shodiБа сарусадоҳо дар мавриди саҳифаи фейсбукии раҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон оилаи Шодӣ Шабдолов посухи мушаххас додаанд ва вуҷуд доштани саҳифаеро бо исми худ Шабдолов низ куллан рад намуда, боз шудани чунин саҳифаро бо номаш дар «Фейсбук» кори дасти «фейкҳо»-и интернетӣ хонд.

Шабдолов мегӯяд, ки чунин саҳифа дар торнамои «Фейсбук» надорад ва то ҳол барояш маълум нест, ки аз номи ӯ кӣ сӯйистифода намуда, дар ин торнамо саҳифа боз кардаасту аз мавқеи Ҳизби коммунист суханҳо гуфтааст.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш, замони дар хориҷи кишвар будани раҳбари коммунистон, аз номи Шабдолов саҳифаи шахсие дар торнамои «Фейсбук» пайдо шуда, ба пурсиши виртуалии истифодабарандагон пардохта буд. Дар пурсиш омадааст, ки «агар пагоҳ интихобот шавад, ба ҲКТ овоз медиҳед ё не? Агар овоз надиҳед, пас чаро?».

Бояд гуфт, ки баъди рад шудани ин хабар аз сӯи Шодӣ Шабдолов, писари ӯ Анис Шабдолов низ ин хабарро рад кард ва дар сӯҳбат бо мо дар ин хусус гуфт: «Ягона чорае, ки аз тарафи мо дида шуд - ин танҳо огоҳ кардани истифодабарандагон буд, ки ҳамин саҳифае, ки ба номи падарам Шодӣ Шабдолов кушода шуд, саҳифаи расмии ӯ нест. Ман фикр мекунам, ки дар вақташ мо хабардор шуда, ин масъаларо ошкор намудем. То ҳол ба ягон мақомот шикоят накардаем ва дар оянда низ шикоят бурданӣ нестем. Ба мо танҳо аз «Озодагон» ва «Азия-плюс» занг зада буданд оид ба ин масъала, ки падарам Шодӣ Шабдолов зимнан бо онҳо ҳамсӯҳбат шуда, мусоҳиба карда буданд. Албатта «Фейсбук» кори осон нест ва бисёр мушкил аст шахсияти он нафарро аниқ намудан. Зеро ҳама серверҳои ин торнамо дар хориҷи кишвар аст ва бинобар ҳамин, мо дахолат карда наметавонем».

Метавон гуфт, ки вақтҳои охир сӯйистифода намудан аз исми чеҳраҳои машҳур ва саршинос дар саҳифаи иҷтимоии «Фейсбук» як навъ мӯд шудааст, ки аз ин ашхос ба қавле «фейкҳои фейсбукӣ» ном мебаранд. Таҳлилгарон мегӯянд, ки мақсади ин афрод барангехтани низоъ миёни ҳизбҳо ва амалӣ кардани мақсадҳои худ тариқи саҳифаҳои иҷтимоӣ аст.

Ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов оид ба ин масъала чунин андеша дорад: «Ба назари ман, сабаби пайдо шудани «фейк»-ҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ набудани кафолати амнияти онҳо дар робита ба ақидаҳояшон мебошад. Бидуни шак, «фейк»-ҳо ҳадафҳои мушаххас доранд ва рисолати худро ба анҷом мерасонанд. Таъиноти иҷтимоии «фейк»-ҳо таҳдиду таҳқир ва тӯҳмату буҳтон низ будааст. Одатан «фейк»-ҳо дастуру супоришҳои маъмурияти созмон ё идораи муайянро иҷро мекунанд. Дар баъзе мавридҳо «фейк»-ҳо ба фисқу фасод ва кирдору рафтори ношоиста низ машғул мешаванд».

Аммо Хилватшоҳи Маҳмуд, ки аз корбарони фаъоли саифаҳои иҷтимоӣ аст, оид ба ин масъала чунин назар дорад: «Истифода аз номи ашхоси саршинос дар саҳифаҳои иҷтимоӣ чун одат ва ё анъана қариб дар ҳама кишварҳои пасошӯравӣ вуҷуд дорад ва ба менталитети мардуму идеология, инчунин тарбияи инсонҳо рабт дорад. Ба назари ман, бархе аз афрод мехоҳанд бо истифода аз исму насаби шахсиятҳои намоён, сиёсатмадорон, шуарову уламои маъруф барои худ хол ё баҳои мусбат касб кунанд. Агар аз дидгоҳи дигар бигирем, бо истифода аз ному аксҳои ғайр - «фейк»-ҳо ба афкори омма ба таври худ таъсир расонидан мехоҳанд. Маврид ба тазаккур аст, ки ин барои нахустин бор нест, ки дар шабакаҳои иҷтимоии интернетии Тоҷикистон истифода аз исму насаби шахси дувум огаҳӣ пайдо мекунем. Қаблан ҳам бо номҳои «Ойниҳол Бобоназарова», «Файзинисо Воҳидова», «Раҳматулло Зоиров» ва чандеи дигар «фейк»-ҳо сабти ном шуда буданд ва то ҳол ширкат ҳам доранд. Тибқи қавонини роиҷ дар кишвар ва истифода аз Интернет, дар ҳоли ҳозир танзиму пешгирӣ аз ин кор номумкин ва ҳатто имкон надорад. Аммо агар аз таҷрибаи Русия Тоҷикистон низ «сабақ» бигираду онро дар амал ҷорӣ намояд, шояд истифодаи номҳои ғайр дар интернет манъ гардад».

Зимнан, ҷомеашинос Эраҷ Рамазонов низ оид ба ин масъала чунин иброз кард: «Бояд зикр намуд, ки ба ғайр аз шабакаҳои интернетӣ, ки мо истифода мебарем, ҳоло «Фейсбук»-у дигар шабакаҳои интернетӣ фаъол мешаванд. Планшет низ яке аз технологияҳои муосир ба ҳисоб меравад, ки ба воситаи он мо метавонем маълумоти заруриро дастрас намоем. Гап дар бораи он меравад, ки ҳар як инсони соҳибақл тамоми маълумотҳоро бояд таҳлил кунад. Ман худ аниқ намедонам, ки Шодӣ Шабдолов дар «Фейсбук» саҳифа дорад ё надорад? Аз тарафи «фейк»-ҳо ҳамин гуна маълумотҳо пайдо шуданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳамин шахсият, яъне Шодӣ Шабдоловро пеш аз ҳама ҳуқуқҳояш поймол карда шудааст. Шахсияти «фейк»-ро аз рӯйи технология пайдо кардан мумкин аст».

Вале таҳлилгари масоили сиёсӣ Ҳикматулло Сайфуллозода мегӯяд, ки гумон дорад, ин як амри табиист: «Эҳтимолан дар он кишварҳое низ, ки вориди ин гуна василаҳо шудаанд (манзурам василаҳои электронӣ) ин гуна корҳо ё шӯхиҳо ҷой доштанд. Чунин таҷриба дар кишвари мо ҳам шояд бошад. Ман гумон намекунам, ки дар тамоми нуқоти ҷаҳон ин гуна корҳо сурат гирад. Пас кишвари мо низ метавонад дар ҳамин радиф қарор дошта бошад. Дар радифи кишварҳои бефарҳанг, яъне кишварҳое, ки тасодуфан вориди чунин маҳдуда мегарданд ё ба ҳамин гуна имкониятҳои ноҷоиз дастрасӣ пайдо мекунанд. Пас, вақте ки фарҳанг нест ё дар чунин маҳдуда шакл гирифтааст, ҷомеа ба чунин кирдорҳои бадахлоқона даст мезанад».

Асомиддин Атоев, ки раҳбарии Анҷумани ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад, сабаби мавҷудияти чунин ҳолатҳоро аз беназоратии фазои интернетӣ вобаста медонад. Номбурда мегӯяд: «Барои чӣ «фейк»-ҳо пайдо мешаванд? Барои чӣ мардум дар ҳаёти охираш дурӯғ мегӯяд? Касе ҳаст, ки мехоҳад худашро пинҳон намояд. Мардҳо худашонро зан муаррифӣ мекунанду занҳо мард. Ин як хусусияти инсонист, яъне дурӯғгӯӣ кардан. Дар ин бора чӣ гуфта мешавад? Новобаста аз он, ки «фейк» аст ё воқеист, ҳар як коргар ҳуқуқи худашро дорад. Вақте Шодӣ Шабдолов инкор карду гуфт, ки ин саҳифаи ӯ нест, маълум мешавад, ки дигар нафар кушодааст».

- Муҳити «Фейсбук»-ро компютерҳо идора мекунанд. Имкониятҳои кушодану бастанро низ дорад. Албатта, ҳаст имкониятҳои техникӣ, ки муайян кардану бастанро ба тартиб медарорад. Лекин имконияти техникии муайян кардан на ба ҳама дастрас аст. Ҳамон нафаре, ки «фейк»-ро кушодааст, имконият дорад онро бубандад. Дар худи «Фейсбук» имконияти шикоят бурдан аз ҳамин хел «фейк»-ҳо ҳаст. Фарз кардем, агар аз номи шумо ягон нафар саҳифа кушояду шуморо таҳқир карда бошанд, метавонед аз болои шабака шикоят намоед. Ё худ, хоҳиш менамоед, ки ба шумо кӯмак намоянд барои бастани ин саҳифа,- илова кард А. Атоев.

faraj.tj

 

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер