gazeta

“Нигоҳ”,  (№ 22 (404),  20.08. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 32. Мардон -19, занон- 4, якҷоя - 3.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон, мусбат ва нейтрал аст.

Сарлавҳаҳо: шумораи умумӣ: 21. Бо номи мардон -6, бо номи занон -1, ишора ба ҷинс – 1.

Арзёбӣ: Ҳамаи сарлавҳаҳо тобиши мусбат ва муодил доранд. Танҳо 1 сарлавҳа – «Шаҳрванд ғайриқонунӣ ба муомилоти асъор машғул буд», тобиши манфӣ дорад.

Муҳтаво: Дар 10 мавод  фаъолияти мардон, дар 2 мавод фаъолияти занон, дар 1 мавод фаъолияти якҷояи ҳарду ҷинс инъикос ёфтааст.

Арзёбӣ: Дар ҳамаи маводҳо мардон мусбат ва тимсоли  қудрат тасвир шудаанд. Масалан, дар матлаби Рашид Ғанӣ Абдулло  «Меҳралӣ Тошмуҳаммадов, шахсе, ки тарҳи сулҳи тоҷиконро кашид», аз нақши боризи Меҳралӣ Тошмуҳаммадов (бародарзодаи  нахустгенерали тоҷик Мастибек  Тошмуҳаммадов), ҳамчун шахсе, ки нахустин шуда тарҳи сулҳи тоҷиконро кашид, сухан меравад. Муаллиф менависад: «Баробари ба Хоруғ омадани Ливиу Бота (намояндаи Дабири Кулли СММ) вохӯрии сетарафаи мақомоти давлатӣ, мухолифин ва намояндаи Дабири Кулли СММ баргузор шуд. Иштироккунандагони вохӯрӣ ҳузури худи Меҳралӣ Тошмуҳаммадовро дар ҷаласа амри заруриву ҳатмӣ донистанд.

Чунин вохӯриҳо дар он вақтҳо орому равон намегузаштанд… Тарафайн якдигарро танқиду маломат ва ба ҳар чизе, ки мумкин буду имкон дошт, айбдор мекарданд. Ҳарорати радду бадали каломии тарафайн ба ҳадди аъло расиду ҳеҷ касе аз суханкунандагон дигар ба гуфтаҳои тарафи муқобил гӯш намедоду ҳарферо низ дар бораи пайдо кардани роҳи баромад аз рӯёрӯйӣ ва ҳамдигарнофаҳмӣ намегуфт... Дар чунин як лаҳзаҳои пурташаннуҷ ва барои оромиву субот ва истиқрори нисбии вилоят феълан хатарнок, дар ҳолате, ки дигар ҳеҷ кас гуфтани ҳарферо зарур намедонист, ҳозирин аз Меҳралӣ Тошмуҳаммадов боисрор хоҳиш карданд, ки фикру андешаҳояшро баён  намояд». Хуллас, он таклифу пешниҳодҳое, ки он рӯз ӯ иброз дошт, асоси тарҳи сулҳи тоҷиконро  ташкил дод. Яъне дар ин матлаб нақши Меҳралӣ Тошмуҳаммадов хеле муассир таҷассум ёфта, тобиши  мусбат дорад.

Дар 1 маводи дигар сухан дар хусуси фаъолияти  ғайриқонунии Назаров С., ки дар бозори ноҳияи Муъминобод ба муомилоти асъори хориҷӣ машғул будааст, меравад, ки тобиши манфӣ дорад.  Аз 2 маводе, ки фаъолияти занон инъикос шудааст, дар якеаш аз фаъолияти эҷодии шоираи машҳури эронӣ ва даргузашти ӯ  маълумот дарҷ гардида, аз ашъори ӯ намунаҳо оварда шудааст. Ин мавод тобиши мусбат дорад.

Зери рубрикаи «Тахтаи сиёҳ» номаи шоира Ҳадиса Қурбонова ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон чоп шудааст, ки шоира аз пешниҳод шудани китобаш бо номи «Хатлон» ба Ҷоизаи Рӯдакӣ ва дар овоздиҳӣ бо «ташаббус»-и дастандаркорони Иттифоқи нависандагон нагузаштанаш шикоят кардааст.  Ин нома зери сарлавҳаи «Падаршоҳии Иттифоқи ноиттифоқ» нашр шуда, дорои тобиши манфӣ мебошад. Дар худи ҳамон саҳифа қарори маҷлиси ҳайати таҳрири маҷаллаи «Садои Шарқ» оварда шудааст. Дар он ба маҷмӯаи достонҳои ӯ «Хатлон» баҳои баланд дода, барои дарёфти Ҷоизаи Рӯдакӣ пешниҳод намудаанд. Ин мавод тобиши мусбат дорад. Бояд қайд кард, дар як маврид дар маводи аввала метавонем гӯем, ки фаъолияти мардон тобиши манфӣ ва фаъолияти шоира тобиши муодил дорад.

Дар саҳифаи охир дар рубрикаи «Мангар, ки кӣ мегӯяд…» номи ҳуқуқшинос Ф. Воҳидова дар қатори 6 мард оварда шудааст.

Хулоса: Номаи шоира Ҳадиса «Падаршоҳии Иттифоқи ноиттифоқ» хусусияти маҳкумкунӣ дорад. Дар ҳафтанома мувозинати гендерӣ на аз нигоҳи шумора (10 мавод оид ба фаъолияти мардон ва 2 мавод дар бораи занон) ва на аз нигоҳи муҳтаво, вуҷуд надорад. Бояд гуфт, ки ягон маводи ҷиддӣ дар бораи фаъолияти занон нест.

Дар матолиби шумора Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон риоя шудаанд.

Тавсия: Хуб мешуд, дар оянда дар хусуси фаъолияти созандаи занон низ маводҳо нашр мешуданд. Охир ҷомеа аз марду зан иборат аст ва  қариб дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ занон дар баробари мардон фаъолият доранд. Дар ҳафтаномаҳо бошад, аксаран маводҳо дар хусуси фаъолияти мардон ба нашр мерасанд, аммо фаъолияти занон хеле кам инъикос меёбад. Барои пешрафти ҷомеа ва давлат фароҳам овардани ҳуқуқу имкониятҳои баробари марду зан зарур аст. Дар ин  масъала Барномаи давлатӣ қабул шудааст ва Қарору фармонҳои Президенти кишвар низ ба тасвиб расидаанд.

«Тоҷикистон”,  (№34 (1076),  21.08. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 28. Мардон- 13, занон- 5, якҷоя -4.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон мусбат ва муодил (нейтрал) аст.

Сарлавҳаҳо: шумораи умумӣ: 42. Бо номи мардон -6, бо номи занон -3. Ишора ба ҷинс  -0.

Арзёбӣ:  Сарлавҳаҳо дорои тобишҳои гуногунанд: манфӣ, муодил ва мусбат.

Муҳтавои маводҳо: Дар 15 мавод фаъолияти мардон, дар 5 мавод фаъолияти занон ва дар 1 ҳолат  якҷоя инъикос ёфтааст.

Арзёбӣ:   Маводҳо мусбат, манфӣ ва муодиланд.

Дар маводҳое, ки фаъолияти мардон инъикос ёфтааст, мақолаҳои тобиши манфидошта зиёд дида мешаванд. Масалан, мақолаҳои “Рӯйпӯшкунӣ ҳунар нест…», «Девонаҳои ҳушёр», «Ҳумайнӣ ҳам салафист?», «Муҳофизи Ислом  Каримов худро парронд», «Тайник» бо нашъа», аз он ҷумлаанд. Дар ду маводи аввал сухан аз ҷиноятҳои коррупсионии духтурон меравад ва номи чанд духтур – мардон, оварда шудааст.  Маводҳое, ки дар хусуси фаъолияти занонанд («Марги Симин», «Разбор»-и Тахмина чӣ дод?», «Модари бераҳм», «Олуфтае, ки дарди сӯзанаш даво аст…»), дорои тобиши мусбат ва манфианд.

Зери рубрикаҳои «Қонун ва ҷомеа» ва «Ҳуқуқ" маводҳои «Разбор»-и Тахмина чӣ дод?» ва «Модари бераҳм»  оварда шудаанд, ки  ҳар ду тобиши манфӣ доранд. Дар  яке зан авбош асту дар дигаре модари бераҳм. Дар мақолаи Тиллозода «Шикасти тақдир», зан нопок ва мард – шавҳари зан чун даюс , хушдори зан бошад, хушунатгар тасвир шудаанд.

Хулоса: Дар маводи “Рӯйпӯшкунӣ ҳунар нест…»,  як навъ маҳкумкунии духтурон дида мешавад.  На аз нигоҳи шумора ( 15 мавод дар бораи мардон ва 5 мавод дар бораи занон) ва на аз нигоҳи муҳтаво, мувозинати гендерӣ дар мундариҷаи ҳафтанома ҷой надорад.

Меъёрҳои одоби журналистӣ дар ҳамаи ҳолатҳо риоя шудаанд.

“Фараж”, (№ 34 (403), 20.08. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 39. Мардон – 16, занон – 5, якҷоя – 1. Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон  мусбат ва нейтрал аст, ба истиснои 2 расми карикатурӣ.

Сарлавҳаҳо: Шумораи умумӣ: 26. Бо номи мардон – 8, бо номи занон – 0, ишора ба ҷинс – 0. Арзёбии ҳам мардону ҳам занон  мусбат ва муодил  аст.

Муҳтаво: Дар 19 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 3 мавод дар бораи зан   меравад.

Арзёбӣ: Маводҳо дар бораи фаъолияти мардон  тобишҳои мусбат, манфӣ ва муодил доранд. Масалан, маводҳои  «Кӯлоб: Раҳмонов бо кӣ мушкил дорад?», «Хадамоти оташнишонии  Кӯлоб заиф аст», «Калтакро хӯрад ятим – 4», «Парпиқулов бо корд таҳдид кард», тобиши манфӣ доранд. Дар 3 маводе, ки сухан дар бораи зан меравад, яке маълумот дар бораи шоираи эронӣ Симини Беҳбаҳонӣ ва даргузашти ӯст. Дигаре  хабари  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар робита ба мақолаи «Квотадузд», ки дар «Фараж» чанде пеш чоп шуда буд, мебошад.  Мақолаи пешин  дар бораи Холбоева Дилафрӯз ҳамчун квотадузд  қисса мекард ва оҳанги манфӣ дошт. Дар хабари Агентӣ бошад, бо далелҳо исбот шудааст, ки номбурда пеш аз ҷоришавии квота дар Донишгоҳи тиббӣ таҳсил карда будааст. Дар ин хабар фаъолияти зан – Дилафрӯз тобиши мусбат дорад. Дар саҳифаи 13 номаи зан- модари ҷабрдида – Зебинисо Мадумарова ба раиси Суди Олӣ ва Прокурори генералӣ  оварда шудааст.   Номбурда дар номаи худ аз кирдори ҷинояткоронаи Парпиқулов ном ҳамдеҳаашон, ки ба ӯ ва писараш зарари ҷисмонӣ расонидааст, нақл карда, аз ҳукми суди ноҳияи Ашт норизогӣ менамояд. Нома хусусияти маҳкумкунӣ ва тобиши манфӣ дорад. Дар назарпурсии «Шумо ба адолати судӣ бовар доред?» дар қатори 4 мард, андешаи 1 зан низ оварда шудааст.

Хулоса: Мувозинати гендерӣ на аз нигоҳи шумора ( 19 мавод фаъолияти мардон ва дар 3 ҳолат фаъолияти занон) ва на нигоҳи муҳтаво риоя нашудааст.

Дар матолиби шумора Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон риоя шудаанд.

Тавсия: Хуб мешуд,  дар назарпурсии «Шумо ба адолати судӣ бовар доред?» аққалан назари боз чанд нафар  зани дигар гирифта  мешуд,  чунки аз нуқтаи назари гендерӣ байни андешаронии мард ва зан  тафовут вуҷуд дорад ва ҳам баробарии гендерӣ низ риоя мегардид.

“Чархи гардун”, (№34 (937), 20.08. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 50. Мардон – 19, занон – 13, якҷоя – 1. Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон, ба истиснои 2 акс, мусбат ва муодил аст.

Сарлавҳаҳо: шумораи умумӣ: 36. Бо номи мардон – 6, бо номи занон – 1, ишора ба ҷинс – 0. Арзёбии  мардон дар мавриди истифодаи ном  мусбат ва муодил  аст. Танҳо дар як ҳолат («Раҷаби 14-соларо дар боғ кӣ овехт?») манфӣ аст.

Муҳтаво: Дар 14 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 6 мавод дар бораи зан ва дар 1 мавод дар бораи ҳар ду ҷинс  меравад.

Арзёбӣ: Дар 7 ҳолат («Раҷаби 14-соларо дар боғ кӣ овехт?», «Террористони Турсунзода ҷазо гирифтанд», «Як нафар муҷоҳиди тоҷик кушта шуд», «Қитъаҳои замини ғайриқонунӣ», «Садамаҳои нақлиётии фоҷиабор», «Ҷалби ҷавонон ба равияҳои ғайриқонунии динӣ», «Ҳалокати мусофири ноболиғ дар садамаи нақлиётӣ»), дар маводҳо дар бораи мардон арзёбӣ (ахбори ҷиноӣ) манфист, дар дигар маводҳо, аз қабили «Лутфулло Давлатов: «Ғайбатгӯю ҳасудро одам намешуморам», «Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз иншоотҳои ҷашнии Ҳисор», «Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон» ба табъ расид», мардон қудратманд, олим тасвир шудаанд,  яъне дорои тобиши  мусбатанд.  Аз 6 мавод дар бораи занон, 3 ҳолаташ манфӣ, 2 ҳолат мусбат ва дар матлаби Ҳилолаи Баҳриддин «Оҳе, бар падарат Камаз- Камаз лаънат», ки муаллиф аз мушоҳидаҳояш ду лаҳзаро овардаасту аз зиндагии ду зан қисса мекунад, яке мусбат ва дигаре манфист. Ягона маводе мушкили занон матраҳ шудааст, ин қиссаи Туҳфа Аҳмадова «Дилеро маранҷонед, шояд хонаи Худо бошад», мебошад. Муаллиф аз рӯзгори духтараке бо номи Холида қисса мекунад, ки падару модараш аз рӯйи қолабҳои шахшудаи гендерӣ – «бообрӯ, сари вақт духтарро шавҳар додан» амал карда, ба балоғат нарасида, ӯро ба шавҳар доданд. Холида аз ӯхдаи шавҳардорӣ ва рӯзғордорӣ набаромада, шаттаву шаллоқ мехӯрд, ҳангоми ҳомиладорӣ  азбаски ҳоло ба балоғат нарасида буд, камхуну бемадор гашта, корҳои рӯзғорро карда натавонист, чунон лагаткӯбаш карданд, ки оқибат маъюбу дардманд гашт. Андактар бо кӯмаки Ташкилоти ҷамъиятии «Дилафрӯз»ба худ омад. Ҳоло соҳиби замин аст. Қиссаи талхи  рӯзғори ӯ ягона нест. Мутаассифона, байни занон ҳамтақдирҳои Холида зиёданд. Қисса тобиши муодил дорад.

Хулоса: Дар шумора мувозинати гендерӣ чи аз диди шумора ( 14 мавод аз фаъолияти мардон ва 6 ҳолат занон) ва чи аз диди муҳтаво, риоя нашудааст. Дар матлаби Ҳилолаи Баҳриддин «Оҳе, бар падарат Камаз- Камаз лаънат» маҳкумкунӣ ҷой дорад.

Дар матолиби шумора Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон халалдор нашудаанд.

Тавсия: Хуб мешуд, ки оид ба фаъолияти занон қиссаҳои ибратомӯз бештар чоп мешуданд. Ин иқдом ҳам ба татбиқи сиёсати гендерӣ мусоидат мекард ва ҳам барои занони дар пайроҳаи зиндагӣ дармонда як навъ роҳнамо мешуд.

“Азия – плюс”, (№ 63 (946), 21.08.2014):

Общее количество фотографий: 76. Мужчины: 26.  Женщины: 19. Вместе:  3. Все фотографии оцениваются  положительно и  нейтрально.

Заголовки: общее количество: 51. С мужскими именами: 9, с женскими именами: 1, ссылка на пол: 2, вместе: 0 . Все заголовки  оценены, как  положительные и нейтральные. Заголовки с мужскими именами относятся к миру политики, спорта. Заголовок с женским именем об иранской поэтессе Симин, где сообщается о её кончине. Обе ссылки на пол касаются мужчин и связаны с криминалом.

Содержание: В 34 материалах отражается деятельность мужчин, в 4 деятельность женщин, в 1 совместно. Ссылка на пол в 1 материале.

Оценка: Все материалы о деятельности мужчин  несут положительный оттенок.  Из общего количества  3 материала связаны с криминальной хроникой.  Сообщения, где фигурируют женщины («В Тегеране скончалась писательница Симин Бехбахоне», «Forbes:Модели в Таджикистане получают самую низкую зарплату в  СНГ», «Есть женщины в селе», «10 самых высокооплачивемых спортсменок по мнениюForbes»), в первых 2 оттенок негативный. В одном женщина попала на стр. этого издания в связи со своей кончины, в другом отражается проблема сегрегации на рынке труда. Кроме прочего, Симин Бехбахоне известна как поэт, но в сообщение она представлена писательницей. 2 другие материалы («Есть женщины в селе», «10 самых высокооплачивaемых спортсменок по мнению Forbes»), имеют позитивный оттенок. Первая статья опубликована в рамках проекта PDV и рассказывает о  деятельности женских НПО в селах, а другая представляет информацию об успешных  женщинах в области  спорта. Однако, в статье о победах таджикского спорта «Яхьяев: «Таджикистану удалось разрушить ореол непобедимости корейцев», незаслуженно упущен вклад  спортсменок из Таджикистана, хотя в полосе размещены 2 их фотографии. Тем более, что в составе команды таэквондо Таджикистана очень много  девушек - чемпионов Европы и мира. Корреспонденту следовало отразить и этот аспект темы.

Материалы,  где мужчины и женщины отражаются  вместе, нейтральны.

Заключение: Нарушение гендерного баланса наблюдается в количественном представлении материалов, так же и  содержания отдельной вышеуказанной статьи.

В материалах нормы этики журналистики не нарушены.

Рекомендации:

•          Больше опубликовать материалы о деятельности передовых женщин;

•          Сотрудничать с Комитетом по делам женщин и семьи и НПО, которые занимаются гендерными проблемами, женскими журналами для получения информации по данным вопросам.

•          В материалах  необходимо отражать гендерный аспект.

«Пайк», (№33 (58), 20.08. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 32. Мардон- 18, занон- 1 , якҷоя – 2.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон, ба ғайр аз як расми карикатурӣ,мусбат ва нейтрал аст.

Сарлавҳаҳо: Шумораи умумӣ: 26. Бо номи мардон – 1, бо номи занон -0, якҷоя – 0. Ишора ба ҷинс – 1.

Арзёбӣ: Дар ҳамаи сарлавҳаҳо мардон мусбат арзёбӣ шудаанд.

Муҳтаво: Дар 11 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 1 мавод дар бораи занон меравад.

Арзёбӣ: Аксари маводҳо дар бораи фаъолияти мардон тобиши мусбат доранд. Дар маводҳои тобиши мусбатдошта мардон тавоно, қудратманд арзёбӣ мешаванд. Танхо дар 2 мавод – «Хадамоти оташнишонї барои танқид таъқиб мекунад» ва «Темурмалик фақат ба ҳашар обод намешавад!» фаъолияти мардон манфӣ нишон дода шудааст. Дар ин ду мавод мардон мағрур, худписанд, қасосгир ва хунукназар тасвир шудаанд. Ин ду мавод бо вуҷуди муассир навишта шуданашон, каме хусусияти маҳкумкунӣ доранд. Дар ягона маводе, ки дар бораи занон аст ва масъалаи хушунати хонаводагӣ баррасӣ шудааст, ин навиштаи Барнои Бегмадзода «Занонро фаҳмед…» мебошад, ки тобиши манфӣ дорад.

Хулоса: Дар ин ҳафтанома низ маводи таҳлилии муассир оид ба фаъолияти занон ё масоили ҳалталаби ҳаёти онҳо мавҷуд нест.

Мувозинати гендерӣ на аз ҷиҳати шумора ( 11 бар 1) ва на аз ҷиҳати муҳтаво, риоя нашудааст.

Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон то дараҷае риоя шудаанд.

“Минбари халқ”,  (№ 34 (961),  21.08. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 41. Мардон -11, занон- 0, якҷоя – 5. Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон мусбат ва нейтрал аст.

Сарлавҳаҳо: шумораи умумӣ: 30. Бо номи мардон - 1, бо номи занон -0. ишора ба ҷинс – 2.

Муҳтаво: Дар 13 мавод фаъолияти мардон, дар 1 ҳолат фаъолияти занон, дар 1 ҳолат якҷоя инъикос ёфтааст.

Арзёбӣ: Дар ҳамаи маводҳо арзёбии фаъолияти мардону занон ба истиснои 2 ҳолат, мусбат аст. Аз ин ду ҳолат дар яке – «Сурату сирате, ки аз маънӣ дуранд», муаллиф мулоҳизаҳояшро оид ба вокуниши Ҳ. Сайфуллозода ба мақолаи академики ӯзбек Р. Абдуллоев  иброз доштааст. Дар  навиштаи ӯ маҳкумкунӣ ҷой дорад. Маводи дигаре, ки тобиши маъно ҳам манфӣ ва дар як вақт ҳам муодил аст, ин маколаи донишҷӯ Н. Усмонова «Э духтар, шинос намешем», мебошад. Муаллиф рафтори нохуби баъзе ҷавонони муосирро зери танқид гирифтааст. Андешаҳои ӯ ҷанбаи гендерӣ доранд. Дар ин навъи муоширати ҷавонони имрӯз ӯ духтаронро низ гунаҳгор медонад. Дар маводҳое, ки аз фаъолияти мардон сухан меравад,  мардон уҳдабаро, неруманд, соҳибқудрат тасвир шудаанд ва оҳанги гуфтор тобиши мусбат дорад.

Хулоса: Аз нигоҳи шумора ва муҳтаво мувозинати гендерӣ вуҷуд надорад. 2 мавод: «Сурату сирате, ки аз маънӣ дуранд» ва «Э духтар, шинос намешем», хусусияти маҳкумкунӣ доранд.

Меъёрҳои одоби журналистӣ дар ҳамаи ҳолатҳо риоя шудаанд.

“Наҷот”, (№34 (804), 21.08. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 25. Мардон – 15, занон – 3, якҷоя –2.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон, мусбат ва муодил аст.

Сарлавҳаҳо: Шумораи умумӣ: 25. Бо номи мардон - 4, бо номи занон – 0, якҷоя – 0, ишора ба ҷинс – 0.

Арзёбии мардон дар мавриди истифодаи ном мусбат ва муодил аст.

Муҳтаво: Дар 9 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 1 мавод сухан дар бораи занон меравад ва дар 1 назарпурсӣ («Баҳси мавҷудияти сармояи Б. Занҷонӣ дар Тоҷикистон: ҷониби Ирон ҳақ аст ё Тоҷикистон»), назари як зан дар баробари назари 3 мард оварда шудааст.

Арзёбӣ: Дар ҳамаи маводҳо дар бораи мардон арзёбӣ мусбат ва муодил аст. Танҳо дар як мавод («Шиканҷаҳои собит ва «бегуноҳӣ»-и мақомот»), сухан дар хусуси бар асари шиканҷа ба ҳалокат расидани маҳбусон меравад, ки тобиши манфӣ дорад. Дар он як маводе, ки сухан аз занон меравад, ин пешниҳодоти бахши бонувони шуъбаи суғдии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҳукумати вилояти Суғд аст, ки хостори ҳамкорӣ баҳри беҳтар кардани ахлоқ дар ҷомеа мебошад. Ин мавод тобиши муодил дорад.

Хулоса: Дар ин ҳафтанома низ ягон матолиби ҷиддие, ки маҳз аз фаъолияти занон бошад, нест. Мувозинати гендерӣ чи аз диди шумора (мавод фаъолияти мардон ва 1 мавод бар бораи занон) ва чи аз диди муҳтаво, риоя нашудааст.

Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон халалдор нашудаанд.

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер