gazetНигоҳ”,  ( 23 (405), 27.08. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 30. Мардон - 20, занон- 3, якҷоя - 1.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон, мусбат ва нейтрал аст.

Сарлавҳаҳо: шумораи умумӣ: 21. Бо номи мардон -7, бо номи занон -0, ишора ба ҷинс – 0.

Арзёбӣ: Ҳамаи сарлавҳаҳо тобиши мусбат ва муодил доранд. Танҳо як сарлавҳа –«Соли роҳҳои нообод» тобиши манфӣ дорад. Дар он сухан аз роҳи пурхоки ҷамоати Ошоба меравад.

Муҳтаво: Дар 10 мавод дар бораи фаъолияти мардон, дар 1 мавод фаъолияти занон, сухан меравад.

Арзёбӣ: Дар ҳамаи маводҳо мардон мусбат ва тимсоли  қудрат тасвир шудаанд. Масалан, дар маводҳои «Помидори Зайниддин», «Меҳралӣ Тошмуҳаммадов, шахсе, ки тарҳи сулҳи тоҷиконро кашид», мардон симои мусбат доранд. Дар бораи занон маводи  махсус   нест.  Танҳо дар саҳифаи 15 дар як гӯшаи нонамоён бо ҳарфҳои хеле хурд шеъри Муъмин Каноат «Модар» чоп шудааст, ки симои модар мусбат тасвир шудааст.

Хулоса: Мувозинати гендерӣ на дар истифодаи суратҳо, на дар муҳтавои  ҳафтанома, мавҷуд нест.

Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон риоя шудаанд.

Тавсия: Хуб мешуд, дар ҳафтанома дар бораи занони муваффақ ё проблемаҳои  занон маводҳо нашр мегардид. Ин як навъ мусоидат ба татбиқи сиёсати гендерӣ дар ҷомеа мегашт.

«Тоҷикистон”,  (35 (1077),  28.08. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 37. Мардон- 14, занон- 8, якҷоя -3.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон мусбат, манфӣ ва муодил (нейтрал) аст. Дар як  расм симои зан манфист (саҳ. 8). Инчунин  як расми крикатурии мард (саҳ. 16) низ ҷой дорад.

Сарлавҳаҳо: шумораи умумӣ: 38. Бо номи мардон -4, бо номи занон -2. Ишора ба ҷинс  -0.

Арзёбӣ: сарлавҳаҳо дорои тобишҳои муодил, манфӣ  ва мусбатанд.

Муҳтавои маводҳо:

Дар 10 мавод фаъолияти мардон, дар 7 мавод фаъолияти занон ва дар 3 ҳолат  якҷоя инъикос ёфтааст.

Арзёбӣ: Маводҳое, ки дар бораи мардонанд, тобишҳои гуногун – манфӣ, мусбат ва муодил доранд. Аз ҷумла, «Лётчики «Тоҷик Эйр» баландтарин парчами дунёро сархам кард», «Умаралӣ ба даст афтод», «Чапкан» –говдузди машҳур ба даст афтод», «Милисаи салафиро суд мекунанд» тобиши манфӣ доранд.

Маводҳое, ки ба мавзӯи зан дахолат кардаанд, аз 7 мавод 3 - тоаш симои занро манфӣ тасвир кардаанд. Дар ин маводҳо зан  порагир («Дар Донишгоҳи давлатии Маскав  ҳам пора мегиранд»), бадахлоқ, танфурӯш («Хамсари  президент чӣ гуноҳ дорад», “Охирзамон ё танфурӯшӣ бемории азалист?») тасвир шудааст. Дар хабари «Зани оҳанин»-и Тоҷикистон ҷоиза гирифт» сухан аз дар ҷашнвораи «Садои занон» соҳиби ҷоиза гаштани филми «Паси фармон» меравад. Каҳрамони ин филм Нигора сокини шаҳри Хуҷанд аст, ки баъди ба муҳоҷират рафтану пул нафиристодани шавҳараш худаш зиндагиашро беҳбуд мебахшад, ба касби таъмиргари чархи мошин машѓул мегардад. Ин хабар тобиши мусбат дошта, дар он зан чун соҳибтадбир тасвир шудааст. Дар хабари дигар –«Худкушии модари ду фарзанд» зан нотавон тасвир гашта, ҳаёташ ба таври фоҷиавӣ – худкушӣ анҷом ёфтааст.

Хулоса: Дар ин шумораи ҳафтанома ба мавқeи зан бештар таваҷҷуҳ кардаанд. Аз нигоҳи муҳтаво қариб, ки мувозинати гендерӣ риоя шудааст.

Меъёрҳои одоби журналистӣ дар ҳамаи ҳолатҳо риоя шудаанд.

Фараж”, ( 35 (404), 27.08. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 47. Мардон – 22, занон – 2, якҷоя – 3.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон  мусбат ва нейтрал аст. Танҳо як расми крикатурӣ ҷой дода шудааст.

Сарлавҳаҳо: Шумораи умумӣ: 26. Бо номи мардон – 1, бо номи занон – 1, ишора ба ҷинс – 0.

Арзёбии мардон манфӣ («Асозода!!! Мардумро накушед!») ва занон («Мурдаи Почомуллоеваро ба Ватан овардан шармандагии «Тоҷик –Эйр буд?»),  муодил  аст.

Муҳтаво: Дар 14 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 2 мавод дар бораи занон ва дар 3 маводи дигар дар қатори мардон андешаҳои занон низ оварда шудаанд ва  дар 1 мавод дар бораи ҳар ду ҷинс  меравад.

Арзёбӣ: Маводҳо дар бораи фаъолияти мардон  тобишҳои гуногун доранд: мусбат, манфӣ ва муодил.  Масалан, дар маводҳои «Асозода!!! Мардумро накушед!», «Рўзи шанбе «Рўзи қабули шаҳрвандон аст , ё рўзи истироҳати мансабдорон дар дохили кабинет», фаъолияти мардон тобиши манфӣ дорад. Дар маводи якҷоя – «Никоҳ ва имом- хатиб» андешаҳои коршиносон оварда шудаанд, ки дар қатори 4 мард 2 зан низ андешаашонро баён кардаанд. Дар маводҳое, ки  дар мавзўи зан дахл кардаанд –дар яке зан бо вуҷуди ба мушкилоти зиёд дучор шуданаш мубориз («Мурдаи Почомуллоеваро ба Ватан овардан шармандагии «Тоҷик –Эйр буд?») ва дар дигаре – «Арафа», зан нодор тасвир шудааст.

Хулоса: Мувозинати гендерӣ  на аз нигоҳи шумора ( 22 акси мард ва 2 акси зан)  ва на аз нигоҳи муҳтаво (14 мавод дар бораи мардон ва 2 ҳолат занон) дида намешавад.

Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон риоя шудаанд.

Чархи гардун”, (35 (939), 27.08. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 54. Мардон – 20, занон – 12, якҷоя – 6.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон, ба истиснои 2 акс, мусбат ва муодил аст. Дар он 2 акси манфӣ дар яке саҳнаи маҳрамонаи вохӯрии зан ва мард (мулло) ва дар дигаре зан ва ҳалқаи дор акс ёфтаанд.

Сарлавҳаҳо: шумораи умумӣ: 34. Бо номи мардон – 5, бо номи занон – 4, ишора ба ҷинс – 1.

Арзёбии  мардон дар мавриди истифодаи ном манфӣ («Ба Шуҳрат Ќудратов айби нав эълон карданд», «Муҳофизи Ислом Каримов худро парронд»), мусбат («Духтари гадо»-и Мастер Исмайл») ва ишора ба ҷинс – як ҳолат(«Симини Беҳбаҳонӣ баробари сад мард ҷасорат дошт»), мусбат  аст.

Муҳтаво: Дар 15 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 7 мавод дар бораи зан ва дар 2 мавод дар бораи ҳар ду ҷинс  меравад.

Арзёбӣ: Дар 7 ҳолат дар бораи мардон арзёбӣ (ахбори ҷиноӣ) манфист, аз 7 мавод дар бораи занон  4 ҳолаташ манфист. Аз  ҷумла дар маводи «Бахтибону 150 000 доллари «Корвон»- иёнро намедиҳад», симои зан ҳамчун фиребгар таҷассум ёфтааст. Дар маводи «Симини Беҳбаҳонӣ баробари сад мард ҷасорат дошт», шоираи эронӣ –Симин чун зани тавоно, ҷасур тасвир шудааст ва симои мусбат дорад. Дар мақолаи таҳлилии Гулҷаҳон Ќодирова «Ба модари тоҷик чӣ шудааст?», мавзўи доѓи рўз худкушии занон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Муаллиф менависад: «… дар сайти jarayon.com маводе оиди ин мавзўи доѓ бо номи «Нофаҳмӣ дар Ватан ва мушкилот дар муҳоҷират аксари занони тоҷикро ба худкушӣ тела медиҳад» омадааст,  сабабҳои асосии ба худкушӣ даст задани занони тоҷик  ин камбизоатӣ, буҳрони молӣ, сатҳи пасти зиндагӣ, набудани ҷойи кори дурусту маоши хуб нобаробарии иҷтимоӣ, ҷанҷолҳои оилавӣ, шумораи афзоиши талоқ, стресс ва набудани дастгириву пуштибонӣ аз ҷониби шавҳарон  гуфта мешавад». Дар ин мавод симои зан чун мутеъ, нотавон, гайрифаъол тасвир шудааст. Инро хонанда дар мисоли  Шаҳло Рустамхоҷаеваи 25-сола, ки ба қарибӣ дар шаҳри Душанбе худро ба дор овехт, дарк мекунад. Шаҳло дар номаи пешазмаргиаш шавҳарашро гунаҳгор медонад, яъне хушунати хонаводагӣ боз як занро ба пояи дор бурд. Дар ин мавод тобиш муодил аст.

Хулоса: Мувозинати гендерӣ  аз диди шумора ( «20 акси мард ва 12 акси зан )ва  аз диди муҳтаво (15 мавод дар бораи мардон, 7 мавод дар бораи занон) риоя нашудааст.Дар маводҳои «Саҳнаҳои шаҳват» ва «Ба модари тоҷик чӣ шудааст? як навъ маҳкумкунӣ дида мешавад.

Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон халалдор нашудаанд.

Азияплюс” ( 63 (946), 21.08.2014):

Общее количество фотографий: 71. Мужчины: 31, женщины: 6, вместе: 10.

Все фотографии оцениваются  положительно и  нейтрально.

Заголовки: общее количество: 50. С мужскими именами: 10, с женскими именами: 0, ссылка на пол:  2, вместе: 0.

Все заголовки  оценены, как  положительные и нейтральные. Заголовки с мужскими именами кроме 1 (криминальная хроника) относятся к миру политики, спорта. Ссылки на пол: 1 касается мужчине из сферы политики, 1 женщинам по тематике миграции.

Содержание:  В 31 материалах отражается деятельность мужчин, в 2 совместно. Не в одном материале женщина в отдельности не фигурирует. Ссылка на пол в 1 материале, женщина. 2 материала посвящена женской тематике. Одно сообщение «Активная фаза конкурса «Фарах – 2014», относится вопросам  женского предпринимательства, несет информативно-рекламный характер м рассказывает о ходе конкурса среди женщин предпринимателей. Во второй  статья «Почему таджикские женщины оставляют детей государству», поднята проблема женщин мигрантов и  судьба их детей. Статья в гендерном плане гармонична, и в конце даны статистические данные по миграции в гендерном разрезе.

Оценка: Все материалы о деятельности мужчин  несут положительный оттенок.  Из общего количества  4 материала связаны с криминальной хроникой.  Этот номер отличается от предущих номеров отсутствием какого либо материала, где бы фигурировала женщина. Два материала, которые затрагивают женских вопросов («Активная фаза конкурса «Фарах – 2014», “«Почему таджикские женщины оставляют детей государству»), в общем плане нейтральны, однако во второй статье и в заголовке и в содержании женщина отражена негативным оттенком и несет также оттенок осуждения. Хотя автор приводит и мнение женщины, однако нет параллели между  ответственности отцов наряд с матерям за судьбу их детей. Более того, высказывание директора школы интерната и журналиста имеют обвинительный тон, а женщина как бы оправдывается и таким образом она отражается в невыгодном свете.  Тема женской миграции и судьбы  детей довольно многоплановая, но в данной  она отражена однобоко.

Материалы,  где мужчины и женщины отражаются  вместе, нейтральны.

Заключение: Нарушение гендерного баланса наблюдается в количественном представлении материалов, так же и  содержания отдельной вышеуказанной статьи.

В других материалах нормы этики журналистики не нарушены.

Рекомендации:

•          Больше опубликовать материалы о деятельности передовых женщин;

•          Сотрудничать с Комитетом по делам женщин и семьи и НПО, которые занимаются гендерными проблемами, женскими журналами для получения информации по данным вопросам.

  • В материалах  необходимо отражать гендерный аспект.
  • При отражении проблемных аспектах гендерных вопросов, желательно дать наиболее полный анализ тематики с привлечением специалистов. К примеру, если автор  статьи «Почему таджикские женщины оставляют детей государству» также привел бы мнение отцов, психологов, юристов тема раскрылась бы наиболее полно.

Пайк”,  (34 (59),  27.08. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 28. Мардон -19, занон- 1, якҷоя – 4.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон мусбат ва нейтрал аст ба истиснои 2 расм: яке  крикатурӣ (дар саҳифаи 5) ва дигаре расми мардони ниқобпeши яроқдор (саҳ.8).

Сарлавҳаҳо: шумораи умумӣ: 27. Бо номи мардон – 5, бо номи занон -0, якҷоя – 0. Ишора ба ҷинс – 2.

Арзёбӣ: Дар  сарлавҳаҳо мардон манфӣ, мусбат ва муодил  арзёбӣ шудаанд.

Муҳтаво: Дар 10 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 2 мавод дар бораи зан , дар  1 мавод дар бораи ҳар ду ҷинс  меравад. Дар 2 маводи дигар номи занон оварда  шудааст

Арзёбӣ: Маводҳо дар бораи фаъолияти мардон тобишҳои  манфӣ, муодил  ва мусбат, дар маводи якҷоя  тобиши манфӣ  доранд. Аз ҷумла «Шаҳриёри Давлат кай қонунро риоя мекунад?, «Телевизиони тоҷик зиёнкор аст ё зинокор», мардон манфӣ тасвир гаштаанд. Аз  ду мавод  оид ба занон («Пиразани 60- сола иддао дорад, президент қолинчаи ўро ба Пан Ки Мун додааст» ва «Филме дар бораи Тоҷикистон ҷоиза гирифт»), дар аввалӣ зан симои муодил ва дар дуюмӣ симои мусбат дорад.

Хулоса: Мувозинати гендерӣ  аз ҷиҳати шумора ( 19 акси мард ва як акси зан, бо номи мардон 5 сарлавҳа, бо номи занон 0), ва  аз ҷиҳати муҳтаво (дар 10 мавод фаъолияти мардон дар 2 мавод занон ) риоя нашудааст.

Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон риоя шудаанд.

Минбари халқ”,  (35 (962),  28.08. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 30. Мардон – 19, занон – 1, якҷоя – 5.

шумораи умумӣ: 37. Бо номи мардон – 4, бо номи занон -0, якҷоя – 0. Ишора ба ҷинс – 3.

Арзёбӣ: Дар ҳамаи сарлавҳаҳо мардон мусбат арзёбӣ шудаанд.

Муҳтаво: Дар 10 мавод фаъолияти мардон, дар 3 ҳолат фаъолияти занон инъикос ёфтааст.

Арзёбӣ: Дар ҳамаи маводҳо арзёбии фаъолияти мардону занон  мусбат ва муодил аст.  Дар хабари «Бонувон ҳунари аҷдодӣ меомӯзанд», аз ташкили семинарҳои серўзаи омўзишӣ дар ноҳияи Ѓончӣ маълумот дода шудааст. Дар хабари дигар –«Маърифату озодагии зан – арзандатарин неъмат аст», ки ҷанбаи гендерӣ дорад, оид ба ҳамоиши амалӣ зери  ҳамин мавзўъ дар шаҳри Турсунзода баргузор гардидааст, сухан меравад.  Дар он омадааст: «Беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангиву маънавии занону духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо ва ба фаъолияти сиёсӣ ҷалб намудани ҷавондухтарону занони дорои тафаккури сиёсии замонавӣ, масъалаҳои вазъи иҷтимоии занон, ташаккули ақидаи устувори ҷамъиятӣ ва донишҳои фардӣ, мустаҳкам намудани мавқеи зан дар ҳаёти ҷомеа ва баланд бардоштани амалишавии «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон»" яке аз масъалаҳои ҳамоиши мазкур буданд…”  Дар маводи сеюм «Анъанаҳои миллӣ эҳё мегарданд», сухан аз фаъолияти хуби  занони ҳунарманди Клуби занони «Гулчини Муҳтарама»меравад.  Дар ҳар се мавод симои зан мусбат аст.

Хулоса: Харчанд аз нигоҳи шумора (10 мавод дар бораи мардон 3 ҳолат занон ) мувозинати гендерӣ вуҷуд надошта бошад ҳам, муҳтаво барои татбиқи сиёсати гендерӣ  мусоидат мекунад.

Меъёрҳои одоби журналистӣ дар ҳамаи ҳолатҳо риоя шудаанд.

Наҷот”, (35 (805), 28.08. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 22. Мардон – 10, занон – 1, якҷоя – 0.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон, мусбат ва муодил аст.

Сарлавҳаҳо: Шумораи умумӣ: 27. бо номи мардон -6, бо номи занон – 0, якҷоя – 0, ишора ба ҷинс – 1.

Арзёбии  мардон дар мавриди истифодаи ном мусбат ва муодил  аст.

Муҳтаво: Дар 11 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 1 мавод дар бораи занон меравад ва дар 1 мавод  («Фаъолияти беҳудаи САХА дар Тоҷикистон»), андешаҳои як зан  дар баробари мард оварда шудааст. Дар як маводи дигар, ки аз пайи навиштаҳои корбарони «Озодагон» таҳия шудааст, андешаҳои як зан бо номи «Тоҷикдухтар» дар баробари чанд мард оварда шудааст.

Арзёбӣ: Дар  ҳамаи маводҳо дар бораи мардон арзёбӣ  мусбат ва муодил аст. Дар он  як матлабе, ки Зайнаб Хусайнӣ таҳия кардааст, сухан аз сифатҳое меравад, ки бо доштани онҳо метавонад як зани заиф ба зани тавоно мубаддал шавад. Ин матлаб тобиши мусбат дорад. Дар маводе, ки аз  сомонаи интернетии «Озодагон» зери унвони «Вокунишҳои зиёди довталабон ва талаби истеъфои вазир таҳия шудааст,    дар қатори мардон як зан низ андешаҳояшро  дар боби маҳалчигӣ ва хешутаборбозӣ ҳангоми қабули довталабон ба донишгоҳҳо, аз ҷумла Донишгоҳи тиббӣ  иброз намудааст. Дар ин мавод симои зан тобиши муодил дорад.

Хулоса:  Мувозинати гендерӣ чи  аз диди шумора , яъне 11 мавод дар бораи мардон ва як мавод оид ба занон ва чи аз диди муҳтаво, риоя нашудааст.

Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон халалдор нашудаанд

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер