kamarСудяи суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Аҳроров Ш.А парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати журналист Қамари Аҳрорро бинобар нодуруст ва нопурра ба расмият даровардани маводҳо дар ШВКД-и шаҳри Хуҷанд барои пурра ва дуруст кардани маводҳо ба ШВКД-и шаҳри Хуҷанд баргардонд.

Дар таъиноти судӣ гуфта мешавад, ки талаботи қонунгузорӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ риоя карда нашуда, забонхати ҳуқуқвайронкунанда оиди гирифтани нусхаи қарор ҷой надоштааст.

Ҳамчунин, аз маводҳои парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бармеомадааст, ки агарчи доир ба ҳодисаи мазкур аз шоҳидони ҳодиса гузоришҳо гирифта шуда бошанд ҳам, лекин онҳо ба ҳайси шоҳидон пурсида нашудаанду бо муқарарроти моддаи 31 КҲМ ҶТ шиносу огоҳ карда нашудаанд.

Дар таъиноти суд гуфта мешавад, «ислоҳи камбудиҳои зикршуда зимни баррасии парванда ғайриимкон мебошад».

Бинобар ин, суд таъин намудааст, ки «шӯъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷандро зарур аст, ҳамаи камбудиҳои дар боло овардашударо ислоҳ намуда, дар муддати кодекси мазкур пешбинӣ намуда, парвандаи мазкурро барои баррасӣ ба суд ирсол намояд».

faraj.tj

 

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер