www.ozodi.tj   “Озодӣ”:

aa2Сомонаи мазкур дар давоми ҳафта (43+7 хабар)+42 мавод интишор намудааст. Маводҳо ҳам аз хабар ҳам аз мақолаҳо иборатанд.

Шумораи умумии аксҳо 88.  Дар аксҳо дар 47 маврид мардон, дар 8 маврид занон, дар 9 акс якҷоя  тасвир  шудаанд.

Арзёбӣ: Ҳам мардон ва ҳам занон мусбат тасвир шудаанд.

Сарлавҳаҳо: Дар 15 сарлавҳа номи мард ва дар 3 сарлавҳа номи зан, дар 3 сарлавҳа ишора ба ҷинс омадааст.

Арзёбӣ  дар мавриди истифодаи номи мардон дар ҳамаи ҳолатҳо   мусбат аст. Дар мавриди истифодаи номи занон аз 2 ҳолат (“Номаи пеш аз марги Шаҳло”, “Марги Симин адибони тоҷикро андӯҳгин кард”), ба марги занон вобаста ва 1 ҳолат (“Пиллай: Дар ҷанги Сурия 191 ҳазор нафар ҷон бохтаанд”), ба фаъолияти касбии зан далолат мекунад.

Дар мавриди ишора ба ҷинс он ҳам ба занон ва ҳам ба мардон баробар дахл дорад ва муодил аст.

Муҳтавои маводҳо: Дар 58 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 3 мавод аз фаъолияти занон меравад. Дар 9 мавод фаъолияти якҷояи мардону занон  омада аст.

Аз маводе ки фаъолияти мардонро инъикос менамояд, дар 11 маврид сухан аз  қонуншиканӣ меравад. Аз маводи хосса ба занон бахшида шуда, якеаш ба худкушӣ, дуи дигар ба ахбори ҷаҳон марбут аст.  Дар ин ҳафта 3 маводе нашр гардидаанд, ки масоили мубрами ҳам ба занон ва ҳам ба мардон вобастаро дар бар мегиранд: “Аз Тоҷикистон занон ва ҳам мардон қочоқ мешаванд”, ”Занон -- ҳадафи дашному озори лафзӣ дар кӯчаҳои Душанбе”, ”Ишқи мамнӯи духтари туркман ва писари тоҷик”. Дар ин матолиб масоили ҷомеа воқеан дар шакли мувозинати гендерӣ инъикос ёфтаанд. Ҳарчанд дар мақолаи ”Занон - ҳадафи дашному озори лафзӣ дар кӯчаҳои Душанбе” занон асосан ҳамчун объекти рафтори ношоями мардон, қарор гирифтаанд ин падида тасвир ёфтаанд, ҳолатҳои дар зери таъсири ҷомеа шакли дигар зарар ёфтани тинати занон ва алфози қабеҳ ру овардани онҳо аз доираи баррасӣ берун мондааст.

Дар ”Ишқи мамнӯи духтари туркман ва писари тоҷик” низ як ҷанбаи гендерии масъала рушан шудааст ва ҷанбаи дигари он - никоҳи духтарони тоҷик бо ҷавонони туркман инъикос наёфтааст. Дар ҳар сурат, ин се мақола намунаи хуби масъалагузории гендерӣ арзёбӣ мешаванд. Дар  мақолаҳое, ки аз нигоҳи муҳтаво ҳам фаъолияти мардон ва ҳам фаъолияти занонро дар бар мегирад, дар мавриди истифодаи аксҳо нобаробарӣ ба назар мерасад. Масалан, дар мақолаҳои "Чил ҳунар"-и мақомдорони тоҷик”, ”Ду ҳафта танаффус дар кори кумиссиюни Хоруғ”  акси ҳамсуҳбатони мард ҷой дорад, вале акси занон новобаста ба мақому мартабаашон (раиси Кумита, раиси Кумитаи парлумонӣ, ҷонишини вазир, раиси комиссиён) истифода нашудааст.

Арзёбӣ: муҳтавои маводҳо ҳам дар бораи мардон, дар бораи занон  мусбат ва муодил аст.

Хулоса: Сомона ин ҳафта назар ба ҳафтаи пешин ойид ба масоили занон маводи бештар ва дорои хусуиятҳои таҳлилӣ дошта интишор кардааст, вале дар умум  аз нигоҳи миқдору муҳтаво занону мардон  нобаробар инъикос ёфтаанд.

Дар матолиб  вайрон шудани меъёрҳои одоби рӯзноманигорӣ мушоҳида нагардид.

Тавсия:

•          Дар матолиб ва аксҳо кўшиш карда шавад, ки шумораи чеҳраҳои мусбати занон ва хосса занони фаъоли ҷомеаи тоҷик, бештар бошанд;

•          Оид ба масоили мушкилоти занон маводи таҳлилӣ нашр карда шавад.

www.ozodagon.com “Озодагон”:

Сомонаи мазкур дар давоми ҳафта  98  мавод интишор намудааст.

Шумораи умумии аксҳо:  154. Дар аксҳо дар 70 маврид мардон, дар 30 маврид занон дар 10 ҳолат якҷоя тасвир  шудаанд.

Арзёбӣ: Дар ҳамаи ҳолатҳо ҳам мардон ва ҳам занон, мусбат тасвир шудаанд.

Сарлавҳаҳо: Дар 41 сарлавҳа номи мард, дар 5  сарлавҳа номи зан,  дар 1 сарлавҳа якҷоя ва 2 ҳолат ишора ба ҷинс омадаст.

Арзёбии номҳо дар сарлавҳаҳо оид ба мардон комилан (ба истиснои мавод аз ахбори ҷиноӣ), мусбат  аст, аз 5 сарлавҳа бо номи занон сетояш (“Худдории Tajik Air аз овардани ҷасади Почохонова аз Деҳлӣ ба Душанбе”, ”Симини Беҳбаҳониро нагузоштанд, дар канори Аржану Шомлу "бихуспад", “Даргузашти Симини Беҳбаҳонӣ, “бонуи ғазал”, дар 87-солагӣ”), ба марги занон вобаста аст, дар дуи дигар чеҳраҳои шинохта мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтаанд, (“Файзиннисо Воҳидова: “Гуфта наметавонам, ки тарки Тоҷикистон нахоҳам кард”, “Аксҳои зиёди Фарзонаи Хуршед: То ва баъди зиёрати Каъба”), вале мавод иттилоъ аз фаъолияти ҳирфавии ин занон надорад. Иттилое ки он ҷо номи занонаву мардона якҷоя омадааст (“4 000 сомонӣ ҷарима барои монеъ шудан ба таҳсили Муҳаммаду Манижа”), ҳамчунон ба фаъолияти якҷояи ҷинсҳо марбут набуда, соҳибони номҳои субъекти қонуншиканӣ гардидаанд. Сарлавҳаҳое, ки ба ҷинс  ишора доранд, дутоаш оид ба занон, якеаш муштарак мебошад. Сарлавҳаҳо бо ишора ба ҷинс (“Духтари президент: Бо мо аз саг ҳам бадтар муносибат мекунанд”, ”Худкушии модари ду фарзанд дар кошонаи ҳусни "Фариде"), ҳар ду ба занон марбутанд ва ҳар ду ҳам ба поймол шудани ҳуқуқи занон вобастаанд.

Муҳтавои маводҳо: Дар 69 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 5 мавод аз фаъолияти занон меравад. Дар 5 мавод мардону занон якҷоя омадаанд. Дар 2 мавод ишора ба ҷинс омадааст.

Аз маводҳое муҳтавояш фаъолияти занонанд,  4- тоаш вобаста ба марги занон ва 1- то аз сафари  баҳсбарангези сароянда Фарзонаи Хуршед мебошанд. Дар 1 мавод  (“Наход ҳамватанони ман дар чунин вазъият зиндагӣ кунанд?”), тасвири мушкилоти занони деҳот дар шакли ҳузнангез, бетаҳлил ва яктарафа омадааст.

Арзёбӣ:  Мардон (ба истиснои ахбори ҷиноӣ 9 мавод аз 69), мусбат инъикос шудаанд. Дар матолиб оид ба занон аз 5 мавод дар 4 ҳолат  оҳанги манфӣ  дорад. Мардон чун сиёсатмадор, роҳбар, ҳуқуқшинос, қаҳрамонони варзиш, пешниҳол шудаанд, занонро танҳо маргашон боиси таваҷҷуҳ гардидааст.

Аз ин маводҳо хулоса кардан мумкин аст, ки дар Тоҷикистон занон дар ҷомеа танҳо  дар ҳолати сар задани ҳангомае (ҳаҷҷи ситораи санъат, худкушӣ, вафот) метавонанд мавриди таваҷҷуҳ бошанд.

Хулоса: мувозинати гендерӣ аз нигоҳи миқдор ва муҳтаво комилан риоя нашудааст.

Дар матолиб меъёрҳои одоби рӯзноманигорӣ риоя шудаанд.

Тавсия:

  • Оид ба масоили гендерӣ, поймол шудани ҳуқуқи занон бояд мунтазам мавод интишор гардад;
  • Дар матолиб бояд фаъолияти занон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа бештар инъикос ёбад;
  • Маводҳое, ки дар бораи занони пешқадам ва муваффақ нақл мекунанд, бояд  мунтазам нашр гарданд.

www.ruzgor.tj :

Сомонаи мазкур дар давоми ҳафта  19 мавод интишор намудааст.

Шумораи умумии аксҳо 19.  Дар аксҳо дар 11 маврид мардон, дар 4 маврид занон, дар 1 акс якҷоя  тасвир  шудаанд.

Арзёбӣ: Ҳам мардон ва ҳам занон мусбат тасвир шудаанд.

Сарлавҳаҳо: Дар 4 сарлавҳа номи мард ва дар 2 сарлавҳа номи зан омада аст. Дар 1 сарлавҳа ишора ба ҷинс (зан ) омадааст.

Арзёбии ҷинсҳо дар мавриди ном куллан мусбат ва муодил аст. Дар мавриди ишора ба ҷинс низ мусбат аст.

Муҳтавои маводҳо: Дар 11 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 4 мавод аз фаъолияти занон  меравад. Дар 2 мавод мардону занон якҷоя омадаанд.

Аз маводе, ки фаъолияти мардонро дар бар мегирад, 1 -тоаш, ки  ба куштори рӯзноманигори амрикоӣ  марбут аст, оҳанги манфӣ дорад.

Аз  4 маводе, ки занон дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифтаанд, 1- тоаш ба гумшавии кудак “Сарнавишти номаълуми кӯдаки гумшуда дар Душанбе?” марбут аст. Се  мақолаи дигар (“Қатли як донишҷӯи мусалмон дар Лондон барои ҳиҷоби исломӣ”, ”Симин Беҳбаҳонӣ, ғазалсарои машҳур даргузашт”, ”Номаи пеш аз марги Шаҳло”), дар мавриди марги занон (куштор,фавти табиӣ, худкушӣ), иншо шудаанд. Танҳо як хабари хурд (“Мулоқот бо фаъолзанони минтақаи Рашт”), оҳанги муодил дорад ва аз фаъолияти Кумитаи кор бо занон дарак медиҳад. Маводе, ки он ҷо дар бораи зану мард якҷоя сухан меравад, низ ба ҷиноят марбут аст.

Арзёбӣ: муҳтавои маводҳо ҳам дар бораи мардон мусбат, дар бораи занон  муодил аст.

Хулоса: аз нигоҳи миқдору муҳтаво занону мардон  нобаробар инъикос ёфтаанд. Мардон дар самти фаъолият сиёсат, эҷод, ҳифзи ҳуқуқ ва занон танҳо дар ҳолатҳои фоҷеа ва марг мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтаанд.

Эрод: Ҳафтаи  гузашта дар бораи гум шудани духтарчаи 5 сола  мавод интишор ёфта буд ва дар он духтарча бо номи Осия ёд мешуд, дар ин ҳафта ҳамон кудак Сабоҳат ном бурда мешавад.  Носаҳеҳият хонандаро ба саргумӣ мебарад.  Ном бояд саҳеҳ мешуд, дар ҳоли дунома будани кудак дар маводи баъдӣ бояд шарҳ дода мешуд.

Дар матолиб меъёрҳои одоби рӯзноманигорӣ риоя шудаанд.

Тавсия:

  • Рубрикаи “Зан ва ҷомеа” ҳарчанд иқдоми хуб аст, вале худи ном тобиши онро медиҳад, ки зан бахши таркибии ҷомеа нест.  Пайдо кардани номи тоза ин ҷо мувофиқи мақсад аст.
  • Хуб мешуд, агар дар ин рубрика маводҳо мунтазам нашр мегардиданд.
  • Ба бештар дар мавзуи занони фаъол нашр кардани мавод диққат дода шавад.
  • Оид ба рўзгори занон, мушкилот ва масоили рузмарраи онон нашри матолиби таҳлилӣ мувофиқи матлаб аст.

Pressa.tj :

За данный период в сайте опубликовано 120  материалов. Сайт несет информационный  характер и все материалы –  официальные краткие сообщения.

В оформлении каждого сообщения использовано 1 фотография. Из них мужчины: 44,  женщины: 6, вместе:  10. Все фотографии оцениваются  положительно и  нейтрально.

Заголовки: общее количество: 120. С мужскими именами: 9, с  женскими именами: 0, вместе: 2, ссылка на пол:  5.

Все заголовки  оценены, как  положительные и нейтральные.

Содержание: В 51  материалах отражается деятельность мужчин, в 5  деятельность женщин, в 7 вместе. В  12 -и  сообщениях имеется ссылка на пол.

Оценка: Все материалы о деятельности мужчин и где фигурируют женщины, а так же где отражены и мужчины и женщины, несут положительный и  нейтральный оттенок. Из 6 материалов, где отражают женщин, в 2 речь идет о женщинах иностранках и из них один материал из криминальной хроники (об убийстве женщин), («Вице-премьер Госсовета КНР встретилась с делегацией школьников из Таджикистана», «Брачная ночь со смертельным исходом»).  Все материалы, где имеются ссылка на пол, из криминальной хроники, в 11 -и ссылка на мужчин, в 1-м на женщину.  Нет ни одного материала на тему женских проблем, гендерной политики страны.

Заключение: Нарушение гендерного баланса наблюдается в количественном представлении материалов, однако в плане содержания отдельных статьей этот баланс соблюдается.

Нормы этики журналистики не нарушены.

Рекомендации:

•          Отразить гендерную политику правительства  страны наиболее полно;

•          Больше опубликовать материалы о деятельности передовых женщин;

•          Сотрудничать с Комитетом по делам женщин и семьи и НПО, которые занимаются гендерными проблемами, женскими журналами для получения информации по данным вопросам.

Эрод ба ҳамаи сомонаҳо: аз баррасии сомонаҳо таассуроте ҳосил мешавад, ки занон дар Тоҷикистон ё аслан зиндагӣ намекунанд ё агар бошанд, рӯзгори пинҳоне доранд ва оммаи мардум дар ин бора иттилоот надорад. Инчунин мавҷудияти сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти зиёди мақомоти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятии ватанӣ ва хориҷӣ дар кишвар, ки ба ин самт равона шудаанд, аз доираи инъикоси ВАО- и зери таҳлил берун мондаанд. Занон барои ба таваҷҷуҳи ВАО “шарафёб” шудан ё бояд фоҷеабор бимиранд (масалан, худкушӣ кунанд), рабуда шаванд, ё худ қаҳрамон ё ситора шаванд. Дар ин мавридҳо ҳам, онҳо танҳо ба як ахбори кутоҳ “мушарраф” мегарданд, зеро атрофи ҳатто ҳодисаҳои фоҷеабор чун худкушӣ, маводи таҳлилие барои ошкор кардани сабабу оқибатҳои ҳодиса таълиф нагардидааст.

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер