Мониторинги матолиби ҳафтаномаҳо (13-14  августи  2014):

“Нигоҳ”,  (№ 21 (403), 13.08. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 27. Мардон -18, занон-2, якҷоя – 2.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон  мусбат ва муодил  (нейтрал) аст.

Сарлавҳаҳо: шумораи умумӣ: 22. Бо номи мардон -5, бо номи занон -0, ишора ба ҷинс – 0.

Арзёбӣ: Сарлавҳаҳо тобиши мусбат, муодил ва аксаран манфӣ доранд. Масалан,   сарлавҳаҳои: «Сўхт» - и стратегӣ», «Камикадзе», «Академик: «Моро  «зиндабагўр» карданд», «Серро чӣ парвои гурусна!» маводҳои таҳлилӣ буда, тобиши манфӣ доранд.

Муҳтаво: Дар 8 мавод дар бораи фаъолияти мардон, танҳо дар як мавод, ки дар он сухан аз баҳси замин меравад, дар қатори мардон номи занон низ оварда шудааст.

Арзёбӣ: Дар аксари маводҳо мардон мусбат ва тимсоли  қудрат тасвир шудаанд. Бояд гуфт, ки дар ин шумора маводе ҳаст, ки дар он аз нияти худсӯзӣ кардани сокини ноҳияи Рӯдакӣ – Абдураҳмон Давлатов сухан меравад. Аз нақли бародари Абдураҳмон – Аҳмадхӯҷа бармеояд, ки Абдураҳмон бо ҳамсинфаш байни худ нофаҳмие доштаанд ва он ҳамсинфаш дар як ҷинояти дуздиаш  Абдураҳмонро шарик месозад. Ҳол он ки ӯ дар вақти содир шудани ин ҷиноят дар ноҳияи Ҷ. Румӣ будааст ва адвокатҳо инро исбот кардаанд. Аммо ба гуфти бародари Абдураҳмон, ҳарчанд бегуноҳиашро  исбот карда бошанд ҳам  суди ноҳияи Рӯдакӣ ӯро гунаҳгор дониста, ҳамсинфашро девона гуфта озод кардааст. «Бародари маро таҳдид кардаанд, ки ё 2 сол маҳбас мешавӣ ё 4000 сомонӣ ҷарима месупорӣ. Дар ҳоле ки говро аз дасти ҳамсинфи Абдураҳмон дошта буданд, на аз дасти ӯ, суд ӯро гунаҳгор баровардааст» – нақл мекунад бародари Абдураҳмон. Абдураҳмон ба нишони эътироз дар назди хонаи Президент кӯшиши худсӯзӣ кардааст. Кормандони хадамоти амнияти Президент ин кӯшишро пешгирӣ кардаанд. Мутаассифона, чи хеле муаллиф кайд мекунад, дар Тоҷикистон  ин гуна эътирозҳоро кӯшиш мекунанд, нодида бигиранд. Ин ҷо қайд бояд кард, ки вақтҳои охир аз ноадолатии судҳо шикоят зиёд аст. Аммо аз беадолатии судҳо даст ба худкушӣ задан, ба гумонам, бори аввал аст.  Ҳодисаҳои худкушӣ  ҳамасола  меафзоянд.  Дар шаш моҳи соли равон 318 ҳолати даст ба худкушӣ задан ба кайд гирифта шудааст, ки аз ин 165 нафарашон мардонанд, яъне ҷинси қудратманд – мардон нисбати занон бештар даст ба худкушӣ задаанд. Хуллас,  ин  мавод тобиши манфӣ дорад.

Хулоса: Мувозинати гендерӣ на аз нигоҳи шумора (8 мавод дар бораи мардон  ва танҳо дар як мавод номи занон оварда шудааст ) ва на аз нигоҳи муҳтаво вуҷуд надорад.

Меъёрҳои одоби журналистӣ риоя шудаанд. Аммо танҳо дар саҳифаи охир, дар рубрикаи «Мангар, ки кӣ мегӯяд» банди 7-уми «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» андаке халал ёфтааст. Он ҷо нисбати академик Р. Масов калимаю ибораҳои таҳқиромез  истифода шудааст: «Шукри Худо, ки ин масъала аз шумо вобастагӣ надорад, аммо метавонед, васият кунеду мо ҳатман дар сари қабратон менависем: «Он боролся за государственный статус русского языка на родной земле».

“Тоҷикистон”,  (№33 (1075), 14.08. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 26. Мардон- 13, занон-8, якҷоя -2.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон мусбат ва муодил (нейтрал) аст.

Сарлавҳаҳо: шумораи умумӣ: 39. Бо номи мардон -5, бо номи занон -3. Ишора ба ҷинс  -5.

Арзёбӣ:   сарлавҳаҳо дорои тобиши манфӣ, муодил ва мусбатанд. Ҳатто сарлавҳаҳое, ки тобиши манфӣ доранд, зиёд ба чашм мерасанд, ки онҳо  асосан маводи хусусияти ҷиноидошта мебошанд. Аз қабили «Бинои кӯдакхӯр Осияи 5-соларо зани сатрпўш ба куҷо бурд?», «Телефон сари занро бемӯй кард…», «Фоҳишахонаи Попова дар Турсунзода», «Муҳандис – заминсоз ҳам пора гирифт» ва ғ.

Муҳтавои маводҳо:

Дар 13 мавод фаъолияти мардон, дар 2 мавод фаъолияти занон, дар 2 маводи дигар якҷоя инъикос ёфтааст.

Арзёбӣ: Маводҳое, ки дар хусуси фаъолияти мардонанд, тобиши мусбат, манфӣ ва муодил доранд. Масалан, дар маводҳои  «Раис картошкачинӣ рафт», «Интихоби Туркия», «Раҷаб Тайиб Эрдуғон», «А.Сино: Аз пурхӯрӣ чизи бадтаре нест» мардон  неруманд, кордон, олим, сарвар, яъне мусбат, дар маводҳое чун «Муҳандис – заминсоз ҳам пора гирифт», «Раҳимови «говҷигар», «Боздошти ронандаи фирорӣ» мардон порахӯр, фиребгар, ҷинояткор, яъне  манфӣ, арзёбӣ шудаанд. Дар 2 маводи дигар, ки метавонем «фаъолияти якҷоя» номем, қиссаи хушунати оилавӣ дар шакли хеле нафратангез тасвир шудааст. Ин қиссаҳои «Телефон сари занро бемӯй кард», ва «Ҳуҷум ба муфаттиш сабаби озодшавии зани фиребхӯрда шуд» мебошанд.  Дар қиссаи аввалӣ шавҳар аз бадгумонӣ нисбати занаш, баъди латукӯби шадид ва таҳдиди куштан дасту пойи ӯро баста, бо кордча сарашро метарошад, ки ин намуди ҷазо то имрӯз қариб, ки дида нашуда буд.  Дар қиссаи дигар, Анорой  ном зан фирефтаи хушзабонии Исматов Юсуф, ки чор маротиба барои ҷиноятҳои вазнин содир карданаш суд шуда, ҷинояткори хавфнок ҳисобида мешуд, гашта, нафаҳмидаю насанҷида ҳамсари ӯ мешавад. Анорой аз ин мард ҷабру ситами зиёд мебинад ва бо мадади муфаттиш аз ин золим раҳо меёбад. Дар ин қиссаҳо ҳам нақши зан ва ҳам нақши мард тобиши манфӣ доранд. Мардон хушунатгар, золим, рашкин, бетаҳаммул, занон бошанд, зудбовар, фиребхӯрда ва аз рӯйи гуфти шавҳар, беҷогард («Телефон сари занро бемӯй кард»)  тасвир шудаанд. Аҷибаш дар он аст, ки дар саҳифаи 8 зери рубрикаи «Ҳуқуқ» 5 мавод ҷой дода шудааст,   дар 4- тои  он  нақши зан манфист, яъне зан далла ( «Фоҳишахонаи Попова дар Турсунзода»), зудбовар, гӯлу гаранг, беҷогард, фиребхӯрда нишон дода шудааст. Наход дар Тоҷикистон ягон зани фаъолияти мусбату ибратбахшдошта набошад?

Хулоса: На  аз  нигоҳи шумора ( 13 мавод дар бораи мардон ва 2 мавод дар хусуси занон)  ва на аз нигоҳи муҳтаво, мувозинати гендерӣ дар мундариҷаи ҳафтанома ҷой надорад.

Меъёрҳои одоби журналистӣ дар ҳамаи ҳолатҳо риоя шудаанд.

“Фараж”, (№ 33 (402), 13.08. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 34. Мардон – 14, занон – 4, якҷоя – 6.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон  мусбат ва нейтрал аст.

Сарлавҳаҳо: Шумораи умумӣ: 28. Бо номи мардон – 6, бо номи занон –0, ишора ба ҷинс – 1.

Арзёбии ҳам мардону ҳам занон  мусбат ва муодил  аст.

Муҳтаво: Дар 12 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 1 мавод дар бораи зан, аниқтараш, духтарон   ва дар 1 мавод дар бораи ҳар ду ҷинс  меравад.

Арзёбӣ: Маводҳо дар бораи фаъолияти мардон  ба ҳар мазмунанд ва  тобиши ҳам мусбат, ҳам манфӣ ва ҳам  муодил доранд. Маводи Ситора Саидбекова «Гурдофаридҳои тоҷик ба нанг меоянд», ки  аз ташаббуси занон, аниқтараш, духтарон қисса мекунад, тобиши муодил дорад.  Дар оҳанги гуфтори муаллиф  мо қолабҳои чандинасраи анъанаҳои  миллиро ё ба таври дигар гӯем, қолабҳои гендериро  пайхас мекунем. Мувофиқи ин қолабҳо касбу кор ба занона ва мардона ҷудо мешаванд. Гап сари он аст, ки гуруҳи ҷавондухтарон аз ноҳияи Қубодиён  ба ҳукумати ноҳия муроҷиат карда, хоҳиши дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар баробари мардон хизмати Модар - Ватан карданро намудаанд .  Назари худи муаллиф оид ба хизмати духтарон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ манфист, яъне ҷонибдор нест.  Ба андешаи  ҳуқуқшинос Ф. Воҳидова « ҳеҷ зарурате барои қабули қонун ва иҷозати хизмати занҳо дар артиши миллӣ вуҷуд надорад. Мо тоҷикон менталитети шарқиёна дорем, ҷомеаи мо исломӣ  мебошад ва аз эҳтимол дур нест, ки дар қисмҳои ҳарбӣ якҷоя хизмат кардани ҷавонписарон ва ҷавондухтарон ба одобу ахлоқ таъсири манфӣ мерасонад. Барои ҳамин ман  зидди хизмати  занои тоҷик дар артиши миллӣ  мебошам,» – мегӯяд  ӯ. Коршиноси дигар Комёб Ҷалилов  ин духтаронро тарафдорӣ кардааст.  Коршиноси масоили амниятӣ Саъдии Маҳдӣ  ин иқдоми занонро шуҷоат номидааст, вале мегӯяд, занҳои мо заиф ҳастанд. Хуб мешуд ба кори хона машғул шаванд.  Умуман, дархости занонро дастгирӣ накардааст. Аммо Саодат Амиршоева ин дархости занонро дастгирӣ менамояд. Хуллас, дар ин мавод қолабҳои гендерӣ хеле баръало намоёнанд.

Дар ягона маводе, ки  якҷоя ҳам занон ва ҳам мардон   тасвир шудаанд, оҳанги гуфтор тобиши мусбат дорад. Ин навиштаи Ҳарамгули Қодир  «Дастовардҳои илмӣ амалии академикҳои тиб» мебошад. Ӯ дар қатори ду академикмард – Нусратулло Файзуллоев ва Саломиддин Исупов, аз комёбиҳои илмии академикзан – Мунаввара Додхоева низ маълумот додаст.

Хулоса: Мувозинати гендерӣ  чи аз нигоҳи шумора ( 12 мавод оиди фаъолияти мардон ва 1 мавод дар бораи занон)   ва чи аз нигоҳи муҳтаво риоя нашудааст.

Меъёрҳои одоби журналистӣ дар ҳамаи ҳолатҳо, ба ҷуз як ҳолат, риоя шудаанд.  Чанде пеш дар ВАО-и кишвар  андешаҳо дар бораи мақолаи академики ӯзбекистонӣ Р. Абдуллоев интишор гардид. Р. Абдуллоев андактар муаллифи ин мақола буданашро рад кард. Дар саҳифаи аввали ҳафтанома сармуҳаррир Хуршеди Атовулло  посухи сардабири «Сентразия»В. Хлюпинро, ки аз рӯйи  назарпурсии  журналисти радиои «Озодӣ» Салими Айюбзод сурат гирифтааст, оварда, ба эҳсосот дода шуда, ӯро «саги девонаи Жириновский» номидааст, ки ин хилофи банди 7-уми «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» – «Паст задании шаъну шараф ва эътибори шахс бо алфози қабеҳ, калимаю ибораҳои таҳқиромез…» мебошад.

“Чархи гардун”, (№33 (936),  13.08. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 49. Мардон –30, занон –10, якҷоя –3.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон, ба истиснои 1 акс, мусбат ва муодил аст.

Сарлавҳаҳо: шумораи умумӣ: 43. Бо номи мардон – 8, бо номи занон – 1, ишора ба ҷинс – 0.

Арзёбӣ: Сарлавҳаҳо ҳам тобиши мусбат доранд, ҳам муодилу ҳам манфӣ. Арзёбии  мардон дар мавриди истифодаи ном  дар 4 ҳолат манфист («Лексус»-и Остон Азизов пиёдагардро заду …гурехт», «Шуҳрат Қудратовро дар маҳбас танбеҳ додаанд», «Туҳмати Суди Рӯдакӣ маро ба худсӯзӣ тела дод», «Ҷӯраев барои тоза накардани партовҳо аз кор рафт»).  Дар мавриди истифодаи номи занон  бояд гуфт, ки танҳо дар як сарлавҳа номи зан, аниқтараш, духтар  истифода шудааст: « Осияи 5-сола ҳам гум шуд».

Муҳтаво: Дар 14 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 1 мавод дар бораи занон ва дар 2 мавод дар бораи ҳар ду ҷинс  меравад. Дар як маводе, ки номи зан омадааст, аз гум шудани боз як духтарчаи 5- сола сухан меравад.

Арзёбӣ: Дар 7 ҳолат дар маводҳо дар бораи мардон арзёбӣ манфист, дар 7 ҳолати дигар фаъолияти мардон мусбат ва муодил аст. Ягона маводе, ки сухан аз фаъолияти зан меравад, яъне мақолаи «Бибиҳои ҷавони ҳазорнабера» сухан аз фаъолияти пурсамари мудири Маркази солимии репродуктивии рақами 11-уми шаҳри Душанбе Сурайё Раҷабова ва дигар ҳамкасбонаш   меравад ва тобиши мусбат дорад. Дар маводи таҳлилии Лолаи Саидакбар  «Муллои ҷинбарор ва Наимҷони Саидалӣ» сухан аз худкушии занону мардон меравад. Чанд ҳолатеро, ки  муаллиф мавриди муҳокима қарор додааст, ба худкушӣ ҷавонон даст задаанд. Муаллиф беморӣ, хушунати хонаводагӣ, тамошои филмҳои куштору зӯроваридошта ва клипи баъзе ситораҳои моро сабаби худкушӣ медонад. Вагарна писареро, ки дар  синфи 4 мехонаду айни шӯхию бозиаш ҳаст, чӣ ё кӣ маҷбур кардааст, ки худро дор кашад?!  «…равоншиносон, – менависад  муаллиф, – кайҳо боз исбот намудаанд, ки ин гуна филмҳо дар ниҳоди кӯдак бераҳмӣ, бешафқатӣ  ва зулму бедодгариро зиёд мекунанд». Муаллиф дуруст қайд мекунад, як сабаби худкушӣ бетарафӣ ва бемеҳрии мо – атрофиён аст. Мисол меорад,  ки ҷавоне ду сол пеш ба бемории руҳӣ гирифтор мегардаду пас аз табобати зиёд шифо меёбад ва хонадор мешавад. Барои кадом коре падараш ӯро сарзаниш карда,  девонааш меномад. Ин таънаро бардошта натавониста худкушӣ мекунад. Хуллас,  аз 3 ҳолати худкушӣ, ки муаллиф овардааст,  яктааш зан ва дуи дигар марданд.  Ин боз як далели зиёд шудани худкушӣ дар байни мардон аст ва ин мавод тобиши манфӣ дорад.

Мақолаи дигаре,  ки дар он фаъолияти мардону занон мавриди баррасӣ қарор дораду тобиши манфӣ дорад, ин «SMS «талоқ» дубора авҷ мегирад» мебошад. Дар ин мавод андешаҳои мухталифи  ҳам мардон ва ҳам занон оварда шудаанд. Андешаҳои мардон, ки аслан руҳониёнанд, аз якдигар фарқ мекунад. Масалан, ба андешаи Эшони Саидҷони Сорбонхӯҷа, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ дар вилояти Хатлон: «Вақте, ки хаттӣ паём менависанд ва паём ба дасти зан мерасад ва муаллифи паём марде ҳаст, ки барои ҳамсараш мефиристад, талоқ аст ва зиндагиашон бо ҳамин тамом мешавад». Аммо 7 сол пеш руҳониён вақте талоқ бо паёмак авҷ гирифта буд, онро ғайриқобили қабул унвон карда буданд. Андешаҳои  3 нафар зан  низ  гуногунанд, яке занонро гунаҳгор мекунад , ки нисбати зангҳои телефонии шавҳарони муҳоҷирашон бетаваҷҷуҳӣ мекунанд. Аммо коршиносони масоили гендерӣ мардонро гунаҳгор медонанд.  Бояд қайд кард, ки ин падидаи номатлуб оқибатҳои нохушро ба бор меорад, занонро дар як ҳолати сангин мегузорад. Чи тавре Наргис Қосимова  иброз доштааст: « …як талаффузи «талоқ» занро барои якборагӣ бадбахт мекунад ва дар вақти никоҳ ризогии занро мегиранд, вале дар вақти талоқ аз занҳо чизе намепурсанд». Хуллас, дар ин масъалаи нозук ҳарду ҷониб бегуноҳ нестанд.

Хулоса: Мувозинати гендерӣ  аз диди шумора ( 14 ҳолат фаъолияти мардон ва як ҳолат фаъолияти занон) риоя нашудааст , аммо аз диди муҳтаво дар ду маводе,  ки ҳам мард оварда шудаасту ҳам зан  («SMS «талоқ» дубора авҷ мегирад» ва «Муллои ҷинбарор ва Наимҷони Саидалӣ»)   риоя шудааст. Ин маводҳо андаке оҳанги маҳкумкунӣ дорад. Вале муаллиф   фикру андешаҳояшро ба таври  хеле муассир баён намудааст.

Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон халалдор нашудаанд.

 

“Азия – плюс”, (№ 61 (944) 14.08.2014):

Общее количество фотографий: 62

Мужчины: 31.  Женщины: 14. Вместе  3. Все фотографии оцениваются  положительно и  нейтрально.

Заголовки: общее количество: 54. С мужскими именами: 10, с женскими именами: 1, ссылка на пол:  1, вместе: 0 .

Все заголовки  оценены, как  положительные и нейтральные.

Содержание: В 31  материалах отражается деятельность мужчин, в 2 деятельность женщин, в 3 совместно.

Оценка: Все материалы о деятельности мужчин  несут положительный оттенок.  Из общего количества  1 материал связан с криминальной хроникой.  Сообщения где фигурируют  женщины2 («Сюзен Эллиот полюбила» и “В Душанбе ищут 5-летнюю соседку сестер Араловых) и один из них имеет н негативный оттенок.. Материалы,  где мужчины и женщины отражаются  вместе, нейтральны. Не имеется не одного материала посвященного женским или гендерным вопросам.

Заключение: Нарушение гендерного баланса наблюдается в количественном представлении материалов, однако в плане содержания отдельных статьей этот баланс соблюдается.

Нормы этики журналистики не нарушены.

Рекомендации:

•          Отразить гендерную политику правительства  страны наиболее полно;

•          Больше опубликовать материалы о деятельности передовых женщин;

•          Сотрудничать с Комитетом по делам женщин и семьи и НПО, которые занимаются гендерными проблемами, женскими журналами для получения информации по данным вопросам.

“Пайк”,  (№32 (57),  13.08. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 33. Мардон-16, занон- 1, якҷоя – 1.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон  мусбат ва нейтрал аст.

Сарлавҳаҳо: шумораи умумӣ: 23. Бо номи мардон – 1, бо номи занон -0, якҷоя – 0. Ишора ба ҷинс – 0.

Арзёбӣ: Дар ҳамаи сарлавҳаҳо мардон мусбат арзёбӣ шудаанд.

Муҳтаво: Дар 7 мавод сухан аз фаъолияти мардон меравад. Ягон маводе, ки махсус аз фаъолияти занон сухан равад, нест. Танҳо  дар 2 мавод («Амнистия барои кӣ мешавад?» ва «Ошиқони беҷуръати Фархор»)  андешаҳои занон оварда шудаанд.

Арзёбӣ: Маводҳо дар бораи фаъолияти мардон тобишҳои манфӣ, мусбат ва муодил  доранд. Масалан, дар маводи «Ташвиш накашед, мо гоҳ- гоҳ мепаронем», сухан аз хусуси тирпарониҳои беэҳтиётонаи сарбозони ҷузъи пойгоҳи низомии Русия дар шаҳри Кӯлоб меравад, ки ба деҳаи Дараи Об мерасанд. Ҳатто ин тирҳо боиси марги 4 нафар сокини ин деҳа гаштаанд. Оҳанги гуфтор дар ин мақола манфист. Дар мақолаи дигар «Туркҳо раис, тоҷикон саис» сухан аз кори бесифати ширкати роҳсозии  туркӣ «Текар» меравад  ва оҳанги гуфтор сахт маҳкумкунандаю манфист.

Хулоса: Мувозинати гендерӣ на аз ҷиҳати шумора (ягон мавод дар бораи занон нест) ва на аз ҷиҳати муҳтаво, риоя нашудааст. Маводҳое, ки дар боло овардем, ҳарду хусусияти маҳкумкунӣ доранд.

Дар матолиб Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ  дар Тоҷикистон риоя шудаанд.

“Минбари халқ”, (№33 (960),  14.08. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 38. Мардон -12, занон-4, якҷоя – 13.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон мусбат ва нейтрал аст.

Сарлавҳаҳо: шумораи умумӣ:26. Бо номи мардон - 2, бо номи занон -0.

Ишора ба ҷинс – 0.

Арзёбӣ: Ҳамаи сарлавҳаҳо дорои тобиши мусбат ва муодиланд.

Муҳтаво: Дар 4 мавод фаъолияти мардон, дар 1 мавод фаъолияти занон ва дар 1 мавод фаъолияти якҷоя инъикос ёфтааст.

Арзёбӣ: Дар ҳамаи маводҳо арзёбии фаъолияти мардон мусбат аст.  Дар маводи таҳлилии журналист Манижа Қурбонова «Тақсими саҳми замин ва масъалаҳои гендерӣ» нақши  занон дар самти ислоҳоти замин ва хоҷагидорӣ  мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Чи тавре маълум аст, 70 % қувваи кориро дар соҳаи кишоварзӣ занон ташкил мекунанд. Аммо солҳои пешин  ҳамагӣ 10 %  роҳбарони ҳоҷагии деҳқонӣ аз ҳисоби занон буданду халос. Истифода, тақсимот, ба мерос гирифтани замин аз рӯйи анъана сурат мегирифт, яъне аксаран соҳиби замин мардон буданд. Аз  рӯйи далелҳои овардаи журналист маълум мешавад, ки ин  қолаб андаке дигаргун гаштааст. «Дар асоси маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, – овардааст муаллиф, – соли 2013 - ум дар 6981 хоҷагии деҳқонӣ занҳо роҳбарӣ мекарданд. Агар ин нишондодро бо солҳои гузашта муқоиса намоем, сарвари хоҷагии деҳқонӣ аз ҳисоби занҳо тамоюли афзоиш дорад. Масалан, соли 2013-ум нисбат ба соли 2008-ум адади сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби бонувон 1,9 баробар афзудааст». Ин мавод ҷанба ва тобиши  мусбат дошта,  дар он мусоидат ба пешрафти сиёсати гендерӣ дида мешавад.  Дар мақолаи М. Маҳмудов «36 медали таеквандочиёни тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонӣ» дар хусуси комёбиҳои варзишии варзишгарони тоҷик сухан меравад. Дар қатори номи ҷавонписарон  номи ҷавондухтароне, ки соҳиби медал гаштаанд,  низ оварда шудааст.

Хулоса: Аз нигоҳи шумора (4 мавод дар бораи мардон ва 1 мавод дар бораи занон) мувозинати гендерӣ риоя нашудааст, аммо дар маводи «36 медали таеквандочиёни тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонӣ» мувозинати гендерӣ ҷой дорад. Дар мақолаи М Қурбонова «Тақсими саҳми замин ва масъалаҳои гендерӣ»  бошад, чи хеле гуфтем, мусоидат ба сиёсати гендерӣ дида мешавад.

Меъёрҳои одоби журналистӣ дар ҳамаи ҳолатҳо риоя шудаанд

“Наҷот”, (№33 (803), 14.08. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 24. Мардон – 10, занон – 1, якҷоя –2.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон, мусбат ва муодил аст.

Сарлавҳаҳо: Шумораи умумӣ: 21. бо номи мардон -4, бо номи занон – 1, якҷоя – 0, ишора ба ҷинс – 0.

Арзёбии  мардон дар мавриди истифодаи ном мусбат ва муодил  аст.

Муҳтаво: Дар 6 мавод  сухан аз фаъолияти мардон меравад  ё мардон оиди ин ё он масъала фикру андешаашонро иброз намудаанд. Дар ин маводҳо: «Урдуғон на танҳо марди сухан, балки марди амал аст», «Оби шифо» -и Ваҳдат») мардон соҳибқудрат, кордон тасвир шудаанд. Дар маводи  дигар зери сарлавҳаи «Виҷдон садои Худованд аст» номаи саркушодаи Луқмон Бойматов ба Президенти Академияи илмҳои ҶТ дарҷ гардидааст, ки сартопо оҳанги гуфтор дар ин нома  дағал буда, характери  маҳкумкунӣ дорад. Дар як маводе, ки номи зан («Нома ба Дилмо Русиф») омадааст, сухан аз хусуси  бераҳмиҳои яҳудиҳои Исроил – хуни тифлони Ғаззаро рехтани онҳо ба дард омадани  қалби модар –  Дилмо Русиф  ва  ашк  рехтанаш меравад. Ин ҳолатро  Исфандиёри Назар ба риштаи назм даровардааст.

Хулоса: Мувозинати гендерӣ чи аз диди шумора ва чи аз диди муҳтаво, риоя нашудааст.

«Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» дар  номаи саркушодаи  Луқмон Бойматов ба Президенти Академияи илмҳои ҶТ  халалдор гаштаанд. Муаллиф нисбати шахсиятҳои  шинохтаи илми ҷумҳурӣ калимаю ибораҳои таҳқиромезро истифода бурдааст, яъне, хилофи банди 7-уми «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»  амал кардааст.

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер