Индекси мавод
ВАО дар бораи Шӯро
Мушкили мавҷ ва дар басомади мавҷ пахш кардани барномаҳо сабаб гардид, ки ТВ «СМТ» тайи бештар аз як сол фаъолияташро пурра ба роҳ монда натавонист.
Ҷоизаи вижа барои хабарнигорони кишвар таъсис ёфта, ҳамакнун дар интизори довталабон аст.
Шӯрои ВАО: Ҳалли қазияҳо то додгоҳ
Маҳалгароӣ дар ТВ ва матбуоти Тоҷикистон
Хатлон: Гӯшрас кардани меъёрҳои ахлоқ ба журналистон
Нишасти Шӯрои ВАО дар идораи рӯзномаи «Хатлон»
Аввалин семинари омӯзишӣ дар Симои мустақили Тоҷикистон
Исмоилов: Баррасии парвандаи ҷиноии Исмоилов ба таъхир афтод
Мизи мудаввари журналистон дар «Шарқи озод»
Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ба қазияи Усмонов расидагӣ мекунад
Ҷаласаи навбатии Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон
Мизи мудаввар бо ибтикори Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон
Мизи мудаввари Шӯрои ВАО дар кумитаи телевизион ва радио
Шӯрои ВАО пажӯҳиши нашрияҳои маҳаллиро аз сар мегирад
Ҳамоиши омӯзишии Шӯрои ВАО дар Мастчоҳ
Афсонаи ҳамрайъии журналистони Тоҷикистон ба ҳақиқат табдил меёбад
Доғи
Гувоҳии журналистон дар муҳокимаи Усмонов
Мулоқоти раиси Шӯрои ВАО бо донишҷӯёни ДМТ
Рӯзи байналмилалии одоби касбӣ дар факултаи журналистикаи ДМТ
Таъсиси шабакаи ташкилоти ҳудтанзимкунӣ
Конфронси 13-уми Иттиҳоди шӯроҳои мустақили ВАО дар Маскав
Ҳукми додгоҳ ноодилона аст, шикояти назоратӣ мебояд
Райиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон аз Гурӯҳи мусоидат ҷонибдорӣ мекунад
Ҳамаи саҳифаҳо

08.06.2011 11:39
Баррасии парвандаи ҷиноӣ алайҳи рӯзноманигор Муҳаммадюсуф Исмоилов мавқуф гузошта шуд. Дар ин бора зимни як сӯҳбати телефонӣ, Зинатулло Исмоилов, райиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, ки дар раъси як ҳайате аз хабарнигорони расонаҳо ҷиҳати ширкат дар мурофиаи додгоҳии мазкур ба Хуҷанд рафта буданд, иброз дошт. Номбурда афзуд, шӯрои ВАО, ҳамзамон кулли нашрия ва оҷонсиву хабаргузориҳо, иттиҳодияҳои журналистӣ аз ҷараёни баррасии парванда огаҳӣ доранд ва аз ҳамкори боздоштшудаашон ба таври қонунӣ дифоъ мекунанд.Исмоилов мегӯяд, иллати ба таъхир гузоштани мурофиа дар толор ҳузур надоштани чанд тан аз шоҳидони ҳодиса аст.
Ёдрас менамоем, додгоҳи ноҳияи Ашти вилояти Суғд баррасии парвандаи ҷиноиро алайҳи рӯзноманигори минтақавии ҳафтаномаи «Нури зиндагӣ» Муҳаммадюсуф Исмоилов дар аввали моҳи равон оғоз карда буд. Ҷумъаи Мирзо, сардабири ин ҳафтанома мегӯяд, сабаби ифтитоҳи парвандаи ҷинои алайҳи ҷаноби Исмоилов ба фаъолияти касбии ӯ рабт дорад, зеро хабарнигор матлабҳои интиқодиеро аз вилояти Суғд омода ва нашр мекард. Бояд гуфт, Муҳаммадюсуф Исмоилов  ба таҳқиру тавҳин ва барангехтани низоъи миллию мазҳабӣ дар ноҳияи Ашт муттаҳам шудааст. Номбурда ҳанӯз моҳи ноябри соли 2010 боздошт гардида, то ин замон дар боздоштгоҳи муваққатии вилояти Суғд ба сар мебурд.
                                  http://ozodagon.com/khabarho/tojikiston/759-2011-06-08-06-39-55.html

 

10.06.2011 14:35
Имрӯз дар  маҷмааи «Шарқи озод» бо ибтикори Шӯрои ВАО-и ҶТ мизи мудаввар дар  мавзӯи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ» баргузор гардид. Тавре ба «Озодагон» Сангин Гулов, дабири кулли шӯрои номбурда иттилоъ дод, дар ин нишаст намояндагони нашрияҳои расмиву давлатӣ, аз ҷумла   «Ҷумҳурият», «Омӯзгор», «Ҷавонони Тоҷикистон», маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» ва ғайра иштирок доштанд. Гулов дар оғози ҳамойиш гуфт, дар давоми беш аз якуним соли охир созмони мазкур ба ҳайси танзимкунанда меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон баромад намуда, барои риояи меъёрҳои этикаи касбӣ дар миёни рӯзноманигорон корҳоеро анҷом додаву нақшаҳоеро амалӣ карданист.  Аз ҷумлаи чунин чорабиниҳо баргузории мизҳои гирд бо иштироки доираи васеи журналистони ҳам марказ ва ҳам минтақаҳо мебошанд.
Зинатулло Исмоилов, раиси Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи ҶТ гуфт имрӯз Шӯрои ВАО-и ҶТ  талош  бар он  дорад, ки дар фаъолияти журналистӣ меъёрҳои ахлоқӣ риоя карда шаванд. Риояи меъёрҳои ахлоқӣ ҳангоми фаъолият журналистонро аз ҳар гуна нофаҳмиҳо бозмедоранд ва миёни онҳову сарчашмаҳои иттилоъ, қаҳрамонону хонандагон фазои созандаву ҳусни тафоҳумро  ба вуҷуд меоранд. Зимни шарҳи меъёрҳои ахлоқӣ миёни ширкаткунандагони мизи гирд мубоҳисаҳо сурат гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки шӯрои ВАО ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии ғайритиҷоратӣ, ихтиёрӣ, мустақил, машваратӣ ва  худтанзимкунии ВАО буда,  фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон санадҳои меъёрии байналмуллалӣ, Оиннома ва Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ мекунад.Муассисони ин созмон иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, АМВОТ, АМВЭАОТ, Хазинаи гиромидошт ва  дифоъ аз  ҳуқуқи журналистон, ҶДММ «Оила», «Азия-Плюс», «Бонувони Тоҷикистон» ва ТВ СМТ мебошанд.

                        http://ozodagon.com/khabarho/tojikiston/799-2011-06-10-09-37-51.html



 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер