logoШӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ аз 15 августи соли 2014, шикояти директори Намояндагии дорои масъулияташ маҳдуди «Квеснет» (БВО) дар Тоҷикистон Маҳмудов С. А. дар нисбати барандаи барномаҳои барномаи «Баҳси рӯз»-и радиои «Имрӯз» Орзу Исоевро баррасӣ намуд. Бояд гуфт, ки бинобар ҳаҷман калон будани маводи барномаи «Баҳси рӯз», ҷаласаи Шӯрои ВАО дар ду давр (18 июл ва 15 августи соли ҷорӣ) баргузор гардид.

Ҷаласаи Шӯрои ВАО пас аз шунидани Гузориши узви Шӯрои ВАО Мараимов Раҷабалӣ (Раҷаби Мирзо) ва баҳсу мунозираҳои тӯлонӣ, ба қарори зайл расид:

1. Бо назардошти он ки дар барномаҳои «Баҳси рӯз»-и Орзу Исоев дар Радиои «Имрӯз» халалдоршавии муқаррароти  бандҳои 1 «Рисолати ВАО ва журналист» (Ҳақиқатнигорӣ, воқеиятнигорӣ, адолат, гуногунандешӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон  – усули (принсипи) фаъолияти ВАО ва журналистон дар Тоҷикистон мебошанд. ВАО ва журналистон бо ин усул обрў ва эътибори матбуотро ҳифз мекунанд); 4 «Ақида, далел ва гумону тахмин» (ВАО ва журналист дар байни мафҳумҳои ақида, далел (факт) ва гумону тахмин фарқ мегузоранд. Баёни андешаи ашхос мавриди санҷиш ва бозпурсӣ қарор намегирад); 7 «Ҳифзи шаъну шараф ва эътибори шахс» (Паст задани шаъну шараф ва эътибори шахс бо алфози қабеҳ, калимаю ибораҳои таҳқиромез ва аксу тасвири номуносиб, ҳамчунин тӯҳмат ва ситоиши нобарҷо хилофи одоби касбии журналист аст); 8 “Эҳтимоли бегуноҳӣ” (Ҳангоми гузориш дар мавриди инъикоси қазияи ҷиноӣ ва амсоли он ВАО ва журналист аз пешдоварӣ худдорӣ мекунанд. То собит гардидани гуноҳи шахс дар суд ВАО ва журналист наметавонанд дар бораи гунаҳкории ў қазоват кунанд); 16 “Ҳамраъйии касбӣ” (ВАО ва журналист ҳамраъйии касбиро пеша мекунанд. Журналист аз иҷрои супоришҳое, ки хилофи эътибори касбӣ ё мавқеи иҷтимоиаш аст, худдорӣ намуда, бояд бар зидди ҳамкасбон ва ВАО-и дигар беасос иқдом накунад. Журналистон ВАО-ро барои хусумати шахсӣ ва ҷудоиандозӣ миёни ҳамкасбон истифода намекунанд.

Агар журналист барои фаъолияти касбиаш таъқиб шавад, ҳамкасбон ўро пуштибонӣ мекунанд, вале азбаски Орзу Исоев фаъолияташро дар Радиои «Имрӯз» қатъ намудааст, ба идораи радиои «Имрӯз» тавсия дода мешавад, ки минбаъд ҳангоми омода кардани чунин барномаҳо ба эҳсосот дода нашаванд ва аз маслиҳати  мутахассисони соҳа истифода баранд;

 

2. Ба Намояндагии Ширкати «Квестнет» (БВО) дар Тоҷикистон тавсия мешавад, ки дар ҳолати ба нишастҳои матбуотӣ ва ё барномаҳои радиову телевизионӣ даъват шудан аз ҷониби ин ё он ВАО, иштироки намояндагони масъулашро таъмин намояд;

 

3. Ба роҳбарону кормандони ВАО тавсия мешавад, ки ба хотири таъмини озодии сухан, дар фаъолияти ҳамарӯза принсипҳои бунёдии журналистикаро риоя намуда, дар ин замина ба халалдор шудани «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» роҳ надиҳанд.

 

 

Шарифзода Қироншоҳ,

раиси Шӯрои ВАО-и ҶТ.

 

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер