odnokШабакаи иҷтимоии “Одноклассники” пас аз 1 моҳи масдудият дар Тоҷикистон дубора дастрас шуд.

Истифодабарандагони “Одноклассники”  мегӯянд, аз субҳи имрӯз 21-уми август бе филтшиканҳо ба ин сомона ворид шудаанд.

Ёдрас мешавем, ки 18-уми июли соли равонширкатҳои дастраскунандаи Интернет дар Тоҷикистон дастраси ба шабакаи иҷтимоии “Однокласники”-ро маҳдуд карда буданд.

Шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” яке аз шабакаҳои маъруф дар Тоҷикикистон буда, ба гуфтаи масъулонаш дар Тоҷикистон наздики 500 ҳазор истифодабаранда доранд.  Дар миёни истифодабарандагони интернет дар Тоҷикистон «Одноклассники» аз маҳбубияти хос бархӯрдор буда, дар як рӯз ҳудуди 262 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба ин шабака ворид мешаванд.

Ин рақам нисбат ба истифодабарандагони дигар шабакаҳои иҷтимоӣ ба маротиб зиёд мебошад. Ин дар ҳолест, ки истифодабарандагони шабакаҳои маъруфи ҷаҳонӣ, мисли Фейсбук дар Тоҷикистонто 41 ҳазор нафар ва «ВКонтакте» то 20 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки сензура ё сонсур дар ду соли ахир аз воқеъиятҳои муҳити иттилоотии Тоҷикистон шуда, ҳар сари чанд вақт сомонаҳои маъруфи назири Гугл, Ютюб, Озодӣ, Ейша плас ва Тоҷнюс, бидуни шарҳи расмӣ аз ҷониби мақомот, барои чанд муддат, маҳдуд мешаванд. Дастрасӣ ба видеопортали Ютюб дар Тоҷикистон то ҳол дастнорас аст.

tojnews.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер