Индекси мавод
ВАО дар бораи Шӯро
Мушкили мавҷ ва дар басомади мавҷ пахш кардани барномаҳо сабаб гардид, ки ТВ «СМТ» тайи бештар аз як сол фаъолияташро пурра ба роҳ монда натавонист.
Ҷоизаи вижа барои хабарнигорони кишвар таъсис ёфта, ҳамакнун дар интизори довталабон аст.
Шӯрои ВАО: Ҳалли қазияҳо то додгоҳ
Маҳалгароӣ дар ТВ ва матбуоти Тоҷикистон
Хатлон: Гӯшрас кардани меъёрҳои ахлоқ ба журналистон
Нишасти Шӯрои ВАО дар идораи рӯзномаи «Хатлон»
Аввалин семинари омӯзишӣ дар Симои мустақили Тоҷикистон
Исмоилов: Баррасии парвандаи ҷиноии Исмоилов ба таъхир афтод
Мизи мудаввари журналистон дар «Шарқи озод»
Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ба қазияи Усмонов расидагӣ мекунад
Ҷаласаи навбатии Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон
Мизи мудаввар бо ибтикори Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон
Мизи мудаввари Шӯрои ВАО дар кумитаи телевизион ва радио
Шӯрои ВАО пажӯҳиши нашрияҳои маҳаллиро аз сар мегирад
Ҳамоиши омӯзишии Шӯрои ВАО дар Мастчоҳ
Афсонаи ҳамрайъии журналистони Тоҷикистон ба ҳақиқат табдил меёбад
Доғи
Гувоҳии журналистон дар муҳокимаи Усмонов
Мулоқоти раиси Шӯрои ВАО бо донишҷӯёни ДМТ
Рӯзи байналмилалии одоби касбӣ дар факултаи журналистикаи ДМТ
Таъсиси шабакаи ташкилоти ҳудтанзимкунӣ
Конфронси 13-уми Иттиҳоди шӯроҳои мустақили ВАО дар Маскав
Ҳукми додгоҳ ноодилона аст, шикояти назоратӣ мебояд
Райиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон аз Гурӯҳи мусоидат ҷонибдорӣ мекунад
Ҳамаи саҳифаҳо

Баҳси гарми собиқ депутат бо "Чархи гардун"
26.04.2011
Раҳматкарими Давлат
Гармои баҳс миёни даъвогарон ва масъулини нашрияҳо дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ, шиддати гармои бесобиқаи моҳи апрели имсоларо мемонад.
Ҷави ҳоким дар ин моҷаро тавре шакл гирифтааст, ки рӯзноманигорон дар ин қазияҳо дар баробари худ камтар тарафҳои даъвогар, балки умдатан додрасҳоро дар рӯбарӯи худ мебинанд.
Имрӯз навбати баррасии парвандаи «Чархи гардун» аст. Ин парванда бо даъвои хусусии Сайвалӣ Нуров, собиқ вакили МН алайҳи Муҳаммадалии Мақсадулло, сардабири «ЧГ» боз шудааст. Ба фарқ аз парвандаҳои дигари алайҳи матбуот, ин қазия шаҳрвандӣ нест.
МОҶАРОЕ, КИ НИҲОӢ МЕШАВАД
Вакили собиқи МН дар матлабе зери унвони «Депутати авбошро говсуд мекунанд?» шахсияти худро тӯҳмат ва таҳқиршуда ёфта, хостори боз намудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи Муҳаммадалии Мақсадулло ва дар ҷаласаи ахири додгоҳ хостори пардохти 35 ҳазор сомонӣ ҷуброн низ шуд. Қарор аст додгоҳ субҳи рӯзи чоршанбеи 27-уми апрел дар ин маврид ҳукми худро содир кунад. Ҳоло маълум нест, ки ин ҳукм чӣ хоҳад буд.
Баҳси тарафҳо аз як соли пеш, аз замони баргузории интихоботи МН идома дорад. Муҳаммадалии Мақсадулло, сардабири «ЧГ» мегӯяд, ки ҳадаф аз нашри он матлаб тӯҳмат ва таҳқири шахсияти С. Нуров набуд, балки инъикоси хабари боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи С. Нуров аз сӯи додситонии Хатлон бо иттиҳоми авобшӣ будааст.
Оқои Мақсадулло мегӯяд: «Дар он матлаб ягон осори тӯҳмат ва таҳқир нест, мо аз рӯи факти ҳодиса, яъне кушода шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи Сайвалӣ Нуров мавод ба табъ расонидем. Ва ин ҷо ҳеҷ гуна мавҷудияти тӯҳмат ва таҳқирро намебинам.»
ХУЛОСАИ КОРШИНОСӢ ЧИСТ?
Аммо ҷониби даъвогар иддао дорад, ки дар сарлавҳаи хабар шахсияти ӯ, яъне С. Нуров авбош номида шуда ва таҳқир шудааст. Намояндаи С. Нуров аз изҳори назари худ ба хабарнигорон баъд аз ҷаласаи додгоҳ худдорӣ намуд.
Ин дар ҳолест, ки дар ҷаласаи ахир додраси парванда бо дархости намояндаи ҷониби даъвогар аз шунидани хулосаи коршиносии журналистии матни хабари дарҷшуда дар «ЧГ» сарфи назар кард. Сангин Гулов, коршиноси Шӯрои расонаҳои Тоҷикистон қарор буд хулосаи коршиносии матни хабари дарҷшуда дар нашрияро ба додгоҳ ироа кунад.
Оқои Гулов мегӯяд: «Ҳадаф аз он хабар тӯҳмат ва таҳқири номзад ба вакилии МН нест. Зеро он сарлавҳа ба сурати суолӣ гузошта шудааст. Яъне тасдиқи хабар нест дар он ҷо. Дуввум ин, ки баъди як ҳафтаи нашри ин матлаб, нашрия тасҳеҳ чоп карда ва навиштааст, ки ин ҷо хатои имлоӣ шудааст, яъне бо сабаби техникӣ нохунак афтидааст. Ин нишон медиҳад, журналист пеш аз даъвои он ҷониб, хатои худро эътироф карда ва онро ислоҳ кардааст».
Иноят Иноятов, вакили мудофеъи сардабири «ЧГ» дар суханронии худ дар ҷаласаи охирин гуфт, ин даъво бояд ба сурати даъвои шаҳрвандӣ баррасӣ шавад.

ПАРВАНДАҲОИ ДАВОМДОРИ НАШРИЯҲО

Сабаби кушодани парвандаи ҷиноятии мазкур, аризаи хаттии раиси комиссияи участкаи интихоботии №20 –и ноҳияи Вахш Толиб Хӯҷаназаров гардида буд, ки тибқи шикоятномаи ҷабрдида, номзад ба депутатии Маҷлиси намояндагон Сайвалӣ Нуров рӯзи 28-уми феврал дар ҳудуди участкаи интихоботӣ ва дар ҳузури шоҳидон ӯро латукӯб намудааст.
Сайвалӣ Нуров дар ҳоле алайҳи ЧГ даъво пеш мебарад, ки додгоҳи ноҳияи Бохтар ӯро дар авбошӣ муттаҳам донистааст. Додгоҳ Сайвалӣ Нуровро бар асоси моддаи 237, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне авбошӣ, гунаҳкор дониста, ба пардохти 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 17 ҳазору 500 сомонӣ (наздик ба 4000 доллар), маҳкум кардааст.
Аммо дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ чанд парвандаи дигари алайҳи нашрияҳо, аз ҷумла парвандаи алайҳи «АП» ва муассиси «Пайкон» дар дасти баррасӣ қарор дорад. Ин додгоҳ то кунун парвандаи алайҳи худи «Пайкон»-ро ба нафъи «Тоҷикстандарт» ва парвандаи алайҳи «Миллат»-ро ба нафъи вазорати кишоварзӣ ҳал намудааст.
http://www.ozodi.org/content/article/16794495.html


Дар ин бора раиси тозаинтихоби Шӯрои ВАО Зинатулло Исмоилов, ки ҳамзамон сарварии ягона шабакаи телевизионии мустақили пойтахт ТВ «СМТ»-ро ба зимма дорад, иброз дошт. Оқои Исмоилов, зимни як нишасте, ки ба мавзӯи «Ҳамкории мақомоти давлатӣ ва воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон дар таъмини шафофияти иттилоотӣ» бахшида шуда буд, гуфт ки бо иллати мазкур тайи як соли ахир аз ҷумлаи 46 корманди телевизион дар коргоҳ танҳо 6 нафари онҳо боқӣ мондаасту халос. Бойиси ёдоварист, чорабинии мазкур дар рӯзи озодии баён, бо ташаббуси Комисияи миллии ҶТ оид ба корҳои ЮНЕСКО ва мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон асри 21» сурат пазируфт. Зимнан, дар нишаст хабарнигорони ватанию хориҷӣ, намояндагони дастгоҳи иҷроияи президент ва масъулини ҳукумати кишвар ширкат варзиданд.     

 http://ozodagon.com/khabarho/tojikiston/259-2011-05-04-1057.html

  


Дар ин бора ба «Озодагон» раиси Шӯрои ВАО Зинатуллоҳи Исмоил иттилоъ дод. Мавсуф афзуд, бо мақсади  ҳавасманкунонии журналистон, риояи одоби касбӣ, риояи меъёрҳои ахлоқӣ Шӯрои ВАО барои нахустин бор ҷоизаи худро таъсис дод, ки дар он  тамоми воситаҳои ахбори оммаи кишвар- радио, телевизион, матбуот ва агентиҳои иттилотӣ метавонанд довталаб бошанд.
Ҷоизаи мазкур 3-юми майи соли равон таъсис ёфт ва то 3-юми майи соли 2012 идома хоҳад ёфт. Ба қавли номбурда барои натиҷагирӣ кардан аз фаъолияти як солаи ВАО-и кишвар дар робита ба ноил шудан ба ин ҷоиза комиссияи махсусе таъсис дода шудааст ва онҳо нигоштаҳои ҳаррӯзаи ҳамкасбонамонро натиҷагирӣ мекунанд.
Гуфта мешавад,  минбаъд озмуни мазкури шӯрои ВАО-и кишвар ба беҳтарин журналист  дар ҳамин вақт гузаронида мешавад ва дар он чӣ қадар ки иштирокчиён зиёд бошад, ба манфияти кор аст.
Ёдрас менамоем,  шўрои ВАО-и кишвар 30 октябри соли 2009 таъсис ёфтааст ва   роҳбари ин ниҳод то моҳи апрели соли 2011 ба зиммаи профессор Иброҳим Усмонов  буд.
 http://ozodagon.com/khabarho/tojikiston/278-2011-05-05-1125.html

 

 

17.05.2011 11:49

Нахустин ҳамойиши омӯзишӣ аз силсилаи семинарҳои ихтисосӣ барои журналистон дар Душанбе сурат пазируфт.
 Тибқи иттилои Зинатулло Исмоилов, раиси Шӯрои ВАО дар назар аст, ки тӯли соли 2011 ҳудуди 15 семинар дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Қӯрғонтеппа, Кўлоб, Турсунзода, Панҷакент ва ноҳияҳои Мастчоҳ, Ваҳдат, Рашт гузаронида шавад. Ҳадафи асосии ин чорабиниҳо бештар ба маълумоти рўзноманигорони минтақавӣ расонидани ҳадафҳои «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон" мебошад. Ба сифати тренер дар ин семинарҳо аъзои раёсати Шўрои ВАО  баромад мекунанд.

 Зимнан, дар семинари имрӯза узви шӯро Рустами Ҷонӣ бо намояндагони радиоҳои ғайриҳукуматии шаҳри Душанбе изҳор дошт, ки мақсади асосӣ аз фаъолияти шӯрои ВАО худтанзимкунии фаъолияти журналистӣ буда, ҳалли қазияҳо то додгоҳ мебошад. Намояндагони радиоҳои «Ватан», «Имрўз», «Азия плюс» ва телевизиони «СМТ» ба суолҳои сершумори худ перомуни риоя ва эътирофи "Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон" посух пайдо карданд.

Ёдовар мешавем, ки Шўрои ВАО ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии ғайритиҷоратӣ, ихтиёрӣ, мустақил, машваратӣ ва худтанзимкунии ВАО буда, фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон, санадҳои меъёрии байнулмилалӣ, Оиннома ва Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ мекунад.

http://ozodagon.com/khabarho/tojikiston/432-2011-05-17-06-49-38.html


Заъфи гуногунандешӣ дар телевизионҳои Тоҷикистон, вуҷуд доштани маҳалгароӣ дар бархе аз расонаҳои хабарӣ имрӯз зиёд ба назар мерасад ва ин омил паёмадҳои нохуб дорад, мегӯяд Рустами Ҷонӣ, муассиси рӯзномаи «ИмрӯзNеws».

 Ин ҳарфҳоро ӯ  дар як семинар, ки рӯзи 17-уми май дар толори телевизиони «СМТ» баргузор шуд, иброз дошт. Номбурда қайд кард, ки таҷриба нишон дод, ки барои журналистони мо хусусан барои радиову телевизионҳои Тоҷикистон қабули принсипи этикаи журанилистӣ лозим аст ва  риоя нашудани чунин принсипҳо хонанда ва бинандаро аз ВАО дур мекунад. Рустами Ҷонӣ аз фаъолияти телевизионҳои давлатӣ изҳори нигаронӣ намуда, гуфт «ин телевизионҳо танҳо сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро тарғибу ҷонибдорӣ менамоянд, ҳол он ки онҳо телевизионҳои давлатӣ  ҳастанд ва набояд бо чунин шева фаъолият кунанд, баъзе кормандони ин телевизионҳо тафовути мафҳуми  давлатӣ аз ҳукуматиро дарк накарда, чун пропагандист ҳангоми фаъолияташон фикр мекунанд, танҳо рисолаташон дар ҳамин аст, ки кадом намояндаи ҳукумат, ҳар чӣ ки гӯянд, онҳо бояд ҷонибдорӣ намуда, онро пахш кунанд.» 

 

«Ӯзбак» не ӯзбек бояд бошад

 

Ба гуфтаи Ҷонӣ, дар миёни журналистон ҳангоми пайгирии мавзӯъ низ камбудиҳо ба назар мерасад, ки бархеаш ҳукм бароварда аз доираи меъёрҳои ахлоқиву ҳуқуқӣ берун мешаванд. «Бархе аз хабарнигорон бо як нафар коршинос сӯҳбат мекунад, вале дар маводаш аксари коршиносон ба чунин назаранд гуфта менависанд, ки набояд чунин бошад. Гузашта аз ин мафҳуми узбак дар матбуот зиёд ба назар мерасад. Дар ин шакл ном бурдани як миллати дигар хатост ва онҳое, ки ҳамин гуна ҳарф мезананд инро бояд бубинанд, ки дар вазорати корҳои хориҷа ва ниҳодҳои марбут ин калима чӣ гуна номнавис шудааст, ҳамон тавр истифода баранд. Вақте аз дастовардҳои кишвар ҳарф мезанем, набояд танҳо саҳми миллати тоҷик дар он ҷо гуфта шавад, балки саҳми тоҷикистониён гуфта ном баранд, зеро дар кишвари мо миллатҳои зиёд аз қабили русҳо ва узбекҳо низ кору фаъолият доранд, яъне онҳо низ дар ин ҷо саҳм доранд».

 

Маҳалгароӣ ва ормонҳои миллӣ 

 

Дар ҳамин ҳол Абдураҳмон Абдуманонов, котиби масъули агентии иттилоотии «Ховар»  ва собиқ муовини аввали райиси кумитаи радио ва телевизиони кишвар мегӯяд, вақте телевизионҳо давлатианду аз ҳисоби давлат маблағгузорӣ мешаванд аз ҳамин сабаб онҳо сиёсати ҳукуматро ҷонибдорӣ мекунанд. Номбурда омили  маҳалгароиро  дар ВАО-и кишвар тасдиқ намуд ва далел овард, ки «дар як мақолаи Толибшоҳи Сайидзода, ки номаш дар ёдам нест, маҳалгароӣ дида мешуд…»

 

Нуриддин Қаршибоев, раиси ассотсиатсияи миллии ВАО (НАНСМИТ), бошад бар ин назар аст,  ки воқеан ҳам дар амалияи имрӯзаи мақомотҳои давлатӣ дида мешавад, ки телевизионҳо сиёсати онҳоро ҷонибдорӣ менамоянд, вале дар асл набояд чунин шавад, зеро «телевизинҳо аз ҳисоби давлат маблағгузорӣ мешаванд ва ин пули давлат пули мардум аст, ки аз ҳисоби андоз ҷамъ мешавад, бинобар ин расонаҳои давлатӣ на танҳо сиёсати ҳукумат, балки бояд ба манфиати мардум ва амалӣ гардонидани ормонҳои миллат кор кунанд. Азбаски телевизионҳои давлатӣ тарғиби сиёсати ҳукуматро шиори худ кардаанд, бинобар ин дар онҳо гуногунандешӣ низ ба назар намерасад".

 

http://ozodagon.com/tahlil/guzorish/439-2011-05-17-08-34-25.html#comment-170

  



 Қӯрғонтеппа. 31-уми май. TojNews - Дар шаҳри Қӯрғонтеппа конфронси омӯзишӣ оид ба «Меъёрҳои ахлоқи фаъолияти журналистон дар Тоҷикистон» доир гардид.

Дар конфронси омӯзишӣ Зинатулло Исмоилов - раиси Шӯрои васоити ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шарифи Ҳамдампур - аъзои Шӯрои ВАО-и ҶТ оид ба «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистон дар Тоҷикистон» баромад доштанд.

Дар қисмати дувуми конфронси омӯзишӣ то кадом дараҷа риоя гаштани меъёрҳои ахлоқи фаъолияти журналистон дар минтақа мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Шарифи Ҳамдампур зимни баромади хеш гуфт, ки гарчанде журналистон дар фаъолияти хеш озоданд, вале ин ба онҳо салоҳияти баромадан аз меъёрҳои журналистиро намедиҳад.

- Ҳозир ҳар кас ба сараш чизе омад менависад, 90 дар 100 рӯзномаҳои мо ҳамин хел аст. Журналистони асил мебояд дар асоси факту рақамҳо нависанд. Ёд дорам, дар замони Шӯравӣ барои навиштани мақолаи «Фирор», ки дар «Садои мардум» чоп шуда буд, 4 моҳ дар ҳаҷми 500 саҳифа факту рақам ҷамъ карда будам ва он баъди чоп натиҷаи дилхоҳ дод,- зикр кард Шарифи Ҳамдампур.

Дар рафти баҳсе, ки атрофи риоя гаштани «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистон дар Тоҷикистон» идома дошт, Асалмоҳ Сафарова - муҳаррири нашрияи «Хатлон» гуфт:

- Ду нафар бону, ки худро журналист муаррифӣ намудаанд, шабона ба хонаи раиси ноҳияи ба номи Ҷалолиддини Румӣ рафта, ба ивази худдорӣ аз мақолаи танқидӣ маблағ талаб кардаанд. Ба ҳамин минвол онҳо дар ноҳияи ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ аз роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳия талаби се рӯз таъмини ҷои хоб ва ғизоро доштаанд.

Чуноне, ки аз рафти баҳс баромад, Асалмоҳ Сафарова акси онҳоро дар даст надорад, вале аз куҷо буданашонро медонад ва яке аз онҳоро хуб ҳам дар хотир дорад.

Ҷамъомадагон дар қатори ҷой доштани суистифода аз касби журналистӣ аз он изҳори нигаронӣ доштаанд, ки дар ноҳияҳои Қубодиён, ба номи Носири Хусрав ва як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят раисон муҳаррирони нашрияҳои ҳукуматиро на аз рӯи касбият, балки аз рӯи ба онҳо назик ва содиқ будан таъин кардаанд.

Дар ҷамъбасти конфронси омӯзишӣ масъулин тасмим гирифтанд, ки дар нашрияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ масъулони шаҳру ноҳияҳо ва дигар шахсони масъулро таъкид мекунанд, то бе нишон додани ҳуҷҷати журналистӣ касеро ба ҳайси журналист қабул накунанд.

Зинатулло Исмоилов - раиси Шӯрои ВАО-и ҶТ гуфт, ки ӯ иқдоми дар оянда вохӯрдан бо Ғайбулло Авзалов - раиси вилояти Хатлонро дошта, қисме аз масъалаҳои марбут ба фаъолияти журлалистонро дар минтақа мавриди баррасӣ ва ҳаллу фасл қарор медиҳад.

http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=14788&Itemid=14

 


Душанбе. 28-уми май. TojNews - Мушкилоти риояи меъёрҳои ахлоқӣ дар фаъолияти журналистӣ ва роҳҳои беҳтар намудани сифати журналистикаи муосир дар мизи мудавваре, ки бо ибтикори Шӯрои ВАО-и ҷумҳурӣ дар идораи рӯзномаи «Хатлон» доир гардид, муҳимтарин мавзӯи баррасӣ буд. Дар ин бора ба TojNews аз дафтари кории Шӯрои ВАО хабар доданд.

 

Ба иттилои манбаъ, Зинатулло Исмоилов - раиси Шӯрои ВАО дар оғози ин ҳамоиш иброз дошт, ки мулоқоти бевосита бо журналистони минтақавӣ ба он хотир аст, ки перомуни риояи одоби касбӣ дар нигоштаҳои журналистон ва худтанзимкунии фаъолияти журналистӣ сӯҳбатҳои озод баргузор гарданд.

- Узви Шӯро ва сармуҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» Шариф Ҳамдампур оид ба зарурати қабули меъёрҳои ахлоқӣ ва таҷрибаи дар ин бахш ҳосилгардида суханронӣ карда, таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба риояи тавозуни назарҳо дар навиштаҳои муаллифон махсусан таъкид кард. Қайд гардид, ки маҳз риояи одоби касбӣ манзалати журналистонро боло мебарад ва онҳоро ба нерӯи воқеан қавии иҷтимоӣ табдил медиҳад,- афзуд манбаъ.

Ба гуфтаи манбаъ, дар мизи мудаввар журналистон Сайраҳмон Назриев, Носирҷон Маъмурзода, Давлат Шоҳэътиборов, Асалмо Сафарова, Мурод Сотиев, Умар Камолов ва Латофат Чориева перомуни мушкилоти хабарнигорони минтақавӣ изҳори назар карданд. Ба андешаи онҳо, маҳз риояи меъёрҳои ахлоқӣ ҷиҳати таҳияи маводи босифат замина фароҳам меорад.

- Дар баробари ин таъкид гардид, ки мушаххасан ҷудо будани фаъолияти эҷодӣ аз фаъолияти тиҷоратӣ, риояи эҳтиром ба ҳаёти шахсӣ, ҳифзи манбаи ахбор ва ҳамрайъии касбии журналистон муҳимтарин нукоти Меъёрҳои ахлоқӣ ҳастанд, ки риояи ҳамешагии онҳо дар фаъолияти журналистӣ обрӯи касби рӯзноманигориро боло мебарад. Дар поёни ҳамоиш иштироккунандагони он муроҷиатнома қабул намуданд, ки дар он бо эътирофи Меъёрҳои ахлоқӣ ба риояи одоби касбӣ ва ҳамкории фаъоли ВАО бо мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват шудааст,- гуфт дар охир манбаъ.
http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=14725&Itemid=30

 


Душанбе. 17-уми май. TojNews - Имрӯз аввалин семинари омӯзишӣ аз силсилаи семинарҳои ихтисосӣ барои журналистони ҷумҳурӣ дар толори маҷлисгоҳи телевизиони Симои мустақили Тоҷикистон баргузор гардид. Дан ин бора ба TojNews раиси Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон Зинатулло Исмоилов хабар дод.

 

Ба иттилои манбаъ, узви Шӯро Рустами Ҷонӣ дар сӯҳбати кушоду ошкоро бо намояндагони радиоҳои ғайриҳукуматии шаҳри Душанбе изҳор дошт, ки мақсади асосӣ аз фаъолияти шӯрои ВАО худтанзимкунии фаъолияти журналистӣ буда, ҳалли қазияҳо то додгоҳ мебошад. Намояндагони радиоҳои «Ватан», «Имрӯз», «Азия плюс» ва телевизиони «СМТ» ба суолҳои сершумори худ перомуни риоя ва эътирофи Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон посух пайдо карданд.

Тавре раиси Шӯрои ВАО Зинатулло Исмоилов иттилоъ дод, дар назар аст, ки тӯли соли 2011 15 семинар дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Турсунзода, Панҷакент ва ноҳияҳои Мастчоҳ, Ваҳдат, Рашт гузаронида шавад. Зикр гардид, ки мақсади асосии ин чорабиниҳо бештар ба маълумоти рӯзноманигорони минтақавӣ расонидани ҳадафҳои Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон мебошад. Ба сифати тренер дар ин семинарҳо аъзои раёсати Шӯрои ВАО баромад мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки Шӯрои ВАО ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии ғайритиҷоратӣ, ихтиёрӣ, мустақил, машваратӣ ва худтанзимкунии ВАО буда, фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон, санадҳои меъёрии байналмилалӣ, Оиннома ва Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ мекунад. Муассисони ин созмон Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, АМВАОТ, АМВЭАОТ, Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистон, ҶДММ «Оила», «Азия-Плюс», «Бонувони Тоҷикистон» ва СМТ мебошанд.
http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=14403&Itemid=30

 


08.06.2011 11:39
Баррасии парвандаи ҷиноӣ алайҳи рӯзноманигор Муҳаммадюсуф Исмоилов мавқуф гузошта шуд. Дар ин бора зимни як сӯҳбати телефонӣ, Зинатулло Исмоилов, райиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, ки дар раъси як ҳайате аз хабарнигорони расонаҳо ҷиҳати ширкат дар мурофиаи додгоҳии мазкур ба Хуҷанд рафта буданд, иброз дошт. Номбурда афзуд, шӯрои ВАО, ҳамзамон кулли нашрия ва оҷонсиву хабаргузориҳо, иттиҳодияҳои журналистӣ аз ҷараёни баррасии парванда огаҳӣ доранд ва аз ҳамкори боздоштшудаашон ба таври қонунӣ дифоъ мекунанд.Исмоилов мегӯяд, иллати ба таъхир гузоштани мурофиа дар толор ҳузур надоштани чанд тан аз шоҳидони ҳодиса аст.
Ёдрас менамоем, додгоҳи ноҳияи Ашти вилояти Суғд баррасии парвандаи ҷиноиро алайҳи рӯзноманигори минтақавии ҳафтаномаи «Нури зиндагӣ» Муҳаммадюсуф Исмоилов дар аввали моҳи равон оғоз карда буд. Ҷумъаи Мирзо, сардабири ин ҳафтанома мегӯяд, сабаби ифтитоҳи парвандаи ҷинои алайҳи ҷаноби Исмоилов ба фаъолияти касбии ӯ рабт дорад, зеро хабарнигор матлабҳои интиқодиеро аз вилояти Суғд омода ва нашр мекард. Бояд гуфт, Муҳаммадюсуф Исмоилов  ба таҳқиру тавҳин ва барангехтани низоъи миллию мазҳабӣ дар ноҳияи Ашт муттаҳам шудааст. Номбурда ҳанӯз моҳи ноябри соли 2010 боздошт гардида, то ин замон дар боздоштгоҳи муваққатии вилояти Суғд ба сар мебурд.
                                  http://ozodagon.com/khabarho/tojikiston/759-2011-06-08-06-39-55.html

 

10.06.2011 14:35
Имрӯз дар  маҷмааи «Шарқи озод» бо ибтикори Шӯрои ВАО-и ҶТ мизи мудаввар дар  мавзӯи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ» баргузор гардид. Тавре ба «Озодагон» Сангин Гулов, дабири кулли шӯрои номбурда иттилоъ дод, дар ин нишаст намояндагони нашрияҳои расмиву давлатӣ, аз ҷумла   «Ҷумҳурият», «Омӯзгор», «Ҷавонони Тоҷикистон», маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» ва ғайра иштирок доштанд. Гулов дар оғози ҳамойиш гуфт, дар давоми беш аз якуним соли охир созмони мазкур ба ҳайси танзимкунанда меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон баромад намуда, барои риояи меъёрҳои этикаи касбӣ дар миёни рӯзноманигорон корҳоеро анҷом додаву нақшаҳоеро амалӣ карданист.  Аз ҷумлаи чунин чорабиниҳо баргузории мизҳои гирд бо иштироки доираи васеи журналистони ҳам марказ ва ҳам минтақаҳо мебошанд.
Зинатулло Исмоилов, раиси Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи ҶТ гуфт имрӯз Шӯрои ВАО-и ҶТ  талош  бар он  дорад, ки дар фаъолияти журналистӣ меъёрҳои ахлоқӣ риоя карда шаванд. Риояи меъёрҳои ахлоқӣ ҳангоми фаъолият журналистонро аз ҳар гуна нофаҳмиҳо бозмедоранд ва миёни онҳову сарчашмаҳои иттилоъ, қаҳрамонону хонандагон фазои созандаву ҳусни тафоҳумро  ба вуҷуд меоранд. Зимни шарҳи меъёрҳои ахлоқӣ миёни ширкаткунандагони мизи гирд мубоҳисаҳо сурат гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки шӯрои ВАО ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии ғайритиҷоратӣ, ихтиёрӣ, мустақил, машваратӣ ва  худтанзимкунии ВАО буда,  фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон санадҳои меъёрии байналмуллалӣ, Оиннома ва Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ мекунад.Муассисони ин созмон иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, АМВОТ, АМВЭАОТ, Хазинаи гиромидошт ва  дифоъ аз  ҳуқуқи журналистон, ҶДММ «Оила», «Азия-Плюс», «Бонувони Тоҷикистон» ва ТВ СМТ мебошанд.

                        http://ozodagon.com/khabarho/tojikiston/799-2011-06-10-09-37-51.html


Душанбе. 10-уми июн. TojNews - Имрӯз дар маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» бо ибтикори Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ» баргузор гардид, ки дар он намояндагони нашрияҳои расмиву давлатӣ, аз ҷумла нашрияҳои «Ҷумҳурият», «Омӯзгор», «Ҷавонони Тоҷикистон», маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» ва ғайра иштирок доштанд. Дар ин бора ба TojNews аз дастгоҳи Шӯрои ВАО иттилоъ доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, маҳфилро Дабири кулли Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Сангин Гулов оғоз намуда, зикр кард, ки дар давоми беш аз якуним соли охир созмони мазкур ба ҳайси танзимкунандаи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон баромад намуда, барои риояи меъёрҳои этикаи касбӣ дар миёни рӯзноманигорон корҳоеро анҷом додаву нақшаҳоеро амалӣ карданист. Аз ҷумлаи чунин чорабиниҳо баргузории мизҳои гирд бо иштироки доираи васеи журналистони ҳам марказ ва ҳам минтақаҳо мебошанд.
Ҳамзамон, Зинатулло Исмоилов - раиси Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи ҶТ гуфт, ки «Имрӯз Шӯрои ВАО-и ҶТ талош бар он дорад, ки дар фаъолияти журналистӣ меъёрҳои ахлоқӣ риоя карда шаванд. Риояи меъёрҳои ахлоқӣ ҳангоми фаъолият журналистонро аз ҳар гуна нофаҳмиҳо бозмедоранд ва миёни онҳову сарчашмаҳои иттилоъ, қаҳрамонону хонандагон фазои созандаву ҳусни тафоҳумро ба вуҷуд меоранд».
Зимни шарҳи меъёрҳои ахлоқӣ миёни ширкаткунандагони мизи гирд мубоҳисаҳо сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки шӯрои ВАО ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии ғайритиҷоратӣ, ихтиёрӣ, мустақил, машваратӣ ва худтанзимкунии ВАО буда, фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон, санадҳои меъёрии байналмилалӣ, Оиннома ва Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ мекунад. Муассисони ин созмон Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, АМВОТ, АМВЭАОТ, Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистон, ҶДММ «Оила», «Азия-Плюс», «Бонувони Тоҷикистон» ва СМТ мебошанд.
http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=15111&Itemid=30
 


Ҷаласаи навбатии Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз зӯҳри дирӯз баргузор гардид.

Тавре ба «Озодагон» аз дастгоҳи макрказии Шӯрои мазкур иттилоъ доданд, дар ҷаласа масъалаҳо дар бораи риояи меъёрҳои ахлоқӣ дар ВАО, лоиҳаи «Шарҳи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон», муроҷиати намояндагии Би-Би-Сӣ вобаста ба қазияи хабарнигор Урунбой Усмонов, аризаҳо барои узвият ба Шӯрои ВАО ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимнан, раиси Шӯро Зинатуллоҳи Исмоил ва Дабири кулли ин ниҳоди журналистӣ Сангини Гулзод гузориш доданд. Барои баррасии муроҷиати намояндагии Би-Би-Сӣ дар ҳайати аъзои Шӯро Марат Мамадшоев, Рустами Ҷонӣ ва  Сангини Гулзод комиссия ташкил дода шуд, ки дар наздиктарин фурсат ба ин қазия баҳои ахлоқӣ дода хоҳад шуд. Дар баррасии масъалаҳо аъзои Шӯро Нуриддин Қаршибоев, Сӯҳробшоҳи Фаррухшо, Марат Мамадшоев, Рустами Ҷонӣ фаъолона ширкат варзиданд,- афзуд манбаъ.
Ёдрас менамоем, Шӯрои ВАО ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии ғайритиҷоратӣ, ихтиёрӣ, мустақил, машваратӣ ва худтанзимкунии ВАО буда, фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон, санадҳои меъёрии байналмилалӣ, Оиннома ва Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ мекунад. Муассисони ин созмон Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, АМВОТ, АМВЭАОТ, Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистон, ҶДММ «Оила», «Азия-Плюс», «Бонувони Тоҷикистон» ва СМТ мебошанд.
http://ozodagon.com/khabarho/tojikiston/1060-2011-06-25-04-26-38.html


Душанбе. 24-уми июн. TojNews - Имрӯз дар шаҳри  Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора ба TojNews аз Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа масъалаҳо дар бораи риояи меъёрҳои ахлоқӣ дар ВАО, лоиҳаи «Шарҳи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон», муроҷиати намояндагии Би-Би-Сӣ вобаста ба қазияи хабарнигор Урунбой Усмонов, аризаҳо барои узвият ба Шӯрои ВАО ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
- Вобаста ба масъалаҳои мазкур раиси Шӯро Зинатулло Исмоилов ва Дабири кулл Сангин Гулов гузориш доданд. Барои баррасии муроҷиати намояндагии Би-Би-Сӣ дар ҳайати аъзои Шӯро Марат Мамадшоев, Рустами Ҷонӣ ва Дабири кулл Сангин Гулов комиссия ташкил дода шуд, ки дар наздиктарин фурсат ба ин қазия баҳои ахлоқӣ дода хоҳад шуд. Дар баррасии масъалаҳо аъзои Шӯро Нуриддин Қаршибоев, Сӯҳробшоҳи Фаррухшо, Марат Мамадшоев, Рустами Ҷонӣ фаъолона ширкат варзиданд,- афзуд манбаъ.
Бояд гуфт, ки Шӯрои ВАО ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии ғайритиҷоратӣ, ихтиёрӣ, мустақил, машваратӣ ва худтанзимкунии ВАО буда, фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон, санадҳои меъёрии байналмилалӣ, Оиннома ва Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ мекунад. Муассисони ин созмон Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, АМВОТ, АМВЭАОТ, Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистон, ҶДММ «Оила», «Азия-Плюс», «Бонувони Тоҷикистон» ва СМТ мебошанд.
Фаридуни УМАРБЕК
http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=15524&Itemid=30


Душанбе. 5-уми июл. TojNews - Дар маҷлисгоҳи Кумитаи телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони расонаҳои радио ва телевизион бо ибтикори Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидати роҳбарияти Кумита мизи мудаввар баргузор гардид. Дар ин бора ба TojNews аз Шӯрои ВАО хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар чорабинӣ Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Муовини раиси Кумита Дилафрӯз Амирқулова дар сухани ифтитоҳӣ қайд кард, ки шабакаҳои радиову телевизиони расмӣ дар пуррасозии фазои иттилоотии ВЭА-и кишвар нақши пешбаранда дошта, фаъолияташон барои пешрафти Тоҷикистон нигаронида шудааст. Ӯ ҳамчунин робитаҳои судманди Кумитаро бо созмону муассисаҳои дигари эҷодиву касбӣ зикр намуд.
Раиси Шӯрои ВАО-и ҶТ Зинатулло Исмоилов зимни суханронии худ таъкид кард, ки «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» мутобиқ ба қонунгузории ҶТ, суннатҳо ва дастовардҳои рӯзноманигории муосир таҳияву қабул шудааст. Хушбахтона, ҷомеаи журналистони тоҷик торафт барои риояи ин меъёрҳо масъулияти бештаре нишон медиҳанд.
Дабири кулли Шӯро Сангин Гулов ба ҳозирин дар бораи корҳои анҷомдодаи Шӯрои ВАО-и ҶТ маълумот дода, зикр кард, ки Шӯрои ВАО-и ҶТ журналистонро дар самти ахлоқ ва одоби касбӣ муттаҳид месозад ва новобаста аз ҷои фаъолият журналистон бояд меъёрҳои умумибашарӣ ва миллии ахлоқиро риоя кунанд. Шӯрои ВАО ҳамчун созмони ҷамъиятӣ кӯшиш мекунад, ки журналистони Тоҷикистонро зери парчами ахлоқ ва одоб муттаҳид созад. Ӯ ҳамчунин ёдовар шуд, ки дар наздиктарин фурсат «Шарҳи Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» нашр шуда, миёни журналистон паҳн карда мешавад. Журналистон ба суолҳои сершумори хеш роҷеъ ба муаммоҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқии фаъолияташон посух пайдо карданд.
- Дар охир аз тарафи ширкаткунандагони мизи мудаввар пешниҳод гардид, ки дар назди Шӯрои ВАО-и ҶТ телефони боварӣ ташкил карда шавад, то ҳар нафар тавонад фикру андеша ва пешниҳодоташро дар бораи риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ баён созад. Ин пешниҳод бо мамнуният пазируфта шуд,- афзуд манбаъ.
Нилуфари КАРИМ
http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=15772&Itemid=30


 

Мизи мудаввари навбатии шӯрои ВАО-и Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ сурат пазируфт.

 

 

 

Дар ин бора ба «Озодагон» аз дастгоҳи марказии ин ниҳоди ҷамъиятӣ иттилоъ доданд. Бино ба қавли манбаъ,    дар нишаст намояндагони расонаҳои радио ва  телевизион, масъулини шӯрои ВАО ва кумитаи телевизиону радио ширкат карда, меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

 

Дилафрўз Амирқулова, муовини райиси кумитаи телевизион ва радио дар сухани ифтитоҳӣ қайд кард, ки шабакаҳои радиову телевизиони расмӣ дар пуррасозии фазои иттилоотии кишвар нақши пешбаранда дошта, фаъолияташон барои пешрафти Тоҷикистон нигаронида шудааст. Ҳамчунин робитаҳои судманди кумитаро бо созмону муассисаҳои дигари эҷодиву касбӣ зикр намуд.

 

Раиси  шўрои ВАО Зинатулло Исмоилов қайд кард, ки «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар  Тоҷикистон»  мутобиқ ба қонунгузории ҶТ, суннатҳо ва дастовардҳои рўзноманигории муосир  таҳияву қабул шудаанд. Хушбахтона, ҷомеаи журналистони тоҷик торафт барои риояи ин меъёрҳо масъулияти бештаре нишон медиҳанд.

 

Дар охир аз тарафи ширкаткунандагони мизи мудаввар пешниҳод гардид, ки дар назди шўрои ВАО телефони боварӣ ташкил карда шавад, то ҳар нафар тавонад фикру андеша ва пешниҳодоташро дар бораи риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ баён созад. Ин пешниҳод бо мамнуният пазируфта шуд.  Манбаъи хабар меафзояд, дар наздиктарин фурсат «Шарҳи Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти  журналистӣ дар Тоҷикистон» нашр шуда, миёни журналистон паҳн карда мешавад.

 

Ёдовар мешавем, ки шўрои ВАО ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии ғайритиҷоратӣ, ихтиёрӣ, мустақил, машваратӣ ва  худтанзимкунии ВАО буда,  фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон санадҳои меъёрии байналмуллалӣ, оиннома ва меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ мекунад. Муассисони ин созмон иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, АМВОТ, АМВЭАОТ, Хазинаи гиромидошт ва  дифоъ аз  ҳуқуқи журналистон, ҶДММ «Оила», «Азия-Плюс», «Бонувони Тоҷикистон» ва СМТ мебошанд.

 

 http://ozodagon.com/khabarho/tojikiston/1192-2011-07-06-03-00-45.html

 

 


 

Ҳамойиши омӯзишии навбатии Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ин навбат дар ноҳияи Мастчо бо ширкати хабарнигорон сурат пазируфт.
Тавре ба «Озодагон» аз дафтари ин ниҳод иттилоъ доданд, нахуст дар ин нишаст дабири кулли шӯро Сангин Гулов оид ба риояи меъёрҳои ахлоқӣ дар фаъолияти журналистӣ сухан кард. Зинатулло Исмоилов, райиси Шӯрои ВАО, дар мавриди «Меъёрхои ахлоқӣ ва риояи онҳо дар фаъолияти ҳамарӯзаи журналистон» гузориш дода, гуфт асоси журналистикаи босифат масъулияти баланди журналистон ва риояи одоби касбӣ дар нигоштаҳои онҳост. Маҳз, риояи меъёрҳои ахлоқӣ имкон медихад, ки қазияҳои соҳа то додгоҳ кашида нашаванд ва механизми худтанзимкунии фаъолияти журналистӣ масоили баҳсиро дар доираи ҷомеаи журналистӣ ҳаллу фасл менамояд.
Манбаъ афзуд, зимнан оид ба мушкилоти нашрияҳои маҳаллӣ, пурра намудани фазои иттилоотии кишвар бо маводи босифати журналистӣ ва омӯзиши проблемаҳои матбуот ва соири ВАО изҳори назар шуд. Иштироккунандагони ҳамоиш пешниҳод намуданд, ки Шӯрои ВАО-и ҷумҳурӣ оид ба риояи меъёрҳои ахлоқӣ дар нашрияҳои маҳалливу минтақавӣ пажӯҳишҳо гузаронад ва натиҷаи онҳоро дар воситаҳои ахбор ба нашр расонад, ё тавассути мизҳои мудаввар муаррифӣ намояд.
Ёдрас менамоем, Шӯрои ВАО ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии ғайритиҷоратӣ, ихтиёрӣ, мустақил, машваратӣ ва худтанзимкунии ВАО буда, фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон, санадҳои меъёрии байналмилалӣ, Оиннома ва Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ мекунад.
http://ozodagon.com/khabarho/tojikiston/1351-2011-07-15-12-30-26.html


Душанбе. 15-уми июл. TojNews - Дар толори китобхонаи ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки ҷомеаи рӯзноманигории ноҳия ва роҳбарияти Шӯрои ВАО-и ҷумҳурӣ ҳамоиши омӯзишӣ доир гардид. Дар ин бора ба TojNews аз Шӯрои ВАО иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ибтидо Дабири кулли Шӯро Сангин Гулов оид ба риояи меъёрҳои ахлоқӣ дар фаъолияти журналистӣ сухан кард.
Сипас раиси Шӯро Зинатулло Исмоилов перомуни Меъёрхои ахлоқӣ ва риояи онҳо дар фаъолияти ҳамарӯзаи журналистон гузориш ироа дошт. Таъкид шуд, ки асоси журналистикаи босифат масъулияти баланди журналистон ва риояи одоби касбӣ дар нигоштаҳои онҳост. Маҳз риояи меъёрҳои ахлоқӣ имкон медихад, ки қазияҳои соҳа то додгоҳ кашида нашаванд ва механизми худтанзимкунии фаъолияти журналистӣ масоили баҳсиро дар доираи ҷомеаи журналистӣ ҳаллу фасл менамояд.
Зимни сӯҳбати озод бо рӯзноманигорон Раиси Шӯрои ВАО дар мавриди фаъолияти ин мақоми ҷамъиятӣ маълумот дода, ба суолҳои сершумор посух гуфт. Иштироккунандагони ҳамоиш изҳор доштанд, ки бо эътирофи Меъёрҳои ахлоқӣ имкон дорад сифати журналистикаи тоҷик, аз ҷумла нашрияҳои маҳаллӣ боло равад.
Зимни мулоқот оид ба мушкилоти нашрияҳои маҳаллӣ, пурра намудани фазои иттилоотии кишвар бо маводи босифати журналистӣ ва омӯзиши проблемаҳои матбуот ва соири ВАО изҳори назар шуд. Иштироккунандагони ҳамоиш пешниҳод намуданд, ки Шӯрои ВАО-и ҷумҳурӣ оид ба риояи меъёрҳои ахлоқӣ дар нашрияҳои маҳалливу минтақавӣ пажӯҳишҳо гузаронад ва натиҷаи онҳоро дар воситаҳои ахбор ба нашр расонад ё тавассути мизҳои мудаввар муаррифӣ намояд. Ин иқдом боиси он мегардад, ки нашрияҳои маҳаллӣ нукоти заъфи фаъолияти худро дар ин самт пайдо намоянд ва бо тавсияҳои Шӯро ба фаъолияти бештару беҳтари худ дар самти риояи одоби касбӣ ноил гарданд.
Ёдовар мешавем, ки Шӯрои ВАО ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии ғайритиҷоратӣ, ихтиёрӣ, мустақил, машваратӣ ва худтанзимкунии ВАО буда, фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон, санадҳои меъёрии байналмилалӣ, Оиннома ва Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ мекунад. Муассисони ин созмон Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, АМВОТ, АМВЭАОТ, Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистон, ҶДММ «Оила», «Азия-Плюс», «Бонувони Тоҷикистон» ва СМТ мебошанд.
Нилуфари КАРИМ
http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=16141&Itemid=30


Ҷомеаи журналистӣ нерўи бузургест, ки зарфияти воқеии  журналистикаи  муосирро бозгў менамояд.

Маҳз дар  ҳамбастагӣ бо тамоми созмонҳои журналистӣ ин нерў ба манфиати аҳли соҳа истифода мешавад. Мо бояд дарк  намоем, ки то кадом андоза якдилӣ ва ҳамрайъии журналистон имрўз муҳим аст. Зеро маҳз муттаҳидӣ мо ва созмонҳои журналистии моро комёб месозад.Дар ин бора Зинатуллоҳи Исмоил, раиси Шӯрои ВАО зимни баргузории як мизи гирд дар Душанбе, ки имрӯз дар маркази тадқиқоти стратегӣ таҳти унвони «Ҳамрайъии журналистон: Афсона ё ҳақиқат» сурат пазируфт, иброз дошт. Ҷорӣ гаштани механизми худтанзимкунии фаъолияти журналистӣ  имкони ба вуҷуд омадани журналистикаи босифатро фароҳам меорад ва дар ин  замина Шўрои ВАО –и Тоҷикистон низ баробари  дигар  созмонҳои журналистӣ талош хоҳад кард, афзуд ӯ.
Зимнан, дар ин конфронс, ки бо ибтикори Иттиҳоди журналистии «Медиа Алянс»-и Тоҷикистон ва  дигар ташкилотҳои рӯзноманигорӣ амсоли ИЖТ, АМВАОМТ, Шӯрои ВАО, Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистон ва бо кӯмаки молии дафтари душанбегии САҲА баргузор шуд, намояндагони аксари расонаҳои хабарии кишвар ширкат доштанд.Тибқи гуфтаҳои масъулини  ин тарҳ, ҳадафи асосӣ аз баргузории нишаст боз ҳам устувор намудани ҳамраъйии журналистон мебошад.
Маврид ба тазаккур аст, ки дар рӯзи байналмилалии ҳамраъйии журналистон бархе аз хабарнигорон ва созмонҳои журналистӣ ҷоизаи Медиа-Алянси Тоҷикистон ва Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА)-ро соҳиб гардиданд. Аз ҷумла, ин ҷоиза ба радиоҳои Озодӣ ва Имрӯз, Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори бахши ӯзбакии радиои Би-би-сӣ ва Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори зиндонии "Нури зиндагӣ» эъто гардид.
http://ozodagon.com/khabarho/tojikiston/2117-2011-09-08-11-55-22

 


 

Яке аз ду хабарнигор, ки дар рӯзҳои аввали боздошти Урунбой Усмонов ӯро дар идораи амнияти вилояти Суғд дида буд, дар додгоҳ гуфтааст, ки осори шиканҷаро дар сурати ин хабарнигори Би-би-сӣ дар он замон мушоҳида кардааст.

 

Илҳоми Ҷамолиён, масъули бахши маҳаллии Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки рӯзи сешанбеи 20 сентябр дар ҷаласаи додгоҳи вилояти Суғд шаҳодат медод, гуфтааст, ки дар идораи маҳаллии амният дар зери абрӯи чапи оқои Усмонов доғеро дида буд, ки акнун ин доғ мавҷуд нест.

 

Ин дар ҳолест, ки Ленура Мустафоева, хабарнигори дигаре, ки як рӯз қабл аз дидори оқои Ҷамолиён бо Урунбой Усмонов дар идораи амният дидор дошт, мегӯяд, ки он замон дар сурати оқои Усмонов ҳеч гуна осори шиканҷа мавҷуд набуд.

 

Ин ду хабарнигор дар рӯзҳои 17 ва 18 июн, мутаносибан чаҳор ва панҷ рӯз баъд аз боздошти оқои Усмонов тавассути нерӯҳои амниятӣ, бо ӯ дар идораи маҳаллии амният дар вилояти Суғд дидор карданд. Ин замоне буд, ки вакили мудофеъи оқои Усмонов ва аъзои хонаводааш ҳануз иҷозаи мулоқот бо ӯро надоштанд.

 

Илҳоми Ҷамолиён дар додгоҳ гуфт: “Ман медонам, ки қаблан акои Урунбой чунин доғе ё холе дар рӯяшон надоштанд, вале ман гумон кардам, ки мумкин аст ин доғи пирӣ бошад.”

 

Вай эътироф кард, ки акнун дар рӯйи оқои Усмонов чунин доғе намоён нест. Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи Урунбой Усмонов, мегӯяд, ки ин баёнот далели он аст, ки “Ҷамолиён дар рӯзи 18-уми июн дар рӯйи оқои Усмонов осори ҷароҳатеро дидааст”, ки зоҳиран аз шиканҷа барҷо монда буд.

 

Аммо Ленура Мустафоева, хабарнигори дигари маҳаллӣ ки низ дар ин додгоҳ барои шаҳодат додан ҳозир шуда буд, гуфт, ки ҳангоми мулоқоти ӯ бо Урунбой Усмонов дар идораи амният осори шиканҷа дар сару рӯйи вай "мавҷуд набуд."

 

Хонуми Мустафоева бо оқои Усмонов рӯзи 17-уми июн дар идораи кумитаи амният дар вилояти Суғд дидор дошт ва вакилони оқои Усмонов мегӯянд, мақолае, ки вай ба дунболи ин мулоқот дар сойти Pressa.tj мунташир кард, “ба шаъну шарафи Урунбой Усмонов латма задааст.”

 

Дар ин матлаб аз Ӯрунбой Усмонов ба унвони як "узви Ҳизби Таҳрир" ва як "ифротгаро" ва "рӯзноманигори собиқ" ёд шуда ва аз номи чанд узви дигари ин ҳизби мамнӯъ иддаъо шудааст, ки ин хабарнигори Би-би-сӣ дар фаъолияти онҳо мушорикат доштааст.

 

Аммо Яҳёхон Раҳмонхоҷаев ва Абдуннабӣ Абдуқодиров, ду тан аз муттаҳамон ба узвият дар Ҳизби Таҳрир, дар ҷаласаи додгоҳ бархе аз иддаъоҳои хонуми Мустафоеваро, ки гуфта мешавад дар идораи амният бо онон низ ба таври ҷудогона мулоқот карда буд, такзиб карданд.

 

Аз ҷумла, оқои Абдуқодиров гуфт, ки вай ба хонуми Мустафоева ҳаргиз нагуфтааст, ки Урунбой Усмонов узви Ҳизби Таҳрир аст. Оқои Раҳмонхоҷаев низ гуфт, ки вай дар бораи ин ки оқои Усмонов дар ин ҳизби мамнӯъа чи мақоме дорад, аслан сухане ба хонуми Мустафоева нагуфтааст. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи хабарнигори Пресса.тҷ, оқои Раҳмонхоҷаев ба ӯ гуфта буд, ки оқои Усмонов дар силсиламаротиби аъзои Ҳизби Таҳрир мақоми баланде дорад.

 

Пештар, Шӯрои расонаҳо ё васоити ахбори оммаи Тоҷикистон, як ниҳоди иҷтимоъӣ, ки баҳсҳои миёни расонаҳо ва хабарнигоронро баррасӣ мекунад, мақолаи хонуми Мустафоеваро таҳвиномез ва муғойир бо одоби рӯзноманигорӣ арзёбӣ карда буд.

 

Аммо ба гуфтаи хабарнигороне, ки рӯзи 20 сентябр дар ҷаласаи додгоҳ ширкат доштанд, Ленура Мустафаева гуфтааст, ки интиқоди Шӯрои васоити ахбори оммаро эътироф намекунад. Вай гуфт: “Барои ман тасмими ин Шӯро ҳеч аҳаммияте надорад.”

 

Вай ҳамчунин эълом кардааст, ки узви ҳеч як аз созмонҳои рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон нест ва изҳороти ин созмонҳо барояш аҳаммияте надорад. Аммо хонуми Мустафоева дар ҷаласаи додгоҳ эътироф кардааст, ки ҳамчун журналист бо кормандони амниятӣ пештар ҳам ҳамкорӣ карда ва чанд гузориш бо кумаки онҳо омода ва мунташир кардааст.

 

Файзинисо Воҳидова дар ин бора гуфт: “Хонуми Мустафоева бештар аз панҷ соъат дар идораи кумитаи амният буд ва шояд дар ин муддат муфаттиш ба ӯ тамоми асноди парвандаи Урунбой Усмоновро нишон дода бошад, аммо бояд гуфт, ки муфаттиш барои ин журналист 5 соъатро сарф кард, вале панҷ дақиқа барои ман, ки вакили мудофеъи вай ҳастам, сарф накард.”

 

Вай таъкид кард, ки дар ин рӯзҳо чандин хабарнигори дигар низ дархости иттилоъ дар бораи ин парвандаро ба мақомҳои амниятӣ дода ва аммо посухе аз онҳо дарёфт накарда буданд.

 

Муҳокимаи қазияи Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши Осиёи Миёнаи Бӣ-бӣ-сӣ дар шимоли Тоҷикистон, фардо дар шаҳри Хуҷанд идома хоҳад ёфт.

 

http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/09/110920_sq_urunboy_court.shtml

 

 


 

Маъсуми Муҳаммадраҷаб
Ҷаласаи нави додгоҳ ба қазияи боздошт ва шиканҷаи хабарнигори Би-би-сӣ Урунбой Усмонов баъзе рӯшаниҳо андохт.
Ленура Мустафоева, хабарнигори  торнамои Pressa.tj ва Илҳоми Ҷамолиён, раҳбари созмони журналистони вилояти Суғд дар муҳокима баёнот доданд.
 
Ленура Мустафаева гуфт, ба мақсади навиштани матлабе рӯзи рӯзи 17 – уми июн, пас аз чаҳор рӯзи боздошти Усмонов бо вай ва ду айбдоршаванда: Абдунабӣ Абдуқодиров ва Яҳё Раҳмонхоҷаев дар  боздоштгоҳи кумитаи амнияти миллии Суғд дар шаҳри Хуҷанд мулоқот ва сӯҳбат дошт. Дар матлаби нашркардаи хонум Мустафоева дар Pressa.tj Урунбой Усмонов
 
Ленура Мустафоева

узви Ҳизб-ут-таҳрир, ҳатто болотар аз як узви қаторӣ номида шудааст. Ин дар ҳолест, ки Абдунабӣ Абдуқодиров дар додгоҳ худро аз раҳбарони  ин ҳизб дар вилояти Суғд номидааст.
 
Мустафоева гуфт, барояш дар боздошт қарор доштани Усмонов ва ҳарфҳои айбдоршавандаҳо кофӣ буд, хабарнигори Би-би-сиро мансуб ба ҳизби тундрав эълон кунад.
 
Шӯрои васоити ахбори оми Тоҷикистон дар як баёнияи худ моҳи июл навиштаи Мустафоеваро хилофи меъёрҳои ахлоқии журналистӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ карда буд.
 
Усмонов дар толори додгоҳ вохӯрӣ ва сӯҳбаташ бо Мустафоеваро воқеӣ, аммо матлаби ба нашрдодаи ӯро саропо иборат аз  дурӯғу буҳтон номид.
 
Файзинисо Воҳидова, вакили дифои Усмонов баъд аз анҷоми мурофиа  гуфт, амалкарди хабарнигори маҳаллӣ, ки бидуни ҳукми додгоҳ зерҳимояи ӯро гунаҳкор эълон кард, ба қолабҳои қонунӣ ва инсонӣ рост намеояд:    «Вай дар мурофиаи додгоҳӣ, мутаассифона, бори дигар изҳор намуд, ки дар курсии айбдорӣ экстремисту террористон нишастаанд ва вақти вохӯриву суҳбаташ дид, ки бо онҳо дар боздоштгоҳ хеле хуб муносибат мекарданд ва онҳо хурсанд ба назар мерасиданд. Чунин ба назар мерасад мақомот ӯро махсус барои гунаҳкор эълон кардани Усмонов ва пахши иттилоъоти бардурӯғ даъват карда буданд.»

Раҳбари созмони журналистони вилояти Суғд, Илҳоми
 
Илҳоми Ҷамолиён

Ҷамолиён, ки рӯзи 18-уми июн бо дастури Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон бо Усмонов мулоқот доштааст, низ дар додгоҳ ба ҳайси шоҳид бозпурсӣ шуд. Вай гуфт, дар воқеъ вақти мулоқот дар рӯи Усмонов доғеро мушоҳида кард, аммо на асари зарбу лат, балки асари синнусол пиндошт ва ҳоло мебинад, ки ин доғ дигар нест. Усмонов гуфт, чун мулоқот таҳти назорати гурӯҳи кормандони кумитаи амният анҷом мегирифт, танҳо ба он доғи рӯи худ ишора кард, аммо наёрист мавриди латукӯб қарор доштани худро ба забон орад.
 
Мурофиаи рӯзи 20-уми сентябр то ҳадде санаи боздошти Усмоновро низ ошкор сохт, ки 13 июн аст, чун Мустафоева бо вай 17 июн, баъди чор рӯзи боздошташ мулоқот кардааст. Вакилони дифоъ дар додгоҳ то кунун талош доранд ба исбот расонанд, ки  Усмонов асосан дар шабонарӯзи аввали боздошташ, аз 13 ба 14-уми июн лату кӯб шудааст. Аммо раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд дар номае ба додгоҳ санаи боздошт ва интиқоли  Усмонов ба боздоштгоҳи ин ниҳодро боз ҳам 14 – уми июн гуфтааст.
 
Бо ин рӯшаниҳои нисбӣ муҳокимаи Усмонов ба марҳалаи ниҳоӣ ворид шуда, додгоҳи вилояти Суғд эълон кард, субҳи рӯзи чоршанбеи 21-уми сентябр музокираи ҷонибҳои айбдоркунанда ва дифоъ сурат хоҳад гирифт.
http://www.ozodi.org/content/article/24334741.html

 


23-юми сентябр дар иртибот ба рӯзи байналмилалии ахлоқи касбии журналист дар факултаи журналистикаи ДМТ мулоқоти раҳбарияти Шӯрои ВАО бо устодон ва донишҷӯёни факулта сурат пазируфт.

 


--------------------------------------------------------------------------------

Вохӯрии роҳбарияти Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон бо донишҷӯён ва устодони факулта баргузор гардид. Тибқи иттиллои Зинатулло Исмоилов,   ин нишаст ба масоили худтанзимкунии журналистӣ ва фаъолияти шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон, риояи меъёрҳои ахлоқӣ ва одоби нигорандагӣ бахшида шуд. Қайд гардид, ки яке аз шартҳои асосии рушди журналистикаи босифат дар кишвар ин риояи меъёрҳои ахлоқии рӯзноманигорон аст.

Маврид ба тазаккур аст, ки ҳамасола бо ташаббуси созмонҳои журналистӣ рӯзи 23 сентябр ҳамчун рӯзи байналмилалии ахлоқи касбии журналистон таҷлил мегардад ва чорабинии мазкури Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон низ дар доираи таҷлили ин рӯз сурат гирифт.

Шӯрои ВАО ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии ғайритиҷоратӣ, ихтиёрӣ, мустақил, машваратӣ ва худтанзимкунии ВАО буда, муассисони ин созмон ИЖТ, АМВАОМТ, АМВЭАОТ, Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистон, ҶДММ «Оила», «Азия-Плюс», «Бонувони Тоҷикистон» ва телевизиони  СМТ мебошанд.

http://ozodagon.com/khabarho/tojikiston/2322-2011-09-24-08-33-57


 

 Душанбе. 24-уми сентябр. TojNews - Дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ахлоқи касбии журналист, вохӯрии роҳбарияти Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон бо донишҷӯён ва устодони факулта баргузор гардид. Дар ин бора ба TojNews аз  Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Раиси Шӯрои ВАО Зинатулло Исмоилов оид ба механизми худтанзимкунии журналистӣ ва фаъолияти Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон суханронӣ кард ва таваҷҷӯҳи журналистшавандањоро ба риояи меъёрҳои ахлоқӣ ва одоби нигорандагӣ ҷалб намуда, оид ба боло бурдани нуфузи журналист ва ВАО тавсияҳо дод.
Рустами Љонӣ узви Шӯро гуфт,  риояи меъёрҳои ахлоқӣ яке аз шартҳои асосии рушди журналистикаи босифат дар кишвар арзёбӣ шуда, риояи он дар нигоштаҳои муаллифон доираи ҳаводорони ВАО-ро меафзояд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола бо ташаббуси созмонҳои журналистӣ рӯзи 23 сентябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии ахлоқи касбии журналистон таҷлил мегардад ва чорабинии мазкури Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон низ дар доираи таҷлили ин рӯз сурат гирифт.
Шӯрои ВАО ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии ғайритиҷоратӣ, ихтиёрӣ, мустақил, машваратӣ ва худтанзимкунии ВАО буда, муассисони ин созмон Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, АМВАОМТ, АМВЭАОТ, Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистон, ҶДММ «Оила», «Азия-Плюс», «Бонувони Тоҷикистон» ва СМТ мебошанд.
Нилуфари КАРИМ
http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=18343&Itemid=30


Душанбе. 11-уми октябр. TojNews - Дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия вохўрии роҳбарони маќомоти ҳудтанзимкунии фаъолияти журналистии Арманистон, Озорбойҷон, Гурҷистон, Молдова, Федератсияи Русия, Тоҷикистон ва Украина доир гардид. Дар ин бора аз шӯрои ВАО-и Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ин вохӯри муҳимтарин масъалаҳои фаъолияти мақомоти худтанзимкунї дар ин кишварҳо мавриди баррасї қарор гирифт. Қайд шуд, ки муттаҳид намудани ҳадафҳо барои ташкили шабакаи махсуси ташкилоти худтанзимкунї имкон фароҳам меорад, ки дар кишварҳои пасошуравӣ фаъолияти мақомоти ҳудтанзимкунӣ беҳтар ба роҳ монда шавад.
Раиси Шӯрои ВАО Тоҷикистон Зинатулло Исмоилов дар баромади худ зикр намуд, ки механизми мазкур дар Тоҷикстон тадриҷан шакл мегирад ва аз миёни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ фақат дар Тоҷикистон дар сатҳи миллӣ мақоми худтанзимкунӣ аз сӯи ташкилоти журналистӣ эътироф шудааст.
Роҳбарони мақомоти худтанзимкунии фаъолияти журналистӣ дар поёнии нишасти худ ба ёдошти њусни тафоњуми таъсиси Шабакаи ташкилоти худтанзимкунӣ имзо гузоштанд. Қарор шуд, ки ҷаласаи Ассамблеяи Генералии Шабака дар кӯтоҳтарин муддат доир гардад.
Нилуфари КАРИМ

http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=18878&Itemid=30


Дар шаҳри Маскав Анҷумани 13-уми Иттиҳоди шўроҳои мустақили ВАО-и Аврупо доир гардид.
________________________________________
Тибқи иттилои расида, дар ин конфроси байнулмилалӣ намояндагони мақомоти худтанзимкунии фаъолияти журналистӣ  аз 40 кишвари Аврупо ва ИДМ сараввал роҷеъ ба фаъолияти солонаи худ ҳисобот доданд. Ҳайати Тоҷикистонро дар ин ҳамойиш райиси Шўрои ВАО Зинатулло Исмоилов ва ҳуқуқшинос Иноят Иноятов намояндагӣ  карданд.
Зимни конфронс Зинатулло Исмоилов изҳор дошт, ки давоми қариб ду соли фаъолият Шўрои мазкур дар Тоҷикистон умури муайянеро бобати ба вуҷуд овардани механизми худтанзикунии фаъолияти журналистӣ  анҷом дод. Бо доир намудани силсилаи ҳамоишҳои омўзишӣ  ва ҷоннок намудани фаъолияти Шўро теъдоди ташкилоти журналистии эътирофкунандаи меъёрҳои ахлоқӣ  ба 50 адад расид. Ҳамчунин, ба Шўро давоми нўҳ моҳи соли равон 18 шикоят ворид шуд, ки онҳо дар дастгоҳи иҷроия ва маҷлиси ин ниҳод баррасӣ  гардиданд.
Давоми ду рўз иштироккунандагони конференсия дар баробари баррасии муҳимтарин масоили ахлоқӣ , бобати роҳ надодан ба тарғиби миллатпарастӣ  дар ВАО, озодии баён дар шароити фавқуллода, мақоми шўроҳои мустақил ва ҳуқуқи онҳо ба ҷавоб, механизми фаъолияти пурсамар ва ҳалли масоили молиявии фаъолияти мақомоти худтанзимкунӣ  изҳори андеша карданд.
Ёдовар мешавем, ки Шӯрои ВАО ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии ғайритиҷоратӣ, ихтиёрӣ, мустақил, машваратӣ ва худтанзимкунии ВАО буда, фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон, санадҳои меъёрии байналмилалӣ, оиннома ва меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ мекунад.
http://ozodagon.com/khabarho/tojikiston/2557--13-


Додгоҳи ноҳияи Ашти вилояти Суғд пас аз он, ки ҳукми  журналист Муҳаммадюсуф Исмоиловро дар мавриди он ки бояд 35 ҳазор сомонӣ ҷарима супорад,  дар ҷомеаи журналистон сару садоҳои зиёдро ба вуҷуд овард. Дар ҳамин ҳол, вакили мудофеи журналист аз ин ҳукми додгоҳ розӣ аст. Зеро ба қавли ӯ, додгоҳ аз рӯи адолат ҳукм баровард.
Саодат Атоева, раиси додгоҳи Муҳаммадюсуф Исмоилов аз шарҳи он ки ҳукми суд дар асоси кадом меъёрҳои қонунгузорӣ бароварда шудааст, худдорӣ кард. Танҳо гуфт, ки «Ҳукум баромадааст,  агар тарафҳо ҳам розӣ набошанд, ё шикоят доранд, баъди қувваи қонунӣ пайдо кардан, метавонам иттилоъ диҳам»
Аммо раиси Бунёди гиромидошти рӯзноманигорони тоҷик Мухтор Боқизода бо ҳукми суд розӣ набуда, зимни сӯҳбат бо хабарнигори kloop.tj иброз дошт, ки вакилаш ӯро то ҳадди зарурӣ ҳимоя кунад. Аз ҷумла, ӯ чунин изҳор дошт:
«Аслан, ҳукми додгоҳ ғайримунсифона ва ноадолатона аст,  аз ин рӯ, ман бо он розӣ шуда наметавонам. Ин гувоҳи он аст ки ба инобат нагирифтани мавқеи шаҳрвандии рӯзноманигор дуюмдараҷа мебошад. Зеро вақте рӯзноманигор ба ягон гирдоб мепечад, ин ҳамааш вобастааст ба фаъолияти касбии онҳо. Ва он моддаҳое, ки то хол ин рӯзноманигоронро гунаҳкор мекунанд, ҳамеша монеи фаъолияти онҳо мешавад».
Аммо Муҳаббат Ҷӯраева вакили дифои Муҳаммадюсуф Исмоилов гуфт: «Ман ба ин ҳукм сад дар сад розӣ мебошам. Ва ман фикр мекунам, ки барои ҳар судя осен нест, ки  чунин одилона ва бо ҷуръат бошад. Зеро ӯ ҳам дар зери фишор  қарор дошт  ва ҳам  дар зери ин таъқиб қарор дошт».
Дар ҳамин ҳол, вакили дифо ба он назар аст, ки вақти ҷарима кардан аз тарафи судя вазъияти моли судшаванда ба назар гирифта шудааст.
Ҳамчунин, ба қавли Иноят Иноятов, адвокати мустақил, ҳукми Муҳаммадюсуф Исмоилов бармаҳал ва ғайриқонунӣ мебошад. Ӯ мегӯяд: «Ин рӯзноманигор барои навиштаҷоти танқидӣ мавриди таъқиби ҷиноятӣ қарор гирифт ва ҳукми суд барои вай ноодилона мебошад. Бояд суди болоӣ ин ҳукмро аз  нав қонунӣ қабул кунад».
И. Иноятов, дар баровардани ҳукм тафтишоти пешакиро сабабгор медонад. Зеро чун мақомоти тафтишотӣ пешакӣ, ки ӯро айбдор эълон карда буд, суд низ ӯро бо ҳамаи гуноҳҳояш айбдор шуморид.
«Ба тавсияи ман хуб мебуд Муҳаммадюсуф Исмоилов бо вакилаи мудофеаш ин ҳукмро то Суди Олии кишвар мавриди баррасӣ қарор медоданд. Зеро мувофиқи  Конистутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъқиб барои  танқид манъ аст»,-гуфт адвокати мустақил.
Вале Зинатулло Исмоилов, раиси Шӯрои Воситаи ахбори омма ба ин акида аст, ки 35 ҳазор соминӣ ҷарима кардан, барои  шахсе, ки бо маош ва нафақа зиндагӣ  мекунад, ин хело вазнин мебошад.
Бо ин вуҷуд, вакили дифои журналист ба ин андеша аст, ки агар ҳамаи хабарнигорон ҳангоми мурофиаҳои Муҳаммадюсуф Исмоилов сарҷамъ намебуданд, бе чуну чаро ба вай 14-сол медоданд.
«Ин муваффақияти калон аст, ки ӯро бо ҳама моддаҳои айбдоркарда ҳабс накарданд, яъне, моддаи 25-ум, ки дар он «тамаъҷӯӣ» сафед карда шуд. Дар Тоҷикистон имкони сафед кардан нест ва дар ҳукми Муҳаммадюсуф Исмоилов ин хел имкони сафед кардан набуд. Зеро имрӯз дар Тоҷикистон ҳар як  шахс парвандааш оғоз шавад, вай бояд суд шаваду ҳатман ҷазо гирад. Бояд ҳаминро илова кард, ки гарчанде мо дар давлати демократӣ зиндаӣ кунем ҳам, лекин афсус, ки  ягон бор ҳукми сафед нест».
Вале Мухтор Боқизода мегӯяд, ки имкони сафед кардани журналист буд, вале пеш аз ҳама як каме камҷуръатӣ ва камфаъолиятӣ аз ҷониби вакили ҳимоятгари ӯ меравад. Аммо вакили ҳимоятгари ӯ натавонистаст то ҷойи даркорӣ ӯро ҳимоя кунад.
«Масалан, иқдомҳое, ки аз ҷониби Анҷумали миллии воситаи ахбори омма ва  аз ҷониби дигар созмонҳои журналистӣ карда шуд, он қадар ба манфиати кор истифода нашуд. Гумон мекунам агар вакил хеле фаъол мебуд ва бо далелҳо раднашаванда бегуноҳии ӯро исбот мекард, эҳтимоли сафед карданаш буд. Акнун барои ҳимояи ҳуқуқҳояш рӯзноманигор баъд аз ин метавонад ба додгоҳ муроҷиат барад ва муроҷиати касатсиони ва худашро ҳифз кунад».
Муаллиф: Мунисаи Солеҳҷон
http://kloop.tj/2011/10/25/ukmi-dodgo-noodilona-ast-shikoyati-kasatsaion-meboyad/#more-2539


Зинатулло Исмоилов, райиси Шӯрои ВАО-и ҶТ, ҳамзамон сарвари кулли шабакаи телевизионии СМТ омодагии худро дар мавриди пайвастан ба Гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирон изҳор кард.
________________________________________
Оқои Исмоилов бар ин назар аст, ки: «Мушкили муҳоҷирони тоҷик, ки алъон дар Русия ба сар мебаранду теъдоди онҳо марзи беш аз 1 миллионро кайҳо убур кардааст, мушкили саросарии кишвар аст». Ӯ мӯътақид аст, ки ихроҷи муҳоҷирини тоҷик ва бозгашти онҳо ба Ватан боиси ноҷӯр шудани вазъи иҷтимоии хонаводаи эшон ва дар маҷмӯъ Тоҷикистон мегардад.
Ёдрас менамоем, Гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирин шаби 14-уми ноябр дар  Душанбе аз ҷониби  гурӯҳе рўзноманигорон ва рӯшанфикрон ташкил шуд. Мубтакирони ин Гурӯҳ мегӯянд, дар пеши худ ҳадаф гузоштаанд, ки вазъи баамаломадаро, ки дар натиҷаи боздошт ва ҳукми додгох нисбати ду халабони ширкати «Rolkan Investmens Ltd» сурат гирифтааст, мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор диҳад. Дар ҳоли ҳозир раҳбарии ин гурӯҳро Барзу Абдураззоқов, ҳунарманд ва коргардони шинохтаи тоҷик бар дӯш дорад.
Дар ҳамин ҳол, бархе аз нерӯҳои сиёсӣ низ  пуштибонии худро аз таъсиси Гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирон  эълон кардаанд. Аз ҷумла, Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ, таъсиси ин гурӯҳро амри муҳим дар ростои ҳалли мушкилот унвон кардааст.
http://ozodagon.com/khabarho/tojikiston/3009-2011-11-16-10-06-45

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер