paykХадамоти давлатии оташхомӯшкунии шаҳри Кӯлоб, ягона рӯзномаи мустақили вилояти Хатлон «Пайк»-ро ба миқдори 600 сомонӣ ҷарима баст.

Сардабири нашрияи "Пайк" Аҳмади Иброҳим ба faraj.tj иттило дода гуфт, ки сабаби ҷаримабандӣ шудани ҳафтавор, дар пайдарпай интишор шудани мақолаҳои танқиди зиддӣ хадамоти оташнишонӣ арзёби буд.

Ба гуфти Аҳмади Иброҳим, сардори ин хадамот қасдашро бо ҳамин мазмун гирифтанӣ мешавад: "Вақтҳои охир хадамот заиф монд, мо онҳоро бештар танқид мекардем, ки ислоҳ шаванд, аммо ислоҳ нашуданд ва худи моро омада, барои як «кришка» 600 сомонӣ ҷарима карданд",- гуфт мусоҳиби мо.

Ин дар ҳолест, ду моҳ қабл, ин ҳафтаворро додситони минтақаи Кӯлоб, бо ҷурми тамдид накардани шаҳодатномааш дар Вазорати фарҳанг ба маблағи 400 сомонӣ ҷарима баста буд.

Faraj.tj

 

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер