Индекси мавод
ВАО дар бораи Шӯро
Мушкили мавҷ ва дар басомади мавҷ пахш кардани барномаҳо сабаб гардид, ки ТВ «СМТ» тайи бештар аз як сол фаъолияташро пурра ба роҳ монда натавонист.
Ҷоизаи вижа барои хабарнигорони кишвар таъсис ёфта, ҳамакнун дар интизори довталабон аст.
Шӯрои ВАО: Ҳалли қазияҳо то додгоҳ
Маҳалгароӣ дар ТВ ва матбуоти Тоҷикистон
Хатлон: Гӯшрас кардани меъёрҳои ахлоқ ба журналистон
Нишасти Шӯрои ВАО дар идораи рӯзномаи «Хатлон»
Аввалин семинари омӯзишӣ дар Симои мустақили Тоҷикистон
Исмоилов: Баррасии парвандаи ҷиноии Исмоилов ба таъхир афтод
Мизи мудаввари журналистон дар «Шарқи озод»
Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ба қазияи Усмонов расидагӣ мекунад
Ҷаласаи навбатии Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон
Мизи мудаввар бо ибтикори Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон
Мизи мудаввари Шӯрои ВАО дар кумитаи телевизион ва радио
Шӯрои ВАО пажӯҳиши нашрияҳои маҳаллиро аз сар мегирад
Ҳамоиши омӯзишии Шӯрои ВАО дар Мастчоҳ
Афсонаи ҳамрайъии журналистони Тоҷикистон ба ҳақиқат табдил меёбад
Доғи
Гувоҳии журналистон дар муҳокимаи Усмонов
Мулоқоти раиси Шӯрои ВАО бо донишҷӯёни ДМТ
Рӯзи байналмилалии одоби касбӣ дар факултаи журналистикаи ДМТ
Таъсиси шабакаи ташкилоти ҳудтанзимкунӣ
Конфронси 13-уми Иттиҳоди шӯроҳои мустақили ВАО дар Маскав
Ҳукми додгоҳ ноодилона аст, шикояти назоратӣ мебояд
Райиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон аз Гурӯҳи мусоидат ҷонибдорӣ мекунад
Ҳамаи саҳифаҳо


 Қӯрғонтеппа. 31-уми май. TojNews - Дар шаҳри Қӯрғонтеппа конфронси омӯзишӣ оид ба «Меъёрҳои ахлоқи фаъолияти журналистон дар Тоҷикистон» доир гардид.

Дар конфронси омӯзишӣ Зинатулло Исмоилов - раиси Шӯрои васоити ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шарифи Ҳамдампур - аъзои Шӯрои ВАО-и ҶТ оид ба «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистон дар Тоҷикистон» баромад доштанд.

Дар қисмати дувуми конфронси омӯзишӣ то кадом дараҷа риоя гаштани меъёрҳои ахлоқи фаъолияти журналистон дар минтақа мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Шарифи Ҳамдампур зимни баромади хеш гуфт, ки гарчанде журналистон дар фаъолияти хеш озоданд, вале ин ба онҳо салоҳияти баромадан аз меъёрҳои журналистиро намедиҳад.

- Ҳозир ҳар кас ба сараш чизе омад менависад, 90 дар 100 рӯзномаҳои мо ҳамин хел аст. Журналистони асил мебояд дар асоси факту рақамҳо нависанд. Ёд дорам, дар замони Шӯравӣ барои навиштани мақолаи «Фирор», ки дар «Садои мардум» чоп шуда буд, 4 моҳ дар ҳаҷми 500 саҳифа факту рақам ҷамъ карда будам ва он баъди чоп натиҷаи дилхоҳ дод,- зикр кард Шарифи Ҳамдампур.

Дар рафти баҳсе, ки атрофи риоя гаштани «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистон дар Тоҷикистон» идома дошт, Асалмоҳ Сафарова - муҳаррири нашрияи «Хатлон» гуфт:

- Ду нафар бону, ки худро журналист муаррифӣ намудаанд, шабона ба хонаи раиси ноҳияи ба номи Ҷалолиддини Румӣ рафта, ба ивази худдорӣ аз мақолаи танқидӣ маблағ талаб кардаанд. Ба ҳамин минвол онҳо дар ноҳияи ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ аз роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳия талаби се рӯз таъмини ҷои хоб ва ғизоро доштаанд.

Чуноне, ки аз рафти баҳс баромад, Асалмоҳ Сафарова акси онҳоро дар даст надорад, вале аз куҷо буданашонро медонад ва яке аз онҳоро хуб ҳам дар хотир дорад.

Ҷамъомадагон дар қатори ҷой доштани суистифода аз касби журналистӣ аз он изҳори нигаронӣ доштаанд, ки дар ноҳияҳои Қубодиён, ба номи Носири Хусрав ва як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят раисон муҳаррирони нашрияҳои ҳукуматиро на аз рӯи касбият, балки аз рӯи ба онҳо назик ва содиқ будан таъин кардаанд.

Дар ҷамъбасти конфронси омӯзишӣ масъулин тасмим гирифтанд, ки дар нашрияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ масъулони шаҳру ноҳияҳо ва дигар шахсони масъулро таъкид мекунанд, то бе нишон додани ҳуҷҷати журналистӣ касеро ба ҳайси журналист қабул накунанд.

Зинатулло Исмоилов - раиси Шӯрои ВАО-и ҶТ гуфт, ки ӯ иқдоми дар оянда вохӯрдан бо Ғайбулло Авзалов - раиси вилояти Хатлонро дошта, қисме аз масъалаҳои марбут ба фаъолияти журлалистонро дар минтақа мавриди баррасӣ ва ҳаллу фасл қарор медиҳад.

http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=14788&Itemid=14

 



 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер