Индекси мавод
ВАО дар бораи Шӯро
Мушкили мавҷ ва дар басомади мавҷ пахш кардани барномаҳо сабаб гардид, ки ТВ «СМТ» тайи бештар аз як сол фаъолияташро пурра ба роҳ монда натавонист.
Ҷоизаи вижа барои хабарнигорони кишвар таъсис ёфта, ҳамакнун дар интизори довталабон аст.
Шӯрои ВАО: Ҳалли қазияҳо то додгоҳ
Маҳалгароӣ дар ТВ ва матбуоти Тоҷикистон
Хатлон: Гӯшрас кардани меъёрҳои ахлоқ ба журналистон
Нишасти Шӯрои ВАО дар идораи рӯзномаи «Хатлон»
Аввалин семинари омӯзишӣ дар Симои мустақили Тоҷикистон
Исмоилов: Баррасии парвандаи ҷиноии Исмоилов ба таъхир афтод
Мизи мудаввари журналистон дар «Шарқи озод»
Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ба қазияи Усмонов расидагӣ мекунад
Ҷаласаи навбатии Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон
Мизи мудаввар бо ибтикори Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон
Мизи мудаввари Шӯрои ВАО дар кумитаи телевизион ва радио
Шӯрои ВАО пажӯҳиши нашрияҳои маҳаллиро аз сар мегирад
Ҳамоиши омӯзишии Шӯрои ВАО дар Мастчоҳ
Афсонаи ҳамрайъии журналистони Тоҷикистон ба ҳақиқат табдил меёбад
Доғи
Гувоҳии журналистон дар муҳокимаи Усмонов
Мулоқоти раиси Шӯрои ВАО бо донишҷӯёни ДМТ
Рӯзи байналмилалии одоби касбӣ дар факултаи журналистикаи ДМТ
Таъсиси шабакаи ташкилоти ҳудтанзимкунӣ
Конфронси 13-уми Иттиҳоди шӯроҳои мустақили ВАО дар Маскав
Ҳукми додгоҳ ноодилона аст, шикояти назоратӣ мебояд
Райиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон аз Гурӯҳи мусоидат ҷонибдорӣ мекунад
Ҳамаи саҳифаҳо

 

Яке аз ду хабарнигор, ки дар рӯзҳои аввали боздошти Урунбой Усмонов ӯро дар идораи амнияти вилояти Суғд дида буд, дар додгоҳ гуфтааст, ки осори шиканҷаро дар сурати ин хабарнигори Би-би-сӣ дар он замон мушоҳида кардааст.

 

Илҳоми Ҷамолиён, масъули бахши маҳаллии Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки рӯзи сешанбеи 20 сентябр дар ҷаласаи додгоҳи вилояти Суғд шаҳодат медод, гуфтааст, ки дар идораи маҳаллии амният дар зери абрӯи чапи оқои Усмонов доғеро дида буд, ки акнун ин доғ мавҷуд нест.

 

Ин дар ҳолест, ки Ленура Мустафоева, хабарнигори дигаре, ки як рӯз қабл аз дидори оқои Ҷамолиён бо Урунбой Усмонов дар идораи амният дидор дошт, мегӯяд, ки он замон дар сурати оқои Усмонов ҳеч гуна осори шиканҷа мавҷуд набуд.

 

Ин ду хабарнигор дар рӯзҳои 17 ва 18 июн, мутаносибан чаҳор ва панҷ рӯз баъд аз боздошти оқои Усмонов тавассути нерӯҳои амниятӣ, бо ӯ дар идораи маҳаллии амният дар вилояти Суғд дидор карданд. Ин замоне буд, ки вакили мудофеъи оқои Усмонов ва аъзои хонаводааш ҳануз иҷозаи мулоқот бо ӯро надоштанд.

 

Илҳоми Ҷамолиён дар додгоҳ гуфт: “Ман медонам, ки қаблан акои Урунбой чунин доғе ё холе дар рӯяшон надоштанд, вале ман гумон кардам, ки мумкин аст ин доғи пирӣ бошад.”

 

Вай эътироф кард, ки акнун дар рӯйи оқои Усмонов чунин доғе намоён нест. Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи Урунбой Усмонов, мегӯяд, ки ин баёнот далели он аст, ки “Ҷамолиён дар рӯзи 18-уми июн дар рӯйи оқои Усмонов осори ҷароҳатеро дидааст”, ки зоҳиран аз шиканҷа барҷо монда буд.

 

Аммо Ленура Мустафоева, хабарнигори дигари маҳаллӣ ки низ дар ин додгоҳ барои шаҳодат додан ҳозир шуда буд, гуфт, ки ҳангоми мулоқоти ӯ бо Урунбой Усмонов дар идораи амният осори шиканҷа дар сару рӯйи вай "мавҷуд набуд."

 

Хонуми Мустафоева бо оқои Усмонов рӯзи 17-уми июн дар идораи кумитаи амният дар вилояти Суғд дидор дошт ва вакилони оқои Усмонов мегӯянд, мақолае, ки вай ба дунболи ин мулоқот дар сойти Pressa.tj мунташир кард, “ба шаъну шарафи Урунбой Усмонов латма задааст.”

 

Дар ин матлаб аз Ӯрунбой Усмонов ба унвони як "узви Ҳизби Таҳрир" ва як "ифротгаро" ва "рӯзноманигори собиқ" ёд шуда ва аз номи чанд узви дигари ин ҳизби мамнӯъ иддаъо шудааст, ки ин хабарнигори Би-би-сӣ дар фаъолияти онҳо мушорикат доштааст.

 

Аммо Яҳёхон Раҳмонхоҷаев ва Абдуннабӣ Абдуқодиров, ду тан аз муттаҳамон ба узвият дар Ҳизби Таҳрир, дар ҷаласаи додгоҳ бархе аз иддаъоҳои хонуми Мустафоеваро, ки гуфта мешавад дар идораи амният бо онон низ ба таври ҷудогона мулоқот карда буд, такзиб карданд.

 

Аз ҷумла, оқои Абдуқодиров гуфт, ки вай ба хонуми Мустафоева ҳаргиз нагуфтааст, ки Урунбой Усмонов узви Ҳизби Таҳрир аст. Оқои Раҳмонхоҷаев низ гуфт, ки вай дар бораи ин ки оқои Усмонов дар ин ҳизби мамнӯъа чи мақоме дорад, аслан сухане ба хонуми Мустафоева нагуфтааст. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи хабарнигори Пресса.тҷ, оқои Раҳмонхоҷаев ба ӯ гуфта буд, ки оқои Усмонов дар силсиламаротиби аъзои Ҳизби Таҳрир мақоми баланде дорад.

 

Пештар, Шӯрои расонаҳо ё васоити ахбори оммаи Тоҷикистон, як ниҳоди иҷтимоъӣ, ки баҳсҳои миёни расонаҳо ва хабарнигоронро баррасӣ мекунад, мақолаи хонуми Мустафоеваро таҳвиномез ва муғойир бо одоби рӯзноманигорӣ арзёбӣ карда буд.

 

Аммо ба гуфтаи хабарнигороне, ки рӯзи 20 сентябр дар ҷаласаи додгоҳ ширкат доштанд, Ленура Мустафаева гуфтааст, ки интиқоди Шӯрои васоити ахбори оммаро эътироф намекунад. Вай гуфт: “Барои ман тасмими ин Шӯро ҳеч аҳаммияте надорад.”

 

Вай ҳамчунин эълом кардааст, ки узви ҳеч як аз созмонҳои рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон нест ва изҳороти ин созмонҳо барояш аҳаммияте надорад. Аммо хонуми Мустафоева дар ҷаласаи додгоҳ эътироф кардааст, ки ҳамчун журналист бо кормандони амниятӣ пештар ҳам ҳамкорӣ карда ва чанд гузориш бо кумаки онҳо омода ва мунташир кардааст.

 

Файзинисо Воҳидова дар ин бора гуфт: “Хонуми Мустафоева бештар аз панҷ соъат дар идораи кумитаи амният буд ва шояд дар ин муддат муфаттиш ба ӯ тамоми асноди парвандаи Урунбой Усмоновро нишон дода бошад, аммо бояд гуфт, ки муфаттиш барои ин журналист 5 соъатро сарф кард, вале панҷ дақиқа барои ман, ки вакили мудофеъи вай ҳастам, сарф накард.”

 

Вай таъкид кард, ки дар ин рӯзҳо чандин хабарнигори дигар низ дархости иттилоъ дар бораи ин парвандаро ба мақомҳои амниятӣ дода ва аммо посухе аз онҳо дарёфт накарда буданд.

 

Муҳокимаи қазияи Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши Осиёи Миёнаи Бӣ-бӣ-сӣ дар шимоли Тоҷикистон, фардо дар шаҳри Хуҷанд идома хоҳад ёфт.

 

http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/09/110920_sq_urunboy_court.shtml

 

 



 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер