Мониторинги матолиби сомонаҳои интернетӣ (11 - 16 августи 2014):

www.ozodi.tj  “Озодӣ”:

Сомонаи мазкур дар давоми ҳафта  65 мавод интишор намудааст. Маводҳо ҳам аз хабар ҳам аз мақолаҳо иборатанд.

Шумораи умумии аксҳо 90.  Дар аксҳо дар 44 маврид мардон, дар 7 маврид занон, дар 9 акс якҷоя  тасвир  шудаанд.

Арзёбӣ: Ҳам мардон ва ҳам занон мусбат тасвир шудаанд.

Сарлавҳаҳо: Дар 13 сарлавҳа номи мард ва дар 4 сарлавҳа номи зан.  Дар 1 сарлавҳа ишора ба ҷинс омадааст.

Арзёбӣ  дар мавриди истифодаи номи мардон дар 3 ҳолат ба фалокат ва ҷиноят марбут буда, дар ҳолатҳои дигар  мусбат аст. Дар мавриди истифодаи номи занон аз 4 ҳолат (“Сайёра Сафарӣ танҳо бо ризоияти падараш шавҳар мекунад”, ”Марҷонаи 14-сола ба хонаашон баргашт”,”Марҷонаи 14-сола дар Кулоб нопадид шудааст”, “Марям Мирзохонӣ "Ҷоизаи Нобел"-и математикаро соҳиб шуд”)  ду ҳолат ба гумшавии наврас пайваста аст. Дар мавриди ишора ба ҷинс ба занон дахл дошта мусбат аст.

Муҳтавои маводҳо:

Дар 63 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 7 мавод аз фаъолияти занон  меравад. Дар 9 мавод фаъолияти якҷояи мардону занон  омада аст.

Аз маводе ки ба фаъолияти мардонро инъикос менамояд, дар 14 маврид сухан аз  қонуншиканӣ  меравад. Аз маводи ба занон бахшида шуда  (сетоаш ,”Марҷонаи 14-сола ба хонаашон баргашт”, ”Марҷонаи 14-сола дар Кулоб нопадид шудааст”, “Ҳунарманди афсонавии синамо ва театр даргузашт” (Лорен Бекол) ба ҳодисаҳои нохуш ишора мекунанд. Як хабар “Духтарон хостори хидмат дар артиши миллӣ шуданд” ба масоили мавқеи занон дахл мекунад. Он дар шакли масъалагузорӣ омадааст ва  таъсири мусбати таккондиҳанда ва қолабшиканона дорад.Мақолаҳои “Сайёра Сафарӣ танҳо бо ризоияти падараш шавҳар мекунад” ва “Марям Мирзохонӣ "Ҷоизаи Нобел"-и математикаро соҳиб шуд”, аз рузгори занони муваффақ нақл мекунанд ва таъсири тарғиботӣ низ доранд.

Арзёбӣ: муҳтавои маводҳо ҳам дар бораи мардон, дар бораи занон  мусбат ва муодил аст.

Хулоса: аз нигоҳи миқдору муҳтаво занону мардон  нобаробар инъикос ёфтаанд.  Тавсия:

•         Дар матолиб ва аксҳо кўшиш карда шавад, ки шумораи чеҳраҳои мусбати занон ва хосса занони фаъоли ҷомеаи тоҷик, бештар бошанд;

•         Оид ба масоили мушкилоти занон маводи таҳлилӣ нашр карда шавад.

Дар матолиб вайрон шудани меъёрҳои одоби рӯзноманигорӣ мушоҳида нагардид.

 

www.ozodagon.com “Озодагон”:

Сомонаи мазкур дар давоми ҳафта  85 мавод интишор намудааст.

Шумораи умумии аксҳо:  107.

Дар аксҳо дар 62 маврид мардон, дар 7 маврид занон дар 15 ҳолат якҷоя тасвир  шудаанд.

Арзёбӣ: Дар ҳамаи ҳолатҳо ҳам мардон ва ҳам занон  мусбат тасвир шудаанд.

Сарлавҳаҳо: Дар 39 сарлавҳа номи мард, дар   2  сарлавҳа номи зан,  дар 3 ҳолат ишора ба ҷинс омадаст.

Арзёбии номҳо   дар сарлавҳаҳо  оид ба мардон комилан (ба истиснои 1 мавод аз ахбори ҷиноӣ) мусбат  аст, ҳарду сарлавҳа бо номи занон (“Аз гум шудани Осия 4 рӯз гузашт. Модараш: "То ҳол хабаре надорем", “Парвандаи ҷиноӣ барои дуздии “ДЭУ-Лассети”-и Фирӯза Сайфиддинова”) марбут ба ҷиноят аст.  Сарлавҳаҳое, ки ба ҷинс  ишора доранд, дутоаш оид ба занон якеаш муштарак мебошад. Аз инҳо танҳо як ишора ба зан муодил аст, дуи дигар ба мавзуи ҷиноят дахл доранд.

Муҳтавои маводҳо: Дар 74 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 3 мавод аз фаъолияти занон  меравад. Дар 7 мавод мардону занон якҷоя омадаанд. Дар 1 мавод ишора ба ҷинс омадааст.

Аз маводҳое муҳтавояш фаъолияти занонанд,  2 тоаш (“Аз гум шудани Осия 4 рӯз гузашт. Модараш: "То ҳол хабаре надорем" Парвандаи ҷиноӣ барои дуздии “ДЭУ-Лассети”-и Фирӯза Сайфиддинова”), ба ҷиноят марбут буда тобиши манфӣ доранд.   Дар 1 мавод  (“Хоҳиши Тӯраҷонзодаҳо аз бонувоне, ки сатр мепӯшанд”) масоили либоспушии занон  дар шакли таҳмилӣ омадааст. Аз матолибе ки дар онҳо  фаъолияти мардону занон якҷоя омадаанд, 3 тоаш ба ҷиноят марбут аст.

Дар се мавод яке танҳо дар сарлавҳа «Қатъи пахши ҳадисҳои паёмбар дар “Имрӯз” ва истеъфои Орзу Исоев», дигаре “Хоҳиши Тӯраҷонзодаҳо аз бонувоне, ки сатр мепӯшанд”, дар муҳтаво ва саввумӣ  “Пешниҳоди таъсиси “Маркази шаҳватсанҷӣ” барои муллоҳои Далер ШАРИФОВ” ҳам дар сарлавҳа, ҳам дар муҳтаво меъёрҳои одоби  журналистӣ вайрон шудаанд. Маводи аввал банди 2 “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” (“Сареҳияти ахбор”)- ро халалдор мекунад, ки он ҷо чунин омадааст: “ВАО ва журналист бояд назару андешаҳои гуногунро бояд беғаразона, бидуни таҳриф ба нашр расонанд.”  Ҳарчанд дар  мавод иттилооте дар бораи бо паҳн кардани ҳадисҳои паёмбар робита доштани истеъфои Орзу Исоев ҷой надорад, вале дар сарлавҳа ин маънӣ таҳрифкорона ба шурангезона истифода шудааст. Дар маводи дувумӣ низ  риоя нашудани талаби ҳамин банд (“Дар матолиб бояд тавозуни назарҳо риоя гарданд”) ба чашм мерасад, зеро  дар масъалаи баҳсбарангези либоспушии занон танҳо назари як тараф оварда шудааст ва он бештар хусусияти таҳмилӣ дорад.

Ва  ниҳоят маводи  “Пешниҳоди таъсиси “Маркази шаҳватсанҷӣ” барои “муллоҳо Далер ШАРИФОВ””ба пахши наворҳои фаҳшо аз фаъолияти муллоҳо бахшида шудааст, жанр ба фелетон, нақиза монанд аст, вале сабки муаллиф сар то по аз ифодаву ибораҳо ноҷо ва берун аз меъёри одоби миллӣ ва рӯзноманигорӣ иборат буда, хилофи банди 5- и “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” (“Иффати миллӣ ва эҳтироми фарҳанги ғайр”) мебошад: “ВАО ва журналист бояд иффат ва фарҳанги миллиро ҳангоми инъикоси ҳама гуна матолиб пос доранд. Аз тарғиби фисқу фуҷур, ки боиси косташавии иффати миллӣ мегардад худдорӣ намоянд”). Иқтибос аз мақолаи мазкур:  “Аммо аз тариқи пахши “секси муллоҳо” онҳо ҳадди ақал хобухезро ёд мегиранд ва онҳое, ки пиру нотавон ё касалии руҳӣ шудаанд ва ё фаромӯшхотир, баъд аз ин наворҳо дигар чигуна бо ҳамсарҳояшон хоб рафтанро ба ёд меоранд. Шояд баъзеҳо дар замони Шӯравӣ бо иҷозаи Маскав ё фармони партия бо занҳояшон кам хоб рафтаанд, акнун бо тамошои навори маҳрамони муллоҳо хумор мешикананд”. Қобили таъкид аст, ду маводи баъдӣ, яке мустақиман, дигаре зимнан, ба масоили занон дахл мекунад ва ҳарду ҳам тобиши манфӣ доранд.

Арзёбӣ:  Мардон (ба истиснои ахбори ҷиноӣ 7 мавод аз 74 ) мусбат инъикос шудаанд. Дар матолиб оид ба занон аз 3 мавод 2 тояш оҳанги манфӣ  дорад. Мардон чун сиёсатмадор, роҳбар, ҳуқуқшинос, қаҳрамонони варзиш, сарварони дин, занон қурбонии ҷиноят ва объекти муҳокимаи мардон  пешниҳод шудаанд. Танҳо дар як мавод “АКС: Ифтихори сафири Амрико аз атлас ва ташаккураш ба тоҷикон” зан  мусбат инъикос гардидааст ва он зани тоҷик нест.

Аз ин маводҳо хулоса кардан мумкин аст, ки дар Тоҷикистон занон дар ҷомеа қариб фаъолият надоранд (нестанд) ва танҳо ҳамчун қурбонӣ ва қишри нофаъоле, ки ҳатто дар мавриди либоспушӣ аз ҷониби мардон роҳнамоӣ бояд шаванд, муаррифӣ мешаванд.

Хулоса: мувозинати гендерӣ аз нигоҳи миқдор ва муҳтаво комилан риоя нашудааст.

Тавсия:

  • Оид ба масоили гендерӣ, поймол шудани ҳуқуқи занон бояд мунтазам мавод интишор гардад;
  • Дар матолиб бояд фаъолияти занон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа бештар инъикос ёбад;
  • Маводҳое, ки дар бораи занони пешқадам ва муваффақ нақл мекунанд, бояд  мунтазам нашр гарданд.
  • Дар матолибе ки ба мавзӯъҳои ҳассос эътиқод ва иффати миллӣ дахл доранд,  аз усулҳои иғвоангезона худдорӣ карда шавад.

www.ruzgor.tj :

Сомонаи мазкур дар давоми ҳафта  20 мавод интишор намудааст. Маводҳо аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» ва сомонаи «Озодӣ» ва  president.tj бознашр шудаанд.

Шумораи умумии аксҳо 22.  Дар аксҳо дар 10 маврид мардон, дар 4 маврид занон, дар 3 акс якҷоя  тасвир  шудаанд.

Арзёбӣ: Ҳам мардон ва ҳам занон мусбат тасвир шудаанд.

Сарлавҳаҳо: Дар 8 сарлавҳа номи мард ва дар 3 сарлавҳа номи зан омада аст. Дар 2 сарлавҳа ишора ба ҷинс омадааст.

Арзёбии ҷинсҳо дар мавриди ном куллан мусбат аст. Дар мавриди ишора ба ҷинс ҳар ду ҳолат ба мардон дахл дорад ва мусбат аст

Муҳтавои маводҳо: Дар 12 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 3 мавод аз фаъолияти занон  меравад. Дар 4 мавод мардону занон якҷоя омадаанд.

Аз маводе, ки фаъолияти мардонро дар бар мегирад, 3 тоаш ба ҷиноят марбут аст.

Дар се мавод (“Нисфи ҷумҳурӣ дар ҷустуҷӯи Осияи 5-сола аст?”, “Сайёра Сафарӣ танҳо бо ризоияти падараш шавҳар мекунад”, ”Марям Мирзохонӣ "Ҷоизаи Нобел"-и математикаро соҳиб шуд”) занон маркази таваҷҷуҳ қарор гирифтаанд.  Маводи алоҳидае оид ба масоили занон, нақзи ҳуқуқ ва мушкилоти дигарашон интишор нашудааст.

Арзёбӣ: муҳтавои маводҳо ҳам дар бораи мардон, дар бораи занон  мусбат ва муодил аст.

Хулоса: аз нигоҳи миқдору муҳтаво занону мардон  нобаробар инъикос ёфтаанд.  Тавсия:

  • Рубрикаи “Зан ва ҷомеа” ҳарчанд иқдоми хуб аст, вале худи ном тобиши онро медиҳад, ки зан бахши таркибии ҷомеа нест.  Пайдо кардани номи тоза ин ҷо мувофиқи мақсад аст.
  • Хуб мешуд, агар дар ин рубрика маводҳо мунтазам нашр мегардиданд.
  • Ба бештар дар мавзуи занони фаъол нашр кардани мавод диққат дода шавад.
  • Оид ба рузгори занон, мушкилот ва масоили рузмарраи онон нашри матолиби таҳлилӣ мувофиқт матлаб аст.

Дар матолиб меъёрҳои одоби рӯзноманигорӣ риоя шудаанд.

 

Pressa.tj:

За данный период в сайте опубликовано 18  материалов. Сайт несет информационный характер и все материалы – краткие сообщения.

В оформлении каждого сообщения использовано 1 фотография, из них мужчины: 7, женщины: 0, вместе: 1.

Все фотографии оцениваются  положительно и  нейтрально.

Заголовки: общее количество: 18. С мужскими именами: 2, с женскими именами: 0, ссылка на пол: 1, вместе: 0 .

Все заголовки  оценены, как  положительные и нейтральные.

Содержание:  В 11  материалах отражается деятельность мужчин, в 1  деятельность женщин, в 2 вместе. В  3- х  сообщениях имеется ссылка на пол.

Оценка: Все материалы о деятельности мужчин  и единственный материал, где фигурирует женщина, а так же где отражены и мужчины и женщины несут положительный нейтральный оттенок.  В одном сообщении («В двух районах Согда открыты новые учебно-производственные центры») дана информация об обучении женщин профессии и обеспечения их работой. Материалы, где имеются ссылка на пол из криминальной хроники, в 2 -х из ссылка на мужчин, в 1-м на женщину.

Заключение: Нарушение гендерного баланса наблюдается в количественном представлении материалов, однако в плане содержания отдельных статьей этот баланс соблюдается.

Нормы этики журналистики не нарушены.

Рекомендации:

•         Отразить гендерную политику правительства  страны наиболее полно;

•         Больше опубликовать материалы о деятельности передовых женщин;

•         Сотрудничать с Комитетом по делам женщин и семьи и НПО, которые занимаются гендерными проблемами, женскими журналами для получения информации по данным вопросам.

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер