donИмсол нахустин бор, дар кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, шурӯъ аз рӯзи аввали таҳсил, телестудияи замонавӣ ба кор оғоз хоҳад кард.

Дилбар Самадова, мудири кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи ин Донишгоҳ дар сӯҳбат бо хабарнигори faraj.tj гуфт, ки ҳадаф аз боз кардани ин телестудия беҳтару хубтар омӯхтани нозукиҳои касби журналистикаи телевизионӣ ва хабарнигории чандрасонаӣ мебошад.

- Барои таъсиси ин студияи телевизионӣ 60 ҳазор сомонӣ ихтисос шудааст ва он бо дастгирии Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд ва Ғафурҷон Усмонов, ректори донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров амалӣ мегардад, - таъкид намуд Дилбар Самадова.

faraj.tj

 

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер