dabliБо дастгирии Иттиҳоди Аврупо намояндагии «Институти  инъикоси ҷанг ва сулҳ» (IWPR) дар Тоҷикистон ба журналистони ҷавони вилояти Хатлон меъёрҳои байналхалқии журналистикаро омӯзонд

Намояндагии “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ”, рӯзҳои 21 -22 августи соли 2014,   дар доираи тренинги «Меъёрҳои байналмилалӣ дар журналистика» ба 13 нафар  журналистони ҷавони минтақаи Хатлон меъёрҳои байналмилалӣ ва тарзи навиштани мақолаи таҳлилию хабариро таълим дод.

IWPR бо мақсади омода намудани мақолаҳои касбӣ ва ҳамчунин дар расонаҳои маҳаллӣ кам кардани мақолаҳое, ки муаллифони он ба баҳсҳои судӣ кашида мешаванд, татбиқи меъёрҳои байналмилалии журналистикаро роҳнамоӣ мекунад. Фирӯз Баротов, собиқ хабарнигори Радиои Озодӣ, ҳамчун тренер аз таҷрибаи баҳсҳои додгоҳии ВАО-и дохилӣ ва хориҷӣ ба журналистони ҷавон мисолҳои воқеиро нақл кард.

Дар робитаи мустақим, иштирокчиёни тренинг барои омода кардани мақолаҳои хабарӣ- таҳлилӣ, интихоби мавзуҳои наве, ки барои хонандагони байналмилалӣ ҷолиб бошанд, баҳс намуданд.  Барои иштирокчиёни тренинг бештар аз ҳама омӯхтани нақшаи таҳияи мақолаи таҳлилӣ барои IWPR буд.

«Тайи ду рӯзи тренинги омӯзишӣ бисёр нозукиҳои меъёрҳои байнамилалии журналистикаро омӯхтам, ки минбаъд дар фаъолияти кории худ ин донишҳоро истифода хоҳам бурд. Аз ҷумла, тарзи омода намудани гузориши таҳлилӣ, ташкил ва гузаронидани мусоҳибаи муваффақ ва истифода аз сарчашмаҳои мӯътамадр барои ман хеле фоиданок буд. Хеле хуб мешуд, агар дар оянда барои мо, хабарнигорони ҷавон, чунин тренингҳои омӯзишӣ зиёдтар ташкил карда мешуд. Чунки чунин тренингҳо барои мо роҳ ба сӯи расонаҳои байналхалқиро мекушоянд”, гуфт Низомиддин Исоев, хабарнигори рӯзномаи “Хатлон”.

IWPR  нақша дорад, ки чунин тренингҳоро дар дигар минтақаҳои кишвар низ доир намояд.

Тренинг дар доираи лоиҳаи сесолаи «Тавонмандсозии ВАО ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мусоидат ба ислоҳоти демократӣ дар Тоҷикистон» гузаронида шуд, ки он аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар доираи барномаҳои “Дастгоҳи Аврупо барои рушди демократия ва ҳуқуқи инсон» (EIDHR) дар якҷоягӣ бо Ҳукумати Норвегия ва “Хазинаи миллии рушди демократия” (NED) маблағгузорӣ мешавад.

Лоиҳаи мазкур барои ҳавасмандгардонии ҳамкорӣ байни фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО-и мустақил равона гардидааст. Максади он баланд бардоштани имконоти ВАО-и мустақил барои гузарондани таҳқиқоти журналистӣ ва таҳияи мақолаҳои таҳлилӣ, ҳамчунин ҳавасмандгардонии муколаммаи муассир байни ҳомиёни ҳуқуқи башар, ВАО ва намояндагони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ба хотири ҳалли мушкилоти аввалиндараҷаи иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа мебошад.

faraj.tj

 



 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер