Индекси мавод
ВАО дар бораи Шӯро
Мушкили мавҷ ва дар басомади мавҷ пахш кардани барномаҳо сабаб гардид, ки ТВ «СМТ» тайи бештар аз як сол фаъолияташро пурра ба роҳ монда натавонист.
Ҷоизаи вижа барои хабарнигорони кишвар таъсис ёфта, ҳамакнун дар интизори довталабон аст.
Шӯрои ВАО: Ҳалли қазияҳо то додгоҳ
Маҳалгароӣ дар ТВ ва матбуоти Тоҷикистон
Хатлон: Гӯшрас кардани меъёрҳои ахлоқ ба журналистон
Нишасти Шӯрои ВАО дар идораи рӯзномаи «Хатлон»
Аввалин семинари омӯзишӣ дар Симои мустақили Тоҷикистон
Исмоилов: Баррасии парвандаи ҷиноии Исмоилов ба таъхир афтод
Мизи мудаввари журналистон дар «Шарқи озод»
Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ба қазияи Усмонов расидагӣ мекунад
Ҷаласаи навбатии Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон
Мизи мудаввар бо ибтикори Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон
Мизи мудаввари Шӯрои ВАО дар кумитаи телевизион ва радио
Шӯрои ВАО пажӯҳиши нашрияҳои маҳаллиро аз сар мегирад
Ҳамоиши омӯзишии Шӯрои ВАО дар Мастчоҳ
Афсонаи ҳамрайъии журналистони Тоҷикистон ба ҳақиқат табдил меёбад
Доғи
Гувоҳии журналистон дар муҳокимаи Усмонов
Мулоқоти раиси Шӯрои ВАО бо донишҷӯёни ДМТ
Рӯзи байналмилалии одоби касбӣ дар факултаи журналистикаи ДМТ
Таъсиси шабакаи ташкилоти ҳудтанзимкунӣ
Конфронси 13-уми Иттиҳоди шӯроҳои мустақили ВАО дар Маскав
Ҳукми додгоҳ ноодилона аст, шикояти назоратӣ мебояд
Райиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон аз Гурӯҳи мусоидат ҷонибдорӣ мекунад
Ҳамаи саҳифаҳо

Додгоҳи ноҳияи Ашти вилояти Суғд пас аз он, ки ҳукми  журналист Муҳаммадюсуф Исмоиловро дар мавриди он ки бояд 35 ҳазор сомонӣ ҷарима супорад,  дар ҷомеаи журналистон сару садоҳои зиёдро ба вуҷуд овард. Дар ҳамин ҳол, вакили мудофеи журналист аз ин ҳукми додгоҳ розӣ аст. Зеро ба қавли ӯ, додгоҳ аз рӯи адолат ҳукм баровард.
Саодат Атоева, раиси додгоҳи Муҳаммадюсуф Исмоилов аз шарҳи он ки ҳукми суд дар асоси кадом меъёрҳои қонунгузорӣ бароварда шудааст, худдорӣ кард. Танҳо гуфт, ки «Ҳукум баромадааст,  агар тарафҳо ҳам розӣ набошанд, ё шикоят доранд, баъди қувваи қонунӣ пайдо кардан, метавонам иттилоъ диҳам»
Аммо раиси Бунёди гиромидошти рӯзноманигорони тоҷик Мухтор Боқизода бо ҳукми суд розӣ набуда, зимни сӯҳбат бо хабарнигори kloop.tj иброз дошт, ки вакилаш ӯро то ҳадди зарурӣ ҳимоя кунад. Аз ҷумла, ӯ чунин изҳор дошт:
«Аслан, ҳукми додгоҳ ғайримунсифона ва ноадолатона аст,  аз ин рӯ, ман бо он розӣ шуда наметавонам. Ин гувоҳи он аст ки ба инобат нагирифтани мавқеи шаҳрвандии рӯзноманигор дуюмдараҷа мебошад. Зеро вақте рӯзноманигор ба ягон гирдоб мепечад, ин ҳамааш вобастааст ба фаъолияти касбии онҳо. Ва он моддаҳое, ки то хол ин рӯзноманигоронро гунаҳкор мекунанд, ҳамеша монеи фаъолияти онҳо мешавад».
Аммо Муҳаббат Ҷӯраева вакили дифои Муҳаммадюсуф Исмоилов гуфт: «Ман ба ин ҳукм сад дар сад розӣ мебошам. Ва ман фикр мекунам, ки барои ҳар судя осен нест, ки  чунин одилона ва бо ҷуръат бошад. Зеро ӯ ҳам дар зери фишор  қарор дошт  ва ҳам  дар зери ин таъқиб қарор дошт».
Дар ҳамин ҳол, вакили дифо ба он назар аст, ки вақти ҷарима кардан аз тарафи судя вазъияти моли судшаванда ба назар гирифта шудааст.
Ҳамчунин, ба қавли Иноят Иноятов, адвокати мустақил, ҳукми Муҳаммадюсуф Исмоилов бармаҳал ва ғайриқонунӣ мебошад. Ӯ мегӯяд: «Ин рӯзноманигор барои навиштаҷоти танқидӣ мавриди таъқиби ҷиноятӣ қарор гирифт ва ҳукми суд барои вай ноодилона мебошад. Бояд суди болоӣ ин ҳукмро аз  нав қонунӣ қабул кунад».
И. Иноятов, дар баровардани ҳукм тафтишоти пешакиро сабабгор медонад. Зеро чун мақомоти тафтишотӣ пешакӣ, ки ӯро айбдор эълон карда буд, суд низ ӯро бо ҳамаи гуноҳҳояш айбдор шуморид.
«Ба тавсияи ман хуб мебуд Муҳаммадюсуф Исмоилов бо вакилаи мудофеаш ин ҳукмро то Суди Олии кишвар мавриди баррасӣ қарор медоданд. Зеро мувофиқи  Конистутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъқиб барои  танқид манъ аст»,-гуфт адвокати мустақил.
Вале Зинатулло Исмоилов, раиси Шӯрои Воситаи ахбори омма ба ин акида аст, ки 35 ҳазор соминӣ ҷарима кардан, барои  шахсе, ки бо маош ва нафақа зиндагӣ  мекунад, ин хело вазнин мебошад.
Бо ин вуҷуд, вакили дифои журналист ба ин андеша аст, ки агар ҳамаи хабарнигорон ҳангоми мурофиаҳои Муҳаммадюсуф Исмоилов сарҷамъ намебуданд, бе чуну чаро ба вай 14-сол медоданд.
«Ин муваффақияти калон аст, ки ӯро бо ҳама моддаҳои айбдоркарда ҳабс накарданд, яъне, моддаи 25-ум, ки дар он «тамаъҷӯӣ» сафед карда шуд. Дар Тоҷикистон имкони сафед кардан нест ва дар ҳукми Муҳаммадюсуф Исмоилов ин хел имкони сафед кардан набуд. Зеро имрӯз дар Тоҷикистон ҳар як  шахс парвандааш оғоз шавад, вай бояд суд шаваду ҳатман ҷазо гирад. Бояд ҳаминро илова кард, ки гарчанде мо дар давлати демократӣ зиндаӣ кунем ҳам, лекин афсус, ки  ягон бор ҳукми сафед нест».
Вале Мухтор Боқизода мегӯяд, ки имкони сафед кардани журналист буд, вале пеш аз ҳама як каме камҷуръатӣ ва камфаъолиятӣ аз ҷониби вакили ҳимоятгари ӯ меравад. Аммо вакили ҳимоятгари ӯ натавонистаст то ҷойи даркорӣ ӯро ҳимоя кунад.
«Масалан, иқдомҳое, ки аз ҷониби Анҷумали миллии воситаи ахбори омма ва  аз ҷониби дигар созмонҳои журналистӣ карда шуд, он қадар ба манфиати кор истифода нашуд. Гумон мекунам агар вакил хеле фаъол мебуд ва бо далелҳо раднашаванда бегуноҳии ӯро исбот мекард, эҳтимоли сафед карданаш буд. Акнун барои ҳимояи ҳуқуқҳояш рӯзноманигор баъд аз ин метавонад ба додгоҳ муроҷиат барад ва муроҷиати касатсиони ва худашро ҳифз кунад».
Муаллиф: Мунисаи Солеҳҷон
http://kloop.tj/2011/10/25/ukmi-dodgo-noodilona-ast-shikoyati-kasatsaion-meboyad/#more-2539



 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер