӣ ва муаррифии китоби нависанда Муҳаббати Юсуф ва осори дигари ӯ нақл мекунад. Ин ҷо образҳо  комилан мусбатанд, вале боз ҳам як ин занҳо бо сабаби вафоти мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.

Аз 6 маводе ки он ҷо дар бораи зану мард якҷоя сухан меравад, 1 -тояш (“Маркази тестӣ: "Тағо" имсол аз имтиҳон нагузашт”), аз ҷумла  аз ҷиноят ҳам сухан меравад.  Ва ҳарчанд гирифтани пора дар байн кормандони макотиби олӣ факти нодире нест, муаллиф танҳо дар ин маврид номи занонро овардааст. Иқтибос: “Мусоҳиби мо тавзеҳ кард, ки ин парванда марбут ба аъмоли Раъно Раҷабова дар ду соли пеш аст. Аммо дар “мавсими имсола” то ҳол танҳо ду нафар ба “шаст”-и Оҷонсии  зиддифасод афтодаанд: корманди филиали Донишгоҳи давлатии иқтисод, омор ва информатикаи Маскав дар шаҳри Душанбе Лӯъбат Нодирова ахиран дар ҳоле боздошт шуд, ки аз шаҳрванди Тоҷикистон Баҳриддинова 1500 доллар ришват мегирифт. Аз ин пеш устоди Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон Гулчеҳра Холиқова дар ҳоли дарёфти 11 ҳазор доллар пора барои дохил кардани довталаб Исоев ба Донишгоҳи тиббӣ аз хешованди ӯ сокини ноҳияи Зафаробод Баротова дастгир шуда буд”.

Арзёбӣ: муҳтавои маводҳо ҳам дар бораи мардон мусбат, дар бораи занон  муодил аст.

Хулоса: аз нигоҳи миқдору муҳтаво занону мардон  нобаробар инъикос ёфтаанд. Мардон дар самти фаъолият сиёсат, эҷод, ҳифзи ҳуқуқ ва занон бештар дар ҳолатҳои фоҷеа, марг ва ҷиноятҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтаанд.

Эрод: Ҳарчанд сомона рубрикаи хосса дар мавриди занон дорад, вале тайи ду ҳафтаи охир чизе он ҷо интишор нагардидааст.

Тавсия:

  • Рубрикаи “Зан ва ҷомеа” ҳарчанд иқдоми хуб аст, вале худи ном тобиши онро медиҳад, ки зан бахши таркибии ҷомеа нест.  Пайдо кардани номи тоза ин ҷо мувофиқи мақсад аст.
  • Хуб мешуд, агар дар ин рубрика маводҳо мунтазам нашр мегардиданд.
  • Ба бештар дар мавзуи занони фаъол нашр кардани мавод диққат дода шавад.
  • Оид ба рўзгори занон, мушкилот ва масоили рўзмарраи онон нашри матолиби таҳлилӣ мувофиқи матлаб аст.

Дар матолиб меъёрҳои одоби рӯзноманигорӣ риоя шудаанд

Pressa.tj:

За данный период в сайте опубликовано 113  материалов. Сайт несет информационный характер и все материалы –  официальные краткие сообщения.

В оформлении каждого сообщения использовано 1 фотография.

Из них мужчины: 49, женщины: 2,  вместе: 6. Все фотографии оцениваются  положительно и  нейтрально.

Заголовки: общее количество: 113. с мужскими именами: 18, с женскими именами: 0. вместе: 2, ссылка на пол:  6.

Все заголовки  оценены, как  положительные и нейтральные. Ссылки на пол все из криминальной хроники.

Содержание: В 80  материалах отражается деятельность мужчин, в 2  деятельность женщин, в 7 вместе. В  6 -и  сообщениях имеется ссылка на пол.

Оценка: Все материалы о деятельности мужчин и где фигурируют женщины, а так же где отражены и мужчины и женщины, несут положительный и  нейтральный оттенок. В 6 сообщениях, где речь идет о мужчинах, информация о правонарушениях. Из  в одном речь идет о встрече иностранных гостей. Только один  материал содержит информацию о деятельности женщин: «Команда «Ласточка-РШВСМ» стала победительницей республиканского турнира». Здесь сообщается о женской футбольной команде. Все материалы, где имеются ссылка на пол, из криминальной хроники, в 11 -х из ссылка на мужчин, в 1-м на женщину.  Нет ни одного материала на тему женских проблем, гендерной политики страны.

Заключение: Нарушение гендерного баланса наблюдается в количественном представлении материалов, однако в плане содержания отдельных статьей этот баланс соблюдается.

Нормы этики журналистики не нарушены.

Рекомендации:

•          Обратить особое внимание на отражение гендерной политики правительства  страны;

•          Опубликовать материалы о деятельности передовых женщин;

•          Сотрудничать с Комитетом по делам женщин и семьи и НПО, которые занимаются гендерными проблемами, женскими журналами для получения информации по данным вопросам.

Эрод ба ҳамаи сомонаҳо: Аз баррасии сомонаҳо таассуроте ҳосил мешавад, ки занон дар Тоҷикистон ё аслан зиндагӣ намекунанд ё агар бошанд, рӯзгори пинҳоне доранд ва оммаи мардум дар ин бора иттилоъ надорад. Инчунин мавҷудияти сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти зиёди мақомоти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятии ватанӣ ва хориҷӣ дар кишвар, ки ба ин самт равона шудаанд, аз доираи инъикоси ВАО- и зери таҳлил берун мондаанд. Занон барои ба таваҷҷуҳи ВАО “шарафёб” шудан ё бояд фоҷеабор бимиранд (масалан худкушӣ кунанд), рабуда шаванд, ё худ қаҳрамон ё ситора шаванд. Дар ин мавридҳо ҳам онҳо танҳо ба як ахбори кутоҳ “мушарраф” мегарданд, зеро атрофи ҳатто ҳолисаҳои фоҷеабор чун худкушӣ маводи таҳлилие барои ошкор кардани сабабу оқибатҳои ҳодиса таълиф нагардидааст.

 

 

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер