haramХабарнигори маъруф Ҳарамгули Қодир вақти мошинронӣ дар пойтахт, ба садамаи нақлиётӣ дучор шуда, ҷароҳатҳои сабук бардоштааст.

Бино ба қавли худи ӯ, ҳодиса рӯзи шанбеи гузашта 23-юми август дар хиёбони Борбади ноҳияи Фирдавсӣ ба вуқуъ пайвастааст.

"Аз сабаби зиёд будани нақлиёт ва риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, дар хиёбони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, худро гум кардам, сабукрави ман ба Ҷипи гаронбаҳое бархӯрд. Бо розигии соҳибони "Ленд Крузер", тамоми харҷи таъмирро ба уҳда гирифта, феълан мошинро ба дасти соҳибонаш супурдем.

 

Алабатта арзиши мошин гарон буд, як фари он то 500 доллар меистад, аммо соҳибони он ҳам вазъияти молии моро хуб дарк карданд. Аз ҷойе, ки садама рух дод, ман борҳо бо мошин гузаштаам, ноомади кор буд, ки чунин иттифоқ афтод. Дар гардиш шояд каме саросема ҳам шудам...", -мегӯяд Ҳарамгули Қодир.

Вай мегӯяд, дар натиҷаи садама, сараш осеби сабук дидааст ва ба духтур муроҷиат кардааст.

Ҳарамгули Қодир, хабарнигори собиқи ҳафтаномаи "Нигоҳ" феълан дар нашрияи расмии Ҳукумати Тоҷикистон - "Ҷумҳурият" кор мекунад.

tojnews.org

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер