fesАкнун шабакаи машҳури иҷтимоии Facebook дар Тоҷикистон бо забони тоҷикӣ дастрас шуд. Яъне дар баробари 50 забони гуногуни ҷаҳон, забони тоҷикӣ низ дар он ҷой гирифт.

Истифодабарандагон акнун метавонанд саҳифаи фейсбукро ба забони тоҷикӣ баргардонанд. То ин вақт онҳо ҳангоми кор дар ин шабака аз забони русӣ ё англисӣ истифода мебурданд.

 

Феълан метавонед ба ҷойи “like” ё “нравится” тугмаи «Маъқул»-ро пахш намоед. Ба ҷойи “comment” бошад, “Шарҳ додан” ва ё барои навиштани “сообщение” “Паёмдон” тарҷума шудааст. Барои навиштани “статус” дар саҳифа «Нав кардани статус»-ро интихоб менамоед.

Айни замон 45 дарсади интерфейси шабакаи Facebook бо забони тоҷикӣ тарҷума шудааст. Аз ин рӯ, Facebook ба ҳар як истифодабаранда имкон додааст, то ба тарҷумаи боқимондаи интерфейси саҳифа кӯмак расонанд.

Асомиддин Атоев, роҳбари Ассотсиатсияи дастраскунандагони интернет дар Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ тарҷума шудани саҳифаи Facebook-ро шарҳ дода, мегӯяд, ки “ташаббуси тарҷума шудани интерфейси Facebook ҳанӯз як сол қабл шурӯъ шуда буд”.

Бино ба гузоришҳо, дар Тоҷикистон 90 ҳазор шаҳрванд аз шабакаи иҷтимоии Facebook истифода мебаранд, ки бештари онҳо ҷавонон мебошанд.

faraj.tj

 


 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер