shabdolШодӣ Шабдолов, раиси ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар сӯҳбат ба хабарнигори «Фараж», дар мавриди вуҷуд доштани саҳифаи иҷтимоияш дар шабакаи Facebook, гуфт, ин «фейки падарлаънат»-ро ҳарчанд ҳамроҳи писараш Анис ҷустуҷӯ кардааст, пайдо накардаанд.

Шабдолов мегӯяд, ин «саҳифаи фейсбукӣ» аслан ба ӯ дахл надорад. Ба гуфтаи ӯ, тайи 1, 5 моҳ боз бо ҳамроҳии писараш Анис Шабдолов, ки корманди ширкати мобилии «Tcell» аст ва аз истифодаи технологияи муосир хуб бархӯрдор аст, натавонистаанд, «фейк»- ро пайдо кунад. Ва ҳоло ба кадом мақомот шикоят карданро ҳам намедонад, агарчи аз ин амали номардона хеле нигарон аст:

- Бовар кунед, ба куҷо муроҷиат карданро ҳам намедонам. Зеро дар кишвари мо бехатарии алоқа аз ҷониби на Хадамоти алоқа ва на дигар органҳо аслан таъмин нест ва ман ин нуқтаро як бору ду бор не, ҳатто садҳо маротиба дар расонаҳо гуфтаам. Аммо мақсади асосии ташкили ин «фейк»-ро ман хуб медонам. Онҳо мехоҳанд, бо хешу табор ва дигар наздиконам шиносоӣ пайдо кунанду ҳамаи телефонҳои дастиашонро пайдо карда, кадом як мақсади номаълуми худро амалӣ гардонанд. Айни ҳол, ба қавли мардум «зӯрамон ба ӯ нарасид». Ман ҳатто ҳаминро ҳам намедонам, ки ӯ дар Тоҷикистон аст ё хориҷ аз кишвар. Охирин шонсам ин аст, ки ба роҳбари ин шабака, ки дар хориҷа будааст, муроҷиат кунам. Ва баъд худашон медонанд, ки ҷазояш медиҳанд ё чизи дигар, - изҳор дошт раиси ҲКТ.

Бояд зикр кард, чанд вақти ахир, шахсони номаълум дар шабакаҳои интернетӣ аз номи шахсиятҳои маъруф саҳифаҳои иҷтимоӣ кушода, дар он ҷо аз номи эшон саволу ҷавоб ва баҳсҳо мекунанд.

Саҳифи фейсбукии Шодӣ Шабдолов 2- августи соли равон кушода шуда, аллакай 277 нафарро ба худ дӯст интихоб намуда, узви гурӯҳи «Платформа» гардидааст.

faraj.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер